Ҷудокорони Тоҷикистон ба “Тоскулоҳи бузург”-и Қазоқистон мераванд

Мусобиқаи байнулмилалии “Тоскулоҳи бузурги Қазоқистон-2025” ё худ Qazaqstan Barysy Grand Slam 2025 аз 9 то 11 май дар шаҳри Остона баргузор мешавад. Тавре ки Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) хабар медиҳад, то имрӯз барои иштирок дар ин мусобиқа 397 ҷудокор аз 47 кишвар сабтином шудаанд: мунтахаби Тоҷикистонро 9 нафар ҷудокорон намояндагӣ мекунанд. Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Мусобиқаи байнулмилалии “Тоскулоҳи бузурги Қазоқистон-2025” ё худ Qazaqstan Barysy Grand Slam 2025 аз 9 то 11 май дар шаҳри Остона баргузор мешавад.

Тавре ки Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) хабар медиҳад, то имрӯз барои иштирок дар ин мусобиқа 397 ҷудокор аз 47 кишвар сабтином шудаанд: мунтахаби Тоҷикистонро 9 нафар ҷудокорон намояндагӣ мекунанд.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа аз ҷудокорони зерин иборат аст: Абдулло Куканшоев (60 кг), Икром Шамсов (60 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (73 кг), Масуд Аҳмадзод (73 кг), Сунатулло Мӯсоев (81 кг), Муҳаммад Юсуфзода (81 кг), Мизробшоҳ Лоиқов (90 кг), Сомонӣ Кишваров (100 кг) ва Муҳсин Малаев (100 кг).

Фонди умумии ҷоизавии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибони ҳар кадоме аз вазнҳо (7 мардона ва 7 занона) бо 5 ҳазор евро, гирандагони медалҳои неуқра – бо 3 ҳазор евро ва биринҷӣ – 1 ҳазору 500 евро сарфароз гардонида мешаванд.

Мусобиқаи байнулмилалии мазкур ҷудокорон аз саросари дунёро ҷалб намуда, яке аз марҳилаҳои муҳими даври интихоб ба олимпиада маҳсуб меёбад. Мусобиқа давоми се рӯз дар Қасри муҳорибаҳои ба номи Жаксилик Ушвемпиров дар Остона доир мегардад.

Ҷудокорон дар ин мусобиқа дар 14 вазн – 7-вазнӣ байни занон ва мардон рақобат намуда, ҳар рӯз ба категорияҳои муайян бахшида мешавад.

Мусобиқаҳои силсилаи “Тоскулоҳи бузург” (Большой шлем) пас аз Бозиҳои олимпӣ, мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва  World Masters барои дарёфти имтиёзҳо ва мутаносибан беҳтар кардани мавқеъ барои ҷудокорон муҳим шуморида мешаванд. Иштирок дар он ба варзишгарон ҷиҳати дарёфти имтиёзҳои назаррас дар радабандии ҷаҳонӣ ва минбаъд соҳиб шудан ба роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ ва дигар мусобиқоти бузург имкон медиҳад.

Ғолибон дар ҳар кадоме аз категорияҳо ба 1000 имтиёз, гирандагони медалҳои нуқра – 700 ва медалҳои биринҷӣ – 500 имтиёз соҳиб мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.