Э.Раҳмон аз иҷрои амалии дастуру супоришҳои додашуда зимни сафари корӣ ба Рашт ёдовар шуд

0


Душанбе. 13-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Ҳукумати мамлакат, масъулини Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони як қатор идораву муассисаҳои давлатӣ ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуд.




Дар машварат масоили вобаста ба татбиқи амалии дастуру супоришҳои президенти, ки зимни сафари кории ӯ ба ноҳияҳои водии Рашт баён гашта буданд ва санадҳое, ки дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон

 

дар ҳамоишҳои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ҷомеаи иқтисодии Евразия ва дар мулоқоти роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба мувофиқа расиданд, баррасӣ шуд.



Сарвари давлат баҳри иҷрои пурраю саривақтӣ ва босифати онҳо ба масъулин супоришҳои қатъӣ дод.



Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба масоили кишти тирамоҳии ғалладона ва сабзавоту картошкаи барвақтӣ,

 

ба кор даровардани гармхонаҳои сабзавотпарварӣ ва омодагии ҷиддӣ ба зимистони пешомад, аз ҷумла баҳри захира намудани маводи сӯхт ва озуқаворӣ таваҷҷӯҳ намуда, дар назди роҳбарони сохторҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошт.



Супоришҳои қатъӣ оид ба тезондани сохтмони нерӯгоҳҳои хурду миёнаи барқӣ, ба кор даровардани марказҳои барқу гармидиҳӣ, бо газу барқ таъмин намудани корхонаҳои саноатӣ ва расондани об ба хоҷагиҳои кишоварзӣ баҳри гузарондани кишти тирамоҳӣ ва ҳамчунин доир ба ҷамъоварии маблағи истифодаи газ, барқ ва об дода шуд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Реклама на asia+

Дар Тоҷикистон Ҷамъияти миллии геологӣ таъсис меёбад

0



           

Душанбе. 13-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Азим Иброҳим хабар дод, ки ояндаи наздик дар Тоҷикистон Ҷамъияти миллии кӯҳии геологӣ таъсис дода мешавад. «Оинномаи он аллакай таҳия гардидааст», – гуфт ӯ.





           

Ба қавли А.Иброҳим, таъсиси ҷамъият яке аз талаботҳои Конгресси байнулмилалии геологҳо мебошад, ки созмонҳои геологии 120 кишвари дунёро муттаҳид месозад. «Таъсиси чунин ҷамъият ҳамгиройии соҳаи геологияи тоҷик бо созмонҳои геологии ҷаҳонро осонтар менамояд», – гуфт А.Иброҳим.




           

Ёдрас мекунем, ки моҳи августи соли ҷорӣ дар ҷаласаи 33-уми конгресси мазкур Тоҷикистон ба узвияти ин ташкилот ва Созмони байнулмилалии геологӣ (


IUGS


) пазируфта шуд.


Реклама на asia+

А.Додобоев: Аз рӯи парвандаи ҷиноии Сӯҳроб Лангариев 16 нафар ба ҳабс гирифта шуданд

0


Душанбе. 13-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар нишасти хабарӣ муовини аввали додситони кулли ҷумҳурӣ Абдусамеъ Додобоев изҳор дошт, ки аз рӯи парвандаи ҷиноии Сӯҳроб Лангариев, ки ҳангоми баргузории амалиёти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Кӯлоб боздошт гардид, 16 нафар ба ҳабс гирифта шуданд.




Номбурда афзуд, ки онҳо шаҳрвандони Тоҷикистону Афғонистон мебошанд. «Барои ошкор сохтани ҳамаи паҳлӯҳои парвандаи ҷиноӣ тафтишот ҳанӯз идома дорад», – гуфт ӯ.



Ёдовар мешавем, ки Сӯҳроб Лангариеви 29-сола 27-уми май зимни баргузории амалиёти махсус дар шаҳри Кӯлоб боздошт шудааст. Ӯ ба яке аз шабакаҳои трасмиллии интиқоли маводи мухаддир дар Тоҷикистон роҳбарӣ мекард. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пас аз тафтиши якчанд ҳодисаҳои убури ғайриқонунии сарҳад бо мақсади паҳн кардан ва фурӯши маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон, аз пайи ҷустуҷӯи С.Лангариев шуданд. Тафтишоти пешакӣ муайян кардааст, ки дар марзи Афғонистону Тоҷикистон аз ҳисоби шаҳрвандони ҳарду кишвар гурӯҳи трансмиллии қочоқчиёни маводи мухаддир фаъолият дошт. Яке аз чунин шабакаҳои интиқоли маводи мухаддирро маҳз Сӯхроб Лангариев роҳбарӣ мекард, ки аз соли 2002 барои содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дар ҷустуҷӯ қарор дошт», – таъкил кард манбаъ.


