Қосим-Жомарт Тоқаев ба Рустами Эмомалӣ “Ордени Дустӣ” дод

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби Қосим-Жомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон аз ҷумла, густариши муносибатҳои байнипарламентӣ миёни ду кишвар, бо “Ордени Дӯстӣ” дараҷаи 2 сарфароз гардонида шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти шаҳрдори Душанбе хабар дода, […]

Asia-Plus

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби Қосим-Жомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон аз ҷумла, густариши муносибатҳои байнипарламентӣ миёни ду кишвар, бо “Ордени Дӯстӣ” дараҷаи 2 сарфароз гардонида шуд.

Дар ин бора хадамоти матбуоти шаҳрдори Душанбе хабар дода, навиштааст, ки маросими тақдими орден дар Кохи сафеди шаҳри Остона баргузор гардидааст.

Тоқаев саҳми Рустами Эмомалиро дар густариши муносибатҳои неку ҳамсоягии ду кишвари дӯсту бародар арзанда арзёбӣ кардааст.

Бояд гуфт, Рустами Эмомалӣ субҳи дирӯз, 26-уми август бо сафари расмӣ ба Қазоқистон рафт ва бо мақомҳои расмии ин кишвар дидору мулоқот кард.

Аз ҷумла дар мулоқот бо Қосим-Жомарт Тоқаев “паёму таманниёти гарму самимии” раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро расонид ва масоили марбут ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистонро мавриди баррасӣ қарор дод.

 

Ҳамчунин ӯ бо Маулен Ашимбаев, раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон мулоқот анҷом дод.

“Зимни мулоқоти хосаи роҳбарони палатаҳои болоии парламентҳо ва музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои парламентии Тоҷикистону Қазоқистон ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, робитаҳои байнипарламентӣ, инчунин, масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд”, – навишт дафтари матбуоти шаҳрдори Душанбе.

 

Дар доираи ин сафар Рустами Эмомалӣ бо нишони эҳтиром ба таърих ва ваҳдату ягонагии мардуми Қазоқистон дар назди маҷмааи “Муҳофизони Ватан” гулчанбар гузошт.

Ҳамчунин, аз технопарки байналмилалии Астана Ҳаб (Astana Hub) боздид кард.

Иттилоъ дода шуд, ки Астана Ҳаб яке аз калонтарин технопарки байналмилалии стартапҳои иттилоотию технологӣ (IT) дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.

 

Раванди мазкур соли 2018 бо мақсади дастгирӣ ва рушди ширкатҳои технологии Қазоқистону кишварҳои хориҷӣ таъсис дода шуда, ба фароҳам овардани шароити мусоид барои татбиқи фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ нигаронида шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.