Тоҷикистон ҳамлаи Амрико ва Исроил ба таъсисоти ҳастаии Эронро қатъиян маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот  ҳамлаи субҳи дирӯз, 22-юми июн аз сӯйи Амрикову Исроил ба таъсисоти ҳастаии Эронро “қатъиян маҳкум” кард. Дар изҳороти нашркардаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон зикр мешавад, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон зарбаҳои неруҳои ҳарбии ҳавоии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Давлати Исроил 22-юми июни соли 2025 ба иншооти ҳастаии Ҷумҳурии Исломии […]

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот  ҳамлаи субҳи дирӯз, 22-юми июн аз сӯйи Амрикову Исроил ба таъсисоти ҳастаии Эронро “қатъиян маҳкум” кард.

Дар изҳороти нашркардаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон зикр мешавад, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон зарбаҳои неруҳои ҳарбии ҳавоии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Давлати Исроил 22-юми июни соли 2025 ба иншооти ҳастаии Ҷумҳурии Исломии Эронро қатъиян маҳкум намуда, аз шиддат гирифтани муноқиша, ки метавонад боиси табдил ёфтани низои кунунӣ ба ҷанги давомдор бо пайомадҳои хатарнок барои кулли минтақа ва ҷаҳон гардад, изҳори нигаронии ҷиддӣ мекунад”.

“Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пойбандӣ ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ аз Созмони Милали Муттаҳид, Агентии байналмилалӣ оид ба ҳастаии энержӣ (IAEA) ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ барои қабули қарорҳои фаврии қатъӣ ба мақсади роҳ надодан ба нақзи қонунҳои байналмилалӣ, пешгирӣ аз эҳтимоли фоҷеаҳои экологӣ ва таъмини пойдории сулҳу субот ва амният дар минтақа даъват ба амал меорад”, – навиштааст Вазорати корҳои хориҷӣ.

Дар изҳороти ВКХ таъкид мегардад, ки “Тоҷикистон бори дигар таъкид мекунад, ки роҳи ягонаи ҳалли ҳама гуна муноқиша ва низоъ танҳо тавассути муколамаҳои сиёсию дипломатӣ имконпазир аст ва аз талошҳои ҷомеаи байналмилалӣ, ки ба коҳиши ташаннуҷ ва барқарорсозии сулҳи пойдор дар Ховари Миёна равона шудааст, пуштибонӣ мекунад”.

Амрико дирӯз, 22-юми июн мустқақим ба ҷанги Исроил алайҳи Эрон, ки 13-уми июн бо ҳуҷуми аввали оғоз гардид, пайваста, ба таъсисоти ҳастаии Эрон ҳамла кард.

Ҳавопаймоҳои Амрико ба таъсисоти ҳастаии Эрон дар Форду, Натанз ва Исфаҳон зарба заданд. Ин зарбаҳо дар пайи ҳушдору таҳдидҳои чанд рӯзи раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп ба Эрон барои комилан таслим шудан, зада шуд.

Аксар кишварҳои ҷаҳон ин зарбаи Амрико ба Эронро мисли ҷанги даҳ рӯзи пеш оғозкардаи Исроил маҳкум карданд.

Пештар аз ин Тоҷикистон ҳамлаи Исроил ба Эрон ҳам ба таври қатъӣ маҳкур карда буд.

Ёдрас мешавем, ки даргирӣ миёни Исроилу Эрон субҳи 13-уми июн, бо таҷовузи Исроил оғоз гардид. Исроил ҳамлаи худро “Бархостани шер” ва ҳадафи онро зарба задан ба таъсисоти ҳастаии Эрон гуфт.

Дар посух Эрон дар чанд мавҷи ҳамлаҳо бо мушакҳои болистикӣ минтақаҳои гуногуни Исроилро ҳадаф қарор дод. Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон эълом кард, ки ҳамлаи Эрон “Ваъдаи содиқ 3” ном дошта, ҳадафи аслии он посух ба таҷовузи Исроил аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.