Дар Тоҷикистон давоми 5 моҳ барои “дуздӣ”-и барқ 130 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст

Дар Тоҷикистон зимни санҷиш дар самти истифодаи нерӯи барқ давоми 5 моҳи соли 2025 дар умум 130 парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ шуда, 3,5 ҳазор нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва интизомӣ кашида шудаанд. Дар ин бора рӯзи 19-уми июн Сарвар Азимзода, муовини додситони кулли кишвар дар ҷаласаи корӣ оид ба нишондиҳандаҳои шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон зимни санҷиш дар самти истифодаи нерӯи барқ давоми 5 моҳи соли 2025 дар умум 130 парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ шуда, 3,5 ҳазор нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва интизомӣ кашида шудаанд.

Дар ин бора рӯзи 19-уми июн Сарвар Азимзода, муовини додситони кулли кишвар дар ҷаласаи корӣ оид ба нишондиҳандаҳои шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки дар бинои ширкати “Барқи тоҷик” баргузор шуд, хабар додааст.

Сарвар Азимзода таъкид кардааст, ки дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, зиёда аз 39 миллион сомонӣ зарари аз истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ ва тассаруфи молу таҷҳизот ошкоршуда ба буҷаи давлат барқарор шудааст. Инчунин, дар ҷумҳурӣ беш аз 200 миллион сомонӣ қарз аз истифодаи қувваи барқ ошкор ва рӯёнида шудааст.

 

Муовини додситони кул гуфтааст, дар натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ дар фаъолияти шабакаҳои барқии танҳо шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар 5 моҳи соли равон, 520 қонунвайронкунӣ оид ба истифодаи қувваи барқро ошкор кард. Аз натиҷаи ин санҷишҳо нисбат ба шахсони гунаҳкор 25 парвандаи ҷиноятӣ ва 250 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, зиёда аз 13 миллион сомонӣ маблағи қарз аз истифодаи қувваи барқ рӯёнида шудааст.

Қаблан Оҷонсии назорат дар соҳаи энергетика  хабар дода буд, ки танҳо дар моҳи майи соли равон ин ниҳод даҳҳо корхона ва сокинони кишварро барои “дӯздӣ” ва ё истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ дар умум, 4 миллион сомонӣ ҷарима бастааст.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии барқ ва саркашӣ аз пардохти пули он сангин шуд.

Дар асоси Кодекси ҷиноятии ҶТ касоне, ки қоидаҳои истифодаи нерӯи барқро вайрон ва аз пардохти пули он саркашӣ мекунанд, аз 27 то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 сол зиндонӣ мешаванд.

Ҳамчунин, бар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ шаҳрвандон, мансабдорон ва соҳибони коргоҳу корхонаҳо аз 1 ҳазору 500 то 22 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио