Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон шоми 11-уми декабр барои иштирок дар Форуми байналмилалии сулҳ ба Туркманистон сафар карда, дар фурудгоҳи шаҳри Ашқобод мавриди истиқболи Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси Шӯрои халқӣ ва собиқ раисҷумҳури ин кишвар қарор гирифт. Пас аз он, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Сардор Бердимуҳаммадов, ҳамтои туркмани худ мулоқот ва масъалаҳои таҳким ва густариши ҳамкории гуногунҷанбаи дуҷонибаро […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон шоми 11-уми декабр барои иштирок дар Форуми байналмилалии сулҳ ба Туркманистон сафар карда, дар фурудгоҳи шаҳри Ашқобод мавриди истиқболи Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси Шӯрои халқӣ ва собиқ раисҷумҳури ин кишвар қарор гирифт.

Пас аз он, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Сардор Бердимуҳаммадов, ҳамтои туркмани худ мулоқот ва масъалаҳои таҳким ва густариши ҳамкории гуногунҷанбаи дуҷонибаро баррасӣ кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки Тоҷикистон ҷонибдори дар руҳияи шарикии роҳбурдӣ рушд додани ҳамкорӣ бо Туркманистон мебошад.

Дар идомаи вохӯрии ҷонибҳо тақвияти ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, инчунин, густариши робитаҳо дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноат, кишоварзӣ ва фарҳангиву башарӣ муҳокима гардидааст. Ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақаиву ҷаҳонӣ аз мавзуъҳои дигари суҳбати ду раисҷумҳур будааст.

 

Бояд гуфт, сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон дар доираи Форуми байналмилалии сулҳ анҷом мешавад. Дар ин сафар ӯро вазири корҳои хориҷӣ, ёвари раисҷумҳур дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар форуми мазкур, ба иттилои расонаҳо, ширкати раҳбарони кишварҳои узви Созмони кишварҳои туркӣ ва раисҷумҳури Русия низ дар назар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.