Home Blog Page 24

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 51

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳуми ин асари таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад.

 

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савтӣ манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Музокироти сулҳ миёни Амрико ва Эрон. Трамп бо пофишорӣ тасдиқ кард, аммо мақомоти Эрон рад мекунанд

0

Раисҷумҳури Амрико мегӯяд, бо Эрон музокироти сулҳ барқарор шудааст ва аз ин сабаб, зарбулаҷали 48 – соата барои боз кардани тангаи Ҳурмуз, ки дирӯз худи ӯ муқаррар карда буд, 5 рӯз ба таъхир гузошта шуд. Мақомоти Эрон иттифоқи ҳар гуна музокирот бо Амрикоро рад мекунанд.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ки рӯзи душанбе ба хабарнигорон дар Палм Бичи Флорида суҳбат дошт, гуфт, “мехостем бузургтарин нерӯгоҳҳои барқии онҳоро (Эронро) бо як зарба аз байн барем. Онҳо бояд фурӯ мерафтанд. Барои ҳамин онҳо (мақомҳои эронӣ) занг заданд. Ман занг назадам. Онҳо занг заданд ва мехоҳанд созиш кунанд”.

Мақомоти Эрон дар зудтарин фурсат ин иддаои Трампро рад карданд ва гуфтанд, “ҳеҷ гуфтугӯе миёни Теҳрон ва Вашингтон вуҷуд надорад” ва ин изҳороти раисҷумҳури Амрико “талош барои коҳиши қимати энерҷӣ ва касби замон барои тарҳҳои низомӣ аст”.

Дар идома суҳбати худ Трамп гуфт, Стив Уиткофф, фиристодаи вижаи Амрико дар умури Ховари Миёна бо як мақоми баландпояи Эрон сӯҳбат кардааст, аммо аз ифшои номи он мақоми эронӣ худдорӣ карда, зикр кард, ки “ин мақом раҳбари нави Ҷумҳурии Исломӣ Муҷтабо Хоманаӣ нест”.

Ӯ танҳо зикр кард, ки “… мо бо касе рӯбарӯ ҳастем, ки ба андешаи ман, аз ҳама мӯътабартарин ва раҳбари асосӣ аст”.

Трамп гуфт, музокирот рӯзи якшанбе оғоз шуд, ду тараф дар бораи “нуктаҳои асосӣ” ба мувофиқа расиданд, он идома хоҳад ёфт ва агар самаранок гузарад, мо ба зудӣ ба созиш мерасем.

Ба қавли ӯ, Стив Уиткофф ва домодаш Ҷаред Кушнер музокира мекунанд.

Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси парлумони Эрон ба ин суханҳои Доналд Трамп зуд вокуниш кард ва дар шабакаи иҷтимоии Х навишт, ки “ҳеҷ гуна музокирот ба Амрико нест” ва Трамп “хабарҳои ҷаълӣ” паҳн карда, талош дорад ба нархи нафт таъсир расонад.

Вазорати корҳои хориҷии Эрон ҳам дар вокуниш ба ин суханҳои раисҷумҳури Амрико эълон кард, ки “ҳеҷ гуфтугӯе миёни Теҳрон ва Вашингтон вуҷуд надорад”.

Дар баёнияи ин ниҳод омадааст, ки “изҳороти раисҷумҳури Амрико дар чаҳорчӯби талошҳо барои коҳиши қимати энерҷӣ ва касби замон барои тарҳҳои низомии ӯст”.

“Ибтикороте аз сӯйи кишварҳои минтақа барои коҳиши таниш вуҷуд дорад ва посухи мо ба ҳамаи онҳо равшан аст: мо тарафе нестем, ки ин ҷангро оғоз кардааст ва ҳамаи ин дархостҳо бояд ба Вашингтон ирҷоъ (бозгардонида) дода шавад”, – гуфтааст Вазорати корҳои хориҷии Эрон.

Ҳамакнун, назари Трамп ба ин изҳороти Эрон, ки суханҳои чанде пеш гуфтаашро рад мекунад, маълум нест.

Бояд гуфт, Доналд Трамп шаби 21 ба 22-юми март таҳдид карда буд, ки агар Эрон давоми “48 соат” тангаи Ҳурмузро “пурра ва бидуни таҳдид” боз накунад, Иёлоти Муттаҳида нерӯгоҳҳои барқии ин кишварро “нобуд хоҳад кард”.

Дар посух ба ин, Сипоҳи посдорони Эрон низ таҳдид кард, ки агар чунин коре сурат гирад, “тамоми зерсохтҳои энерҷӣ, фановарии иттилоотӣ ва обширинкуни мутааллиқ ба Амрико ва режим (Исроил)”-ро ҳадаф қарор хоҳад дод.

Эрон гулӯгоҳи Ҳурмузро, ки ҳудуди 20 дарсади нафти содиротии ҷаҳон аз он мегузарад, пас аз ҳамлаи Амрикову Исроил ба хокаш барои рафтуомади нафткашҳои марбут ба ин ду кишвар ва ҳампаймонҳои он маҳдуд кард. Баъди ин арзиши нафт дар ҷаҳон якбора боло рафта, ба беш аз 110 доллар барои як бушка ҳам расид. Мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ мегӯянд, рафтуомади киштиҳое, ки ба Амрикову муттаҳидонаш марбут набошанд, тариқи тангаи Ҳурмуз иҷозат аст.

Ёдовар мешавем, ки ҷанг дар Ховари Миёна субҳи 28-уми феврали соли 2026 бо ҳамлаи Амрико ва Исроил ба хоки Эрон оғоз шуд. Артиши Эрон дар посух ба ин ҳамлаҳо ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабӣ зарба зад. Раисҷумҳури Амрико ва сарвазири Исроил дар изҳоротҳои худ ошкоро изҳор доштанд, ки ҳадафи ҷанг сарнагунсозии низоми ҷорӣ дар Эрон аст ва то ҳол ба ин пофишорӣ доранд. Ҷумҳурии Исломӣ дар посух таъкид кард, ки ба ҳар гуна таҷовуз посухи сазовор ва қотеъ хоҳад дод ва ба зарбаҳояш ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабӣ идома медиҳад. Ҳоло ҳамлаҳои тарафҳо идома доранд. Вазъият печида ва ташвишовар боқӣ мемонад.

Бо гузашти чаҳор ҳафта аз оғози ҷанг мақомҳои алоҳида дар Амрико ва Исроил эътироф мекунанд, ки сарнагунсозии низом дар Эрон кори осон нест ва он ҳанӯз қавӣ аст ва накалавидааст.

Дар пайи ин нокомӣ дар Амрико аввалин мақоми баландпоя – Ҷо Кент, роҳбари Маркази миллии зиддитеррористии Амрико бо эътироз ба сиёсати Трамп дар қиболи Эрон ва оғози ҷанг истеъфо дод ва гуфт “ин ҷанг аз сӯйи Исроил ба Амрико таҳмил шудааст”.

Бенямин Натаняҳу, сарвазири Исроил, ки аз сӯйи Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои ҷиноятҳои зиддибашар дар пайгард аст, пас аз зарбаи мушакии Эрон ба як шаҳри ҳастаияш, эътироф кард, ки “суқути низом дар Эрон кори саҳл нест”.

Мақомоти Эрон таъкид мекунанд, ки низоми Ҷумҳурии Исломӣ танҳо чанд мақомдор нест ва он бар пояҳои мустаҳкам бунёд ёфта, қавӣ аст ва мақоми роҳбар ва фармондеҳони кушташударо шахсони шоиста соҳиб шуда, кори онҳоро идома медиҳанд. Дар Эрон низ эътирозоте зидди низом мушоҳида намешавад ва баръакс, ҳазорон нафар зери ҳамлаҳои ҳавоии Исроилу Амрико ба кӯчаҳо рехта, аз давлат ва хоки худ ҳимоят мекунанд.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар бахши махсуси “Азия-Плюс” огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 марти соли 2026

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз соати 9:00 дар майдони “800-солагии Маскав”, соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир” ва “Кӯли ҷавонон” чорабиниҳои наврӯзӣ доир мегарданд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 24 МАРТ

Соли 2011 – Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд чандин корхонаи саноатӣ, аз ҷумла бузургтарин фабрикаи риштапечии “Олим-Текстайл”-ро ифтитоҳ кард.

Соли 2012 – Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва Осиф Алӣ Зардорӣ, президенти Покистон дар маросими ифтитоҳи намояндагии Бонки миллии Покистон дар Душанбе иштирок карданд.

Соли 2015 – Эмомалӣ Раҳмон Президенти Тоҷикистон дар дашти Сомғор ва минтақаи Мирзоравоти ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба сохтмони як шаҳри нави замонавӣ асос гузоштанд ва пешниҳод намуданд, ки он “Сайҳун” номида шавад.

Соли 2016 – Дар шаҳри Конибодом корхонаи “Нафтрасон”, ки аввалин корхона оид ба коркарди амиқи нафт дар кишвар аст, ифтитоҳ гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1915 – Мавлуди Ҷӯрахон Искандаров, овозхон

Ҷӯрахон Искандаров ҳунари сознавозию овозхониро ибтидо дар зодгоҳаш омӯхта, муддате дар Ҳуҷанду Самарқанд аз Ҳоҷӣ Абдулазиз ва Содирхон Ҳофиз дарси овозхонӣ гирифта, фаъолияти ҳунариро дар Театри мазҳакаи мусиқӣ ш. Ленинобод оғоз намудааст.

