Баъди марги писарчаи 2-сола дар кӯдакистон. Ҷузъиёти ҳодиса аз забони шоҳидон ва нигарониҳо аз нигоҳубини кӯдакон дар боғчаҳо

Кӯдакистоне, ки чанде пеш дар он як кӯдаки 2-сола ҷон бохт, аз фаъолият бозмондааст. Мудири кӯдакистон нахост ҳодисаро шарҳ диҳад. Вале мақомот баъди марги писарча дар ин муассиса санҷишро оғоз кардааст.  Хабарнигори “Азия-Плюс” рӯзи 22-юми май ба суроғаи кӯдакистони “Саволу ҷавоб” рафт ва бо шоҳидон, волидайни таълимгирандаҳо ва сокиноне, ки дар атрофи ин муассиса зиндагӣ […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Кӯдакистоне, ки чанде пеш дар он як кӯдаки 2-сола ҷон бохт, аз фаъолият бозмондааст. Мудири кӯдакистон нахост ҳодисаро шарҳ диҳад. Вале мақомот баъди марги писарча дар ин муассиса санҷишро оғоз кардааст. 

Хабарнигори “Азия-Плюс” рӯзи 22-юми май ба суроғаи кӯдакистони “Саволу ҷавоб” рафт ва бо шоҳидон, волидайни таълимгирандаҳо ва сокиноне, ки дар атрофи ин муассиса зиндагӣ мекунанд, сӯҳбат  кард.

Хабари марги кӯдаки 2-сола дар кӯдакистони хусусии “Саволу Ҷавоб” (Почемучка) ду рӯз пеш расонаӣ гардид. ВКД навишт, ки кӯдаки 2-сола санаи 19-уми май, тахминан соати 13:05 дақиқа аз хунукназарии мураббӣ ҷон бохтааст. Худи мураббӣ боздошт ва нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

 

Кӯдакистони дарбаста

Комрон (ном иваз шудааст) сокини пойтахт, ки дар ҳамсоягии кӯдакистони мазкур зиндагӣ мекунад, мегӯяд рӯзи ҳодиса занеро дид, ки дар даст кӯдак дар кӯча медавид.

“Рӯзи 19-уми май тақрибан соати 13:40 дақиқа, аз дари кӯдакистон як зан, ки дар бағал кӯдак дошт, баромада фарёдзанон ба сӯйи поёни роҳ давид. Як мошин манъ карда, ӯро савор кард. Дар аввал ман нафаҳмидам чӣ шудааст. Вале дирӯз наворро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дидаму мутаваҷҷеҳи ин фоҷеа шудам”, – гуфт ӯ.

Ҳамсуҳбати мо иброз дошт, ки дар он лаҳза ба ҷуз зан, дигар масъули кӯдакистонро дар берун надид.

Кӯдакистони “Саволу ҷавоб” баъди ин ҳодиса аз фаъолият бозмондааст. Чанд волидайне, ки фарзандонашон дар ин кӯдакистони хусусӣ тарбия мегиранд, дар сӯҳбати бидуни сабт гуфтанд, ки баъди марги кӯдаки хурдсол масъулин дар кӯдакистон “карантин” эълон кардаанд.

Ҳамчунин, чанд нафар, ки дар хонаҳои атрофи ин кӯдакистон зиндагӣ мекунанд, зикр карданд, баъди ҳодиса “кормандони пулис ва додситонии ноҳияи Сино кӯдакистонро санҷиш карданд”.

Тамоси мо бо мудири кӯдакистони мазкур бесамар анҷомид. Рухшона Исматуллоева, мудири кӯдакистони “Саволу ҷавоб” аз суҳбат бо “Азия-Плюс” худдорӣ кард ва ҳодисаро шарҳ надод.

Талоши мо барои пайдо кардани волидони кӯдаки фавтида то ҳол бенатиҷа анҷомид.

