Э.Раҳмон баҳри таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ дар моҳи шарифи Рамазон ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дод

0





           

Душанбе. 2-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти




Ҷ




умҳурии То




ҷ




икистон Эмомал




ӣ




Раҳмон бо масъулини ҳукумат, Дастгоҳи и




ҷ




роия ва мушовирони давлатӣ,

 

роҳбарони як қатор вазорату идораҳои кишвар ва дигар шахсони дахлдор машварати кор




ӣ




доир намуд.








Дар машварат масоили вобаста ба моҳи шарифи Рамазон ва вусъати фаъолияти бунёдкорию созандаг




ӣ




баррас




ӣ




шуд.







Эмомал




ӣ




Раҳмон баҳри таъмини аҳол




ӣ




бо маводи с




ӯ




хт, аз




ҷ




умла барқ ва гази моеъ ва таъмини фаровонии маводи ғизо




ӣ




дар бозори истеъмол




ӣ




дар моҳи шарифи Рамазон ва зимистони пешомад ба масъулин дастуру супоришҳои қатъ




ӣ




дод.







Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар ин моҳи муборак к




ӯ




макҳои хайрияи мақомоти давлатию




ҷ




амъият




ӣ




ва хайроту садақоти саховатмандон бояд ба ятимону бепарасторон, пирону бар




ҷ




омондагон ва эҳтиё




ҷ




мандони воқе




ӣ




бештар гарданд, то ки онҳо худро танҳою бекас эҳсос накунанд.







Президенти То




ҷ




икистон дар робита ба вусъати корҳои созандагию бунёдкор




ӣ




дар назди масъулини дахлдор баҳри суръат бахшидани сохтмони нер




ӯ




гоҳҳои обии Сангт




ӯ




да-1 ва Сангт




ӯ




да-2, варзишгоҳи марказии шаҳри Ху




ҷ




анд, филиали Донишгоҳи давлатии ом




ӯ




згории ба номи Садриддин Айн




ӣ




дар ноҳияи Рашт ва дигар иншооти нотамом, та




ҷ




диди Донишгоҳи давлатии тиббии То




ҷ




икистон ба номи Аб




ӯ




ал




ӣ




ибни Сино, омодасозии лоиҳаҳои сохтмони Китобхона ва Осорхонаи Миллии То




ҷ




икистон ва татбиқи амалии супоришҳои Сарвари давлат, ки зимни сафари кории




ӯ




дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори К




ӯ




ҳистон Бадахшон баён гашта буданд, вазифаҳои мушаххас гузошт.







Дар машварат ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди тава




ҷҷ




ӯ




ҳ баррас




ӣ




шуданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.




Реклама на asia+

Дар Тоҷикистон реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҷорӣ гардид

0



            




    



Душанбе. 2-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар қаламрави Тоҷикистон аз 1-уми сентябр реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ гардид.





           

«Яке аз сабабҳои ба чунин иқдом даст задан камобии имсола мебошад, ки нисбат ба соли гузашта сатҳи воридшавии оби рӯдхонаҳо 15-20 фоиз коҳиш ёфтааст», – гуфт раиси ширкат.



Ба қавли Ш. Самиев, айни замон то сатҳи ниҳоӣ пур шудани об дар обанбори «Норак» боз


9 метру


40 сантиметр

боқӣ мондааст ва ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта

6 метру


17 сантиметр

камтар аст.



«Имрӯзҳо сатҳи воридшавии об ба обанбор 900 метри мукааб дар як сония аст, ки 860 метри мукааби он барои истеҳсоли нерӯи барқ истифода бурда мешавад ва воридшавии об майлони коҳиш ёфтанро дорад», – таъкид сохт Ш.Самиев.



Мавсуф зикр кард, ки бо назардошти вазъи мавҷуда ва дар мувофиқа бо ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри захираи бештари об дар обанбори Норак ва афзоиши истеҳсоли нерӯи барқ дар фасли зимистон ширкат қарор кардааст, аз 1-уми сентябр реҷаи маҳдуди истифодаи барқро ҷорӣ намояд.



«Аз 1-уми сентябр дар тамоми қаламрави Тоҷикистон, ба истиснои пойтахт, маркази вилояту ноҳияҳо ва шаҳрҳои саноатӣ истифодаи нерӯи барқ шабона аз соати 22.30 то 3.30 дақиқа қатъ карда мешавад», – гуфт манбаъ.



Раиси ширкат ҳамчунин изҳор дошт, ки Тоҷикистон то ахири моҳи август қарзи ҷумҳуриро аз истифодаи нерӯи барқ ба Ӯзбекистон пурра пардохт намудааст. «Мо бо Туркманистон ҷиҳати интиқоли нерӯи барқ ба Тоҷикистон дар фасли зимистон тавофуқ ҳосил кардем ва Ӯзбекистон низ тибқи созишномаи байниҳукуматӣ фасли зимистон моро бо нерӯи барқ таъмин месозад, ки миқдори умумии нерӯи барқи воридшаванда аз ин кишварҳо дар фасли зимистон то 1,8 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад.