Реклама на asia+

Додситонии кулл ҷинояти қатли Захарченкоро ошкор сохт

0





 






           

Душанбе. 13-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар нишасти хабарӣ додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов изҳор дошт, ки бо вуҷуди он ки доираи гумонбаршудагони содир намудани ҷинояти қатли сардори гурӯҳи таъиноти махсуси милисаи Вазорати умури дохилӣ Олег Захарченко аллакай мушаххас аст, ҳанӯз ҳеҷ кадоме аз онҳо боздошт нашудаанд. Ба гуфтаи ӯ, бо назардошти сирри тафтишот ифшои ҷузъиёти ин парванда ғайриимкон аст.






           

Дар ҳамин ҳол, дар идомаи сӯҳбат оид ба ин мавзӯъ муовини аввали додситони кулли ҷумҳурӣ Абдусамеъ Додобоев қайд кард, ки феълан кор бурдан аз рӯи ин парванда қатъ шудааст. «Тафтишоти ҳамаҷонибаи парванда ҳаҷми кори зиёдеро тақозо дорад, вале дар ҳар сурат ҷинояткорон беҷазо нахоҳанд монд, – гуфт ӯ. – Рӯзноманигор Олимпурро 13 сол пеш кушта буданд, вале қотил чанд рӯз қабл ҷазояшро гирифт».






 


 




Ёдрас мекунем, 2-уми феврали соли 2008 дар шаҳраки Ғарм миёни гурӯҳи таъиноти махсуси вазорати дохилӣ  ва шӯъбаи мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили ноҳияи Рашт задухӯрди мусаллаҳона ба амал омад. Дар натиҷа чаҳор нафар захмӣ шуда, фармондеҳи гурӯҳи таъиноти махсуси милисаи ҷумҳурӣ Олег Захарченко кушта шуд.





Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар сардори раёсати минтақавии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили гурӯҳи ноҳияҳои Рашт Мирзохӯҷа Аҳмадовро ба даст доштан дар ин ҷиноят гумонбар медонистанд.






Дар ҳамин ҳол, 3-уми октябр бо фармони вазири умури дохилии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили гурӯҳи ноҳияҳои Рашт барҳам дода шуд. Ҳамаи кормандони раёсати мазкур, ки ба он полковники милиса Мирзохӯҷа Аҳмадов роҳбарӣ мекард, силоҳҳояшонро ба мақомот супориданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд.





Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» М.Аҳмадов изҳор дошт, ки пас аз мулоқот бо сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба чунин қарор омадаанд. «Мо 14 адад аслиҳаи оташфишон супоридем ва акнун ҷои кори минбаъдаи моро Раёсати кадрҳои вазорат ҳал хоҳад кард», – гуфт ӯ.



Реклама на asia+

Дар Суғд имтиҳони роҳбарони гурӯҳҳои зоирини тоҷик шурӯъ шуд

0



            




 

Душанбе. 13-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар Суғд имтиҳони интихоби роҳбарони гурӯҳҳои зоирини тоҷик аз вилояти Суғд шурӯъ шуд.





           

Мудири шӯъбаи ҳаҷ ва саёҳати Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Абдусалом Раҷабов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар байни довталабони роҳбари гурӯҳи ҳаҷ гардидан ҳудуди 50 намояндаи масҷидҳо, кормандони корхонаву муассисоти вилоят ширкат варзида, аз забони арарбӣ имтиҳон месупоранд.




 

«Аз байни онҳо дар тӯли ду ҳафта 27 нафар роҳбарони гурӯҳ интихоб мешаванд ва ҳамроҳи зоирин ба ҳаҷ мераванд», – гуфт ӯ. Номбурда афзуд, ки инчунин зоиринро як табиб инз ҳамроҳӣ хоҳад кард.




 

Қобили зикр аст, ки маблағи роҳкиро ва будубоши роҳбарони гурӯҳ аз ҳисоби вазорати фарҳанг пардохта хоҳад шуд.

 



Реклама на asia+

Додситони кулл: Дер ё зуд Д.Атовуллоев назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт

0


Душанбе. 13-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар нишасти матбуотӣ додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов изҳор дошт, ки муассиси газетаи «Чароғи рӯз» ва роҳбари ҳаракати «Ватандор» Додоҷон Атовуллоев дар пайгарди қонунӣ эълон гардида, дер ё зуд назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт. Ӯ зикр кард, ки тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, Д.Атовуллоев феълан дар қаламрави Фаронса қарор дорад.




