Home Blog Page 5150

Р.Зойиров аз президент дархост кард, ки бо роҳбарони аҳзоби сиёсӣ вохӯрӣ баргузор созад

0


Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров аз президент даъват ба амал овард, ки бо роҳбарони аҳзоби сиёсии ҷумҳурӣ вохӯрӣ баргузор созад.




Ба гуфтаи ӯ, президент ҳамчун сарвари давлат ва раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ягон маротиба бо роҳбарони аҳзоби сиёсӣ ва сардабирони ВАО-и Тоҷикистон мулоқот доир насохтааст. Зарурати чунин мулоқотро Р.Зойиров бо вазъи кунунии душвори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишвар асоснок намуд.



Раиси ҲСДТ мегӯяд, бо иштироки президент бояд камаш чаҳор муколама доир гардад. «Дар мулоқоти аввал бо роҳбарони аҳзоби сиёсӣ бояд масъалаи демократикунонии ҷомеаи Тоҷикистон, дар мулоқоти дуввум масъалаи ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвар ва дар мулоқоти саввум масъалаи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, мулоқоти чаҳорум бояд бо роҳбарони аҳзоби сиёсӣ ва сардабирони ВАО сурат бигирад», – таъкид сохт Р.Зойиров.



Р.Зойиров афзуд, мулоқотҳо набояд чун ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ сурат бигиранд, зеро дар онҳо «ҳеҷ гоҳ мубоҳисаҳои муфид доир нагардида буданд».


Дар машқгоҳи ҳарбии Лоҳур тамринҳои низомии пойгоҳи 201-уми низомии Русия оғоз гардиданд

0


Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар машқгоҳи ҳарбии Лоҳур тамринҳои низомии пойгоҳи 201-уми низомии Русия оғоз гардиданд.




Тавре аз пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳадаф аз баргузории тамринҳои низомӣ беҳбуди ҳолати омодабоши ҳайати шахсии пойгоҳ аст ва дар тамринҳо ҳудуди 800 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва 100 адад техникаи низомиву яке аз воҳидҳои шомил ба нерӯҳои зудамали СААД иштирок мекунанд.



«Қобили зикр аст, ки дар тамринҳо мошини зиреҳпӯши рақами 351, ки бо он моҳи феврали соли 1989 фармондеҳи артиши 40-уми Русия Борис Громов Афғонистонро охирин шуда тарк гуфт, низ ширкат меварзад», – афзуд манбаъ.


Соли равон дар Душанбе ду намоишгоҳи маҳсулоти музофоти Мозандарони Эрон баргузор мегардад

0


Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Соли равон дар Душанбе ду намоишгоҳи молу маҳсулоти музофоти Мозандарони Эрон баргузор мегардад.




Тавре аз палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чанде қабл дар мулоқоти муовини аввали палата Одил Сангов бо ноиби президенти музофоти Мозандарон Аҳмади Асғарӣ масъалаи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо оид ба барпо сохтани намоишгоҳҳои музофоти Эрон рӯзҳои 27-31-уми май дар шаҳри Хуҷанд ва 4-8-уми ноябр дар шаҳри Душанбе тавофуқ ҳосил намуданд.



Дар ҷараёни мулоқот О.Сангов изҳор дошт, ки намоишгоҳи музофоти Мозандарон, ки соли қабл дар шаҳри Душанбе барпо шуд, писанди ҳамагон гардид. «Боварӣ дорам, ки намоишгоҳҳои минбаъда низ муваффақонаву пурсамар хоҳанд буд», – гуфт ӯ.



Бино ба иттилои манбаъ, дар намоишгоҳҳои оянда асосан маҳсулоти ширкатҳои бузурги бахши кишоварзӣ, корхонаҳои истеҳсоли маводи ғизоӣ, аз ҷумла коркарди гӯшти ҳайвонот, парранда ва моҳӣ ба маърази тамошо гузошта хоҳанд шуд.



Ёдрас мекунем, ки музофоти Мозандарон асосан бо истеҳсоли шоливу гандум ва меваҳои ситрусӣ (апелсин) маъруф гашта, дар он ҷо минтақаи озоди иқтисодӣ амал мекунад ва бахши сайёҳӣ рушд ёфтааст. Мозандарон бо Русия, Арманистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва кишварҳои дигар робитаҳои ҳамкориро ба роҳ мондааст.

 



Дар Душанбе оид ба масъалаҳои истифодабарӣ ва нигоҳдории хонаҳои дорои манзили зисти зиёд семинар барпо мегардад.