Реклама на asia+

Корхонаи «Пахтаи Кӯлоб» нархи коркарди ҳосили пунбадонаро тақрибан 50 доллари амрикоӣ арзон кард

0


Кӯлоб. 2-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Корхонаи пахтатозакунии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пахтаи Кӯлоб» нархи коркарди ҳосили пунбадонаро ба андозаи 48,73 доллари амрикоӣ арзон намуд.




Аз шӯъбаи муҳосибии корхона ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар машварат раҳбарияти корхона ба хулоса омадааст, ки ба иллати рақобати шадид бо 11 корхонаи дигар агар чорае андешида нашавад, шояд миқдори зарурии ашёи хом барои фаъолияти минбаъда ҷамъоварӣ карда нашавад. «Аз ин рӯ, қарор карда шуд, ки нархи коркарди он аз 198,73 то 150 доллари амрикоӣ арзон карда шавад», – изҳор дошт манбаъ.



Зикр гардид, ки агар рӯзи аввал ба корхона ҳамагӣ 6 тонна пахта супорида шуда бошад, пас баъди огоҳ шудан аз ин иқдом рӯзи дуввум аллакай 69 тоннаву 600 кило ҳосили пунбадона қабул гардид.



Ёдрас мекунем, ки кишоварзони минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон соли равон ният доранд, аз майдони 41 ҳазору


350 гектар

на камтар аз 79 ҳазору 350 тонна ҳосили пунбадона ҷамъоварӣ намоянд.


Реклама на asia+

Вазорати кишоварзӣ: Акнун хоҷагиҳои деҳқонӣ мустақилона нархи чиниши пахтаро муайян мекунанд

0


Душанбе. 2-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дигар вазорати кишоварзии Тоҷикистон арзиши чиниши пахтаро муқаррар нахоҳад кард.




Дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати рустанипарварии вазорат Саидмурод Баҳриддинов аз қарори № 111-и ҳукумати ҷумҳурӣ аз соли 2007 ёдовар шуд, ки мувофиқи он хоҷагиҳои деҳқонӣ бояд мустақилона нархи чиниши пахтаро муайян намоянд.



Дар ҳамин ҳол, ӯ зикр кард, ки дар ҳкумат санаде дар ҳоли таҳия аст, ки дар он арзиши шартии нархи чиниши пахта муайян мегардад. «Санади мазкур ба кишоварзон набояд ҳеҷ дахле дошта бошад ва он танҳо барои вазорат аст», – афзуд манбаъ.


Реклама на asia+

Музди меҳнати кормандони соҳаи маориф аз 1-уми сентябр 40 дарсад зиёд карда шуд

0


Душанбе. 1-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Музди меҳнати кормандони соҳаи маориф аз 1-уми сентябр 40 дарсад зиёд карда шуд. Мувофиқи фармони президенти Тоҷикистон, музди меҳнати вазифавии кормандони соҳаи маориф зиёд карда мешаванд; музди меҳнати мудирони муассисаҳои томактабӣ ба маоши мудирони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва маоши мудирони муассисаҳои маълумоти ибтидоии касбӣ ба музди меҳнати мудирони макотиби таҳсилоти умумӣ баробар карда шуд.




Бино ба иттилои манбаъ, акнун музди меҳнати ҳадди ақали кормандони соҳаи маориф 60 сомониро ташкил медиҳад. Навовариҳои дигар низ ҷорӣ гаштанд: нақшаи таълимӣ иваз гардида, акнун як музди меҳнати омӯзгор 18-20 соати дарси таълимӣ муқаррар гаштааст.



Сарчашма зикр кард, ки музди меҳнати омӯзгорон ҳамчунин аз маълумот ва дараҷаи касбӣ вобаста аст. Ғайр аз ин, маоши мансабии мудирони муассисаҳои таълимии ғайримактабӣ ба музди меҳнати мудирони мактабҳои таҳсилоти умумии шумораи хонандагонаш то 400 нафар баробар карда мешавад.




 



 



 

Реклама на asia+

Вазорати умури дохилӣ: Бозори «Корвон»-ро шахсони номаълум оташ задаанд

0


Душанбе. 1-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Намояндагони Раёсати хадамоти сӯхторнишонии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон изҳор доштанд, сӯхторе, ки чанде қабл дар бозори «Корвон» ба амал омад, кори дасти шахсони номаълум аст.




«Пас аз тафтишоту таҳқиқот ва ташхисҳо мо ба хулосае омадем, ки ин кори дасти шахсони номаълум аст, яъне бар асари оташ задани онҳо сӯхтор ба амал омадааст, – изҳор дошт манбаъ. – Агар гӯем, ки ин ба иллати расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ рух додааст, нодуруст аст, зеро он вақт дар бозор қувваи барқро хомӯш карда буданд». Ба қавли намояндаи хадамоти сӯхторнишонӣ, нисбат ба ин далел шӯъбаи тафтишотии вазорати умури дохилӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз кардааст ва шахсони гунаҳкор ҷустуҷӯ карда мешаванд.