Ёдрас мекунем, ки мувофиқи пешниҳоди Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ, додситонии кулли Тоҷикистон нисбат ба Д.Атовулллоев аз рӯи якчанд моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ, аз ҷумла моддаи 307 (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии ҶТ) ва 137 (Тӯҳмат ба президенти Тоҷикистон) парвандаи ҷиноӣ боз кард.



Мувофиқи маълумоти ғайрирасмӣ, Д.Атовуллоев феълан дар қаламрави Олмон кору зиндагӣ мекунад. Моҳи июли соли равон додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов роҳбари ҳаракати «Ватандор» ва сармуҳаррири рӯзномаи «Чароғи рӯз» Додоҷон Атовуллоевро террористи иттилоотӣ номид.



Ӯ изҳор дошт, ки Д.Атовуллоев дар хориҷи кишвар умр ба сар бурда, дур аз ватан дар мақолаву изҳороташ шаъну шараф ва эътибори миллати тоҷикро паст зада, ҳукумати Тоҷикистонро назди ҷаҳониён муттаҳам месозад. «Додоҷон Атовуллоев шахси беватан аст, ӯ ҳеҷ гоҳ роҳбар набуд ва шуда ҳам наметавонад», – таъкид сохт додситони кулли ҷумҳурӣ.



Ахири моҳи июни соли равон дар оҷонсии иттилоотии «Росбалт» дар шаҳри Маскав бо иштироки Д.Атовуллоев нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар он роҳбари ҳаракати «Ватандор» ба таври ошкоро изҳор дошт, ки «Тоҷикистон дар остонаи ҷанги шаҳрвандӣ қарор дорад». «Мо хоҳони онем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи вазъи кишвари қашшоқ, бадбахт, фасодзада, сӯхта ва поймолшуда огоҳ бошад, – гуфта буд ӯ дар нишасти матбуотӣ. – Ҳолати анъанавии тоҷики имрӯза: сарулибоси кӯҳна, нигоҳи камнури маъюс, ва чеҳраи ғамолуд…».



Бар замми ин, Д.Атовуллоев зикр карда буд, ки нерӯҳои мухолифро дар ғурбат роҳбарӣ мекунад ва аз соли 2004 имкон надорад, ба Тоҷикистон сафар кунад. Ӯ ҳамчунин чунин пешгӯӣ карда буд: «Тирамоҳу зимистони соли 2008 дар саросари қаламрави Тоҷикистон гирдиҳамоиҳо баргузор шуда, иқдомҳои эътирози аҳли ҷомеа сурат мегиранд».


Реклама на asia+

Дар сӯхтори бозори «Шоҳмансур» як корманди раёсати оташнишонӣ осеб дид

0


Душанбе. 13-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар сӯхтори бозори «Шоҳмансур» як корманди раёсати оташнишонӣ сахт осеб дидааст. Бо рӯй ва гардани сӯхта корманди Раёсати сӯхторнишонии Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ Лутфулло Фармонбеков ба беморхона фиристода шудааст ва дар он ҷо ба ӯ кӯмаки аввалияи тиббӣ расонидаанд. Сухангӯи раёсати сӯхторнишонӣ Толиб Ҳаётов мегӯяд, ки тибқи маълумоти табибон, феълан вазъи саломатии Л.Фармонбеков беҳтар гардида, боиси нигаронӣ нест.




Ёдрас мекунем, ки сӯхтор дар бозори Шоҳмансур» соати 6-и субҳи 10-уми октябр сар зад. Дарҳол ба ҷои ҳодиса 13 гурӯҳи сӯхторнишонӣ ва 6 мошини обпош ҳозир шуданд. Пас аз як соат хомӯш кардани оташ муясаар гардида, майдони оташ тозаву бехавф карда шуд. Ба хомӯш кардани сӯхтор 150 нафар кормандони раёсати сӯхторнишонӣ ва намояндагони мақомоту сохторҳои дигар сафарбар шуда буданд. Оташ масоҳати ҳудуди 1 ҳазору 800 метри мураббаъи бозорро фаро гирифта, маркази тиҷоратии «Наргис», нуқтаҳои фурӯш ва ошхонаҳои наздики он пурра сӯхта нобуд гардиданд.



«Феълан дар ҷои ҳодиса баҳри муайян сохтани сабаби сар задани сӯхтор якчанд гурӯҳҳои фавриву тафтишотӣ кор мекунанд ва натиҷаҳои он пас аз панҷ рӯзи оғози кор маълум мешаванд», – зикр кард Т.Ҳаётов.


