Қаҳрамонҳо баргаштанд. Пешвози бошукӯҳи ҷудокорони тоҷик аз Қаҳрамонии ҷаҳон-2025

Нимашаби гузашта дастаи ҷудокорони Тоҷикистон пас аз иштироки бомуваффақият дар Қаҳрамонии ҷаҳон аз шаҳри Будапешти кишвари Маҷористон ба ватан баргаштанд. Ҷудокорони кишварро шахсони расмӣ ва ҳаводорону сокинон ба таври хос ва бо шукуҳ истиқбол гирифтанд. Ҷудокорони тоҷик дар Қаҳрамонии ҷаҳон бори аввал се медал ба даст оварда, дар рӯйхати даставӣ мақоми 7-умро соҳиб шуданд. Дар […]

Asia-Plus

Нимашаби гузашта дастаи ҷудокорони Тоҷикистон пас аз иштироки бомуваффақият дар Қаҳрамонии ҷаҳон аз шаҳри Будапешти кишвари Маҷористон ба ватан баргаштанд. Ҷудокорони кишварро шахсони расмӣ ва ҳаводорону сокинон ба таври хос ва бо шукуҳ истиқбол гирифтанд.

Ҷудокорони тоҷик дар Қаҳрамонии ҷаҳон бори аввал се медал ба даст оварда, дар рӯйхати даставӣ мақоми 7-умро соҳиб шуданд.

Дар ин мусобиқа Эмомалӣ Нуралӣ, ҷудокори хушноми тоҷик дар вазни то 66 кг бори аввал ба гирифтани медали нуқра шарафёб гардид. Ин аввалин медали нуқра барои Тоҷикистон аз Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо аст.

Ӯ дар финал ҳунарнамоии шоиста нишон дод, аммо дар ниҳоят аз Такеши Такеокаи ҷопонӣ шикаст хурд ва соҳиби медали нуқра гардид.

Бояд гуфт, Эмомалӣ Нуралӣ дар марҳилаи нимниҳоӣ бо Обид Ҷебов, ҷудокори дигари тоҷик вориди рақобат шудаву пирӯз гардида буд.

Обид Ҷебов барои ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ бо Валид Хяри фаронсавӣ рақобат кард ва пирӯз шуд.

Дурахши Обид Ҷебов дар марҳилаи ҷаҳорякниҳоӣ хотирмонтарин лаҳзаи Қаҳрамонии ҷаҳони имсол буд. Ӯ дар ин марҳила Ҳифуми Абе, қаҳрамони олимпиро бисёр зебо ва бо иппон шикаст дод.

Темур Раҳимов, ҷудокори гаронвазн ва шинохтаи тоҷик низ дар ин Қаҳрамонии ҷаҳон соҳиби медали биринҷӣ шуд. Ӯ дар марҳилаи нимниҳоӣ бо Инал Тасоев, қаҳрамон ва ду карат ҷоизадори медали биринҷии Қаҳрамонии ҷаҳон аз дастаи Федератсияи балналмилаии ҷаҳон (ӯ аслан аз халқи осетини Русия аст) шоиста рақобат кард, вале шикаст хӯрд.

Барои мақоми сеюм ва медилаи биринҷи Темур Раҳимов  бо ноибқаҳрамони пешини ҷаҳон Ушанги Кокаурии озарӣ рақобат кард. Дар лаҳзаҳои охири рақобат, вақте Темур Раҳимов бо як вазарӣ рақобатро бой медод, 8 сония пеш аз анҷоми он ҳарифашро бо усули иппон ва хеле зебо шикаст дода, сеюмин медалро ба дастаи Тоҷикистон овард.

Бояд гуфт, ки дар Қаҳрамонии ҷаҳони имсол Ҷаҳонгир Маҷидов, ҷудокори дигари тоҷик то вазни 100 кг низ ҳунарнамоии хуб нишон дод ва соҳиби мақоми ҳафтум шуд.

Ҳамин тавр, дастаи ҷудои Тоҷикистон дар Қаҳрамонии ҷаҳон-2025 дар шаҳри Будапешти кишвари Маҷористон се медал (1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст овард ва якҷо бо мақоми ҳафтуми Ҷаҳонгир Маҷидов дар ҳисоби даставӣ миёни 92 давлат мақоми 7-умро соҳиб гардид.

Ин бори аввал аст, ки дастаи ҷудои Тоҷикистон дар Қаҳрамонии ҷаҳон соҳиби 3 медал мешавад. То ин лаҳза ҷудокорони тоҷик дар мусобиқоти Қаҳрамонии ҷаҳон танҳо соҳиби ду медали биринҷӣ шуда буданд. Онро Расул Боқиев соли 2007 дар Рио де Жанейрои Бразилия ва Сомон Маҳмадбеков соли 2024 дар Абу-Забии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ соҳиб шуда буданд.

 

Ёдовар мешавем, ки дар Қаҳрамонии ҷаҳон – 2025 дар шаҳри Будапешти кишвари Маҷористон Тоҷикистонро 9 ҷудокор намояндагӣ карданд.

-60 кг – Меҳрзод Сӯфиев

-66 кг – Эмомалии  Нуралӣ

-66 кг – Обид Ҷабборов (Ҷебов)

-73 кг – Шеров Абӯбакр

-73 кг – Беҳрӯзи Хоҷазода

-81 кг – Сомон Маҳмадбеков

-100 кг – Ҷаҳонгир Маҷидов

-100 кг – Кароматулло Ҳакимов

+100 кг – Темур Раҳимов

Ин мусобиқа аз 13 то 20-уми июн баргузор шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.