Ҳукумати Тоҷикистон стратегияи ҷалби сармояро то соли 2040 тасдиқ кард

Дар маҷлиси навбатии ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 30 июн стратегияи ҷалби сармоя ба ҷумҳурӣ дар давраи то соли 2040 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар маҷлис нахуст дар бораи Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 гузориши Султон Раҳимзода – раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва […]

Asia-Plus

Дар маҷлиси навбатии ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 30 июн стратегияи ҷалби сармоя ба ҷумҳурӣ дар давраи то соли 2040 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар маҷлис нахуст дар бораи Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 гузориши Султон Раҳимзода – раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ шунида шуд.

Гуфта мешавад, стратегия сиёсати давлатии сармоягузориро дар Тоҷикистон барои давраи дарозмуддат муайян намуда, вазифаҳои мушаххасро баҳри беҳтар кардани фазои сармоягузории кишвар, ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ, тақвияти ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ, рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя, бахусус сармояи мустақими хориҷӣ дар бар мегирад.

Ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки дар доираи маблағҳои пешбинигардидаи буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигар амалигардонии стратегияи мазкур ва нақшаи чорабиниҳои онро таъмин намоянд.

Дар ҷараёни кори маҷлис нақшаи кори ҳукумати Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2025 муҳокима шуд.

Президент ба роҳбарони сохторҳои давлатӣ дастур дод, ки пешниҳоди лоиҳаи қарорҳоро дар муҳлатҳои муайяншуда таъмин намуда, барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани чорабиниҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ба иттилои манбаъ, баъди баррасии масъалаи мазкур қарори дахлдори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Дар кори маҷлис лоиҳаҳои қонунҳо, аз ҷумла ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун ва кодексҳои зерин маъқул дониста шуданд:

Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ,

Қонун “Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ”,

Қонун “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ”.

Ин санадҳо барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Ғайр аз ин, боз масъалаҳои зерин баррасӣ шуданд:

Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2028 барои таъмини иҷрои муқаррароти Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030;

Нақшаи амали Барномаи рушди кинои Тоҷикистон барои солҳои дар соли 2026.

Дар фароварди кори маҷлис Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои супоришҳо, татбиқи амалии ҳадафҳои стратегӣ, вусъати корҳои ободонӣ, кишти мақсадноки заминҳои кишоварзӣ, истифодаи самараноки неруи барқ, тайёрии ҷиддӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон, омодагии ҳамаҷониба ба соли нави таҳсил ва истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ-35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба масъулини сохторҳои давлатӣ дастуру тавсияҳо дод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио