Манъи кор дар таксӣ барои муҳоҷирон дар Санкт-Петербург

Александр Беглов, волӣ ё губернатори шаҳри Санкт-Петербурги Русия амреро имзо кардааст, ки тибқи он аз 1-уми октябри соли 2025 ба муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, кор дар соҳаи хидматрасониҳои таксӣ манъ мешавад. Тавре ки "РБК" менависад,  ин тасмим “ба беҳбуди сифат ва таъмини амният дар соҳаи хидматрасониҳои таксӣ ва фароҳам сохтани имконоти иловагӣ барои бо шуғл фаро […]

Александр Беглов, волӣ ё губернатори шаҳри Санкт-Петербурги Русия амреро имзо кардааст, ки тибқи он аз 1-уми октябри соли 2025 ба муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, кор дар соҳаи хидматрасониҳои таксӣ манъ мешавад.

Тавре ки "РБК" менависад,  ин тасмим “ба беҳбуди сифат ва таъмини амният дар соҳаи хидматрасониҳои таксӣ ва фароҳам сохтани имконоти иловагӣ барои бо шуғл фаро гирифтани шаҳрвандони Русия” равона шудааст.

Мувофиқи санад, дар такси танҳо шаҳрвандони Русия ва шахсоне, ки барои фаъолияти корӣ иҷозаи расмӣ доранд, кор карда метавонанд.

Ба ширкатҳое, ки муҳоҷирон кор мекунанд, се моҳ муҳлат дода шудаасст, ки онҳоро аз кор озод кунанд.

Қарор баъди 10 рӯз мавриди амал қарор мегирад. Манъи мазкур то охири соли 2025 амал мекунад.

Бино ба маълумот то аввали соли 2025, ҳудуди 30%-и ронандагони таксӣ дар Санкт-етербургро муҳоҷирон ташкил медиҳанд.

Дар пойгоҳи "ecosever.ru" зикр мешавад, ки ин  тасмим  метавонад ба нарх ва дастрасии хидматрасонии таксӣ таъсир расонад.

Бархе аз коршиносон болоравии арзиши равуо бо таксиро пешгӯӣ мекунанд, Вале мақомот мутмаинанд, ки ин бо беҳтар шудани фаъолияти қонунӣ ва шаффофият дар соҳа ҷуброн хоҳад шуд.

Ҳарчанд бархе минтақаҳои алоҳидаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар соҳаҳои мухталифро манъ мекунанд, вале минтақаҳои дигар, ки чанд сол пеш чунин корро карда буданд, як-як қарори манъи кор барои муҳоҷиронро бекор мекунанд. Онҳо эътироф мекунанд, ки шаҳрвандони Русия кори вазнин ва каммузд анҷом надиҳанд ва бе муҳоҷирон иқтисоди ин кишвар пеш намеравад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.