 

Ёдрас мекунем, ки шаби 12-ум ба 13-уми августи соли ҷорӣ, тақрибан соатҳои 1-и шаб дар яке аз бузургтарин бозорҳои пойтахт «Корвон» с


ӯ


хтор сар зад. Майдони с


ӯ


хтор 2 ҳазору 100 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Баъди чанд дақиқа якчанд гур


ӯ


ҳҳои с


ӯ


хторнишон


ӣ


ба


ҷ


ои ҳодиса ҳозир шуда, дар муддати як соат оташро хом


ӯ


ш карданд. Касе осеб надид. Соҳибкорон мег


ӯ


янд, ки с


ӯ


хтор 60 нуқтаи фур


ӯ


ш ва 2


ҷ


ойгоҳи калони фур


ӯ


шгоҳро (ангар) нобуд кардааст. Ёдрас мекунем, ки аз оғози фаъолияти бозор (соли 2002) то ин


ҷ


ониб дар ин маркази ти


ҷ


орат якчанд ҳодисаи с


ӯ


хтор рух доданд.

 



Реклама на asia+

Дар Суғд ҷинояткоронеро, ки кормандони милисаро захмӣ карда буданд, то ҳол ҷустуҷӯ доранд

0



           

Хуҷанд. 1-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» –

 

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд то ҳанӯз амалиёти ошкор сохтан ва дастгир намудани ҷинояткоронеро, ки аз силоҳи оташфишон ба сӯи кормандони милиса тир холӣ карда, онҳоро захмӣ карда буданд, идома медиҳанд. То имрӯз баъзе аз ҷузъиёти ҳодиса равшан шуд.




Манбаъ аз Раёсати умури дохилии вилоят ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки шоми 28-уми август кормандони милиса, афсарон Фирӯз Олимови 28-сола ва Ҷамшед Аҳмедови 22-сола ҳангоми назорати кӯчаҳои маркзи шаҳри Исфара дар дасти ду нафар шахсони шубҳанок сумкаи калони сиёҳеро мушоҳида мекунанд ва аз онҳо хоҳиш мекунанд, ки чизҳои дар сумка бударо нишон диҳанд, вале шахсони шубҳанок аз ин амал саркашӣ мекунанд. Қарор мешавад, ки онҳо ба шӯъба бурда шаванд.



«Ҳар чаҳор нафар ба мошини милиса менишинанд ва дар роҳ яке аз онҳо аз дохили сумка силоҳи оташфишонро гирифта милисаҳоро мепарронад ва пас аз ин онҳо аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд», – изҳор дошт манбаъ ва афзуд, ки милисаҳои ҷароҳатгирифта то ҳол дар беморхонаанд. Дар вақти азназаргузаронии ҷои ҳодиса тирҳо дарёфт шуданд ва ташхис ошкор сохт, ки тирҳо аз автомати Калашников будаанд. Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Реклама на asia+

«Ҳафт»-у «ҳашт» дар Ашт

0

Дар моддаи 2-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад». Агар суол гузорем, ки давлат кист, шояд хандаовар намояд. Ҳадафи мо дар бораи ҷиҳатҳои фалсафию ҷамъиятии мафҳуми «давлат» ҳарф задан нест…


 Танҳо ишора ба он дорем, ки ин сохтор аз зинаю мақомотҳои зиёд иборат буда, ҳама дар якҷоягӣ вожаи давлатро ифода менамоянд.




Дар моддаи 2-и қонун, ки дар боло овардем, се мафҳуми асосӣ таъкид шудааст: «Замин, давлат, манфиати халқ». Хӯш, заминро давлат (манзур ҳокимияти давлатӣ аст. Шарҳи муаллиф.) чӣ тавр ба манфиати халқ истифода мебарад? Кӯшиши посух ба ин пурсишу муроҷиати сокинони деҳаи Сабои ҷамоати деҳоти Шайдон, моро ба ноҳияи Ашт овард.



Муроҷиаткунандагон дар мактубашон навиштаанд, ки онҳо дар асоси қарори раиси ҷамоати деҳоти Шайдон, дар соли 2004 барои сохтани манзилгоҳ қитъаи замин гирифтаанд. Пас аз чанде собиқ прокурори ноҳияи Ашт М.Сангинов ба қарори раиси ноҳия ва раиси ҷамоат эътироз меораду заминҳои 27 нафарро баргардонда мегиранд. Нафарони боқимонда ба прокуратура қарору дигар ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод мекунанд. Ба шахсони боқимонда, гуё аз прокуратура барои идома додани сохтмон иҷозат дода бошанд. Вале дар торихи 25 январи соли равон, муовини прокурори вилояти Суғд нисбат ба ин масъала эътироз оварда, қотеъона талаб менамояд, ки аз нафарони боқимонда ҳам заминро гиранду он ба ҳолати аввалааш баргардонда шавад. Санаи 3 июли соли ҷорӣ комиссияи бонуфузи ҳукумати ноҳияи Ашт барои иҷроиши эътирози прокурор омада, девори чанд нафарро бо трактори тасмачарх вайрон мекунанд. Гуё онҳо худсарона китьаи заминро аз худ карда бошанд.