0


Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои 13 – 14 феврали соли 2009 бо дастгирии барномаи «Худидоракунии маҳаллӣ»-и Шўъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон барои роҳбарони шўъбаҳои манзилию коммуналӣ ва ташкилотҳои истифодабарӣ ва нигоҳдории хонаҳои бисёрквартирагии Душанбе, Хуҷанд, Чкаловск, Қўрғонтеппа ва Кўлоб семинар гузаронда мешавад.




Мақсади асосии семинар такмил ва рушди устувори системаи нигоҳдории манзил дар шаҳрҳои Тоҷикистон мебошад. Семинар бояд маҳзаре гардад барои мубодилаи таҷриба, муттаҳид сохтани саъю кўшиши мақомоти ҳокимияти шаҳрӣ, шаҳрвандон, ташкилотҳои манзилистифодабарӣ барои нигоҳдории хонаҳои бисёрквартирагӣ. Ҳамчунин дар семинар масъалаҳои ташкили КСК – кооперативҳои соҳибони квартираҳои хусусӣ чун варианти алтернативии идораҳои мавҷудаи манзилистифодабарӣ (ЖЭУ) оид ба идоракунии хонаҳои бисёрквартирагӣ баррасӣ карда мешаванд.



Семинарро коршиносони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе якҷоя бо коршиносони Иттифоқи Истеъмолкунандагони Тоҷикистон мегузаронанд. Дар ин бора аз шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон хабар доданд.


Тоҷикистон ҷиҳати маблағгузории сохтмони нақби «Чормағзак» бо «Эксимбонк»-и Чин гуфтушунид дорад

0



           

Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистон ҷиҳати маблағгузории сохтмони нақби «Чормағзак» бо Бонки содироту воридоти «Эксимбонк»-и Чин гуфтушунид дорад.





           

Тавре аз Вазорати нақлиёт ва коммуникастсияи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, интизор меравад, ки бонки мазкур барои сохтмони нақб ба маблағи 46 млн. $ қарзи дарозмуддат ҷудо месозад, аммо то ҳанӯз ҳеҷ асноде миёни ҷонибҳо ба имзо нарасидааст.



Қобили зикр аст, ки моҳи майи соли 2007 зимни сафари президенти Тоҷикистон ба Эрон миёни кишварҳо оид ба лоиҳакашӣ ва сохтмони нақби «Чормағзак» Ёддошти тафоҳум ба имзо расида буд. Он замон пудратчии сохтмон ширкати эронии «Собир интернейшнл» интихоб гардида, қарор шуда буд, ҳукумати Эрон ҷиҳати татбиқи он 55 млн $ ҷудо мекунад, вале дертар дар вазорати нақлиёт изҳор доштанд, ки сохтмони иншоот танҳо пас аз муайян кардани арзиши ниҳоии лоиҳа шурӯъ хоҳад шуд.



Ба лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Данғара, ки дар сохтмони он ширкати чиноӣ машғул аст, ҳамчунин лоиҳаи сохтмои нақби «Чормғзак» низ шомил аст.


Дар Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ масоили пешгирии ҳодисаҳои ришвахорӣ баррасӣ гардиданд

0


Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласаи ғайринавбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ таҳти раёсати муовини вазири тандурустии кишвар Соҳибназар Раҳмонов масоили пешгирии ҳодисаҳои ришвахорӣ баррасӣ гардиданд.




Тавре аз вазорати мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, С.Раҳмонов таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба он равона сохтааст, ки на ҳамаи роҳбарону сармуҳосибони муассисаҳои тиббӣ ҳисси масъулияти худро дар сатҳи зарурӣ дарк месозанд. «Аз ин рӯ, мақомоти раҳбарии вазорат ният дорад, бо ҳар як раҳбару сармуҳосиби муассисаҳои тиббӣ сӯҳбатҳои инфиродӣ барпо сохта, аз фаъолияти онҳо натиҷагирӣ намояд», – гуфтааст С.Раҳмонов.



Ба иттилои манбаъ, дар фарҷоми ҷаласа ба ҳамаи сардорони раёсати тандурустии манотиқи кишвар ва пойтахт ҷиҳати роҳ надодан ба ҳодисаҳои ришваситонӣ супоришоти мушаххас дода шуд. Ҳамчунин шахсони масъули дастгоҳи марказии вазорат вазифадор карда шуданд, ки истифодаи мақсадноки воситаҳои ҷудогардидаи буҷаро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд.


ҲСДТ оид ба бекор кардани гаравпулӣ барои иштирок дар интихобот ташаббус зоҳир месозад

0


Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар маъракаи интихоботи парлумонии қарибулвуқӯъ се тарзи мавқеъгирии худро баррасӣ мекунад.