Баъдан, сарояндаи яккахони театри халқии Конибодом ва Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд. Ӯ баъди таъсиси дастаи мақомхонон дар назди Кумитаи давлатии радиошунавонӣ ва телевизиони Тоҷикистони Шӯравӣ фаъолиятро дар ин даста идома дод ва дар иҷрои шохаҳои ҷудогонаи овозӣ, “Қашқарчаи Содирхон”, “Соқиномаи Ироқи Бухоро”, “Муғулчаи Сегоҳ”, “Савти Сабо”, “Бозургонӣ”, иҷрои дастаҷамъии “Шашмақом” маҳорати воло дошт.

Соли 1940 – Зодрӯзи Зуҳуриддин Суярӣ, нависанда ва рӯзноманигори тоҷик.

Соли 1955 – Зодрӯзи Исмоил Талбаков, сиёсатмадор, раиси пешини Ҳизби комунисти Тоҷикистон.

Исмоил Талбаков

Соли 1976 факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, аз соли 1983 дар вазифаҳои ҳизбӣ фаъолият кардааст. Солҳои 1990-93 котиби якуми кумитаи ҳизбии ноҳияи Темурмалик, солҳои 1993-2000 котиби якуми ҳизбии минтақаи Кӯлоб буд.

Аз соли 2000 то соли 2010 се маротиба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз ҲКТ буд.

Соли 2006 ва 2013 аз ҷониби ҳизби коммунист ҳамчун номзад ба мақоми президентӣ пешбарӣ шуда буд.

Як муддат раиси ҲКТ ҳам буд.

Ӯ 16-уми декабри соли 2016 дар синни 61 солагӣ дар шаҳри Душанбе вафот кард.

Соли 1955 – Мавлуди Абдураҳмон Ашӯров, ҳунарпешаи театри тоҷик.

Абдураҳмон Ашӯров соли 1978 факултаи ҳунарпешагии Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистонро хатм кард. Фаъолияти ҳунариро дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Хуҷанд шурӯъ намуда, то охири умр онҷо кор кард.

Ӯ қариб дар 50 намоишнома силсиланақшҳо офаридааст. Аз ҷумла дар намоишномаҳои “Аз номи инқилоб”, “Зангирии Фигаро”, “Суруди Маҳастӣ”, “Темурмалик”, “Парранда дар қафас”, “Камоли Хуҷандӣ”, “Шабпарак хоб дид” ва дигар.

Абдураҳмон Ашӯров 16 августи соли 2023 дар сини 67-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1956 – Зодрӯзи Султоналӣ Худойбердиев, муҳаққиқи соҳаи санъатшиносӣ, мусиқишинос-этнографи тоҷик.

Султоналӣ Худойбердиев

Султоналӣ Худойбердиев соли 1985 шуъбаи иҷрокунандагии анъанавӣ (дутор)-и Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистонро хатм намудааст.

Аз ибтидо фаъолияти эҷодиро бо фаъолияти омӯзгорӣ ва илмӣ-таҳқиқотии вобаста ба омӯзиш, ҳифз ва рушди мусиқии суннатии классикии “Шашмақом” пайванд додааст. Солҳо дар ин донишкада, дар Академияи мусиқии Тоҷикистон, Институти таҳқиқотии Осиёи Марказии Франсия, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд фаъолият кардааст.

Аз соли 2001 директори Маркази фарҳанги мусиқии тоҷик “Ҳунар” дар шаҳри Хуҷанд буда, солҳои 2014 – 2016 ноиби ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов буд.

Соли 1959 – Зодрӯзи Отабек Ғоибов — рӯзноманигор, барандаи ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ, собиқ муҳаррири варзидаи бахши ӯзбекии радиои «Овози тоҷик». Ӯ соли 22 аз олам даргузашт.

Соли 1961 – Мавлуди Назира Ғаффорова, ҳуқуқшиноси тоҷик, собиқ муовини Раиси вилояти Суғд, вакили Маҷлиси намояндагон дар даъвати чорум.

Соли 1980 – Зодрӯзи Парвиз Акрамзода, раиси шаҳри Турсунзода, узви Маҷлиси миллӣ.

Соли 1999 – Зодрӯзи Сомон Маҳмадбеков, ҷудокори овозадори тоҷик, ббарандаи нишони биринҷии Бозиҳои олимпӣ дар Порис (2024).

Сомон Маҳмадбеков

Сомон Маҳмадбеков дар оилаи паҳлавонон- Маҳмадбековҳо ба воя расидааст. Ӯ дар вазни то 81 кг дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок мекунад. Аз ҷумла, соли 2023 дар Бозиҳои осиёӣ медали тилло ба даст овард. Ӯ дар Бозиҳои олимпии тобистонаи соли 2024 дар Париж ва дар Чемпионати ҷаҳон дар соли 2024 медали биринҷиро соҳиб гардидааст.

Сомон Маҳмадбеков иштирокдори мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аврупоӣ ва осиёӣ буда, миёни тоҷикон аввалин варзишкорест, ки аз Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон дар моҳи октябри соли 2017 (шаҳри Загреби Хорватия) нишони биринҷиро ба даст овард.

Ҳамзамон, Сомон нахустин Қаҳрамони ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон аз Тоҷикистон мебошад, ки моҳи октябри соли 2019 дар Марокаш нишони тилоро ба гардан овехт. Моҳи августи соли 2019 дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни мардон (Токио-2019) ширкат карда, барандаи мақоми ифтихории 5-ум шуд. 23-ноябри соли 2019 дар шаҳри Осакаи Ҷопон дар мусобиқаи бонуфузи «Тоскулоҳи бузурги Осака-2019» (Osaka Grand Slam-2019) сазовори мақоми сеюм гардид.

Баҳори соли 2024 дар чемпионати ҷаҳонии пеш аз бозиҳои олимпӣ, ки дар Имороти Муттаҳидаи Араб соҳиби медали биринҷӣ гардид. Вай дар мубориза барои чои сеюм харифаш аз Гурҷистон Дмитрий Гочилаидзеро маглуб кард.

Дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дар Порис дар мубориза барои ҷойи севум бар Антонио Эспозито аз итолиёвӣ пирӯз шуда, медали биринҷӣ ба даст овард.

Ӯ чанд маротиба, аз ҷумла соли 2024 ҳамчун варзишгари соли Тоҷикистон эълон шудааст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил таҷлил мешавад. Тибқи қарори Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ), ин рӯз ҳамасола 24 март – дар рӯзи эълони кашфи ангезандаи бемории сил аз ҷониби микробиологи олмонӣ Роберт Кох ҷашн гирифта мешавад. Дар соли 1905 Роберт Кох барои ин кашфиёт ва таҳқиқоти марбут ба табобати сил ҷоизаи Нобелро дар соҳаи физиология ва тиб ба даст овард.

Тибқи маълумоти ТУТ, ҳар рӯз аз ин бемории пешгиришаванда ва табобатшаванда тақрибан 4400 нафар фавтида, тақрибан 30 000 нафар мубталои он мегарданд. Сил то ҳол сабаби асосии марг аз бемориҳои сироятӣ дар ҷаҳон боқӣ мондааст.

Имрӯз ҳамчунин Рӯзи байналмилалии мубориза бо депрессия аст. Тибқи омори ТУТ, беш аз 350 миллион нафар дар саросари ҷаҳон аз депрессия ранҷ мебаранд.

Депрессия як беморӣ аст, ки бо ҳисси доимии ғамгинӣ ва гум кардани таваҷҷуҳ ба фаъолиятҳои пешинаи писандида, инчунин нотавонии иҷрои корҳои ҳаррӯзаи камаш ду ҳафта идома меёбад.

Инчунин 24 март Рӯзи байналмилалии ҳуқуқ барои ошкорсозии ҳақиқат дар бораи поймолшавии дағалонаи ҳуқуқи инсон ва шарафи қурбониён аст, ки аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид тасдиқ шудааст.

Ҳадафи ин рӯз таъкид кардани аҳамияти ҳақиқат ва адолат дар ҳолатҳои қатли ом, нопадидшавии маҷбурӣ, рабудани кӯдакон ва шиканҷа мебошад.

24 марти соли 1896 Александр Попов аввалин бор сигнали радиоиро интиқол дод.

24 марти соли 1898 аввалин мошини амрикоӣ, ки аз ҷониби Winton Motor Carriage Company истеҳсол шуда буд, ба фурӯш рафт. Ин мошинро муҳандиси 70-сола Роберт Эллисон аз иёлати Пенсилвания бо нархи 1000 доллар харид.

24 марти соли 1802 Ричард Тревитик, ихтироъкори англис, аввалин патентро барои паравоз ба даст овард, ки онро дар роҳи оҳан ба монанди аробаҳои аспӣ барои боркашонӣ истифода мебурданд.

Дар соли 1804 ӯ аввалин озмоиши паровозро анҷом дод, ки ин як таҳаввули бузург дар соҳаи нақлиёт ба ҳисоб меравад.

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 9+14º гарм, дар водиҳо шабона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 21+26º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 16+21º гарм, дар водиҳо шабона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 7+12º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад.  Ҳарорат: дар водиҳо  рӯзона 19+24º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 12+17º гарм, дар водиҳо шабона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 14+19º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона -2+3º, дар ғарби вилоят шабона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 7+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 18+20º гарм, дар шарқи вилоят шабона 12-17º сард, дар баъзе минтақаҳо то 5+7º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 21+23º гарм, шабона 9+11º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 21+23 гарм, шабона 9+11º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 24+26º гарм, шабона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 14+16º гарм, шабона 1+3º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 23 ба 24-уми март ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

0

Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз мураккабтарин низомҳои сиёсиро дорад, ки дар он дин ва демократия бо ҳам омехта шудаанд. Бисёре аз таҳлилгарон ин сохторро сахт ва шикастнопазир меҳисобанд, ки аз зинаҳои гуногуни назорат ва мувозинат иборат аст.  Дар назари аввал шояд сода намояд, аммо таҷзияи қудрат дар ин кишвар бисёр печида ва тӯли солҳо ташаккулёфтаву мукаммалшуда аст. Зоҳиран қудрати аслӣ дар дасти роҳбари олӣ аст, аммо ҳар тасмими ӯ ҳам бо назардошти рӯҳияи низом гирифта мешавад ва зери назар аст. Яъне, Ҷумҳурии Исломии Эронро на як нафар, балки низоми қавии бар эътиқоду боварҳо асосёфта идора мекунад.

