ҶСК «Росселхозбанк» дар Тоҷикистон намояндагии худро ифтитоҳ карданист

0


Душанбе. 16-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Росселхозбанк» дар Тоҷикистон намояндагии худро ифтитоҳ карданист.




Оҷонсии иттилооти «ПРАЙМ-ТАСС» хабар медиҳад, ки дар шӯрои назоратии бонк чунин тасмим гирифта шудааст. Ҳаҷми умумии сандуқи қарзии ҶСК «Росселхозбанк» беш аз 360 млрд. рубл аст. Сармояи бонк 8 фоиз афзуда, 51,9 млрд. рублро ташкил медиҳад.



Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), моҳи октябри соли 2007 «Банк ВТБ» ба онҳо дар бораи кушодани намояндагӣ дар Тоҷикистон муроҷиат кардааст. Ҳамчунин бонкҳои Покистон, Чин, Қазоқистон, Олмон ва афроди ҷудогонаи Швейтсария низ ҷиҳати ифтитоҳи воҳидҳои сохторӣ дар Тоҷикистон аз бонк дархост кардаанд.



Соли 2008 БМТ барои фаъолият дар Тоҷикистон ба ҶСК «Казкоммертсбанк» ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Фононбанк» иҷозатнома додааст.


Дар арафаи ҷашни коркунони тиб дар Суғд як қатор иншооти соҳаи тандурустӣ мавриди истифода қарор мегиранд

0


Хуҷанд. 16-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд бинои маркази эндокринологии вилоят ба истифода дода мешавад. Сардори раёсати тандурустии вилояти Суғд Ҷалил Тошматов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки чорабинии мазкур ба муносибати ҷашни Рӯзи коркунони тиб ба нақша гирифта шуда, бинои нав барои табобати 40 нафар беморон пешбинӣ гардидааст.




«Хишти аввали биноро моҳи апрели соли 2008 раиси вилоят Қоҳир Расулзода гузошта буд ва имрӯз он барои қабули беморон омода аст», – гуфт ӯ.



Мавсуф зикр кард, ки барои сохтмони бино аз буҷаи вилоят беш аз 600 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.



Имрӯз бахшида ба ҷашн ҳамчунин дар шаҳри Чкаловск маркази ташхисиву муолиҷавӣ ба фаъолият шурӯъ мекунад, ки дар он 30 нафар коркунони тиб бо ҷойҳои корӣ таъмин мегарданд.


Дар Сарбанд пас аз як соли ҷустуҷӯ дузди ноболиғ дастгир карда шуд

0


Душанбе. 16-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ноҳияи Сарбанди вилояти Хатлон пас аз як соли ҷустуҷӯ дузди ноболиғ дастгир карда шуд. Аз дафтари матбуоти Раёсати умури дохилии вилоят ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хонандаи синфи 9-и мактаби таҳсилоти умумии рақами 6 Д.Х.-ро ба гумони даст доштан дар дуздӣ (моддаи 248 Кодекси ҷиноии ҶТ) датгир карданд.




Бино ба иттилои манбаъ, ҷиноят моҳи июли соли гузашта содир гардида, боздоштшуда аз хонаи ҳамсоя ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ молҳои қиматбаҳоро ғорат карда буд.



«Ӯ муддати беш аз як сол молҳои дуздидаро дар хонааш пинҳон кардааст ва зимни дастгир намудан онҳо чун далели шайъӣ мусодира карда шуданд», – афзуд сарчашма.




 

Ширкати армании «Гранд тортон» фаъолияти «Тоҷпромбонк»-ро месанҷад

0


Душанбе. 16-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Аз дафтари марказии «Тоҷпромбонк» хабар доданд, ки ширкати аудитории «Гранд тортон»-и Арманистон фаъолияти «Тоҷпромбонк»-ро мавриди санҷиш қарор медиҳад.




Бино ба иттилои манбаъ, тибқи тавофуқи ҳосилшуда бо Бонки миллии Тоҷикистон ҳамасола аудити бонкро ширкатҳои хориҷӣ ба субут мерасонанд.



«Аудити бонк ба наздикӣ оғоз гардида, тибқи нақша бояд нимаҳои моҳи дигар ба анҷом расад», – изҳор дошт манбаъ. Дар ҳамин ҳол, аз ифшои маблағи пардохти кори аудиторони хориҷӣ худдорӣ карданд.




