100 доллар = 989 сомонӣ. Поинравии босуръати қурби доллар нисбат ба сомонӣ

Давоми даҳ рӯзи охир қурби доллари ИМА дар баробари пули миллӣ – сомонии Тоҷикистон ба таври чашмрас поин рафтааст. Бар асоси маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз, 4-уми июн, 100 доллар ба 989 сомониву 11 дирам баробар аст. Даҳ рӯз пеш, 24-уми май, 100 доллар дар бонкҳои Тоҷикистон ба 1022 сомонӣ иваз мешуд. Уфти доллар тарқибан […]

Давоми даҳ рӯзи охир қурби доллари ИМА дар баробари пули миллӣ – сомонии Тоҷикистон ба таври чашмрас поин рафтааст. Бар асоси маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз, 4-уми июн, 100 доллар ба 989 сомониву 11 дирам баробар аст. Даҳ рӯз пеш, 24-уми май, 100 доллар дар бонкҳои Тоҷикистон ба 1022 сомонӣ иваз мешуд.

Уфти доллар тарқибан дар миёнаҳои моҳи апрел оғоз шуд ва то ҳол идома дорад. Масалан, 14-уми апрел бар асоси маълумоти расмии Бонки миллии Тоҷикистон 100 доллар 1090 сомонӣ арзиш дошт.

Гуфта мешавад, ки коҳиши доллар нисбат ба сомонӣ дар пасманзари уфти арзиши он нисбат ба рубли русӣ оғоз гардид. Тағйирёбии арзиши рубли русӣ, бинобар сабаби робитаҳои зичу густардаи тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон бо Русия, ба сомонӣ низ таъсир дорад. Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон буда, тибқи маълумоти БМТ зиёда аз 90% гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Русия бо рубл сурат мегирад.

Қаблан, Бонки миллии Тоҷикистон поин рафтани қурби доллар нисбат ба сомониро “таъсири маҷмӯи омилҳои берунӣ ва дохилӣ” шарҳ дода буд.

“Ба омилҳои беруна ҳаҷми воридоти асъори хориҷӣ ба кишвар, рӯйдодҳои геополитикӣ ва иқтисодии ҷаҳонӣ, инчунин, ислоҳи сиёсати пулию қарзӣ аз ҷониби бонкҳои марказии қудратҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ дохил мешавад”, – гуфта буданд аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс”.

Дар БМТ гуфтанд, бахсус динамикаи қурби рубли русӣ ба доллари ИМА, ки дар натиҷаи тағийрёбии нархи манбаъҳои энерҷӣ (пеш аз ҳама нафту газ.-Аз идора), танишҳои тиҷоратӣ ва бесуботӣ дар бозорҳои молиявии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба вуҷуд омадааст, ба тағйирёби қурби доллар нисбат ба сомонӣ таъсир мерасонад.

“Ба омилҳои дохилӣ тамоюли тағйирёбии талабот ба асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ ва самаранокии низоми бонкӣ дар қонеъ гардонидани талаботи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба асъори хориҷӣ дохил мешавад”, – зикр карда буд БМТ.

БМТ гуфта буд, ки динамикаи омилҳои берунӣ ва дохилӣ зери тағйирёбии мавсимӣ қарор дорад ва ин, мутаносибан ба дараҷаи таъсири онҳо ба қурби сомонӣ дар давраҳои мухталиф эҳсос мешавад.

Бояд гуфт, тоҷирон яке аз сабабҳои гаронии нархи маҳсулотро маъмулан ба афзоши қурби доллар рабт медиҳанд. Вале тавре дида мешавад, нархи маҳсулоте, ки бо болоравии қурби доллар афзоиш меёбад, пас аз коҳиши қурби доллар поён намеояд. Раванди манфие, ки дар бозорҳои Тоҷикистон мушоҳида шуда, боиси норозигии аҳолӣ гаштааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.