Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт

Дар мусобиқоти қаҳрамонии муштзании ҷаҳон, ки дар дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ идома дорад, як муштзани тоҷик медали биринҷӣ ба даст овард ва паҳлавони дигари тоҷик ба давраи ниҳоӣ ё финалӣ роҳ ёфт. Акмал Убайдов дар вазни 60 кг аввалин медали Тоҷикистонро пас аз шикасти 4 ҳарифи худ ба даст овард. Аммо ӯ дар […]

Asia-Plus

Дар мусобиқоти қаҳрамонии муштзании ҷаҳон, ки дар дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ идома дорад, як муштзани тоҷик медали биринҷӣ ба даст овард ва паҳлавони дигари тоҷик ба давраи ниҳоӣ ё финалӣ роҳ ёфт.

Акмал Убайдов дар вазни 60 кг аввалин медали Тоҷикистонро пас аз шикасти 4 ҳарифи худ ба даст овард. Аммо ӯ дар марҳилаи баъдӣ аз Всеволод Шумкови рус шикаст хӯрда ба финал роҳ наёфт ва соҳиби мақоми сеюму нишони биринҷӣ шуд.

Ин аввалин медали муштзанҳои тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳони имсола аст.

Ҳамчунин, Хусравхон Раҳимов, муштзани дигари тоҷик бо пирӯзӣ дар баробари Хуҷаназар Нортоҷиев аз Ӯзбекистон ба финали мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар вазни 57 кг баромад.

Дар ин набард варзишгари тоҷик бо қарори якдилонаи доварон (5:0) ҳарифашро ноком кард. Акнун Хусравхон рӯзи 13-уми декабр барои медали тиллои мусобиқа бо муштзани қазоқ Оразбек Асилқулов мубориза мебарад.

Ба иттилои Федератсияи муштзании Тоҷикистон, Хусравхон аввалин муштзани тоҷик дар таърих аст, ки ба финали Қаҳрамонии ҷаҳон роҳ меёбад.

Ӯ то расидан ба даври ниҳоӣ 4 рақибашро мағлуб кард.

Қаблан дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон аз Тоҷикистон Анвар Юнусов (56 кг) соли 2011 дар Боку, Мавзуна Чориева (60 кг) соли 2012 дар Синхуандао ва Баҳодур Усмонов (63,5 кг) соли 2023 дар Тошканд барандагони медалҳои биринҷӣ шуда буданд.

Имсол Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии муштзании ҷаҳон, ки дар шаҳри Дубай ҷараён дорад, 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Он то 13-уми декабр давом мекунад.

Қаҳрамонҳои ҳар вазни мусобиқа соҳиби 300 ҳазор доллар, ҷойҳои дуюм соҳиби 150 ҳазор доллар, ҷойҳои сеюм соҳиби 75 ҳазор доллар ва ҷойҳои панҷум соҳиби 10 ҳазор доллар мешаванд. Аммо маблағи ҳар як ҷоизадор се тақсим мешавад: 50%-и пул ба варзишгар, 25% ба мураббии ӯ ва 25% ба Федератсияи муштзании кишвараш тақдим мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.