Даври панҷуми музокироти Эрон ва Амрико ҳам “бо пешрафтҳои начандон қатъӣ” анҷом ёфтааст

Давраи панҷуми музокироти Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Иёлати Муттаҳидаи Амрико бар сари барномаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ ҳам будини натиҷаи чашмрас ба поён расидааст. Музокироти навбатӣ, ки дирӯз, 23-юми май дар дар сафорати Умон дар Италия баргузор шуд, беш аз ду соат давом ёфт. Хабаргзории “Меҳр” навиштааст, ки пас аз анҷоми гуфтугӯҳо, Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои […]

Таҳияи Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Давраи панҷуми музокироти Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Иёлати Муттаҳидаи Амрико бар сари барномаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ ҳам будини натиҷаи чашмрас ба поён расидааст. Музокироти навбатӣ, ки дирӯз, 23-юми май дар дар сафорати Умон дар Италия баргузор шуд, беш аз ду соат давом ёфт.

Хабаргзории “Меҳр” навиштааст, ки пас аз анҷоми гуфтугӯҳо, Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон ва роҳбари ҳайати музокиракунандаи ин кишвар, ин даври музокиротро “яке аз ҳирфаитарин даврҳои музокиротӣ” хондааст.

Ӯ гуфтааст, ки як бори дигар мавқеъу усули Эронро дар хусуси музокирот баён кардаанд ва ҳоло Амрико дарки беҳтаре аз ин мавқеъ дорад.

“Музокирот печидатар аз он аст, ки дар ду ё се ҷаласа битавонад ҳаллу фасл шавад. Мо ҳамин ки дар масири маъқуле қарор дорем, як пешрафт аст”,-гуфтааст вазири корҳои хориҷаи Эрон.

Ба гуфтаи Аббос Ароқчӣ, Бадр ал-Бусаидӣ, вазири корҳои хориҷии Умон барои рафъи монеаҳо идеяҳое пешниҳод кардааст, ки қарор шудааст, рӯйи онҳо дар пойтахтҳо  кори коршиносии бештаре сурат бигирад. Ӯ афзудааст, бо роҳҳои ҳалле, ки Умон пешниҳод кард, эҳтимоли пешрафт вуҷуд дорад.

Мақомҳои амрикоӣ, бахусус, Стив Уиткофф, роҳбари ҳайати музокиракунандаи Амрико ва фиристодаи Донлд Трамп дар умури Ховари Миёна расман дар бораи ин даври музокирот чизе нагуфтаанд. Вале хабаргузориҳо навиштаанд, ки як мақоми аршади амрикоӣ даври панҷуми музокирт бо Эронро “созанда” хонда, гуфтааст, “пешрафти бештаре ҳосил шуд, аммо ҳанӯз корҳое боқӣ мондааст”.

Ӯ гуфтааст, ки ду тараф қарор карданд дар ояндаи наздик дигарбора дидор кунанд.

Вале то кунун дар мавриди барргузор гардидан ё нагардидани даври баъдии гуфтугӯҳо маълумоти мушаххасе дар даст нест.

Вазири хориҷаи Умон гуфтааст, “ин даври музокирот бо пешрафтҳои начандон қатъӣ ба поёон расид”. Ӯ изҳори умедворӣ кардааст, ки "масълаҳои боқимонда рӯзҳои оянда" равшан мешаванд ва ин "имкон медиҳад, ки ба самти тавофуқи пойдор" гом бардошта шавад.

Ёдовар мешавем, ки мақомҳои Эрон ва Амрико пас аз чанд ҳафта танишҳои лафзӣ билохира рӯзи 7-уми апрел эълом карданд, ки дар Умон бар сари барномаи ҳастаии Эрон музокира баргузор мекунанд. То ҳол ҳарду кишвар дар Умон ва ё сафорати ин кишвар дар Рум панҷ маротиба музокирот карда, ҳар дафъа онро “созанда” меноманд, вале то ҳол натиҷаи чашмрасе ба даст наомадааст.

Дар тули баргузории гуфтугӯҳ Амрико исрор дорад, ки Эрон бояд аз барномаи ғанисозии ураниум даст кашад, то ба силоҳи ҳастаӣ даст наёбад. Теҳрон чунин дархостро рад мекунад ва мегӯяд, ки фаъолиятҳои ҳастаиаш комилан сулҳомез аст.

 Доналд Трамп ва чандин мақомдорони дигари амрикоӣ таъкид мекунанд, ки музокирот “мустақим” баргузор мешавад. Вале намояндаҳои Эрон пофишорӣ доранд, ки гуфтугӯҳо бо Амрико “ғақримустақим” аст ва танҳо масъалаи ғанисозии уран баҳс мешавад.

Эрон умедвор аст, ки бо дастёбӣ ба созиши ҳастаӣ таҳримҳои вайронгаре, ки бар иқтисоди ин кишвар ҷорӣ шудааст, лағв хоҳад шуд.

Бояд гуфт, соли 2015 Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ ба созиши ҳастаӣ бо номи Барномаи Ҷомеи Иқдоми Муштарак ё БАРҶОМ, даст ёфтанд, аммо Трамп соли 2018 қарори хуруҷи Амрико аз ин созишро имзо кард.

Оид ба паёмадҳои мусбат ва манфии ин музокирот дар ин маводи “Азия-Плюс” “Музокироти Эрону Амрико бар сари барномаи ҳастаӣ. Созиш ё ҷанг? хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.