Магар шаҳрвандон худсарона заминро соҳиб шуда, хона сохта буданд? Дар огоҳиномаи ба унвони шаҳрвандон фиристодаи собиқ раиси ҷамоати шаҳраки Шайдон (ҳоло роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Ашт.)


X


. Каримов чунин сатрх,оро мехонед: (айнан).

«ҷамоати шаҳраки Шайдон маълум менамояд,

ки 11. 08.

2004 сол, бо

қарори

раиси ҷамоат № 106

ва 21.08. 2004

сол бо қарори

№113 ба 47

нафар шақрвандон

аз ҳисоби

заминҳои

корами хоҷагии

давлатии ба

номи Эрйигитов

ба андозаи



0,8 га



замини

наздиҳавлигӣ

дода буд.






Қарори

мазкур бинобар хилофи талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷи

кистон

№ 335 аз 27. 07. 2000

сол будан дар

асоси амри Прокурори

ноҳияи

Ашт

са

наҳои 27 – 29.12. 2004 бекор карда

шудааст.





Мувофиқи амри прокурори вилояти Суғд аз 25.01. 2008




сол

№ 7/16-08 (8) аз Шумо талаб карда мешавад, ки то санаи 9.02.2008 қитъаҳои замини худсарона ишғол кардаатонро баргардонед.






Дар ҳолати иҷро нашудани талаб, комиссияи махсуси аз тарафи мақомоти иҷроияи ноҳияи Ашт тартиб дода шуда, заминро ба хоҷагии давлатии Эрйигитов бармегардонад».




Бесабаб ин огоҳномаро айнан наовардем. Чунки чанд шарҳротақозо дорад. Аввал ин ки номуайян аст, қарори раиси ҷамоати шаҳраки Шайдон таҳти рақами №113 аз кай қабул карда шудааст. Воқеан ҳангоми омӯзиши масъала нусхаи ин қарорро на дар ҳукумати ноҳия пайдо карда тавонистему на дар ҷамоат, дар ҳоле ки муовини аввали раиси ноҳия З.Маҳмадҷонов ба омӯзиши ин масъала машғул буд.



Дуюм, масъалаи «худсарона ишғол намудани замин». Аз худи огоҳнома маълум мешавад, ки шаҳрвандон заминро худсарона не, балки дар асоси қарори раиси ҷамоат, ки онро комисияи заминсози ҷамоат дар ҷояш чен карда додааст, гирифтаанд. Пас, чӣ хел он қитьаҳои замини дар ихтиёр доштаи шаҳрвандонро худсарона ишғол намуда, гӯем?



Тибқи талаботи қонун, эътирози прокурор дар давоми 10 рӯз бояд иҷро карда шавад. Номуайян аст, ки барои чӣ эътирози прокурор дар мӯҳлати муайяншуда иҷро нагардиду пас аз гузаштани зиёда аз се соли ин қазия ба хотири прокуратураи вилояти Суғд масъалаи заминҳои наздиҳавлигии ин мавзеъ расид ?



– Писарам ҳангоми дар артиши миллӣ хизмат кардан барои барқарор намудани давлати конститутсионй ҷон нисор кард, -мегӯяд А.Юнусов . Тобути ӯро оварданд. Мурдаи писарамро дар хонаам не, аз кӯча ба манзили охират гусел кардам. Дар хонаам чой наёфтем, ки тобутро гузорем. Ҳам аз ҳукумати ноҳияву ҳам аз дигар макомотҳо омада, шароити манзили моро омӯхтанд. Пас аз чанде ба раиси ҷамоат муроҷиат намудему дар қатори дигарон ба мо ҳам замин доданд. Аз ин ғамхорӣ хурсанд шудем, гирди заминро сангдевор намудем.



– Мо аз куҷо маблағ меёфтем, – ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд ҳамсари А. Юнусов, писаронам дар Русия ба мардикорӣ машғуланд. Ҳамонҳо пул мефиристанду мо кам -кам пасандоз карда, барои сохтани манзил машғул шудем. Ома


да, гуфта истодаанд, ки онро вайрон кунем. Агар заминҳоро аз мо гиранд, мо ба куҷо меравем? Маблағҳои худ нахӯрдаю барои он замин сарф кардаамонро аз кӣ мегирем?



