Тоҷикистон дар фестивали II-уми байнулмилалии театрҳои Осиёи Марказӣ намоишномаи «Зани сарватманд»-ро пешкаши тамошобинон мекунад

0


Душанбе. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар фестивали


II


-уми байнулмилалии театрҳои Осиёи Марказӣ намоишномаи «Зани сарватманд»-ро, ки аз рӯи песаи нависанда ва драматурги Озарбойҷон Алӣ Амирлӣ ба саҳна гузошта шудааст, пешкаши тамошобинон мекунад.




Аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки фестивал аз 2-уми то 6-уми сентябр дар шаҳри Алмаато баргузор мешавад.



«Песаро ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, саркоргардони театр Султон Усмонов ба саҳна гузоштааст ва айни замон ҳунармандон барои ширкат дар фестивал омодагӣ мегиранд», – изҳор дошт манбаъ. Қобили зикр аст, ки С.Усмонов ҳамин песаро дар саҳнаи театри драмавии русии ба номи В.Маяковский рӯи саҳна оварда буд.



Тибқи маълумоти сарчашма, дар фестивал театрҳои давлатҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ширкат хоҳанд варзид.


Сокини Исфара дар муомилоти ғайриқонунии маводи прекурсорӣ гумонбар дониста шуд

0


Хуҷанд. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Як зане аз Исфара дар муомилоти ғайриқонунии маводи прекурсорӣ гумонбар дониста мешавад.




Тавре аз дафтари матбуоти Раёсати умури дохилии вилояти Суғд ба мухбири ОИ «Азия Плюс» хабар доданд, зимни баргузории амалиёти «Морфин» дар шаҳри Исафа дар хонаи як зане 16 ампула ва 170 дона дорувории «диазепам» ва 480 дона дорувории «фенобарбетал» дарёфт шудааст, ки онҳо

 

тибқи маълумоти шӯъбаи ташхиси раёсат ба қатори маводи прекурсорӣ дохил мешаванд.



Нисбат ба ин далел тибқи моддаи 200. қ.1-и Кодекси ҷиноии ҶТ (гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, психотропӣ ва прекурсорҳо бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.


ҲСДТ стратегияи иштирок дар интихоботи қарибулвуқӯъро дар Бадахшон таҳия месозад

0


Душанбе. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Ба наздикӣ раиси Ҳизби Сосиал-Демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров ба шаҳри Хоруғ ташриф овард.




Имрӯз дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ӯ изҳор дошт, ки дар шаҳри Хоруғ 16-уми август баргузории конфронси навбатии ҳизб дар назар аст.



Иштирокдорони конфронс як қатор масъалаҳои муҳими ҳизбиро муҳокима карданианд. «Дар назар аст, ки қабл аз ҳама, масъалаи интихоби роҳбари нави шӯъбаи вилоятии ҳизб ва комиссияи тафтишотии он баррасӣ мешавад, – гуфт мавсуф. – Ҳамчунин ҲСДТ стратегияи иштирок дар интихоботи қарибулвуқӯъро дар Бадахшон таҳия месозад».



Р.Зойиров зикр кард, ки то баргузории конфронс пагоҳ, 15-уми август

 

Дафтари ҳамкории Швейтсария ва Маркази маориф ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар мавзӯи «Стратегияи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақаи дорои мушкилоти зиёд» мизи мудаввар доир месозанд, ки он ҷо ӯ чун мураббӣ фаъолият хоҳад кард.


Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ Гурҷистонро барои қатли оми мардуми осетин маҳкум кард

0


Душанбе. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (АП СПАД) Гурҷистонро барои қатли оми мардуми осетин маҳкум кард ва изҳор дошт, ки амалиёти низомии Тифлис дар Осетияи Ҷанубӣ имкони гуфтушуниди сиёсии мусолиҳатомезро миёни тарафҳои даргир аз байн бурд.