Маълумотнома:



«Тоҷпромбонк» соли 1995 таъсис ёфта, айни замон дар қаламрави ҷумҳурӣ 16 шӯъба дорад.




Дар Суғд хизматчиёни ҳарбӣ ба ифшои сирри давлатӣ гумонбар дониста мешаванд

0


Хуҷанд. 15-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар вилояти Суғд тафтиши парвандаи ҷиноии ду нафар хизматчиёни ҳарбии нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ, ки қисми низомиро тарк намуда, барои пулкоркунӣ ба Ӯзбекистон рафта буданд, ба анҷом расид.




Судяи гарнизони ҳарбии вилояти Суғд Муслимҷон Худойбердиев ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки сарбозон Қурбон Халилов ва Зубайдулло Алиев, ки аз ноҳияҳои Ҳисору Шаҳритӯсанд, дар қисми низомии рақами 2805 ҳамагӣ 4 моҳ хизмат кардаанд. «Онҳо аз рӯи моддаҳои 375, қ.3 (Худсарона тарк намудани қисми низомӣ аз рӯи маслиҳати пешакӣ), 335, қ.2 (Ғайриқонунӣ убур кардани сарҳади давлатӣ) ва 311, қ.1-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Ифшои сирри давлатӣ) гунаҳкор дониста мешаванд», – гуфт ӯ.



Мавсуф зикр кард, ки сарбозон дар таърихи 4-уми феврал худсарона қисми низомиро тарк намуда, сарҳади Ӯзбекистонро убур сохтаанд ва дар шаҳри Пскенти Вилояти Тошканд қарор гирифтаанд. «Тайи 24 рӯз онҳо дар он ҷо бо корҳои гуногун машғул гардида, маблағи пулӣ кор кардаанд, вале аз ҷониби марзбонони ӯзбек боздошт шуда, тибқи қарордоди мавҷуда ба ҷониби Тоҷикистон дода шуданд», – афзуд судя. Мурофиаи додгоҳии парвандаи ҷиноии онҳо рӯзҳои наздик шурӯъ мегардад.


Бо ҷорӣ гардидани моратория қариб нисфи кормандони мақомоти назоративу санҷишии Кӯлоб ба рухсатии бемузд рафтанд

0


Кӯлоб. 15-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – 28 нафар кормандони Раёсати стандартикунонӣ, сертификатсия, метрология ва назорати савдои «Тоҷикгосстандарт» дар минтақаи Кӯлоб ба рухсатии бемузд фиристода шуданд.




Сардори раёсат Рустам Неъматов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки бо ҷорӣ гардидани мораторияи манъи санҷиши субъектҳои хоҷагидории соҳибкории хурду миёна онҳо маҷбур шудаанд, ба чунин кор даст зананд.



Мусоҳиб зикр кард, ки «мувофиқи иттилои расонаҳои хабарӣ, иқдоми мазкур аз ҷониби созмонҳои байнулмилалӣ ва ниҳодҳои молиявӣ хуш пазируфта шуда, имконият фароҳам месозад, ки ба иқтисоди кишвар сармояҳои бештаре ҷалб карда шаванд», аммо барои кормандони «Тоҷикгосстандарт» ин иқдом мушкилоти бекорӣ ва ҳолати номуайяниро пеш овард.



Р.Неъматов чунин изҳори ақида намуд, ки ба дурустии фармони сарвари давлат ҳеҷ шубҳае надорад, вале татбиқи он то охир мавриди таҳлил қарор нагирифтааст, зеро садҳо нафар мутахассисон дар ҷумҳурӣ бекор мемонанд.


Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҳиндустон ба муносибати солгарди ҷашни Истиқлоли миллӣ барқияи шодбошӣ фиристод

0


Душанбе. 15-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон ба Президенти


Ҷ


умҳурии Ҳиндустон Пратибха Патил барқияи шодбош


ӣ


фиристод, ки дар он омадааст:




«Ба муносибати фаро расидани солгарди


ҷ


ашни Истиқлоли


Ҷ


умҳурии Ҳиндустон табрикоти самим


ӣ


ва таҳнияти моро қабул фармоед.