Дарвоқеъ, шаҳрвандон маблағи барои ободии замину гирдашро девор намудан ва ниҳол шинондану хона бино карданашонро аз кй мегиранд? Заминҳои баҳсиро дида, кас ҳайрон мешавад. Қитъаи заминҳо танҳо аз санг иборат буда, факат барои бунёд намудани боғ ва сохтани манзилгоҳ мусоидат менамояд. Чанд қитъаи замини ҷудо намуда, ки то ҳол аз дигар ҷой хок накашонидаанд, гувоҳӣ медиҳанд, ки дар он ҷо ғайр аз буттаҳои ёбоӣ чизи дигаре намерӯяд. Заминҳои аз 27 нафар гирифтаашонро ба ҷамъияти маъюбони ноҳия вобаста кардаанд. Вақте ки аз кумитаи заминсозии ноҳияи Ашт оид ба он, ки заминҳои хоҷагии давлатии зотпарварии ба номи Эрйигитов ба киҳо ба иҷораю барои ташкили хоҷагии деҳқонй дода шудаанд, муроҷиат намудем, номи ҷамъияти маъюбонро дар маълумотнома зикр накардаанд. Вале раиси ҷамъияти маъюбон ба мо нусхаи сертификати истифодаи қитъаи заминро пешниҳод намуд, Мувофиқи гуфтаи раиси ҷамъияти маъюбон, соли 2007 майдони 2 гектарро ба иҷора додаанду ҳамагӣ 1200 сомонӣ даромад гирифтаанд. Аз ҳар сотих ба ҳисоби миёна 6 сомонӣ. Вақте аз Ҳ.Ахмедов дар бораи баъзе масъалаҳои марбут ба замину ба фаъолияти ҷамъият, дар куҷо сарф намудани маблағҳо пурсон шудем, бо суол посух дод: «Чӣ, аз болои мо парвандаи ҷиноятӣ мекушоед?»



Чизе нагуфтем. Ҳарчанд ба ин масъала ҳатман бармегардем ва ҳадафи мо аз омӯзиши масъала танҳо ба тамоми паҳлӯҳои ҳодисаи ба амал омада, вобаста ба масъалаи баҳси замин то қадри имкон рӯшанӣ андохтани буду халос. Бори дигар ба кумитаи замини ноҳия омада, пурсон шудем, ки аз ҳисоби заминҳои хоҷагии давлатии зотпарварии ба номи Эрйигитов ба ҷамъияти маъюбон замин дода шудааст ё не ва нусхаи сертификатро пешниҳод намудем. Маълумотномаро дигар карданду номи ҷамъиятро илова намуданд. Ҳайрон будем, ки барои чӣ маротибаи аввали муроҷиат карданамон, ҳамчун заминистифодабаранда номи ин ҷамъиятро зикр накарданд. Аз ҳисоби заминҳои хоҷагии давлатии зотпарварии ба номи Эрйигитов ба 9 хоҷагии деҳқонӣ ба микдори

194 гектар

барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ замин додаанд. Дар рӯ ба рӯи заминҳои баҳсӣ қитъаи замини хоҷагии деҳқонии ба номи «Фурқат» ҷойгир аст. Мувофиқи маълумотномаи кумитаи замини ноҳия ин хоҷагии деҳқонӣ аз ҳисоби

4 гектар

заминҳои хоҷагии давлатии зотпарварии ба номи Эрйигитов ташкил карда шудааст. Вале маҷлиси раёсати хоҷагии давлатии ба номи Т.Эрйигитов аз 5 ноябри соли 2003 ба шаҳрванд Ф.Норматов

4,32 га

замини дар истеҳсолот истифоданашаванда-ро барои ташкили хоҷагии деҳқонй ҷудо намудаасту онро собиқ раиси ноҳияи Ашт И. Раҳимов бо қарори худ таҳти рақами № 364 аз 1 декабри соли 2003 ба соҳибии меросии якумра додааст. Намедонем ба кадоме аз инҳо бовар кунем?



Маълум мешавад, ки дар кумитаи заминсозии ноҳияи Ашт ҳисоби аниқи истифодабарии заминро ба роҳ намондаанд. Ё ин ки барояшон 32 сотих замин ягон чизе нест?



Мегӯянд, ки «офтобро бо домон пӯшондан намешавад». Хусусан дар деҳоти кӯҳистон, сокинони он аз тамоми чиз тез огаҳӣ меёбанд. Ба мо гуфтанд, ки сардори хоҷагии деҳқонии «Фурқат» заминро ба фурӯш мондааст. Намедонем, то чӣ андоза ин хабар ва ди-гар гуфтаҳо оид ба тарзи гирифтани ин қитъаи замин ба ҳақиқат рост меояд. Танҳо он нуктаро таъкид намуданием, ки ин хоҷагии деҳқонӣ хилофи банди 3-и моддаи 12, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерй) ташкил карда шудааст. Чунки дар заминҳои хоҷагиҳои зотпарварӣ ташкил намудани хоҷагии деҳк,онӣ манъ аст. Агар ҳангоми ташкили дигар хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби заминҳои хоҷагии давлатии зотпарварии ба номи Эрйигитов аввал заминро ба фонди махсуси замин дохил намуда, пас барои истифодаи якумраи меросӣ дода бошанд, ҳангоми ташкил намудани хоҷагии деҳқонии «Фурқат» ин тартиби қонун риоя карда нашудааст. Ғайр аз он мувофиқи нишондоди моддаи 15 – и қонуни номбурда, замини хоҷагиҳои давлатӣ бо қарори маҷлиси умумии онҳо байни аъзоёни доимии он чун саҳм тақсим карда мешавад. Номуайян аст, ки Ф.Норматов дар куҷо кор мекунад ва чаро манлиси раёсати хоҷагӣ ба ӯ ин қадар заминро додааст. Дар ҳоле ки замин воситаи асосии истёҳсолот ба шумор рафта, танҳо дар асоси қарори маҷлиси умумии аьзоёни хоҷагӣ ё маҷлиси намояндагон қисмати