Ба андешаи таҳлилгарон, маҳз ҳамин қудрати низом дар Эрон ва радди ҳар гуна талаби сар фуруд овардан дар назди давлатҳои абарқудрат, Амрикову Исроилро асабӣ ва ба оғози ҷанг водор кардааст.

Бояд гуфт, дар раъси ин низом роҳбари олӣ қарор дорад, ки на танҳо фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳ, балки муайянкунандаи сиёсатҳои куллии кишвар мебошад.

Аммо мардум дар таъйини низоми Эрон нақши мустақим доранд ва тавассути раъйи худ раисҷумҳур, вакилони Маҷлиси шӯрои исломӣ ва аъзои Маҷлиси хубрагонро интихоб мекунанд. Гарчанде номзадҳо бояд аз ташхиси Шӯрои нигаҳбон гузаранд, аммо интихоби ниҳоии роҳбари иҷроия ва қонунгузори кишвар бар дӯши шаҳрвандон аст.

Тасвирбаёни зер ба хонандагони “Азия-Плюс” имкон медиҳад, ки ба рӯйи ҳар як мақом ангушт бизананд ва аз чӣ иборат будану чӣ вазифа доштани онро бифаҳманд.

 

Бояд гуфт, ки субҳи 28-уми феврали соли 2026 Амрико ва Исроил ба Эрон ҳамла карданд. Артиши Эрон дар посух ба ин ҳамлаҳо ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабӣ зарба зад.

Раисҷумҳури Амрико ва сарвазири Исроил дар изҳоротҳои худ ошкоро изҳор доштанд, ки ҳадафи ҷанг сарнагунсозии низоми ҷорӣ дар Эрон аст. Ҷумҳурии Исломӣ дар посух таъкид кард, ки ба ҳар гуна таҷовуз посухи сазовор ва қотеъ хоҳад дод. Ҳоло ҳамлаҳои тарафҳо идома доранд. Вазъият печида ва ташвишовар боқӣ мемонад.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар бахши махсуси “Азия-Плюс” огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон.

Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон

0

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, онро мардуми Тоҷикистон аз қадимулайём то ба имрӯз бошукӯҳу вижагиҳо ва русуми хоси ин диёри куҳанбунёд, ки аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст, таҷлил менамоянд. Суғдиён дар радифи бохтариён, ки аз гузаштагони аслии тоҷикон ба шумор мераванд, Наврӯзро аз замонҳои қадим бошукӯҳ ва тантанаи хос ҷашн мегирифтанд. Наврӯз расму ойинҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки якчандтои онро инҷо меорем.

Чаҳоршанбеи охирон

Омодагӣ ба Наврӯз дар Тоҷикистон сари сол шурӯъ мешавад, вале тайёрии ниҳоии он чаҳоршанбеи охирини соли куҳан ҳисоб меёбад, ки он дар фарҳанги наврӯзӣ ба истилоҳи «Чаҳоршанбесурӣ» маълум аст. Дар байни тоҷикон ин маросим «Чоршанбеи охирон» ном дошт ва дар баъзе минтақаҳо онро «Чоршанбесурук» ё «Чоршанбеи моҳи сафар» меномиданд, ки дар рӯзи чоршанбеи охирони сол пеш аз иди Наврӯз гузаронида мешуд.

Дар асрҳои гузашта тољикон ҳангоми иҷрои маросими Чоршанбесурӣ косаву табақ, кӯза ва дигар зарфҳои лабшикастаю ҷағовардаро мепартофтанд. Мардум қабл аз фарорасии Соли нав на танҳо хонаю дар ва ашёву анҷоми хонаро тоза мекарданд, балки тавассути обпошӣ ва аз оташ ҷаҳидан рӯҳан худро тозаю озода менамуданд.

HISOR, TAJIKISTAN – MARCH 21, 2018: A celebration of Nowruz [New Day] holiday by the Hisor Fortress. The holiday marks the beginning of spring. Nozim Kalandarov/TASS
Òàäæèêèñòàí. Ãèññàð. 21 ìàðòà 2018. Âî âðåìÿ ãóëÿíèé, ïîñâÿùåííûõ ïðàçäíèêó Íîîðóç (Íàâðóç), ó Ãèññàðñêîé êðåïîñòè. Ïðàçäíèê Íîîðóç îòìå÷àåòñÿ êàæäûé ãîä 21 ìàðòà â äåíü âåñåííåãî ðàâíîäåíñòâèÿ. Íîçèì Êàëàíäàðîâ/ÒÀÑÑ

Ҷуфтбаророн

Ин маросим аз қадимтарин ойниҳои наврӯзӣ ба шумор меравад, зеро Наврӯз, пеш аз ҳама, ҷашни кишоварзон аст. Ба қавли пажӯҳишгари тоҷик Дилшод Раҳимов, то солҳои панҷоҳуми қарни гузашта дар ноҳияҳои минтақаи Суғду Хатлон деҳқонон то фарорасии ҷашни Наврӯз маросими «Ҷуфтбаророн» барпо мекарданд. Рӯзи аввал деҳқонон дар хонае ҷамъ омада, дастҷамъона оши палав пухта мехӯрданд ва дар ҳаққи Бобои Деҳқон ва арвоҳи гузаштагон дуову фотиҳа мехонданд. Сипас онҳо ба сари замин рафта, ба шохҳои барзаговҳо равғани зағир мемолиданд ва ба сару гардани говҳо орд мепошиданд, ки рамзи хайру баракат ва фаровонии ҳосилро ифода мекард

Фолгирии наврӯзӣ

Ойини дигар, пешбинӣ кардан бо роҳи сабзонидани дувоздаҳ навъи ғалла: гандум, ҷав, нахӯд, боқило, зағир, наск, мош ва ғайра мебошад. Ѓалларо дар зарфҳои гуногун дар шароити хона месабзониданд ва аз суръату сифати сабзиши онҳо фол мегирифтанд, ки кадом навъи ғалла дар ин сол нашъунамои хуб карда, ҳосили фаровон хоҳад дод.

Маросими обрезон

Аз давраҳои хеле қадим дар байни мардумони ориёӣ ойине маъмул буд, ки пеш аз фарорасии соли нав– Наврӯз мардум шустушӯй намуда, худро поку озода мекарданд. Тибқи навиштаи фолклоршиноси маъруфи тоҷик Рӯзӣ Аҳмад, сардори оила субҳ пеш аз баромадани офтоб ба даст кӯза ё ягон зарфи обро гирифта, ба лаби чашма ё рӯди об мерафт. Баъди шустушӯй зарфро пури об карда, сипас аз болои об се маротиба ҷаҳида: «Ҳарчӣ дарду бало дорам, об бибар»,–мегуфт.

Ойинҳои мазкур ба он далолат мекунанд, ки об дар маҷмӯи ҷашни Наврӯзи мардуми тоҷику эронӣ аз даврони бостон ба ғайр аз корбурди маишӣ, инчунин, мазмунҳои асотирию рамзӣ доштааст. Обро мардум дар қатори оташу бод ва хок ҳамчун як унсури муқаддаси табиат, дорои неруи поккунандаи айбу гуноҳон, нопокиҳо ва зиштиҳо медонистанд.

Афрӯхтани оташ

Ҳангоми маъракаи оташафрӯзӣ дар ҷашни Наврӯз қоидаҳои зерин риоя карда мешавад: Гулхан бо ҳезуми хушк, хоса хушбӯй, аз ҷумлаи чӯбҳои зардолу, тут, бурс, заранг ва ирғай афрӯхта мешавад; оташ ҳарчӣ бештар забона занад, ҳамон қадар равшанӣ ва гармӣ падид меояд, торикию хунукӣ дуртар меравад; оташ бояд дуд накунад, ба истиснои лахчаҳое, ки дар он афзору анҷоми куҳна ва фарсуда сӯхта мешавад; оташи тезу баландзабона ҳам гармӣ медиҳад, ҳам ба ҷойи чароғ муҳитро равшан мекунад; азбаски базми оташафрӯзӣ аз шом то субҳ, яъне то баромадани Офтоб тӯл мекашад, наврасон бо ҳидояти калонсолон ҳезумро аз ҳезумхонаҳо бароварда, дар наздикии гулхан захира мекунанд, то суръати афрӯхтани оташ суст нашавад.

Суманакпазӣ

Асоситарин неъмати Наврӯз суманак аст, ки он аз сабзаи гандум пухта мешавад. Худи сабза рамзи эҳёи табиат ва зебоию осоиштагии ҳаёт ба шумор меравад.

Дар вақти суманакпазӣ занону духтарон ҳам сурудхонӣ, рақсу бозиҳо ва ҳазлу шӯхиҳо мекунанд, зеро тибқи боварҳои мардумӣ ҷашни Наврӯз агар бо хандаву хурсандию шодмонӣ певоз гирифта шавад, ҳамон сол соли бофайзу баракат ва хушу хурсандӣ мегардад. Бинобар ин, дар маросими суманакпазӣ хурду калон ва пиру ҷавон шодию хурсандӣ мекунанд ва ҳамдигарашонро бо кушодарӯйӣ шодбош мегӯянд ва муборакбод менамоянд. Ҳангоми кофтани дег таронаи мардумии «Суманак дар ҷӯш»-ро ҳамагон ҳамовоз гардида месароянд.

Ба деги суманак ҳафт дона чормағз ва баъзан ҳафт сангча меандозанд, ки он рақам ҳафт фариштаи ҳафт табақи осмонро ифода мекунад.

Гулгардонӣ

Дар деҳоту шаҳракҳои Тоҷикистон пайки наврӯзӣ бачаҳою духтаронанд. Онҳо гурӯҳ-гурӯҳ дар даст гулдастаҳои баҳорӣ, гули қоқу, сияҳгӯш, наврӯзӣ давидаю хандида, субҳи барвақт назди дарвозаи хонаҳо омада, суруди дилхоҳашонро замзама мекунанд. Соҳибхона онҳоро бо самимияту хушҳолӣ ба хона даъват мекунад ва ширинӣ, обҳои ранга, меваи хушку тар, пул ҳадя медиҳад.

Сайри наврӯзӣ

Дар айёми Наврӯз мардумон ҷашни баҳорро дар боғу чаманҳо, лаби чашмаву рӯдхонаҳо, ки бо номҳои «идгоҳ» ва ё «сайргоҳ» маъруф буданд, таҷлил мекарданд. Дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди касбӣ ва зебоиписандӣ таҷлил намудани Наврӯз дар пойтахти мамлакат, маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку маҳаллаҳо наврӯзгоҳҳо муқаррар карда мешаванд. Бо ин мақсад варзишгоҳҳо, боғҳои фарҳанг, фароғат, хиёбону майдону гулгаштҳо, толорҳои калони болокушода, заминҳои тахту ҳамвори домани талу теппаҳо, соҳили дарёҳои атрофи шаҳру ноҳияҳоро истифода мекунанд, вале онҳоро ба тарзи дилхоҳ, вобаста ба талаботи ҷашнвора, аз нав сохта, таҷҳизонида, аз дидгоҳи касбӣ ороиш медиҳанд.

Бозиҳои суннатии варзишӣ

Як бахши муҳими ҷашни Наврӯзро бозиҳои суннатии варзишӣ ташкил медиҳанд. Дар аёми Наврӯз мусобиқаҳои паҳлавонон дар навъҳои гуштингирӣ, аспдавонӣ, пойгаҳ (давидан), бандкашӣ, чавгонбозӣ баргузор мегарданд, аммо аз ҳама мусобиқаи маъмултарини наврӯзӣ гуштигирӣ аст, ки хеле роиҷ ва маъмул мебошад.

Бузкашӣ як навъ варзиши маъмулӣ буда, дар айёми Наврӯз бо тантана барпо мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Имрӯз дар Ӯзбекистон “Рӯзҳои фарҳанг ва синамои Тоҷикистон” оғоз мешавад

0

Рӯзҳои фарҳанг ва синамои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон аз 23 то 29-уми март баргузор мешаванд. Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон хабар додааст, ки дар доираи рӯзҳои фарҳангӣ як силсила чорабиниҳо барои муаррифии мероси ғании фарҳангии ду миллат дар Тошканд ва Самарқанд баргузор мешаванд.

Аз ҷумла, мулоқоти се насл ва муҳокимаҳо гирди мизи мудаввар бо номи "Наврӯзи олам" доир мешавад, ки дар он нависандагон, шоирон, рассомон ва равшанфикрон аз ҳарду кишвар ширкат хоҳанд кард. Иштирокчиён мероси адабӣ ва фарҳангӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар бораи мавзӯъҳои гуногунро баррасӣ хоҳанд кард.

Барномаи “Рӯзҳои синамои тоҷик” намоиши филмҳои бадеии “Моҳӣ дар шаст”, “Дар ҷустуҷӯи ҳақиқат”, “Зиндагӣ зебост” ва “Ҷӯра Саргор”-ро дар бар мегирад.

Ҳамчунин, барномаи консертии “Шоми дӯстӣ” бо иштироки рассомони ҳарду кишвар, намоишҳои гурӯҳҳои эҷодии Тоҷикистон, намоишгоҳҳои санъати тасвирӣ ва намоишномаҳои театрӣ баргузор мешавад.

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

0

Аз ҳамлаи маргбор ва фоҷеавӣ ба толори консерти “Крокус Сити Ҳолл” дар канораи Маскав расо 2 сол гузашт. Дар пайи ин ҳамла, ки мақомоти Русия онро террористӣ гуфтанд, тибқи маълумоти ниҳодҳои ин кишвар, аз 146 то 149 нафар кушта шуд ва беш аз 500 нафар ҷароҳат бардоштанд. Бо иттиҳоми содир кардани ин ҷиноят, мақомоти Русия як рӯз баъд 4 нафарро боздошт ва чун муттаҳам муаррифӣ карданд. Ва қариб 2 сол баъд, 19 нафар бо иттиҳоми содир кардани ин ҷиноят ба зиндон фиристода шуд. Аз ҷумла, 4 гумонбари аслӣ ва 11 нафари дигар барои як умр ва 4 нафари дигар аз 19 то 22 сол равонаи зиндон шуданд.

Бояд таъкид кард, ки ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” ва куштори одамон ҷиноятест, ки натанҳо боиси изтироб дар ҷомеаи Русия, балки тамоми ҷаҳон шуд ва боздошту муҷозоти дастандаркорони он ҳатмиву талаби қонун буд. Ҷомеа бояд чеҳраи асли ҷинояткороне, ки дар даст силоҳ хунсардона ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд ва фармоишгарони ин ҳамларо мешинохт. Аммо дар ниҳоят, бо гузашти 2 сол аз ин ҳамла, тафтишоти давомдор ва анҷоми мурофиаи додгоҳиву судури ҳукм ҳам, суолҳои зиёд бе посух монд.

 

Кӯтоҳ дар бораи ҳамла

Ду сол пеш, 22-юми марти соли 2024, чаҳор марди мусаллаҳ, тахминан соати 20:00 бо мошини “Рено” ба толори консерти “Крокус Сити Ҳолл” дар канораи Маскав ворид шуда, тирпаронӣ карданд. Сипас, толори мусиқӣ ва чанд ҷои дигари биноро оташ заданд. Субҳи рӯзи 23-юми март ҷомеа аз хабари ин ҳамла ба даҳшат афтода буд. Мақомоти Русия гуфт, ҳамаи ин дар 18 дақиқа сурат гирифт ва ҳамлаварон бо ҳамон мошин аз ҷойи ҳодиса рафтанд.

Ин ҳамла аз пурталафоттарин амали террористӣ дар таърихи Русия баъди ҳодисаи террористӣ дар мактабе дар шаҳри Беслан дар соли 2004 буд.

Тамоми ҷузъиёти ин ҳодиса, ки барои расонаҳо дастрас буд, дар ин пайванд гир оварда шудааст.

 

Дар ниҳоят фармоишгар кӣ буд?

Гурӯҳи “Вилояти Хуросони ДОИШ”* бо нашри изҳорот масъулияти ин ҳамларо ба зимма гирифт. Ин гурӯҳи террористӣ дар Афғонистон мустақар аст. Аммо мақомоти Русия дар аввалин рӯзҳои баъди ин ҳодиса ва то ҳол талош доранд, онро ба зиммаи мақомоти Украина вогузор кунанд. Русия, ки дар Украина меҷангад, ҳамларо ба дӯши Киев вогузор кард ва барои исботи ин иддао, “эътироф”-и гумонбарони аслии боздошткардаро ҳам нашр кард.

Дар навори эътироф, ки дар чӣ шароит сабт шудани он маълум нест ва Хадамоти федералии амният (ФСБ) нашр кард, боздоштшудагони гумонбар мегӯянд: “Сайфулло ба мо гуфт, ки ба Украина, ба Киев равем. Дар он ҷо ба мо 1 миллион рублӣ медиҳанд”.

Аммо то ҳол Сайфулло боздошт нашудааст ва маълум нест, ки нақши ӯ дар ин ҷиноят чист ва ӯ куҷост.

Украина ҳар гуна иттиҳом алайҳаш дар робита ба ин ҳамларо рад мекунад.

Бо гузашти ду сол, то ҳол барои ҷомеа рӯшан нест, ки ин кори дасти кӣ буд: Гурӯҳи “Вилояти Хуросони ДОИШ”, ки масъулияти ҳамларо ба зимма гирифт ё мақомоти Украина, ки даст доштани худро дар ин ҳамла рад мекунад.

 

Чаро Русия огоҳӣ аз ҳамларо нодида гирифт?

Нашрияи “The Washington Post”-и Амрико бо такя ба манобеи худ навишт, ки мақомоти Амрико чанд рӯз пеш аз ҳамла, ҳамтоёни худ аз Русияро дар бораи эҳтимоли ҳамла ба ин бино огоҳ карда буданд. Мақомоти Русия ин хабарро шарҳ надоданд, танҳо сухангӯи Кремл гуфт, ки “шарҳи он дар ваколати ӯ нест”.

Тибқи иттилои “The Washington Post”, Амрико Русияро дар бораи ҳамлаи террористӣ 6-уми март огоҳ кард. Рӯзи дигар сафорати ИМА дар Маскав эълон кард, ки “ифротгароён нақша доранд, дар ояндаи наздик ба издиҳоми зиёд дар Маскав, аз ҷумла ба консертҳо, ҳамла кунанд". Аммо мақомоти Русия онро нодида гирифтанд.

Чаҳор рӯз пас аз ҳамла, директори ХАФ (ФСБ)-и Русия эътироф кард, ки мақомоти иктишофии ИМА Маскавро дар бораи ҳамлаи тарҳрезишуда огоҳ кардаанд, аммо ин маълумот хусусияти умумӣ дошт.

Ҳамин тавр, маълум нест, ки чаро ин огоҳии Амрико, ки метавонист аз куштори садҳо нафар пешгирӣ кунад, аз сӯйи мақомоти Русия нодида гирифта шуд.

 

Наворҳои асл чаро ба ҷомеа нишон дода нашуд?

Чанд наворе, ки то ин замон аз лаҳзаи ҳамала ба “Крокус” дар интернет паҳн шудааст, ҳамагӣ хираву сифати паст доранд ва дар он мушаххас чеҳраи ҳамлаварон дида намешавад. Расонаҳои Русия ҳам аз ин наворҳо истифода кардаанд. Аммо наворҳои асл ва сифатан хуб аз ин толори консерт, ки хеле муосир бунёд шуда буд, барои ҷомеа дастрас нест.

Эмин Агаларов, молики толори консерти “Крокус” пас аз ҳамла ба расонаҳо гуфт, ки сабти тамоми наворҳо ба мақомоти Русия дода шудааст. Аммо мақомоти Русия он наворҳоро расонаӣ накарданд. Ҳадди ақал, барои эътимоди ҷомеа ва исботи муҷозот шудани “ҷинояткорони ҳақиқӣ” чеҳраҳои онҳо вақти содир кардани ҷиноят нишон дода шуд.

 

Чаро мақомоти Русия ҳуқуқи инсонро ошкор зери пой кард?

Дар баробари ҷинояти мудҳиш, ҷомеаро шеваи боздошти гумонбарон аз сӯйи мақомоти Русия нигарон кард. Дар наворҳое, ки аз лаҳзаи боздошти гумонбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳатто расонаҳои таблиғотии Русия нашр шуд, дида мешавад, ки вақти боздошти гумонбарон якеро гӯш бурида, ба даҳонаш гузоштанд, дигареро аз узви таносул ба барқ гузоштанд, сеюмиро ба ҳадде шиканҷа карданд, ки аз ҳуш рафта буд. Ва ин ҳамаро сабт кардаву ба намоиш гузоштанд.

 

Дар пайи ин, Созмони ҷаҳонии зидди шиканҷа аз шеваи боздошти гумонбарон ва ба намоиш гузоштани шиканҷаи ошкори он интиқод кард.

Мария Квитсинская, корманди Созмони ҷаҳонии зидди шиканҷа гуфт, Русия Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар санадҳои манъкунандаи муносибат ё ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шарафи Созмони Милали Муттаҳидро қабул карда ва уҳдадориҳои возеҳи байналмилалӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо шиканҷаро ба ӯҳда гирифтааст. Аз ин лиҳоз, вазифадор аст, ки онро риоя кунад.

Аммо ҳеҷ як аз ин меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон риоя нашуд ва барои зери по кардани он, мақомоти Русия на дар назди ҷомеа ва на дар назди созмонҳои ҷаҳонии мудофеи ҳуқуқи инсон шарҳе надоданд.

Ҳамин тавр, номаълум монд, ки ҳадаф аз намоиши ошкороии поймол кардани ҳуқуқи инсон, нодида гирифтани асли бароат аз сӯйи мақомоти Русия чӣ буд. Эътирофи мақомдорони Русия гувоҳи он аст, ки дар солҳои баъдӣ дар Русия амалҳои террористӣ афзоиш ёфтааст.

 

Муттаҳамон вакили дифоъ ва ҳаққи мулоқот бо пайвандонро доранд?

Расонаҳои Русия аз номи “вакилони дифоъ”-и муттаҳамон чанд сухан нашр карданд, аммо ном ва чеҳраи онҳо барои ҷомеа норӯшан монд. Ин суолеро дар миён гузошт, ки оё муттаҳамон вакили дифоъ доранд ё не? Ба ин суол то ҳол посухи рӯшан дода нашудааст.

Мақомоти Русия мегӯянд, ки онҳо вакили дифои давлатӣ доштанд. Аммо онҳо чӣ кор карданд ва чӣ гуна аз ҳуқуқи зирҳимояашон дифоъ карданд, маълум нест.

 

Пайвандони аксари ҳамакнун маҳкумшудагон гуфтанд, ки вакили дифоъ киро накардаанд ва намедонанд, ки аз ҳуқуқи пайвандонашон кӣ ва чӣ гуна дифоъ мекунад.

Ҳамчунин, пайвандони маҳкумшудагон аз он шикоят доранд, ки ба онҳо ҳақи мулоқот бо пайвандонашон то ҳол дода нашудааст. Аксари онҳо гуфтанд, ки то ҳол дар бораи пайвандонашон ҳеҷ маълумоте надоранд, намедонанд, ки онҳо дар кадом зиндонанд. Талошашон барои пайдо кардани онҳо бесамар будааст.

Ин муҳимтарин суолҳое буд, ки бо гузашти ду сол аз ҳамла посух наёфтаанд. Посухи ошкор ва рӯшан ба он, эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки дар толори консерти “Крокус Сити Ҳолл” ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушода, 146 ё 149 нафарро хунсардона куштанд, ҷазо гирифтанд ва маҳз онҳое, ки супориш дода буданд, муҷозот хоҳанд шуд. Дар акси ҳол, шубҳаву гумон ба тафтишоту ҳукм боқӣ хоҳад монд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

0

Ёриҳои инсондӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон, ки рӯзи 18-уми март ирсол шуда буданд, вориди Эрон гаштаанд. Хабаргузории “Меҳр” рӯзи 21-уми март навишт, ки ин кумакҳо дар 107 мошини борбар пас аз убур аз Ӯзбекистон ва Туркманистон аз марзи шаҳристони Сарахс вориди Эрон шуданд.

Дар наворе, ки хабаргузории “Форс” нашр кард, чанде аз мансабдорони тоҷик, аз ҷумла, Адҳам Маъмурзода, мушовири калони ёрдамчии раисҷумҳури Тоҷикистон дар масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Фаррух Шарифзода, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон бо мақомдорони эронӣ дида мешаванд.

Адҳам Маъмурзода дар суханронии худ вазъи кунунии Эронро “мураккаб” арзёбӣ карда, мегӯяд, ҳадафи сафари онҳо ба ин кишвар “иброз намудани дастгириву ҳамдардии ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми ба мо дӯсту бродари Эрон мебошад”.

Мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки ёрии башардӯстона ба Эрон аз 3 ҳазору 610 тонна бор, аз ҷумла, аз 45 тонна доруворӣ, маводи беҳдоштӣ, сару либоси кӯдакона, анвои гуногуни хӯрокворӣ, ашёи рӯзгор, рахти хоб, хаймаҳо, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар лавозимот иборат буда, дар 110 мошини борбар равон шудааст.

Пас аз ин, Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон аз ёриҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломӣ қадрдонӣ кард.

Ӯ имрӯз, 20-уми март, изҳор дошт, ки “Эрону Тоҷикистон ду кишвари форсизабон ва меросдорони тамаддуни куҳани порсӣ ҳастанд, ки ҳамвора дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд”.

“Аз давлат ва мардуми Тоҷикистон, бахусус, аз раисҷумҳури муҳтарами он кишвар, ба хотири кумакҳои саховатмандонаи онҳо самимона ташаккур мекунам”, – навишт ӯ.

Ёдовар бояд шуд, ки субҳи 28-уми феврали соли 2026 Амрико ва Исроил ба Эрон ҳамла карданд. Артиши Эрон дар посух ба ин ҳамлаҳо ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабӣ зарба зад. Ҷанг ҳамоно идома дорад ва Амрикову Исроил бо кӯмаки ошкору пинҳони муттаҳидони худ ҳар рӯз ба шаҳрҳои гуногуни Эрон аз ҳаво зарба мезананд ва боиси харобиву талафоти ҷонӣ ва захмӣ шудани ҳазорон сокини осоишта шудаанд.

Вазъият дар Ховари Миёна печида ва ташвишовар боқӣ мемонад.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2026

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз соати 10:00 дар Боғи "Куруши Кабир" ва соати 17:00 дар боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, Фирдавсӣ, "Кӯли ҷавонон" ва “Ирам” чорабиниҳои наврӯзӣ баргузор мешаванд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2017 – Дар Маскав созишномаи мусолиматомез байни корхонаи “ТАЛКО” ва “РУСАЛ” ба имзо расид.

Соли 2006 – Нақби “Истиқлол” бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Маҳмуд Аҳмадинажод, раисҷумҳури вақти Эрон ифтитоҳ гардид.

Соли 2015 – Дар паҳлуи Қасри фарҳангии Арбоб дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои Амфитеатр мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Соли 2018 – Ӯзбекистон сарҳади заминиро бо Тоҷикистон боз кард.

Соли 2021 – Дар Тоҷикистон маъракаи ваксинатсия бар зидди коронавирус оғоз ёфт. Аввалин шуда вазир ва муовини вазири тандурустӣ ва намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ваксина гирифтанд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1934 – Зодрӯзи Ҳамид Яқубов, доктори илмҳои химия, профессор.

Ҳомид Яқубовро ҳамчун асосгузори химияи координатсионӣ дар Тоҷикистон медонанд. Ӯ дар шаҳри Қаршӣ таваллуд шуда, 7 феврали соли 1989 дар Душанбе вафот кардааст.

Соли 1957 факултети химияи Донишгоҳи давлатии Ленинградро хатм намуда, соли 1963 рисолаи номзадӣ ва соли 1982 рисолаи докториро ҳимоя кард. Ӯ аввалин мудири кафедраи химияи физикӣ ва коллоидии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва роҳбари мактаби илмӣ дар соҳаи химияи координатсионӣ буд.

Ҳомид Яқубов беш аз 400 асари илмӣ навишта, 22 ихтироъ дорад.

Соли 1966 – Мавлуди Гавҳар Шарофзода, собиқ раиси Кумитаи забон ва истилоҳот, вакили парлумон (даъвати VI).

Гавҳар Шарофзода доктори илмҳои филология ва дотсент буда, дар соли 1990 баъди хатми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон солҳои гуногун дар вазифаҳои омӯзгор, мудири шуъбаҳо ва муовини ректор фаъолият кардааст.

Аз соли 2010 то 2013 ректори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ ва аз соли 2013 то 2020 раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Дар замони роҳбарии ӯ вазъи забони тоҷикӣ  дар ҷомеа зиёд интиқод мешуд.

Соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб ва 5 сол ба ҳайси вакил кор кард.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола 23 март Рӯзи ҷаҳонии метеорология ҷашн гирифта мешавад, ки таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид аз соли 1961 инҷониб баргузор мегардад. Шиори ин рӯз “Обуҳаво, иқлим ва об дар давраи иттилоот” мебошад.

Ҳадафи Рӯзи ҷаҳонии метеорология баланд бардоштани огоҳии ҷомеа дар бораи таъсири эҳтимолии тағйирёбии иқлим аст, зеро имрӯз тағйирёбии босуръати иқлим яке аз мушкилоти ҷиддии экологии ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Ин раванд на танҳо ба тағйири шароити обуҳаво ва баланд ё паст шудани ҳарорат, балки ба офатҳои табиие чун обхезӣ, хушксолӣ, тӯфон ва ғайра оварда мерасонад. Мувофиқи маълумоти оморӣ, ки дар даҳсолаи охир ҷамъоварӣ шудааст, беш аз 80% офатҳои табиӣ аз манбаи метеорологӣ ё гидрологӣ сарчашма мегиранд.

23 марти соли 2001 дар Уқёнуси Ором истгоҳи кайҳонии “Мир” ғарқ  кунонида шуд.

Қисмати асосии истгоҳ 20 феврали соли 1986 ба мадори Замин бароварда шуд. Дар тӯли 10 сол ба он шаш модули дигар пайваст карда шуд. Дар маҷмӯъ, 139 нафар, аз ҷумла 62 шаҳрванди хориҷӣ аз 12 кишвари ҷаҳон дар ин истгоҳ фаъолият намуда, зиёда аз 23 ҳазор озмоишу таҳқиқоти илмӣ анҷом додаанд.

Аввалан, барои 5 сол пешбинӣ шуда буд, аммо истгоҳи “Мир” 15 сол дар кайҳон фаъолият кард. Бо истифода аз киштии боркаши “Прогресс”, ки ба истгоҳ пайваст шуда буд, он ба зери қабатҳои зичи атмосфера ворид гашта, дар як минтақаи махсуси Уқёнуси Ором ғарқ кунонида шуд.

Имрӯз рӯзи пайдоиши ибораи “OK” аст, ки 185 сола мешавад!

Бар асоси баъзе манбаъҳо, ин ибора аввалин бор ҳамчун ихтисораи ҳазломез аз калимаи нодурусти “all correct” дар рӯзномаи бостонии “Morning Post” пайдо шудааст.

23 марти соли 1891 бори аввал дар дарвозаи футбол тӯр истифода шуд. Ин бозии байни дастаҳои Шимол ва Ҷануби Англия буд.

Соли 1900 бостоншиносон дар ҷазираи Крит осори Лабиринти афсонавии Минотаврро кашф карданд. Ин кашфиёт яке аз тамаддунҳои қадимтарини то ба ҳол номаълум – тамаддуни минойиро ошкор намуд. Минойиҳо тиҷорати баҳриро фаъолона анҷом дода, бо Мисри Қадим муносибатҳои дӯстона доштанд ва дар роҳҳои асосии тиҷорати баҳрӣ ҷойгир буданд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борони кӯтҳмуддат, дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳӣ баъзан борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 8+13º гарм, дар водиҳо шабона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо баъзан ва дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳӣ борон меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 15+20º гарм, дар водиҳо шабона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 5+10º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои водибуда борони кӯтоҳмуддат ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ баъзан борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 19+24º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 8+13º гарм, дар водиҳо шабона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 5+7º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида баъзан борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 7+12º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 15+17º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона -2+3º, дар баъзе минтақаҳо то 8-10º сард, дар ғарби вилоят шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 5+7º гарм, дар шарқи вилоят шабона 9-14º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 20+22º гарм, шабона 7+9º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 18+20 гарм, шабона 7+9º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 22+24º гарм, шабона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 9+11º гарм, шабона 0+2º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 23 ба 24-уми март ба ҳисоб гирифта шудааст.

Пул ҳаст, лекин эътимоду дониш нест. Чӣ гуна сармоягузорӣ метавонанд зиндагиро дар Тоҷикистон тағйир диҳад?

0

Таваҷҷуҳи кам нисбати сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистонро шахсони пурсидашуда ба “Азия-Плюс” хавфи баланди талаф додани пасандоз шарҳ доданд. Биёед ба масоили марбут ба хавфҳо рӯшанӣ андохта, зарур будани сармоягузориро шарҳ бидиҳем.

Иқтисодчиён зикр мекунанд, ки сармоягузориҳо ҳам барои тиҷорат ва ҳам барои иқтисод дар маҷмӯъ омили калидии рушд маҳсуб меёбанд. Дар қонунгузории Тоҷикистон сармоягузорӣ ба сифати маблағгузорӣ ба дороиҳои моддӣ ва ғайримоддӣ шарҳ дода мешаванд. Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ (сармоягузории асосӣ), ки асоси ҳама гуна иқтисоданд, аҳаммияти бештар доранд.

Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ сармоягузорӣ ба сохтмон, таъмиру навсозии бино ва иншоот, рушди зесрсохтор, таҷҳизот, технология ва ҳуши маснӯӣ (зеҳни сунъӣ)-ро дар бар мегирад.  

Бино ба маълумоти расмӣ, соли 2025 ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ зиёда аз 28,7 млрд сомонӣ (ҳудуди 3 млрд доллар)-ро ташкил додааст, ки 23% зиёдтар нисбат ба соли 2024 аст. Сарфи назар аз афзоиши сармоягузории асосӣ, Тоҷикистон аз рӯйи ин нишондиҳанда то ҳол аз кишварҳои ҳамсоя қафо мемонад, ки аз имконоти зиёд барои боло бурдани сатҳи сармоягузорӣ гувоҳӣ медиҳад.

Коршиносони масоили иқтисодӣ муҳим будани ҳиссаи сармоягузории асосиро дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ҳамчун нишондиҳандаи барномаҳои бузургмиқёси сармоягузорӣ таъкид месозанд.

Дар Тоҷикистон ин нишондиҳанда 15,8%-ро ташкил дода, мавқеи миёнаи кишварро дар байни кишварҳои ҳамсоя нишон медиҳад. Аммо аз рӯйи ҳаҷми сармоягузории асосӣ ба ҳар сари аҳолӣ Тоҷикистон аз ҳамаи кишварҳои ҳамсоя ба таври назаррас поинтар аст.

Қариб нисфи сармоягузориҳои асосӣ (46,2% дар соли 2025) аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешавад, ки аз рушди нокофии бахши хусусӣ ва нақши начандон зиёди сармоягузориҳои хусусӣ гувоҳӣ медиҳад. Таассуфовар аст, ки ҳиссаи маблағҳои давлатӣ дар сармоягузориҳо меафзояд – аз 39,9% дар соли 2023 то 43,6% дар соли 2024. Ҳиссаи сармоягузориҳои хусусӣ ҳудуди 40% ва сармоягузориҳои хориҷӣ – ҳамагӣ 14,3%-ро ташкил медиҳад. Ин барои иқтисоди дар ҳоли рушд қарордошта нокофист, зеро дар он ҷалби маблағҳо аз хориҷа барои суръатбахшӣ ба афзоиш ва ҷорисозии технологияҳои нав пешбинӣ мешавад.

Ба ин тариқ, сарфи назар аз афзоиши сармоягузориҳои асосӣ, барои суръатбахшӣ ба рушди иқтисоди Тоҷикистон баланд бардоштани сармоягузориҳои хусусӣ ва хориҷӣ зарур аст. Маблағгузории давлатӣ, бешубҳа муҳим аст, лекин ҳаҷм ва самтҳои он бояд асоснок карда шаванд. Дар иқтисоди бозаргонӣ онҳо набояд барои ивази механизмҳои бозорӣ, балки барои рафъи ноқисиҳо дар бозор, ҳавасмандсозии иқтисод ва ҳалли мушкилоти аз лиҳози иҷтимоӣ муҳим хидмат кунанд.

Чаро аҳолӣ сармоягузорӣ намекунад?

Дар ҳамин ҳол, ҳиссаи аҳолӣ дар сармоягузориии асосии Тоҷикистон аз 5% зиёд нест, ки аз ҷалби нокофии шаҳрвандон ба рушди иқтисод гувоҳӣ медиҳад ва имконотро барои беҳбуди сифати ҳаёти аҳолӣ маҳдуд месозад. Ин ояндаи рушди устуворро дар дурнамои дарозмуҳлат душвор менамояд.

Шахсони пурсидашуда аз ҷониби “Азия-Плюс” сабаби асосии тваваҷҷуҳи кам ба сармоягузориро ба “хавфи баланди талаф додан” (53%) нисбат доданд. Ҳамчунин омилҳое чун “номуайянии молиявӣ ва иқтисодӣ” (17%), “нокофӣ будани донишу таҷриба”, “даромаднокии паст аз самоягузорӣ” ва “норасоии маблағ (ҳар кадоме 9-10%) зикр шуданд.

Натиҷаҳои назарпурсӣ нишон медиҳанд, ки барои беҳбуди таваҷҷуҳ ба сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ҳалли якчанд мушкил, аз ҷумла беҳбуди саводнокии молиявӣ, рушди бозори сармоя ва коғазҳои қиматнок, инчунин муҳайё сохтани муҳити бештар устувор ва шаффофи иқтисодӣ зарур аст.

Бунёди муҳити кории устувор ва пешгӯишаванда, инчунин коҳиши ҳиссаи иқтисоди ғайрирасмӣ ё худ паси парда, ки тибқи арзёбии ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ ҳудуди 40% аз тамоми иқтисодро ташкил медиҳад, низ хеле муҳим аст. Дар натиҷа ҳаҷми назарраси маблағҳо, аз ҷумла барои сармоягузориҳо дар муҳити ғайрирасмӣ сурат мегиранд, ки ба рушди иқтисод ва устувории буҷет монеъа эҷод мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, сармоягузорони хориҷӣ, ки дар бозори Тоҷикистон машғули коранд, ба як қатор мушкилоти зерин дучор мешаванд:

– Бесуботӣ дар қонунгузорӣ: тез-тез тағйирот дар қонунгузории андоз ва сармоягузорӣ номуайяниро ба вуҷуд оварда, хавфҳоро зиёд мекунанд.

– Зерсохтори заъиф: рушди шабакаҳои нақлиётӣ ва энергетикӣ нокофӣ аст, ки логистикаро душвор сохта, хароҷоти амалиётиро баланд мекунад.

– Ношаффоф будани бозор: мавҷуд набудани маълуфоти кофӣ дар бораи ширкатҳову бозорҳо баргузории due diligence ва арзёбии хавфҳоро душвор месозад.

– Расмиятчигӣ (бюрократия): расмиёти душвор ва тӯлонии маъмурӣ дарёфти иҷозатномаҳои заруриро душвор месозанд.

– Хавфҳои ҳуқуқӣ: ҳифзи нокофии ҳуқуқ ба моликият ва расмиёти душвори ҳаллу фасли баҳсҳо хавфҳоро зиёд мекунанд.

– Бесуботии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ: хавфҳои эҳтимолии сиёсӣ ва иҷтимоӣ бо шумули мухолифатҳои корӣ ва буҳронҳои иқтисодӣ метавонанд ба тиҷорат таъсири манфӣ расонанд.

Пул ҳаст, лекин эътимоду дониш нест

Таҳлилгари масоили молиявӣ Аббос Назаралиев мегӯяд, бозори сармоягузории Тоҷикистон хусусиятҳои худро дорад. Сармоягузорони асосӣ давлат ва сармоягузорони маҳаллии ниҳодӣ (бонк, корпоратияҳои бузург, фондҳо, ширкатҳои суғурта ва ғайра) мебошанд.

“Мо се категорияи сармоягузорон дорем: давлат, сармоягузорони хориҷӣ ва маҳаллии ниҳодӣ-сармоягузорони инфиродӣ (бо шумули корпоратсияҳо) дорем. Объектҳои сармоягузорӣ дар кишвар асосан дар сохтмон, инчунин қисман дар саноат ва истихроҷи канданиҳои фоиданок мутамарказ шудаанд”, – шарҳ дод ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, ширкатҳои хусусӣ дар Тоҷикистон ба ҷуз сохтмони манзилу биноҳои тиҷоратӣ дар лоиҳаҳои зерсохторӣ иштирок намекунанд ва давлат маҷбур аст, ки дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ ба ин кор машғул шавад.

“Сабабҳо барои ин метавонанд зиёд бошанд, аз ҷумла хавфи баланди сармоягузорӣ ба дигар соҳаҳо, мавҷуд набудани воситаҳои рушдёфтаи бозори коғазҳои қиматнок, яъне бозори коғазҳои қиматноки аввалия ва дуюм, ки сармоягузорони миллии ниҳодӣ ва аҳолӣ метавонистанд амонатҳи худро бехатар гузоранд.

“Дар дигар кишварҳо ширкатҳои хусусӣ бар асоси шарикии давлатӣ-хусусӣ (ШДХ) масалан, иншооти бузурги саноатӣ ва зерсохторӣ сохта, онҳоро идора ва тибқи таърифаҳо (тарифҳо)-и муқарраршуда даромад мегиранд. Дар ин ҳолатҳо давлат ду чизро таъмин мекунад: кафолати таърифаҳои муайян ва ҳамкории устувор дар доираи ШДХ”, – гуфт ӯ.

Мутахассис  мегӯяд, аҳолии маҳаллӣ даромади кофӣ надорад, ки қисимате аз маблағҳоро ба иқтисоди кишвар сармоягузорӣ кунад ва маблағҳои имконпазир барои ин кор дар суратҳисобҳои пасандозӣ дар бонкҳо ва амонатҳои таъҷилӣ гузошта шудааст.

Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), то 1 январи соли 2026 ҳаҷми умумии пасандозҳо 33,9 млрд сомонӣ (ҳудуди 3,6 млрд доллар)-ро ташкил дод, ки 32,8% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2026 аст. Меъёри миёнавазни пасандозҳои таъҷилӣ бо асъорӣ миллӣ 12,05%-и солонаро ташкил дод. Бонкҳо таври маълум қисмати бештари ин пулҳоро барои қарз ба тиҷорат равона мекунанд. Меъёри миёнавазни фоизии қарзҳо дар соли 2025 бо асъори миллӣ 22,6%-ро ташкил дод.

Мутахассис бар ин назар аст, ки ин пулҳоро имкон дошт қисман ба маблағгузорӣ ба тиҷорати хурду миёна бидуни миёнаравии бонкҳо равона кард.

Ба ин тариқ, аҳолӣ метавонист маржа (фарқият байни меъёри пасандоз ва қарз) гирад, ки ҳозир бонкҳо мегиранд. Лекин мутаассифона, воситаҳои бозори маҳаллии сармоягузорӣ хеле маҳдуданд.

Ҳамчунин ӯ сабабҳои сармоягузорӣ накардан ва дар бонк нигоҳ доштани пулҳои худро ба саводнокии нокофии молиявӣ ва огаҳии аҳолӣ рабт дод.

“Ба сурати умум, бозори сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ҳатто бе назардошти ширкатҳои бузург ва гардиши байнулмилалӣ назаррас аст. Аммо ширкатҳои маҳаллӣ шояд доир ба имконоти бозори маҳаллии сармоя фаҳмиш ва маълумоти кофӣ надоранд” – гуфт ӯ.

Тавсияҳо

Барои рафъи монеъаҳои мавҷуда, ки ба аҳолии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар фаъолияти сармоягузорӣ халал мерасонанд, “Азия-Плюс” бар асоси пешниҳодҳои коршиносони мустақил тавсияҳо омода кард.

Коҳиши хавфҳои сармоягузорӣ

Бунёди механизмҳои суғуртаи сармоягузорӣ: давлат ё ниҳодҳои молиявӣ метавонанд барномаҳои саҳмгузорӣ ва сармоягузорӣ, ки ба кам кардани хавфҳо оид ба талаф додани амонатҳо кумак мекунанд, пешниҳод намоянд.

Шаффофият ва ҳифзи сармоягузорон: афзоиши шаффофияти амалиёти молиявӣ ва бунёди механизмҳои қатъии танзим ва ҳифзи ҳуқуқҳои сармоягузорон метавонанд эътимод ба воситаҳои сармоягузориро зиёд кунанд.

Бунёд ва таҳкими механизми ҳифзи сармоягузорӣ аз хавфҳои сиёсӣ ва дигар хавфҳо.

Беҳбуди саводнокии молиявӣ

Баргузории барномаҳои таълимӣ: курсҳо, семинару тренинг барои аҳолӣ оид ба асосҳои саводнокии молиявӣ, сармоягузорӣ ва идоракунии хавфҳо дар мавриди ба одамон фаҳмонидани ёрии сармоягузорӣ ба ва ба ҳадди поин овардани хавфҳо.

Таҳия ва паҳнкунии маводи таълимӣ: таҳияи маводи дастрас ва фаҳмо (дарсҳои видеоӣ, инфографика) дар бораи бартарият ва навъҳои гуногуни хавфҳо.

Ба субот овардани муҳити иқтисодӣ

Рушди сиёсати устувори иқтисодӣ: давлат бояд ба бунёди муҳити устувори макроиқтисодӣ, ки ба аҳолӣ эҳсоси бовар ба худ дар оянда ва коҳиши ҳарос аз номуайянии иқтисодиро диҳад, кӯшиш кунад.

Ҳавасмандсозии сармоягузориҳои дарозмуҳлат: фароҳам овардани шароит барои сармоягузориҳои устувор ва ҷолиби дарозмуҳлат, аз ҷумла маблағгузорӣ ба зерсохтор ё вомбаргҳо (облигатсияҳо)-и давлатӣ.

Баланд бардоштани эътимод ба ниҳодҳои молиявӣ

Рушди ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен): таъсиси ниҳоди мустақили ҳаллу фасли баҳсҳо миёни сармоягузорон ва ниҳодҳои молиявӣ.