Дар То


ҷ


икистон ба густариши минбаъдаи муносибатҳои д


ӯ


стона ва ҳамкориҳо бо Ҳиндустон дар соҳаҳои мухталиф бо тава


ҷҷ


ӯ


ҳи хоса менигаранд. Тавсеа ва таҳкими беш аз пеши ин муносибот ба манфиати мардумони ду кишвари д


ӯ


ст ва сулҳу субот дар минтақа хоҳад буд.






Аз ин р


ӯ


итминони комил дорам, ки раванди ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни ду кишвар такони тоза касб хоҳад кард.



Бо истифода аз ин фурсати муносиб ба Шумо, Хонуми Оли


ҷ


оҳ, сиҳатмандиву муваффақият ва ба мардуми кишвари д


ӯ


сти Ҳиндустон шукуфоиву бурдбориҳо орзумандам». Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Моҳи шарифи Рамазон аз 1-уми сентябр оғоз меёбад

0


Душанбе 15 август. ОИ «Азия-Плюс» –

  

Шӯрои уламои Тоҷикистон оғози моҳи шарифи Рамазонро 1-уми сентябр муқаррар намуд. Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» котиби раиси Шӯрои уламо Саломатшо Шокиров изҳор дошт, ки дирӯз бахшида ба масоили омодагиҳо ба моҳи Рамазон ҷаласаи шӯро доир гардидааст.




Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа имомхатибони масҷидҳои тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ва намояндагони мақомоти давлатии марбут ба масоили дин иштирок карданд.



Ҳаҷми закоти мол ба маблағи 250 сомонӣ аз 10 ҳазор сомонӣ муайян карда шуд. Ҳамчунин садақаи иди фитр 3 сомонӣ муқаррар гардид.


Дар Тоҷикистон аъзои шабакаи трансмиллии қочоқи маводи мухаддир маҳкум шуданд

0


Душанбе. 15-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Додгоҳи гарнизони ҳарбии шаҳри Душанбе 8 нафар аъзои шабакаи траснмиллии қочоқи маводи мухаддирро, ки дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба миқдори махсусан калон гунаҳкор дониста мешаванд, ба мӯҳлатҳои дарозмуддати маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард.




Чуноне ки ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз Додгоҳи Олии Тоҷикистон хабар доданд, мурофиаи додгоҳии пурсарусадо нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба интиқоли ғайриқонунии 400 кило маводи мухаддир аз Афғонистон тавассути Тоҷикистон ба Ӯзбекистон даст доранд, дирӯз ба анҷом расид.



Додгоҳи гарнизони шаҳри Душанбе роҳбари гурӯҳ полковники мустаъфӣ Анвар Шоимардоновро ба муддати 19 сол, сардори қисми низомии марзбонии 2720-и дар ноҳияи Шаҳритӯс қарордошта Файзулло Ҳакимовро ба муддати 18 сол, ронанда Абдуҷаббор Маҳмадаминов, хизматчии ҳарбӣ Амриддин Қирғизов, аъзои гурӯҳ Парвиз Тошевро ба муддати 15,5 сол ва аъзои дигари гурӯҳ Зокирҷон Тӯраев, Исматулло Ортиқов ва Иззатулло Аллаевро ба муддати 16 сол аз озодӣ маҳрум сохт. Барои ҳамаи маҳкумшудагон адои ҷазо дар зиндони низоми шадид ва мусодираи молу мулк муқаррар шуд.



Тибқи маълумоти маводи парвандаи ҷиноӣ, аъзои гурӯҳ аз афроди ношиноси афғон маводи мухаддир дастрасӣ намуда, дар шаҳри Турсунзода мехостанд онро ба шаҳрвандони Ӯзбекситон фурӯшанд. Гуфтушуниди ҷинояткорон моҳи ноябри соли 2007 сурат гирифта, онҳо моҳи январи соли 2008 дар қаламрави Тоҷикистон бо далелҳои шайъӣ дастгир карда шуданд.


Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ ва Бонки умумиҷаҳонӣ минбаъд рушди иқтисодиёти Тоҷикистонро бештар дастгирӣ хоҳанд кард

0


Душанбе. 15-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон Роҳбари Корпоратсияи байналмилалии молияв


ӣ


Ларс Тюнелл ва Директори и


ҷ


рокунандаи гур


ӯ


ҳи Бонки умуми


ҷ


аҳон


ӣ


оид ба То


ҷ


икистон Мишел Мордасиниро ба ҳузур пазируфт.