Имрӯз дар нишасти матбуотӣ раиси ҳизб Раҳматилло Зойиров изҳор дошт, ки дар шӯрои сиёсии ҳизб пешниҳод шудааст, интихоботро мебояд ё шадидан таҳрим намуд ва ё умуман дар он ширкат наварзид ва чунин мавқеъгирӣ бар он асос ёфтааст, ки дар ҷумҳурӣ барои ба таври қонунӣ баргузор кардани интихобот имкону шароит мавҷуд нест. «Гузашта аз ин, гаравпулие, ки ба андозаи 5 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст, монеъаи аслӣ барои иштирок дар интихобот мебошад», – гуфт ӯ.



Р.Зойиров мегӯяд, аксари иштирокдорони Шӯрои сиёсии ҳизб исрор бар он намуданд, ки мебояд дар интихобот иштирок кард, зеро интихоботи қарибулвуқӯъ барои ҷумҳурӣ тақдирсоз аст ва аз натиҷаи он масъалаи суботи вазъи кишвар ва некӯаҳволии мардум вобаста хоҳад буд. «Феълан мо натанҳо бо бӯҳрони сохторӣ дар дохили кишвар, балки бо бӯҳрон дар роҳандозии сиёсати хориҷӣ низ дучор гаштаем, зеро рӯйдодҳои ахир нишон доданд, ки ҳукумати мо намедонад бо кӣ ҳамкориро ба роҳ монаду кадом самтро интихоб созад ва чунин вазъ дар сиёсати хориҷӣ ба он марбут аст, ки нуқтаи такягоҳии устувор мавҷуд нест», – афзуд раиси ҲХДТ.


Вазорати кишоварзӣ фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварии пунбадонаро дар шабакаи ягона ба роҳ мемонад

0


Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати кишоварзӣ фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварии пунбадонаро дар шабакаи ягона ба роҳ монданист.




Тавре сардори раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионии вазорат Султон Давлатов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, феълан фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарвар талаботи соҳаи пахтакориро қонеъ намесозад ва коршиносон аз сифати тухмии тайёркардаи хоҷагиҳо қаноатманд нестанд.



Ба гуфтаи оқои Давлатов, ҳамагӣ 35 дарсади тухмии пунбадонаи барои мавсими киштукори имсола омодагардида хушсифатанд. Вазъи ғайриқаноатбахши соҳаро намояндаи вазорат ба мавҷуд набудани мутахассисони соҳибкасб ва бекор кардани чанде аз имтиёзот марбут медонад. «Тамоми вилояту навоҳӣ ва шаҳрҳои ҷумҳурӣ аз вазорат дархост намуданд, ки тарзи фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварӣ тағйир дода шавад ва айни замон бо супориши муовини сарвазир дар ҳамаи 38 хоҷагии тухмипарвар барӯйхатгирӣ гузаронида мешавад, – гуфт ӯ. – Ба роҳ мондани фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарвари пунбадона дар як шабакаи воҳид ба нақша гирифта шудааст».


Тоҷикистону Қувайт бобати ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ тавофуқ ҳосил карданд

0


Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 10-уми фервал дар давлати Қувайт зимни гуфтушуниди дабири кулли Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Зафар Муҳаббатов ва ҳамтои ӯ аз Қувайт

 

Барҷес ал-Барҷес оид ба ҳамкории тарафайн дар соҳаи тандурустӣ тавофуқ ҳосил гардид.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтари Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот ҳамчунин масоили пешгирии гирифторӣ ба бемории ВИЧ/СПИД ва кӯмаки ғизоӣ ба қишрҳои осебпазири ҷомеа низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.



Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни гуфтушунид Муҳаббатов дархост намудааст, ки аз рӯи имконот ба кормандони ҶҲАТ шароит фароҳам гардад, то аз таҷрибаи кории ҳамтоёни қувайтӣ сабақ омӯзанд.


Арзиши чиптаи қатораи хатсайри «Душанбе-Маскав» боло рафт

0



           

Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Бори навбатӣ арзиши чиптаи қатораи хатсайри «Душанбе-Маскав» боло рафт.





           

Тавре аз КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, арзиши чипта дар вагони дараҷаи дуввуми (платскарт) ин хатсайр аз 652 сомонӣ то 793 сомонӣ зиёд шуда, дар вагони купе нархи он аз 860 сомонии қаблӣ то 1 ҳазор сомонӣ афзудааст.




           

Ба иттилои манбаъ, болоравии арзиши чиптаҳо ба коэффитсиенти убури нақлиёти роҳи оҳан тавассути низоми роҳи оҳани Русия марбут аст. «Иллати дигар дар афзоиши арзиши убури қатораҳо тавассути қаламрави Ӯзбекистон ба миқдори 20-22 дарсад ифода меёбад», – гуфт манбаъ.




           

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи январ арзиши чиптаҳо ба қатораи хатсайри «Душанбе-Конибодом» ба андозаи 80 дарсад боло рафта буд.