Афзоиши таниш миёни Озарбойҷон ва Русия

Пас аз куштори ду озарӣ, ки зимни як “амалиёти боздошт”-и мақомоти рус дар шаҳри Екатеренбург иттифоқ афтод, таниш миёни Русия ва Озарбойҷон афзоиш ёфт. Дар пайи ин, дар Боку ду корманди хабаргузории русии “Спутник” бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо мақомоти вижаи Русия боздошт шуданд. Ҳамчунин, ҳама чорабиниҳои тарҳрезишудаи Русия ва сафари муовини сарвазири ин кишвар ба […]

Asia-Plus

Пас аз куштори ду озарӣ, ки зимни як “амалиёти боздошт”-и мақомоти рус дар шаҳри Екатеренбург иттифоқ афтод, таниш миёни Русия ва Озарбойҷон афзоиш ёфт. Дар пайи ин, дар Боку ду корманди хабаргузории русии “Спутник” бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо мақомоти вижаи Русия боздошт шуданд. Ҳамчунин, ҳама чорабиниҳои тарҳрезишудаи Русия ва сафари муовини сарвазири ин кишвар ба Русия бекор гардид.

 

Куштори ду озарӣ дар Екатеринбург

Зиёддин ва Ҳусейн Сафаров, ду бародаре, ки озарӣ буда, шаҳрвандии Русияро низ долштаанд, рӯзи 27-уми июн зимни як амалиёти мақомоти Русия дар шаҳри Екатеринбург кушта шуданд. Мақомоти Русия сабаби марги яке аз онҳоро сактаи қалбӣ эълом карданд, аммо дар бораи сабаби марги дуюмӣ маълумоти дақиқ надоданд. Мақомоти Озарбойҷон ин амалиётро ҳамчун куштори ғайриқонунӣ ва бар пояи миллатгароӣ номида, маҳкум карданд ва таҳқиқоти мустақилро талаб намуданд.

Мақомоти Русия ду кушташуда ва даҳҳо нафари дигарро, ки ҳамагӣ озариҳои муқими ин кишваранд, ба ҷиноёти солҳои пеш содиршуда муттаҳам мекунанд.

Расонаҳои Озарбойҷон бо такя бо суханони пайвандони боздоштшудагон навиштанд, ки амалиёт танҳо ба озариҳо равона шудаву боздоштшудагонро шиканҷа кардаанд.

Мақомоти Русия ин иддаоро рад карда, амалиёти зидди озариҳо баргузоркардаашонро зарурӣ номиданд.

Ҳоло ҷасади ҳарду кушташуда ба Озарбойҷон интиқол ёфтаанд.

 

Боздошти журналистони“Спутник” дар Боку

Пас аз се рӯзи амалиёт ва куштори ду озарӣ дар Екатеренбург, рӯзи 30 июн мақомоти Озарбойҷон дар шаҳри Боку ба дафтари хабаргузории русии “Спутник” рафтанд ва ду корманди он – Игор Картавих, директори иҷроия ва Евгений Белоусов, муҳаррири масъулро боздошт карданд. Мақомоти Озарбойҷон онҳоро ба фаъолияти ғайриқонунӣ ва ҳамкорӣ бо Хадамоти федеролии амнияти Русия муттаҳам карданд.

Ҳамчунин, Ойтекин Ҳусейнова, хабарнигори хабаргузории “Ruptly”, ки боздошти кормандони “Спутник”-ро ба навор гирифта буд, низ боздошт гардид.

Дар пайи ин, сафири Озарбойҷон дар Русия ба Вазорати корҳои хориҷии Русия даъват гардид, номаи эътирозӣ супорида шуд.

 

Лағви чорабиниҳо ва сафари муовини сарвазир

Дар пайи таниш, Озарбойҷон сафари ҳайати расмии худро ба Маскав ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Русияро дар қаламрави худ лағв кард.

Ҳамчунин, сафари Алексей Оверчук, муовини сарвазири Русия ба Бокуро бекор кард.

Кремл ин иқдомҳоро “таассуфовар” номид ва изҳор дошт, ки ба “амалиёти қонунӣ” набоят чунин вокуниш шавад ва ин боиси таниши равобит гардад.

Бояд гуфт, сардии равобит миёни Русия ва Озарбойҷон охири соли 2024 оғоз гардид. 25-уми декабри соли 2024, ҳавопаймои Embraer 190-и ширкати Azerbaijan Airlines, ки аз Боку ба Грозний парвоз мекард, дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард. Дар натиҷа, 38 нафар ҷон бохтанд ва 29 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Таҳқиқи ибтидоӣ нишон дод, ки ҳавопаймо дар фазои Русия аз ҷониби низоми дифоии ҳавоии Pantsir-S зада шудааст.

Он замон Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон, дар суқути ҳавопаймо Русияро гунаҳкор кард. Ӯ гуфт, ки Маскав кӯшиш дорад асли воқеаро пинҳон кунад.

Баъдтар Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Илҳом Алиев занг зад ва барои "ҳодисаи фоҷиавӣ" узр хост, аммо масъулият суқути ҳавопайморо эътироф накард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио