Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст

Ҳамаи дастаҳое, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё -2026 байни наврасон (U-17) дар Арабистони Саудӣ бозӣ мекунанд, маълум шуданд. Ин мусобиқа 7-24 майи соли 2026 баргузор мешавад. Дар он ҳамагӣ 16 даста миёни ҳам рақобат мекунанд ва дастаи Тоҷикистон низ ба туфайли иштирок дар Ҷоми ҷаҳон-2025 (U-17) дар Қатар ба он мустақиман роҳхат гирифтааст. Рӯйхати иштирокчиёни […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Ҳамаи дастаҳое, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё -2026 байни наврасон (U-17) дар Арабистони Саудӣ бозӣ мекунанд, маълум шуданд. Ин мусобиқа 7-24 майи соли 2026 баргузор мешавад.

Дар он ҳамагӣ 16 даста миёни ҳам рақобат мекунанд ва дастаи Тоҷикистон низ ба туфайли иштирок дар Ҷоми ҷаҳон-2025 (U-17) дар Қатар ба он мустақиман роҳхат гирифтааст.

Рӯйхати иштирокчиёни марҳилаи ниҳоӣ бар асоси ду нишондиҳанда муайян шуд: ғолибони гурӯҳҳои интихобӣ ва иштирокчиёни мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2025.

Дастаҳои иштирокчии Ҷоми ҷаҳон – 2025: Кореяи Шимолӣ, Индонезия, Ҷопон, Ҷумҳурии Корея, Қатар, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон, Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) ва Ӯзбекистон. Ба онҳо 7 дастаи ғолиби марҳилаи интихобӣ ҳамроҳ шуданд: Чин, Яман, Ветнам, Ҳиндустон, Австралия, Таиланд ва Мянма.

Ба ин тариқ, аз минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бозӣ мекунанд. Қирғизистон ва Туркманистон дар даврҳои интихобӣ ноком шуданд.

Дар ин мусобиқа мунтахаби миллии то 17-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии мураббӣ Далер Қаёсов бо дастаҳои пурзӯртарини қора рақобат мекунанд.

Маросими қаръакашии мусобиқоти Ҷоми Осиё-2026 (U-17) рӯзи 12 феврали соли 2026 баргузор мешавад. Ҳамчунин ин мусобиқа барои мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2026 (U-17) марҳилаи интихобӣ ба шумор меравад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.