Муҳаммадӣ Раҷабов аввалин медали Тоҷикистонро аз Қаҳрамонии ҷаҳони қаиқронӣ ба даст овард

Дар кишвари Маҷористон мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳони қаиқронӣ миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон ҷараён дорад. Ин мусобиқа аз 4-уми сентябр оғоз шуда буд ва то 7-уми ҳамин моҳ давом мекунад. Дар ин мусобиқа ҳудуди 500 варзишгар аз беш аз 40 кишвари ҷаҳон ширкат доранд. Дар рӯзи дуюми мусобиқа Муҳаммадӣ Раҷабов, қаиқрони тоҷик дар масофаи 14.4 км […]

Дар кишвари Маҷористон мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳони қаиқронӣ миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон ҷараён дорад. Ин мусобиқа аз 4-уми сентябр оғоз шуда буд ва то 7-уми ҳамин моҳ давом мекунад. Дар ин мусобиқа ҳудуди 500 варзишгар аз беш аз 40 кишвари ҷаҳон ширкат доранд.

Дар рӯзи дуюми мусобиқа Муҳаммадӣ Раҷабов, қаиқрони тоҷик дар масофаи 14.4 км С-1 (каноэ) байни наврасон медали биринҷӣ ба даст овард.

Ба навиштаи саҳифаи “Телеграм”-и Рустами Эмомалӣ, ин дастовард аввалин медали қаҳрамонии ҷаҳони қаиқронӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистон мебошад.

Муҳаммадӣ Раҷабов дар Омӯзишгоҳи захираҳои олимпии рақами 4 оид ба шиноварӣ ва оббозӣ дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии мураббӣ Тоҳири Нурмуҳаммадӣ тамрин мекунад. Дар солхои охир Федератсияи заврақронӣ барои тарбия кардан ва ба камол расондани варзишгарони ҷавон кушиш мекунад.

Раҷабов дар сӯҳбат бо “Азия Плюс” пас аз финал эътироф кард, ки ҷоиза ба осонӣ ба даст наомадааст:

"Ин озмоиши сахт буд. Суръат аз метрҳои аввал баланд буд, рақибон дар ҳар қадам ҳамла мекарданд, аммо ман шодам, ки тоб оварда тавонистаам ва ба кишвари худ медал овардам."

Мусобика дар Маҷористон беҳтарин заврақронҳои ҷаҳонро гирд оварда, онҳо масофаҳои кутоҳ, дароз ва параканоэро тай намуданд:

– масофаи кутоҳ (3,4 километр): қаиқронӣ ва каноэ байни наврасон ва калонсолон;

– масофаи дур (то 26,2 км): марафонҳо байни наврасон, ҷавонон ва варзишгарони калонсолон;

– параканоэ (8,2—11,8 км): масофаҳои алоҳида барои мардон ва занон.

Моҳи июни соли 2025 Муҳаммадӣ Раҷабов дар Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ байни наврасон дар Паттайя (Тайланд) ба масофаи 1000 метр ғолиб омад. Мавсими гузашта низ дар ҳамин масофа қаҳрамони Осиё шуд ва дар давидан ба масофаи 200 метр медали нуқра гирифт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.