Доналд Трамп гуфт, бо Эрон музокироти мустақим дорем. Аббос Ароқчӣ мегӯяд, мулоқот ғайримустақим аст

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико эълон кард, ки бо Эрон музокироти мустақим оид ба барномаи ҳастаии ин кишвар оғоз шудааст ва он дар баландтарин сатҳ доир мегардад. Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон ҳам инро тасдиқ кард. Ба навиштаи Reuters, Доналд Трамп 7-уми апрел, пас аз мулоқот бо нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дар Кохи Сафед […]

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико эълон кард, ки бо Эрон музокироти мустақим оид ба барномаи ҳастаии ин кишвар оғоз шудааст ва он дар баландтарин сатҳ доир мегардад. Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон ҳам инро тасдиқ кард.

Ба навиштаи Reuters, Доналд Трамп 7-уми апрел, пас аз мулоқот бо нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дар Кохи Сафед ба хабарнигорон гуфтааст, “мо бо Эрон музокироти мустақим мебарем ва онҳо аллакай оғоз ёфтаанд”.

Ба қавли ӯ, рӯзи шанбеи оянда, 12-уми апрел, як “мулоқоти хеле муҳими мустақим, амалан дар баландтарин сатҳ” бояд баргузор шавад.

“Фикр мекунам, ҳама расидан ба як созишро тарҷеҳ медиҳанд”, – гуфтааст Трамп.

Ин изҳороти раиси ҷумҳури Амрико, ки дар пасманзари шиддати таниш миёни ин кишвар ва Эрон дар чанд рӯзи ахир садо медиҳад. Чанд рӯз пеш Алии Хоманаӣ, роҳбари олии Эрон ба мактуби пештар навиштаи Трамп дар бораи оғози зудҳангоми музокироти мустақим ва созиш оид ба барномаи ҳастаии ин кишвар  посухи рад дод. Дар пайи ин Трамп ба Эрон бо “бомбборон” ва оғози ҷанг таҳдид, Хоманаӣ бошад, ба  низомиёни кишвараш ҳолати омодабош эълон кард.

Дар изҳороти дирӯзаи худ раиси ҷумҳури Амрико боз ҳам ба Эрон таҳдид кардааст, ки бидуни натиҷа поён ёфтани музокирот барои ин кишвар “рӯзи баде хоҳад буд”.

“Эрон намехоҳад силоҳи ҳастаӣ дошта бошад ва агар гуфтугӯҳо натиҷа надиҳанд, ман фикр мекунам, ки ин рӯзи хеле бад барои Эрон хоҳад буд”, – таъкид кардааст Трамп.

Ба навиштаи хабаргузории Deutsche Welle Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон музокирот миёни Теҳрон ва Вашингтонро тасдиқ кардааст, аммо гуфтааст, он ғайримустақим аст. Вазири эронӣ гуфтааст, мулоқот дар Уммон баргузор хоҳад шуд.

 

Расонаҳои Эрон менависанд, ки роҳбари ҳайати музоқироти Эрон Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷӣ ва аз Амрико Стив Уиткофф, фиристодаи махсуси Амрико дар умури Ховари Миёна мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки ин аввалин музокироти мустақими Эрон ва Амрико дар замони раёсати Доналд Трамп аст. Пештар аз ин, дар замони роҳбарии раисиҷумҳури пешини ИМА Ҷо Байден ҳайатҳои Эрон ва Амрико мулоқоту музокиротҳое доштанд, аммо онҳо муваффақ набуданд. Охирин музокироти муваффақ миёни ин ду кишвар дар аҳди Барак Обама, раиси ҷумҳури пешини Амрико сурат гирифт ва он замон Эрон бо панҷ кишвари ҳастаии ҷаҳон ва Иттиҳоди Аврупо ба созиш муваффақ шуданд, бо номи БАРҶОМ маъруф аст.

Аммо баъди сари қудрат омадани Доналд Трамп дар соли 2016, ИМА аз ин тавофуқ хориҷ шуд ва алайҳи Эрон таҳримҳои нав ҷорӣ кард. Ҳеҷ кишвари дигаре, ки дар музокиротҳо иштирок ва тавофуқро имзо карда буданд, натавонистанд Амрикоро ба сари иҷрои бандҳои тавофуқнома баргардонанд. Ҳарчанд он замон МАГАТЭ, оҷонси ҳастаии СММ борҳо гуфт, ки Эрон барномаи ҳастаияшро тибқи тавофуқ ошкор кардааст.

Баъди дубора сари қудрат омадани Трамп, таҳдидҳои ӯ алайҳи Эрон шиддат гирифт. Ин буд, ки ҳамин чанд рӯз пеш баъзе таҳлилгарон аз эҳтимоли оғози муноқиша миёни Амрико ва Эрон ҳушдор медоданд.

Дар бораи таҳдиди Трамп ва омодабоши Хоманаӣ дар маводи “Шиддати таниш миёни Амрико ва Эрон. Ҳаракати техникаи ҳарбии ИМА ба Ховари Миёна ва фармони омодабош дар Эрон” муфассал мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.