он ҳал карда мешавад,



Шояд ба дили хонанда шарҳи дуру дароз зада бошад ва пурсад, ки чаро аз ин хоҷагии деҳқонӣ ба таври зиёд ёдовар шудем? Агар ҳадаф риояи якхелаи қонунро таъмин намудан бошад, барои чӣ ҳамаро ба як чашм намебинем? Оё риоя накардани талаботи қонун дар мавриди ташкили ин хоҷагии деҳқонӣ воҷиби ислоҳ намудан нест? Барои чи мақомоти прокуратураи ноҳияи Ашт 8 сотих қитъаҳои замини наздиҳавлигии шаҳрвандонро мебинанду ин қарори хилофи қонунро не?!



– Ман инвалиди гурӯҳи дуюми Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошам, – мегӯяд А.Азимов. -Ба ҳукумати ноҳияву маҳал муроҷиат намудам. Чунки дар оилаам 10 нафар зиндагӣ мекунанду шароити зиндагиам хеле бад аст. Ба ман заминро намояндагони ҷамоат дар асоси қарори раиси ҷамоат чен карда доданд. Ба сохтмони манзил машғул шудам. Писаронам барои дарёфти маблағ ба Руссия ба мардикорй рафтанд. Як маротиба омада гуфтанд, ки заминро холӣ кун. Хуҷҷатҳоро пешниҳод намудам. Иҷозати идомаи сохмонро доданд. Хонаро қариб ба сомон расонидам. Гуфта истодаанд, ки хонаатро вайрон кун. Ҳатто трактор оварданд, ки ба тариқи маҷбурй хонаро вайрон мекунанд. Агар ин амалро иҷро кунанд, кӣ маблағи моро медиҳад? Охир, мо худсарона заминро соҳибй накардаем. Онро намояндаи давлат, яъне раиси ҷамоат бо қарори худ ба мо дода буд.



Бо муовини аввали раиси ноҳияи Ашт 3. Маҳмадҷонов дар бинои ҳукумати ноҳияву дар ҷамоати деҳоти Шайдон дар иштироки он нафароне, ки бояд замини гирифтаашонро баргардонанд, сӯхбат намудем, Ӯ ҳуҷҷатҳои шахсони замингирифтаро меомӯхт.



– Мо намехоҳем, ки вазъияти ноҳияро номӯътадил намоем. Дар ин ҷо нишондоди қонун вайрон карда шудааст. Онро бояд ислоҳ намуд. Вале дар як вақт фаромӯш кардан лозим нест, ки шаҳрвандон алакай маблағҳои зиёд сарф кардаанду қисми зиёдашон имтиёз доранд. Эҳтимол, ҳамин имтиёзҳои онҳоро ба инобат гирифта, барои идома додани сохтмони манзилгоҳ иҷозат дода бошанд, – мегӯяд 3. Маҳмадҷонов.



Дар кумитаи заминсозии ноҳияи Ашт гуфтанд, ки он қитъаи заминҳои ба шаҳрвандон тақсим намуда, ба категорияи заминҳои обӣ дохил мешудааст. Ҳарчанд дар боло гуфтем, бори дигар таъкид менамоем, ки дар он заминҳо ғайр аз алафи ёбоию қимиш чизи дигаре намерӯяд. Боғоти сокинони дар он мавзеъ қарор дошта, ба таври сунъӣ(скваж) обёрй карда мешавад. Акнун ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 335 аз 27. 07. 2000 сол таваҷҷӯҳ зоҳир намоед. Фармони раиси ҷумҳур «Дар бораи ҳифз ва самараноку оқилона истифода намудани заминҳои корамиобй». Бори дигар таъкид менамоем, ки бо мақсади пешгирии камшавии заминҳои корами обӣ дар гардиши кишоварзӣ ва таъмини истифодаи самараноку оқилонаи он ин фармону Қарори Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар ин самт кабул карда шудааст. Яъне, ҳадафи асоси ҳимояи заминҳои корами обӣ мебошад. Вале намедонем, ки дар он заминҳои барои манзилгоҳ ҷудо намуда, кӣ кадом намуди зироат кишту кор намуда бошад?