Дар мулоқот масоили ҳамкории имр


ӯ


за ва дурнамои муносибатҳои То


ҷ


икистон бо ин созмонҳои бонуфузи


ҷ


аҳон


ӣ


баррас


ӣ


шуд.



Ҷ


онибҳо дар бораи ҳамкории судманд дар беҳтарнамоии сиёсати пулию қарз


ӣ


ва фазои инвеститсион


ӣ


, сармоягузории мустақим ба иқтисодиёти То


ҷ


икистон, дастгирии соҳибкории хурду миёнаи хусус


ӣ


ва иштирок дар рушди соҳаи энергетика гуфтуг


ӯ


йи судманд ан


ҷ


ом доданд.



Зикр гардид, ки аз соли 1994 то имр


ӯ


з бо мувофиқати Корпоратсияи байналмилалии молияв


ӣ


барномаю лоиҳаҳои зиёд, аз


ҷ


умла дар афзунсозии қобилияти қарздиҳии бонкҳои саҳҳомии То


ҷ


икистон, дастгирии бевоситаи соҳибкории хурду миёнаи хусус


ӣ


,


ҷ


ор


ӣ


намудани механизмҳои лизинг ва қарзи ипотек


ӣ


, сармоягузор


ӣ


ба соҳаҳои гидроэнергетика

 

ва кишоварз


ӣ


корҳои муҳим амал


ӣ


гаштаанд. Дар 14 соли ҳамкор


ӣ


бо розигии Корпоратсияи байналмилалии молияв


ӣ


ба То


ҷ


икистон 55 миллион доллари амрико


ӣ


инвеститсия равона шудааст, ки 17 миллиони он танҳо ба соли 2007 рост омада, аз афзоиши сармоягузор


ӣ


гувоҳ


ӣ


медиҳад.



Эмомал


ӣ


Раҳмон чунин ҳа


ҷ


ми маблағгузор


ӣ


ва иштироки Корпоратсияи байналмилалии Молиявиро дар дастгирии рушди иқтисодиёти То


ҷ


икистон нокифоя номида, таъкид дошт, ки имкону захираҳо барои афзун намудани ин нишондодҳо хеле зиёданд.



Ларс Тюнелл изҳор дошт, ки Корпоратсияи байналмилалии молияв


ӣ


ва Бонки умуми


ҷ


аҳон


ӣ


минбаъд рушди иқтисодиёти То


ҷ


икистонро бештар дастгир


ӣ


намуда, дар бартараф кардани мушкилоти соҳаҳои кишоварз


ӣ


, аз


ҷ


умла ҳаллу фасли қарзҳои хо


ҷ


агиҳои пахтакор, мусоидат ба афзоиши хазинаи қарзии бонкҳои саҳҳом


ӣ


ва хусусан дар азхудкунии имконоти фаровони гидроэнергетик


ӣ


иштироки фаъол хоҳанд дошт. Ҳамин нуктаро ҳамчунин

 

Директори и


ҷ


рокунандаи гур


ӯ


ҳи Бонки умуми


ҷ


аҳон


ӣ


оид ба То


ҷ


икистон Мишел Мордасини таъкид намуд.



Ба андешаи онҳо сохтмони нер


ӯ


гоҳҳои обии нави То


ҷ


икистон, хатҳои баландшиддати минтақавии интиқоли нер


ӯ


и барқ ва бисёр дигар лоиҳаҳои ҳаётан муҳим, ки дар татбиқи онҳо Бонки умуми


ҷ


аҳон


ӣ



 

ва Корпоратсияи байналмилалии молияв


ӣ


иштироки фаъол хоҳанд дошт, ба афзоиши сармоягузории онҳо ба иқтисодиёти То


ҷ


икистон ва минтақаҳои Осиёи Марказ


ӣ


ва Осиёи


Ҷ


ануб


ӣ


боис мешавад.



Зимни гуфтуг


ӯ


йи судбахш нишондодҳои муътадили рушди и


ҷ


тимоию иқтисодии То


ҷ


икистон, беҳтаршавии фазои инвеститсион


ӣ


, бартарафгардии монеаҳои инкишофи соҳибкор


ӣ


, аз


ҷ


умла эълон шудани мораторий дар бораи манъи дусолаи сан


ҷ


ишҳо аз омилҳои умедбахши пешрафти иқтисодиёти кишвар маънидод гардид. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.