Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон аз кушта шудани 3 “қочоқбари афғон” дар марз бо Афғонистон хабар дод

Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ)  аз пешгирии як сарҳадшикании “5 қочоқбари афғон”, ки марзи Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур кардаанд, хабар дода, гуфт, ки дар пайи “муқовимати мусаллаҳона” бо онҳо се қочоқбар кушта шудаанд. Ба иттилои ин ниҳод, ду тани дигар ба Афғонистон фирор кардаанд. Дар изҳороти ин ниҳод, ки имрӯз, 30-юми январ дар […]

Asia-Plus

Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ)  аз пешгирии як сарҳадшикании “5 қочоқбари афғон”, ки марзи Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур кардаанд, хабар дода, гуфт, ки дар пайи “муқовимати мусаллаҳона” бо онҳо се қочоқбар кушта шудаанд. Ба иттилои ин ниҳод, ду тани дигар ба Афғонистон фирор кардаанд.

Дар изҳороти ин ниҳод, ки имрӯз, 30-юми январ дар хабаргузории “Ховар” нашр шуд, аз ҷумла гуфта мешавад, ки ҳодиса тахминан соати 19:30-и 29-уми январи соли 2026 дар ҳудуди дидбонгоҳи сарҳадии «Баҳорак»-и Шамсиддини Шоҳин рух дода, “5 қочоқбари афғон сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, аз ҳудуди Афғонистон ба хоки Тоҷикистон ворид шуданд”.

“Дар натиҷаи андешидани чорабиниҳои оперативӣ- ҷустуҷӯйӣ масири ҳаракати ҷинояткорон дар минтақаи мазкур муайян карда шуд. Қочоқбарон ба амри сарҳадбонон итоат накарда, бо истифода аз силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, муқовимати мусаллаҳона нишон дода, кӯшиш карданд, ки ба самти Афғонистон фирор намоянд”, – гуфта мешавад дар изҳороти ин ниҳод.

Ба гуфтаи Қушунҳои сарҳадӣ, “дар натиҷаи оташи ҷавобӣ 3 қочоқбари афғон Ҷовид валади Давлатманд, Рошид валади Давлатманд, сокинони қарияи Ворича ва Собир валади Зоҳир, сокини қарияи Анҷири вулусволии Чаҳёби вилояти Тахори Афғонистон дар ҷойи ҳодиса безарар карда шуданд. Ба 2 қочоқбар муяссар гардид, ки бо истифода аз торикии шаб ба самти Афғонистон фирор намоянд”.

Ба иттилои ин ниҳод, аз ҷойи ҳодиса, 3 автомати Калашников бо 4 тирдон, 150 дона тири қутрашон гуногун, миқдори зиёди тирҳои парондашуда, 4 борхалта бо 73 баста воситаи нашъадори навъҳои «ҳашиш» ва «афюн», инчунин 1 қаиқ дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Нерӯҳои марзбонии гуфтааст, ки ҳоло вазъ дар сарҳад таҳти назорат ва ҳодисаи мазкур мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Дар пайи ин ҳодиса, КДАМ бо моддаҳои 200 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан), 289 (Қочоқ), 335 (Ғайриқонунӣ гузаштани сарҳади давлатии  Тоҷикистон) ва 195 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан… гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ…)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз карда, тафтиш идома дорад.

Дар як моҳи охир ин дуввумин даргирӣ дар марз бо Афғонистон аст. Қаблан, ин ниҳод рӯзи 18-уми январи соли равон дар мавриди “маҳви террористон” хабар дода, гуфта буд, ки он дар минтақаи марзии воқеъ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ҳамсарҳад бо ноҳияи Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон рух дода, "чор террорист нобуд карда шуд”.

Дар пайи ин, ҳукумати Толибон* аз сарҳадшиканон "қочоқбарон" ном бурда, гуфта буданд, ки ин ҳодисаро тафтиш мекунанд. То ҳол натиҷаи тафтиш маълум нест.

Соли гузашта дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон чанд даргирӣ рух дод, ки боиси кушта шудани чанд сокини осоишта ҳам шуд. Аз ҷумла, шаби 23-юми декабри соли 2025, дар дидбонгоҳи сарҳадии №5-и "Боғ" -и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин "се аъзои гурӯҳи террористӣ", ки сарҳадро убур карда, ба Тоҷикистон гузаштанд, аз сӯйи мақомоти Тоҷикистон нобуд карда шуданд.

Пештар аз ин, дар пайи ду ҳамлаи дигар дар рӯзҳои 26 ва 30-юми ноябр аз Афғонистон ба ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон 5 шаҳрвандони Чин кушта ва панҷ нафари дигар захмӣ шуданд. Ин ҳамлаҳо аввал ба бошишгоҳи як ширкати маъдантозакунӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва баъдан ба як ширктаи роҳсозӣ дар ноҳияи Дарвоз сурат гирифтанд.

Тоҷикистон ин ҳамлаҳоро шадидан маҳкум карда аз “Толибон” хоста буд, ки омилони онро дастгир кунанд. ВКХ-и ҳукумати Толибон гуфт, ки ҳамла тавассути гурӯҳҳое анҷом шудааст, ки ҳадафашон “эҷоди бесуботӣ ва беэътимодӣ миёни кишварҳои минтақа аст”.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон