Низомиёни тоҷик барои ширкат дар размоишҳои ҳарбии “Ҳудуд-2025” ба Қирғизистон рафтаанд

Ҳайати низомиёни Тоҷикистон барои ширкат дар тамринҳои низомӣ таҳти унвони “Ҳудуд-2025” (Рубеж-2025) ба Қирғизистон рафтаанд. Тамринҳо бо иштироки низомиёни кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) баргузор мешаванд. Дар ин бора Вазорати дифои Қирғизистон иттилоъ дода, гуфтааст, ки ҳарбиёни Тоҷикистон рӯзи 14-уми сентябр ба машқгоҳи “Эделвейс”-и ин ниҳод ворид шудаанд. Тамринҳои муштарак рӯзи 17-уми сентябр оғоз шуда […]

Ҳайати низомиёни Тоҷикистон барои ширкат дар тамринҳои низомӣ таҳти унвони “Ҳудуд-2025” (Рубеж-2025) ба Қирғизистон рафтаанд. Тамринҳо бо иштироки низомиёни кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) баргузор мешаванд.

Дар ин бора Вазорати дифои Қирғизистон иттилоъ дода, гуфтааст, ки ҳарбиёни Тоҷикистон рӯзи 14-уми сентябр ба машқгоҳи “Эделвейс”-и ин ниҳод ворид шудаанд. Тамринҳои муштарак рӯзи 17-уми сентябр оғоз шуда то 20-уми сентябр идома мекунад.

Ба иттилои манбаъ, тамринҳо ҷиҳати омодагӣ ва роҳандозии амалиётҳои ҷангии нерӯҳои дастаҷамъии зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ бо мақсади нест кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки ба кишварҳои узви СПАД ворид шудаанд, гузаронида мешаванд.

Дар тамринҳои низомӣ ҳайатҳои низомии кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ва инчунин гуруҳҳои амалиётии Ситоди муттаҳида ва котиботи СПАД ширкат мекунанд.

Вазорати дифои Қирғизистон гуфтааст, ки дар тамрингоҳ, ҷойи корӣ, хобгоҳ, хӯрок, инчунин шароити зарурӣ барои амалиётҳо фароҳам оварда шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар ин бора маълумоте нашр накардаанд. Маълум нест, ки дар ин тамринҳо чанд сарбози тоҷик ширкат мекунанд.

Бояд гуфт, ки Нерӯҳои дастаҷамъии зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ соли 2001 бар асоси қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД ташкил шудааст, ки бо системаҳои муосири аслиҳа ва техникаи низомӣ таъмин мебошанд. Вазифаи асосии онҳо бартараф кардани таҷовузи ҳарбии берунӣ, инчунин иштирок дар амалиётҳои муштараки зиддитерористӣ аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.