Расонаҳо аз ҳалокати 8 коргари афғонистонӣ дар яке аз конҳои ангишти Тоҷикистон хабар медиҳанд

Бар асари таркиш дар яке аз конҳои ангишти шимоли Тоҷикистон 8 коргар аз Афғонистон ҳалок шудаанд. Дар ин бора расонаҳои Афғонистон бо истинод ба намояндагони ҳукумати “Толибон”* хабар медиҳанд. Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора маълумот надодаанд. Аз ҷумла, нашрияи Etilaatroz акс ва ному насаби ҳалокшудагонро чоп карда, хабар додааст, ки ҳамаи ҳалокшудагон сокинони вилояти Дойкундӣ будаанд. […]

Бар асари таркиш дар яке аз конҳои ангишти шимоли Тоҷикистон 8 коргар аз Афғонистон ҳалок шудаанд. Дар ин бора расонаҳои Афғонистон бо истинод ба намояндагони ҳукумати “Толибон”* хабар медиҳанд. Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора маълумот надодаанд.

Аз ҷумла, нашрияи Etilaatroz акс ва ному насаби ҳалокшудагонро чоп карда, хабар додааст, ки ҳамаи ҳалокшудагон сокинони вилояти Дойкундӣ будаанд. Манбаи нашрия иттилоъ додааст, ки ҳодиса нимаи рӯзи 9 май дар яке аз конҳои истихроҷи ангишт дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд рух додааст. Сабаби таркиш ҷамъшавии газ дар дохили кон арзёбӣ мешавад.  

Etilaatroz менависад, ки субҳи рӯзи 10 май ҷасадҳои ҳалокшудагон ба Афғонистон расонида шудаанд.

Бино ба маълумоти нашрия, коргарони афғонистонӣ дар яке аз ширкатҳои паймонкори Афғонистон, ки ба ширкати фаръии холдинги “Фароз” (чанд сол пеш ихтиёрӣ барҳам дода шуд) ҳамкорӣ доштааст, машғули кор будаанд.

Манбаъ ширкати паймонкорро дар “бесалоҳиятӣ” ва таъмин набудан бо муҳандисони ҳирфаӣ айбдор кардааст.

Ҷониби Тоҷикистон ин ҳодисаро ҳоло шарҳ надодааст. Талошҳои хабарнигори "Азия-Плюс" барои гирифтани иттилоъ аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Хадамоти оташнишонӣ ва Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ бенатиҷа анҷомид.

Дар хабари нашрияи Etilaatroz гуфта мешавад, бар асари бекорӣ дар Афғонистон, шаҳрвандони ин кишвар, бахусус ҷавонон барои дарёфти кор ба кишварҳои ҳамсоя рафта, ба меҳнати вазнин, аз ҷумла дар саноати кӯҳкорӣ машғул мешаванд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.