Толибон бори дигар аз Тоҷикистону Ӯзбекистон хостанд, чархболҳои аз сӯйи афсарони ҳукумати пешин берунбурдаро баргардонанд

Мақомоти аршади Толибон* бори дигар аз ду кишвари ҳамсояашон – Тоҷикистон ва Ӯзбекистон хостанд, чархболҳои низомии аз сӯйи сарбозони ҳукумати пешин берунбурдаро ба онҳо баргардонанд. Ин аллакай маротибаи чандум аст, ки намояндагони ин гурӯҳ, дар сатҳи гуногун, талаби бозгардонии чардболро пеш мегузоранд. Чархболҳои мавриди баҳс соли 2021, вақте Толибон қудратро дар Афғонистон ғасб карданд, аз […]

Asia-Plus

Мақомоти аршади Толибон* бори дигар аз ду кишвари ҳамсояашон – Тоҷикистон ва Ӯзбекистон хостанд, чархболҳои низомии аз сӯйи сарбозони ҳукумати пешин берунбурдаро ба онҳо баргардонанд. Ин аллакай маротибаи чандум аст, ки намояндагони ин гурӯҳ, дар сатҳи гуногун, талаби бозгардонии чардболро пеш мегузоранд.

Чархболҳои мавриди баҳс соли 2021, вақте Толибон қудратро дар Афғонистон ғасб карданд, аз сӯйи сарбозони ҳукумати пешин ба кишварҳои ҳамсоя интиқол ёфтаанд.

Амирхон Муттақӣ, сарпарасти Вазорати умури хориҷии Афғонистон ахиран зимни як суханронӣ гуфт, “хоҳиш мекунем… ин чархболҳоро ба мардуми афғонистонӣ баргардонанд, то онҳо барои аҳдофи башардӯстона истифода шаванд”.

Ба навиштаи телевизиони Tolonews, Муттақӣ ин суханонро зимни мулоқот бо дипломатҳо ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ дар Кобул гуфтааст.

“Мо аз он кишварҳое, ки чаҳор сол пеш ба далели ҳаводиси сиёсӣ чанд чархболҳои моро гирифта, ба давлатҳои ҳамсоя супурданд, хоҳиш мекунем, ки ин чархболҳоро ба мардуми Афғонистон баргардонанд, то онҳо барои аҳдофи башардӯстона истифода шаванд”, – зикр кардааст Муттақӣ.

Ӯ ҳамчунин аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хостааст, ки таҳримҳои зидди Афғонистонро лағв кунад ва таъкид кардааст, ки ба далели маҳдудиятҳои феълии бонкӣ афғонистониҳои муқими кишварҳои хориҷӣ наметавонанд ба хонаводаҳои худ пул ирсол кунанд.

 

Дар ҳамин ҳол, нашрияи “The Kobul Times” ҳафтаи равон навишт, ки Ӯзбекистон гӯё розӣ шудааст, 57 чархболи низомиро ба Афғонистон баргардонад. Аммо Аҳрор Бурхонов, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон, ин хабарро рад кардааст.

“Чунин хабарҳо ба воқеият мувофиқ нестанд. Мавқеи Ӯзбекистон бетағйир боқӣ монда, хабари паҳншуда ғайривоҷеӣ аст”, – гуфтааст ӯ.

Пештар аз ин хабаргузории “Фергана” навишт, ки Ӯзбекистон 7 чархболи "Black Hawk"-ро ба ИМА додааст. Ин хабаргузорӣ ҳамчунин зикр кард, ки “тибқи маълумоти Пентагон (Вазорати мудофиаи ИМА), 46 ҳавопаймо ва чархболи рабудашуда дар Ӯзбекистон ва 18 адад – дар Тоҷикистон қарор доранд”.

Мақомоти Тоҷикистон дар робита ба ин иддаи Толибон боре ҳам расман изҳори назар накардаанд.

Моҳи январи соли 2022 хабар дода шуд, ки артиши собиқи Афғонистон 164 ҳавопаймои низомӣ дар ихтиёр дошт. Пас аз фирори мақомот ва қисме аз халабонҳо, дар кишвар 81 ҳавопаймо боқӣ монд, ки аз онҳо танҳо 41 адад дар ҳолати корӣ қарор дошт.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – «Афғонистон» бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.