 

“Баъди ин фоҷеа нигарони кӯдаконамон ҳастем”

Ҳодисаи марги кӯдаки ду сола дар як кӯдакистони хусусии пойтахт мавҷи вокунишҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард. Теъдоди бештари волидон аз вазъи кӯдакистонҳои кишвар изҳори нигаронӣ кардаанд.

Бархе аз корбарон ҳаёту солимии кӯдаконро ташвишовар хонда, талаб доранд, ки назорат аз болои муассисаҳои томактабии хусусӣ ва давлатӣ шадидтар ва масъулияти кормандон қатъитар ба роҳ монда шавад.

Аз ҷумла, Сабоҳат, модаре, ки ду фарзандаш дар ин кӯдакистон тарбия мегирад, ба “Азия-Плюс” гуфт, баъди фоҷиаи марги писарбачаи 2-сола ҳуҷҷатҳои ду фарзандашро аз ин кӯдакистон гирифтааст.

“Наворро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида, зиқ шудам. Имкон дошт дар ҷойи он кӯдак фарзандони ман ҳам бошанд. Фавран ҳуҷҷатҳои кудаконамро аз онҷо гирифтам”,- иброз дошт ӯ.

Марҳабо, сокини дигаре, ки дар ҳамсоягии кӯдакистон зиндагӣ мекунад, мегӯяд, баъди ин ҳодиса нигарони фарзандонаш аст.

“Имрӯз ба кӯдакистони фарзандонам рафта, рахти хобашонро аз наздик дидам. Рахти хобашон баланд буд, аммо боз ҳам хотирҷамъ нестам. Хуб мешуд, агар мисли солҳои гузашта, кӯдакон дар кати якқабата хоб кунанд, – бо нигаронӣ афзуд Марҳабо.

 

Мақомот то имрӯз чӣ чора андешидаанд?

Дар Додситонии ноҳияи Синои пойтахт ба “Азия-Плюс” дар робита ба парвандаи мазкур маълумот надоданд. Танҳо ҳамин қадар гуфтанд, ки тафтишот аз рӯйи ин ҳодиса идома дорад.

Масъулини Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон ва раёсати ин ниҳод дар шаҳри Душанбе аз шарҳи ҳодиса худдорӣ карданд.

Бояд гуфт, ки кӯдакистонҳо ва муассисаҳои томактабии хусусӣ бо иҷозаи Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон кор мекунанд ва назорати онҳо ба зиммаи ин ниҳод аст.

Дар ҳамин ҳол, Беҳруз Амирулозода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Синои пойтахт дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки баъди ҳодиса миёни мудирону мурабияҳои муассисаҳои давлатии томактабӣ маҷлис ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидаанд.

“Тафтишу назорати муассисаҳои томактабии хусусӣ ба уҳдаи шуъба қарор надорад. Аммо бо ин вуҷуд, ҳам ҷиҳати пешгирӣ аз чунин ҳодисаҳо мудирони ин муассисаҳоро даъват карда, қоидаҳоро фаҳмонидем”, – иброз дошт номбурда.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар пайи ин ҳодиса бо нашри як муроҷиатнома ба волидайни писарбачаи 2-сола изҳори ҳамдардӣ карда гуфт, “тадбирҳои таъҷилию муассир меандешад, ки минбаъд чунин ҳодисаҳо ҳаргиз ба амал наоянд”. Аммо чӣ гуна тадбир ва чӣ гуна чораандешӣ сурат мегирад, шарҳ надодааст.

Ҳоло ҳамин қадар маълум аст, ки мураббии 29-солаи кӯдакистони хусусии “Саволу Ҷавоб” боздошт шуда, нисбати ӯ бо иттиҳоми иҷрои номатлуби уҳдадорӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии кӯдак (моддаи 174 Кодекси ҷиоятии ҶТ) парванда оғоз гардидааст. Дар сурати исботи гуноҳ ба ӯ то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.