Натиҷаи имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо кай маълум мешавад?

Натиҷаҳои ниҳоии даврҳои якум ва дуюми имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар рӯзи 25-уми июл эълон мешаванд. Дар ин бора аз Маркази миллии тестӣ (ММТ) ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфтанд, дар ин рӯз ба кадом макотиби олӣ қабул шудани довталаб мушаххас мегардад. Ба гуфтаи манбаъ, натиҷаҳои аввалияи имтиҳонҳо рӯзи 21-уми июл маълум мешавад ва ин […]

: Asia-Plus

Натиҷаҳои ниҳоии даврҳои якум ва дуюми имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар рӯзи 25-уми июл эълон мешаванд. Дар ин бора аз Маркази миллии тестӣ (ММТ) ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфтанд, дар ин рӯз ба кадом макотиби олӣ қабул шудани довталаб мушаххас мегардад.

Ба гуфтаи манбаъ, натиҷаҳои аввалияи имтиҳонҳо рӯзи 21-уми июл маълум мешавад ва ин рӯз танҳо бали бадастовардаи довталаб эълон хоҳад шуд.

Аз ин ниҳод зикр карданд, ки натиҷаи имтиҳонҳо тариқи СМС-паёмак ба рақаме, ки довталаб ҳангоми бақайдгирӣ ишора карда буд, фиристода мешавад.

“Аз натиҷаҳои имтиҳонҳо бо муроҷиат (аз ҷумла тавассути телефон) ба ММТ ё нуқтаҳои иттилоърасонии таъсисдодаи он низ бохабар шудан мумкин аст”, – гуфтанд аз ММТ.

Довталаб метавонад шахсан аз натиҷаҳои имтиҳон дар ҳуҷраи инфиродии худ дар сомонаи ММТ огоҳ шаванд.

Агар дар ин бахш навиштаҷоти “Шумо аз рӯйи интихоби №… гузаштед” дар заминаи сабзи бахши “Натиҷаи тақсимот” пайдо гардад, маънои онро дорад, ки довталаб ба ихтисоси ишорашуда бомуваффақият гузаштааст. Дар баръакси ҳол, дар ин бахш навиштаҷоти “Шумо ба ҳеҷ яке аз ихтисосҳои интихобкардаатон нагузаштед” пайдо мешавад.

Ёдрас мешавем, ки имсол аз 1 то 9-уми июл дар нуқтаҳои муайяннамудаи ММТ дар манотиқи кишвар имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ доир гардиданд. Имсол 114 ҳазору 776 довталаб (92 ҳазору 992 синфи 11 ва 21 ҳазору 784 синфи 9) дар Маркази миллии тестӣ дар ду давр худро ба қайд гирифтаанд.

Бояд гуфт, бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар чаҳор давр баргузор мегардад. Даври сеюми бақайдгирӣ ба ИМД аз 2-юм то 13-уми сентябр дар асоси ҷойҳои холимонда баргузор мешавад. Дар ин давра довталабоне, ки дар даври дуюм худро номнавис мекунанд, имкон доранд бо пардохти 30 сомонӣ интихобҳои худро иваз кунанд. 

Дар давраи чоруми бақайдгирӣ, ки аз 29-уми октябр то 28-уми  ноябр идома меёбад маҳдудиятҳо ҷорӣ шудаанд. Дар ин давр танҳо ду шакли таҳсил, ғоибона ва фосилавӣ пешбинӣ карда шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.