Реклама на asia+

Шералӣ Хайруллоев барои мулоқот бо ҳамтоҳои худ аз кишварҳои узви ИДМ ба Санкт-Петербург рафт

0


Душанбе. 13-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба шаҳри Санкт-Петербург сафар кард.




Тавре аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ҷаласа баррасии ҳудуди 20 масоил, аз ҷумла натиҷаҳои фаъолияти шӯро дар соли 2008 ва нақшаи корӣ барои соли 2009 дар назар аст.



Бино ба иттилои манбаъ, вазирони дифои кишварҳои узви ИДМ атрофи масоили рушди ҳамгиройии низомии кишварҳо, такмили низоми муттаҳидаи нерӯҳои ҳарбии дифоъи зиддиҳавоӣ, таҳкими системаи мутттаҳидаи нерӯҳои низомии ИДМ ва ташкили Спартакиадаи артишҳои кишварҳои ИДМ дар соли 2009 табодули афкор хоҳанд кард.



Зикр гардид, ки ҷаласаи навбатии 55-уми шӯро таҳти раёсати вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюков баргузор мешавад.



Ёдрас мекунем, ки Шӯрои вазиоони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ моҳи феврали соли 1992 таъсис дода шудааст.


Реклама на asia+

Дар Ҳиндустон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон оғоз мегарданд

0


Душанбе. 13-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар пойтахти Ҳиндустон – шаҳри Деҳлӣ маросими расмии ифтитоҳи нахустин Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ҳиндустон баргузор мешавад.




Тавре аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ аз намояндагони зиёиёни эҷодкор иборат аст.



Бино ба иттилои манбаъ, дар чаҳорчӯбаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон намоишгоҳи китоби бахшида ба 1150-умин солгарди Абӯабдулло Рӯдакӣ доир гардида, филми ҳунарии «Тақдири шоир» намоиш дода мешавад.



Зикр гардид, ки ҳамчунин намоишгоҳҳои рассомон ва аксбардорони муосири тоҷик низ баргузор хоҳад шуд. Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ҳиндустон то 18-уми октябр идома меёбанд.


Реклама на asia+

Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод

0



           

Душанбе. 13-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи шанбеи ҳафти сипаишуда президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар машварати ҷумҳуриявӣ дар бораи

 

гузаронидани кишти тирамоҳии зироатҳои кишоварзӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод.





           

Сарвари давлат қабл аз оғози қисмати

 

назарявии машварат нахуст ба заминҳои

 

кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон», ки дар ҳудуди ҷамоати

 

Лолазори

 

ноҳияи Данғара

 

қарор дорад, ташриф оварда, бо корҳои намунавии деҳқонони ин хоҷагии пешқадам аз наздик шинос шуд. Дар яке аз қитъаҳои

 

замини ин хоҷагӣ президенти Тоҷикистон бо дуою фотиҳаи накӯ ба кишти

 

тирамоҳии гандуми тухмӣ дар замини

 

обӣ оғоз бахшида,

 

дастур дод, ки

 

гандуми

 

тирамоҳии тухмӣ дар


500 гектар

заминҳои обии ин хоҷагӣ кишт карда шавад.




           

Дар бошишгоҳи саҳроии ҳамин хоҷагӣ бо роҳбарият ва масъулони

 

соҳаи кишоварзии

 

шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон доир ба ташкили дурусти кишти тирамоҳии зироатҳо машварати корӣ

 

доир гардид, ки дар он ҳамчунин масъулини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ низ иштирок намуданд. Ба онҳо баҳри вусъат додани кишти

 

тирамоҳии ғаладона ва сабзавоти

 

барвақтӣ барои баҳори соли

 

оянда, истифодаи пурсамар аз заминҳои корам, риояи

 

дурусти

 

қоидаҳои

 

агротехникии коркарди

 

замин ва дар маҷмӯъ афзоиш додани истеҳсоли маводи ғизоии ватанӣ ва таъмин

 

намудани амнияти озуқавории кишвар

 

дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.




           

Эмомалӣ Раҳмон қатъиян дастур дод, ки майдони кишти такрорӣ дар соли оянда ба 160 ҳазор

 

гектар

 

расонда шавад ва изҳор дошт, ки ин нисбат ба соли равон 60 ҳазор гектар зиёд аст. Изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки имсол тавассути истифодаи босамари заминҳо ва зиёд намудани истеҳсоли ғалладона қиматшавии босуръати

 

орду гандум натанҳо боздошта шуд, балки

 

нархи он то андозае паст гардид. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Реклама на asia+