Қаҳтӣ дар Ғазза. Созмонҳои ҷаҳонӣ бонги хатар мезананд, Исроил ба ишғолгарӣ идома медиҳад

Як созмони ҷаҳонӣ, ки масоили қаҳтӣ дар гӯшаву канори ҷаҳонро пайгирӣ мекунад, расман эълон кард, ки дар шаҳри Ғазза қаҳтии комил ҳукмфармост ва он сунъӣ буда, метавон пеши роҳи онро гирифт. Ин созмон аз хатари паҳншавии он ҳушдор дод, аммо Исроил ҳама далелҳоро рад мекунад. Созмони IPC – ташаббуси ҷаҳонии муттаҳидкунандаи Оҷонсии СММ, созмонҳои башардӯстона […]

Asia-Plus

Як созмони ҷаҳонӣ, ки масоили қаҳтӣ дар гӯшаву канори ҷаҳонро пайгирӣ мекунад, расман эълон кард, ки дар шаҳри Ғазза қаҳтии комил ҳукмфармост ва он сунъӣ буда, метавон пеши роҳи онро гирифт. Ин созмон аз хатари паҳншавии он ҳушдор дод, аммо Исроил ҳама далелҳоро рад мекунад.

Созмони IPC – ташаббуси ҷаҳонии муттаҳидкунандаи Оҷонсии СММ, созмонҳои башардӯстона ва ҳукуматҳои чанд кишвар, ки ҳадафи аслии он муайянкунии қаҳтӣ дар ин ё он гӯшаи ҷаҳон ва ва ташхиси табиати он аст, расман эълон кард, ки дар пойтахти навори Ғазза қаҳтӣ ҳукмфармост. Муҳтавои гузориши ин созмонро BBC нашр кард.

Ин созмон навиштааст, ки қаҳтӣ дар Ғазза сунъӣ буда, метавон ҳар лаҳза аз он ҷилавгирӣ кард ва бартараф намуд.

Таъкид мегардад, ки ин бори аввал аст, ки дар Шарқи наздик расман қаҳтӣ сабт мешавад.

Ба иттилои ин созмон, дар тамоми қаламрави навори Ғазза беш аз ним миллион нафар бо гуруснагӣ, нодорӣ ва марг рӯбарӯ ҳастанд. То охири моҳи сентябр вазъи фалокатбор ва қаҳтӣ минтақаҳои дигар, аз ҷумла Дайр ал-Балах ва Хон Юнусро низ фаро мегирад.

Созмони IPC дар гузориши худ навиштааст, ки афзоиши мизони маргу мир аз қаҳтӣ дар навори Ғазза “масъалаи вақт аст”.

“Вақти баҳсу калавандагӣ гузашта аст, қаҳтӣ ҳаст ва ба таври зуд паҳн мешавад”, – зикр мегардад дар гузориш.

Дар ҳамин ҳол, Исроил ин иддаои созмонҳои ҷаҳониро рад мекунад. Кумитаи ҳамоҳангсози Исроил оид ба амалкарди ҳукумат дар ҳудудҳо, ки масъули кӯмаки башардӯстона аст, зикр кардааст, ки хулосаи созмони IPC ба “маълумоти нопурра ва ғаразнок", ки намояндагони гурӯҳи ҲАМОС ироа кардаанд, асос ёфтааст.

 

Бояд зикр кард, ин бори аввал нест, ки созмонҳои ҷаҳонӣ аз вазъи фалокатбор дар навори Ғазза бонги хатар мезананд. Ҳафтае пеш СММ низ эълом карда буд, ки вазъ дар Ғазза бадтар мешавад ва ба марҳилаи фалокатбор наздик аст.

СММ дар гузориши худ навишт, ки аз оғози ҷанг дар Ғазза 61 ҳазор нафар кушта шуда, 154 ҳазор нафари дигар захмӣ шудаанд. Миёни кушташудагон онҳое ҳам ҳастанд, ки барои дастрас кардани кӯмакҳои башардӯстона рафта буданд.

Дар ҳоле, ки созмонҳои ҷаҳонӣ аз вазъи ҳалокатбор дар Ғазза бонги хатар мезананд, Исроил ду рӯз пеш аз оғози ҳуҷуми нав ба шаҳри Ғазза хабар дод. Артиши ин кишвар пас аз чанд рӯзи бомбборони шаҳр, ба он ворид шуд.

Тибқи иттилои расонаҳо, даҳҳо ҳазор сокини шаҳри Ғазза зери бомбборони артиши Исроил маҷбур ба тарки макони зисти худ шудаанд. Садҳо нафар зери харобаҳо мондаву чандин нафар кушта шудаанд.

Дар ин миён, талошҳо ва даъватҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои қатъи ҷанг то ин лаҳза бесамар аст.

Бенямин Нетаряҳу, нахуствазири Исроил баъди ҳузураш дар навори Ғазза аз оғози ҷанги нав хабар дод ва гуфт, “гуфтушуниди бидуни таъхир барои озодкунии асирон оғоз шавад ва ҷанг бо шароити барои Исроил мақбул” анҷом ёбад.

Гурӯҳи фаластинии ҲАМОС дар баёнияе Бенямин Нетаняҳуро барои мамониат дар созиши оташбас ва идомаи “ҷанги ваҳшиёна алайҳи ғайринизомиёни бегуноҳ дар шаҳри Ғазза” муттаҳам кард.

 

Ду рӯз пештар, ин гурӯҳ ба Исроил пешниҳод карда буд, ки бар ивази раҳоии 10 асир ва бозгардонии ҷасади 18 асари дигар, барои 60 рӯз оташбас эълон карда шавад.

Дар умум, тибқи иттилое, ки расонаҳо бо такя ба мақомоти Исроил нашр кардаанд, аз 50 асири дар дасти ҲАМОС буда, танҳо 20 нафар зиндаанд.

Бояд гуфт, низоъ дар Ғазза рӯзи 7-уми октябри соли 2023, баъди фишору ғасбкориҳои пайвастаи Исроил ба Фаластин ва бо ҳамлаи ҷангҷӯёни гурӯҳи ҲАМОС ба Исроил оғоз шуд. Дар ҳамлаи худ ҲАМОС 1200 исроилиро кушт ва 250 касро гаравгон гирифт. Дар пайи ин артиши Исроил ба Ғазза ҳуҷум ва наворро бомбборон кард, ки то ҳол идома дорад.

Дар ин миён бо миёнравии Қатару Миср чанд маротиба миёни Исроил ва ҲАМОС барои чанд муддат оташбас эълон шуд ва чанде аз асирон раҳо ва ҷасади чанд нафар баргардонида шуданд. Аммо дар ниҳоят ҳеҷ як оташбас пойдор намонд ва ҷанг идома кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.