Беҳуда аз тарзи даромадгирии ҷамъияти маъюбон аз

2 гектар

замин ёдовар нашудаем. Маблағи даромади аз

2 гектар

заминҳои ҷамъияти маъюбон гирифтаро аз як сотих замин дар давоми сол дар заминҳои водии Ҳисору Вахш гирифтан мумкин аст. Сиёсати Президенти мамлакат ҳам дар самти ҳифзи заминҳои корами обй ба чунин категорияҳои замииҳо нигаронда шудааст ва ҳаргиз маънои онро надорад, ки дар маҳалхо «ба ҷои салла калла орем». Дар моддаи 26, Кодекси Замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳокимияти маҳаллй ваколат дода шудааст, ки то 10 гегтар заминро (ғайр аз заминҳои пурқиммати ҳосилхез, чарогоҳу алафзор ва ғайра) дар ҳудуди маъмуриашон бо мувофиқати мақомоти давлатии заминсозӣ ба истифодабарии бемӯҳлат, мӯҳлатнок ва ба иҷора диҳанд. Ҳангоми ба ҳам мухолифат намудани нишондоди санадҳои меъёрию ҳуқуқй нормаҳои он санад ба эътибор гирифта мешавад, ки дар зинаи боло меистад. Талаботи кодекс бошад, пас аз Сарқонуну қонуни конститутсионӣ ҳатман


бояд риоя карда шавад. Ҳарчанд заминҳои мавзеи мавриди баҳс карор гирифта, обй бошанд ҳам, дар он ягон намуд зироат кишт карда намешудааст. Мебоист ҳангоми эътироз овардану қарорҳоро бекор намудан ба ин ҷиҳати масъалаҳо аҳамият медод. Тибқи эътирозҳои прокурори ноҳияи Ашт ва прокуратураи вилояти Суғд қарорҳои раиси ҷамоата Шайдон № 106 ва № 113 бекор карда шудааст. Вале нафаронеро, ки дар асоси дигар карорҳои раиси ҷамоат дар ҳамин мавзеъ замин гирифтаанду ягон хел эътироз оварда нашудааст, барои заминашонро супоридан маҷбур намуда истодаанд.



– Синни ман ба ҷое расидааст, – иброз намуд С. Одилов. Як-чанд маротиба ба раиси ҷамоату раиси ноҳия дар бораи ин бедодӣ муроҷиат намудем. Касе ба додамон нарасид. Ба унвони раиси ҷумхур ариза навиштем. Аз рӯи шунидам, барои баррасй ба ҳукумати нохия фиристодаанд. Намедонам онро чй хел ҳал мекунанд. Ман маҷбур мешавам, ки ба шаҳри Душанбе рафта, ба дастгоҳи раиси ҷумҳур арз намоям. Охир, ба қарори ман оид ба додани замин касе эрод нагирифтаасту эътироз ҳам наовардааст. Вале ман ҳам дар қатори дигарон бояд заминро холй намоям.



Дар заминҳои сангзор меҳнату ниҳол парвариш намудани шаҳрвандонро дида кас аҳсант мегӯяд. Онҳо нақл мекунанд, ки ҳар як мошин хокро бо арзиши 300 со-монӣ аз ҷои дигар овардаанд. Баъзе касон атрофи заминҳои барои сохтани манзилгоҳ гирифтаашонро девор намуда то 500 бехи ниҳолҳои сояафкан шинондаанд.



– Кӯшиш менамоем, ки дар


асоси қонун масъалаи ба миён омадаро ҳал намоем, – таъкид намуд раиси ноҳияи Ашт Д.Зоҳидов, Барои ин комисияи бонуфуз ташкил карда шудааст. Ҳодисаро ҳаматарафа омӯхта ба як хулосаи мушаххас меоем. Боварӣ дорам бо дастгирии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ин қазияи ба амаломада роҳи ҳалли дурусти худро меёбад.



Омӯзиш нишон дод, ки аз соли 2004 инҷониб дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Шайдон ба 503 нафар барои сохтани манзилгоҳ замини наздиҳавлигӣ додаанд. Аз рӯи гуфтаи масъулин, замин танҳо ба табари ниёзманди аҳолӣ дода шудааст. Дар натиҷаи офати табиии соли 2007 ба хонаҳои сокинон зарари ҷиддй расидааст. Ситоди ҷумҳуриявй ташкил намуда, ба ҳукумати ноҳия супориш медиҳанд, ки шаҳрвандон ҳатман ба ҷои бехаф кӯчонда шаванд. Раиси


ноҳия бо қарори худ № 417 аз 1.09.2007 сол «Дар бораи додани (китъаи замин барои васеъ намудани майдони заминҳои наздиҳавлигй ба шаҳраандони аз офати табий осебдидаи шаҳраки Шайдон» ба масоҳати

10 гектар

замин аз ҳисоби фонди захиравии хоҷагии деҳқонии «Ҳайдаробод» ҷудо менамояд. Ба карори раиси ноҳия, бинобар хилофи талаботи моддаи 28 Кодекси Замини Ҷумҳурии Тоҷикистон буданаш аз тарафи мақомоти прокуратураи вилояти Суғд эътироз оварда мешаваду онро бекор кардаанд. Чунки замини ҷудошуда ба категорияи чарогоҳ дохил мешудаасту ваколати гирифтани ин намуд заминҳоро танҳо Ҳукуматй Ҷумҳурӣ дорад. Аз рӯи маълумотҳои ҷамоати шаҳраки Шайдон 32 нафар аз офати табий зарар дидаанд. Вале ҳукумати ноҳия

10 гектар

замин ҷудо намудаву ба шаҳрвандон тақсим кардаанд. Аксари онҳо дар қитьаҳои ҷудошуда санг оварда, интизори хап шудани масъала мебошанд. Оид ба ин ҳодиса ҳам гапу калоча зиёд асту ва низ маводи аҷибе дорем.