Аудитҳои мунтазам ва нашри ҳисобот: таъмини назорати доимӣ ва шаффофияти кори ташкилотҳои молиявӣ, ки метавонад эътимоди аҳолиро зиёд кунад.

Баланд бардоштани даромаднокии сармоягузорӣ

Кумакпулӣ ва имтиёзҳои андозӣ барои сармоягузорон: пешниҳоди кумакпулӣ ва имтиёзҳои андозӣ метавонанд сармооягузориҳоро бештар ҷолиб гардонида, даромаднокии пастро ҷуброн созанд.

Рушди маҳсулоти нави сармоягузориҳо: давлат ва ширкатҳои хусусӣ метавонанд маҳсулоти нави бештар даромаднок ва боэътимод пешниҳод намоянд.

Афзоиши дастрасӣ ба сармоя

Рушди маблағгузории хурд ва краудфандинг (маблағгузорӣ аз ҷониби одамони зиёд): дастгирӣ ва рушди ниҳодҳои маблағгузории хурд ва платформаҳои краудфандинг, ки барои одамон дастрасӣ ба сармоя барои маблағгузориро пешниҳод карда метавонанд.

Таъсиси фондҳои махсуси сармоягузорӣ: давлат метавонад фондҳоеро таъсис диҳад, ки дар лоиҳаҳои сармоягузории шаҳрвандон шарик шуда, сарборӣ ва хавфҳои онро камтар кунад.

Рушди бозори коғазҳои қиматнок

Ба сармоягузорони бузурги ниҳодӣ пешниҳод намудани имкони афзоиши андоза ва ҳаҷми сармоягузориҳо дар сохтори сармояи ширкатҳои маҳаллӣ, ки дар Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ (CASE) саҳм (листинг) доранд.

Бо қонунгзорӣ ворид намудани мафҳумҳое чун сармоягузориҳои венчурӣ, сармоягузорони венчурӣ, асноди пайваст (опсионҳо, форвардҳо, фючерсҳо ва ғайра) ва фонди сармоягузориҳои хусусӣ зарур аст.

Бунёди шохис (индекс)-и ягона, ки ба он саҳмияҳои ширктаҳои бузург ва миёна дохил мешаванд.

Пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ба даромад (дивидендҳо)-и сармоягузорон, ки тариқи CASE коғазҳои қиматнок мегиранд.

Коммуникатсия ва дастгирии иттилоотӣ

Маъракаҳои расонаӣ оид ба пешбурди сармоягузориҳо: баргузории маъракаҳои оммавии иттилоотӣ, ки ба баланд бардоштани сатҳи огаҳӣ дар бораи имконот ва афзалиятҳои сармоягузорӣ равона шудаанд.

Хидматрасониҳои машваратӣ: ташкили марказҳои ройгони машваратӣ, ки дар онҳо шаҳрвандон метавонанд дар интихоби маҳсулоти сармоягузорӣ ва фаҳмиши хавфҳои марбут ба он кумак гиранд.

Коршиносон ба чунин хулоса мерасанд, ки тадбирҳои мазкур ба рафъи монеъаҳои асосӣ ва ҳавасмандсозии одамони зиёд дар фаъолияти сармоягузорӣ кумак карда, он дар навбати худ, ба рушди иқтисоди ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

Чӣ гуна сармоягузориҳо метавонанд зиндагиро тағйир диҳанд?

Сармоягузорӣ на танҳо тарзи таҳкими иқтисод, балки кумак ба ҳар нафар ҷиҳати беҳтар намудани вазъияи молиявӣ аст. Ҳатто агар бозорҳои молиявӣ ноустувор бошанд ҳам, барои андеша кардан доир ба сармоягузорӣ сабабҳои зиёд мавҷуданд. Акнун мебинем, ки онҳо чӣ гуна метавонанд зиндагиро тағйир диҳанд.

1. Афзоиши сармоя ва даромади ғайрифаъол

Сармоягузориҳо ба афзоиши амонатҳои шахс ёрӣ мерасонанд. Масалан, агар хона харед ё ба ширкат маблағгузорӣ кунед, метавонед аз иҷора ё болоравии нархи иншоот даромад гиред. Масалан, агар дар Тоҷикистон хона харида, онро ба иҷора диҳед, метавонед ҳар моҳ даромади устувор ба даст оред.

2. Ҳифз аз таваррум

Таваррум ҷараёнест, ки дар он пул бар асари болоравии арзиши мол ва хидматрасониҳо беқурб мешавад. Агар пулҳо дар суратҳисоби бонк нигоҳ дошта шаванд, бо гузашти вақт қобилияти харидории онҳо паст мешавад Бо сармоягузорӣ ба амволи ғайриманқул ва зерсохтор шумо пулҳои худро аз таваррум ҳифз мекунед, зеро нархи чунин лоиҳаҳо боло меравад.

3. Саҳмгузорӣ ба рушди иқтисод

Бо сармоягузорӣ одамон ба рушди иқтисоди кишвари худ ёрӣ мерасонанд. Масалан, маблағгузорӣ ба сохтмони роҳу пулҳо ба фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ва беҳбуди зерсохтор мусоидат менамояд. Барои ин ба ширкатҳои сохтмон ва лоиҳаҳои давлатии машғул ба ин кор маблағгузорӣ кардан лозим аст. Ин на танҳо даромад меорад, балки сифати ҳаётро барои ҳама беҳтар месозад.

4. Баланд бардоштани саводнокии молиявӣ

Ҷараёни сармоягузорӣ ба бештар фаҳмидани чӣ гуна кор кардани иқтисод ва бозорҳои молиявӣ кумак мекунад. Одамон ба омӯзиши арзёбии хавфҳо ва идоракунии пулҳои худ оғоз мекунанд, ки ба онҳо ҷиҳати беҳбуди вазъи молиявӣ имконоти нав боз мекунад.

Чӣ гуна метавон ба сармояи асосӣ маблағгузорӣ кард

1. Сармоягузорӣ ба амволи ғайриманқул

Яке аз тарзҳои аз ҳама дастраси сармоягузорӣ харидани амволи ғайриманқул аст. Дар Токистон бисёр одамон хона мехаранд, то ки онро ба иҷора диҳанд ё бо фоида фурӯшанд. Масалан, метавон дар Душанбе хона харида, онро ба иҷора дод ва ҳар моҳ даромади устувор гирифт.

2. Иштирок дар лоиҳаҳои зерсохтор

Шумо метавонед дар лоиҳаҳои сохтмони роҳу пул ё нерӯгоҳҳои барқӣ иштирок кунед. Ин гуна лоиҳаҳо маъмулан дарозмуҳлатанд, лекин фоидаи доимӣ меоранд.

3. Сармоягузорӣ ба ширкатҳои технологӣ ва стартапҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон ширкатҳои зиёди технологӣ дар ҳоли рушд мебошанд. Маблағгузорӣ ба чунин стартапҳо метавонад даромади зиёд орад, лекин хафв ҳам ҳаст. Масалан, метавон ба ширкате сармоягузорӣ кард, ки технологияҳои нав таҳия мекунад ва як қисмате аз рушди он шуд.

4. Сармоягузорӣ ба бозорҳои фондӣ

Агар шумо хавфҳоро ба ҳадди поинтарин оварданӣ бошед, метавон ба саҳмияҳои ширкатҳое, ки ба зерсохтор сармоягузорӣ мекунанд, маблағгузорӣ намуд. Масалан, саҳмияҳои ширкати сохтмонро харид, ки ба лоиҳаҳои муҳим дар кишвар машғул аст.

5. Маблағгузории хурд ва краудфандинг

Агар шумо аз маблағҳои начандон зиёд оғоз карданӣ бошед, метавон тариқи платформаҳои краудфандинг ё ташкилоти хурди молиявӣ сармоягузорӣ кард. Ин барои дастгирии стартапҳо ва тиҷорати хурд кумак мекунад. Масалан, метавон ба лоиҳа ё тиҷорати маҳаллӣ сармоягузорӣ кард ва аз фоидаи он ҳиссаи худро гирифт.

Чӣ гуна метавон хавфҳоро коҳиш дод ва эътимод ба сармоягузориро баланд кард?

Бисёриҳо аз сармоягузорӣ кардан метарсанд, зеро намехоҳанд, ки пулҳояшонро аз даст диҳанд. Лекин воситаҳое ҳастанд, ки метавонанд ин хавфҳоро кам кунанд.

1. Суғуртаи сармоягузориҳо. Барномаҳои ҳифз ба нигаҳдории воситаҳои маблағгузоришуда ёрӣ мерасонанд.

2. Шаффофият ва танзим. Қонунҳое, ки сармоягузоронро ҳифз мекунанд ва амалиёти моолиявиро шаффофу кушода месозанд, ба одамон ҷиҳати бовар кардан ба бозор кумак мекунанд.

3. Таълим ва машварат. Давраҳои омӯзишӣ ва машварат бо коршиносон ба одамон ҷиҳати беҳтар фаҳмидани сармоягузории дуруст ва ба ҳадди поинтарин овардани хавфҳо ёрӣ мерасонанд.

Хулоса

Барои бештар дастрас ва бехавф будани сармоягузориҳо фароҳам овардани шароити ҳифзи онҳо, беҳбуди дастрасӣ ба иттилоот ва рушди воситаҳори молиявӣ зарур аст. Ин ба одамон ҷиҳати сармоягузорӣ ва беҳтар намудани вазъи молиявӣ, инчунин қавитар сохтани иқтисоди Тоҷикистон кумак мекунад.