Сухан аз боби ба воситаи пул ҷудо намудани замин меравад. Ҳатто мақомотҳои дахлдор мавод омода намудаанду он то ҳол бе ягон асос беҳаракат меистад.



Қиссаи замину тақсими он дар ноҳияи Ашт дароз аст. Вале мо дар ҳамин ҷо нукта мегузорем. Собиқ раиси ҷамоати шаҳраки Шайдон Бобоевро бо ҷавобгарии ҷиноятй кашидаанду тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз ҷавобгарӣ озод намудаанд. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки дар рузхои наздик масъалаи замин дар ин минтақа ба таври ҷиддй мавриди санҷиш қарор мегирад. Моҳам интизорему як нуктаро таъкид на-

муданием:

намедонем ваколати тақсими замин дар ноҳияи Ашт дар дасти кист? Ҳукумати маҳаллӣ ё прокуратура… Ба ин мактуб таваҷҷӯҳ намоед: (айнан).

«Ба прокурори ноҳияи Ашт, мушовири адлияи дараҷаи 2, мӯҳтарам Ӯлмасоз




X




. Роҳбарияти комиссариати харбии ноҳия аз




Шумо

хоҳиш

мена

мояд,

ки барои аз тарафи

ҷамоати шаҳраки Шайдон оиди масъалаи участкаи наздиҳавлигии

Юлдошеа

Фур

кат Абдуҷабборович,

соли

таваллудаш 1974,

ки барои барқарор

кардани

сохти

Конститутсионй ҶТ ҷон ни

сор

кардааст мадад намоед.





Бо эхтиром, комиссари ҳарбии ноҳияи Ашт подполковник Р.Исмоилов».




Ягон шарҳе надорем…


Реклама на asia+

ҶСК «Агроинвестбонк» низоми интиқоли маблағҳои пулии «AVERS»-ро ҷорӣ месозад

0


Душанбе. 1-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Агроинвестбонк» низоми интиқоли маблағҳои пулии «


AVERS


»-ро ҷорӣ месозад. Аз бонки мазкур ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки низоми мазкур соли 2005 аз ҷониби Бонки «Молия ва қарз» роҳандозӣ карда шудааст ва тавассути он интиқоли маблағҳо бо пули евро ва доллари Амрико сурат мегиранд.




Бино ба иттилои манбаъ, дар низоми мазкур барои хизматрасонӣ 1,3 фоиз аз ҳаҷми умумии маблағи интиқолшаванда ба суратҳисоби бонк пардохт мегардад. «Низоми мазкур ба тоҷикистониён имкон медиҳад, ки маблағҳои худро аз тамоми гӯшаву канори дунё ба ватан ё баръакс аз ватан ба дигар ҷо интиқол диҳанд», – изҳор дошт манбаъ.



«Ба воситаи ин низом маблағҳо бидуни боз намудани суратҳисоб дар бонк ба ҷои дигар интиқол дода мешаванд ва дар як они воҳид маблағ соҳиби худро пайдо хоҳад кард», – зикр кард сарчашма ва афзуд, ки айни замон дар ҶСК «Агроинвестбонк» таҷҳизоти низоми мазкур насб мегардад ва рӯзҳои наздик бонк хизматрасониро бо чунин тарз ба мизоҷон пешниҳод хоҳад намуд.


Реклама на asia+

Дар Суғд ятимон ва маъюбонро аз гирифторӣ ба бемории илтиҳоби шуш эмин нигаҳ медоранд

0


Хуҷанд. 1-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Мудири шӯъбаи маркази ҷумҳуриявии пешгирии иммунопрофилактикии вилояти Суғд Мӯъмин Бобоҷонов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки то 5-уми сентябр бояд рӯйхати тарбиятгирандагони хонаҳои ятимони вилоят, пирону барҷомондагон ва маъюбони хонаи пирон таҳия карда шаванд, то ки ба онҳо барои пешгирии гирифторӣ аз бемории илтиҳоби шуш вактсина

  

гузаронида шавад.




Бино ба иттилои манбаъ, ҳамаи ятимону тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо, пирону барҷомондагон бо ватсина таъмин карда хоҳанд шуд. «Ду моҳ пеш дар чаҳорчӯбаи барномаи кӯмаки башардӯстонаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мо ба миқдори 10 ҳазор адад вактсинаи «Пневмовакс-23» гирифтем ва он мардумро на танҳо аз бемории илтиҳоби шуш, балки аз як қатор бемориҳои дигар низ эмин нигаҳ медорад», – гуфт М.Бобоҷонов.


Реклама на asia+