 





«Бо баҳонаи барқарории тамомияти арзии кишвар Гурҷистон ба қатли оми мардуми осетин даст зад ва ин амал ба зуҳури фоҷеаи гуманитарӣ боис гардида, эҳтимолияти ҳалли мусолиматомези қазияро ғайрримкон сохт», – гуфта мешавад дар изҳороти АП СПАД.



Аъзои шӯро бар ин назаранд, ки воридшавии артиши Русия «чораи таъҷилӣ» буда, ба хотири амнияти аҳолии осоишта ва гурӯҳи низомии посдорони сулҳ сурат гирифт.



«Ахиран рафтори мақомоти раҳбарии Гурҷистон ба мавқеи аксари кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мухолиф меомад», – зикр шудааст дар изҳорот.



Намояндагони парлумони кишварҳои узви СПАД аз мақомоти раҳбарии Гурҷистон даъват ба амал оварданд, ки аз баргузории ҳама гуна амалиёти низомӣ дар Осетияи Ҷанубӣ даст кашад.



СПАД соли 1992 таъсис ёфта, ба ҳайати он давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шомил мебошанд.



Қобили зикр аст, ки изҳороти ин созмон танҳо пас аз панҷ рӯзи даргириҳо дар Осетияи Ҷанубӣ баён гардид.


«Sinohydro» ба сохтмони нерӯгоҳи «Нуробод-2» таваҷҷӯҳ намуд

0


Душанбе. 14-уми авугст. ОИ «Азия-Плюс» –


Ба сохтмони нер


ӯ


гоҳи обию барқии «Нуробод-2»

 

дар дарёи Хингоб ширкати чиноии


«Sinohydro»


тава


ҷҷ


ӯ


ҳ намуд. Аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки лоиҳаи созишнома таҳия гардида, ба ширкати чиноӣ пешкаш шудааст.




Бино ба иттилои манбаъ, и


қтидори лоиҳавии нерӯгоҳи «Нуробод -2» 200 МВт-ро ташкил дода, он дар 23 километрии резишгоҳи рӯдхонаи Хингоб бунёд мешавад ва ҳамасола 740 млн. киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол хоҳад кард.





«Танҳо баъди имзои созишнома ширкат ба таҳияи заминаи техникиву фаннии лоиҳа шурӯъ хоҳад кард, ки пас аз он арзиши умумии лоиҳа ва тарзи сохтмони он муайян карда мешаванд», – иттилоъ дод манбаъ.



Ёдрас мекунем, ки созишномаи сохтмони нерӯгоҳи обиву барқии «Ёвон» дар рӯдхонаи Зарафшон моҳи январи соли 2007 дар шаҳри Пекин аз ҷониби раиси ширкати «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиев ва президенти ширкати хитоии


«


Sinohydro


»




Чин Фан Тсзисян


ба имзо расида буд.



Тибқи шартнома, барои бунёди иншоот Чин ба Тоҷикистон ба миқдори беш аз 200 млн. доллари амрикоӣ қарзи имтиёнок (ба мӯҳлати 25 сол бо пардохти 1 фоизи солона) ҷудо мекунад.


«


Sinohydro


» ӯҳдадор шуд,


сохтмони




иншоотро




дар




муддати


36


моҳ




ба




анҷом




расонад


.



Мувофиқи лоиҳа, ҳамчунин сохтмони хати интиқоли барқи иқтидори 220 киловолт дар масофаи


60 км

то зеристгоҳи 220 киловолтаи «Рӯдакӣ» дар шаҳри Панҷакент ба нақша гирифта шуд, ки барои минбаъд пурра таъмин сохтани ноҳияи Панҷакент бо нерӯи барқ пешбинӣ гардида буд. Мувофиқи санади асоснокии фанниву иқтисодии тарҳи нерӯгоҳ, ки ҷониби Чин таҳия сохтааст, иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳ 150 мегаватт ва истеҳсоли солонаи нерӯи барқ дар он ба 600 млн. кВт/соат баробар аст.



Аммо баъдтар Ӯзбекистон номаи ъэтирозӣ ирсол дошта, иддаъо намуд, ки «бунёди нерӯгоҳи барқӣ дар рӯдхонаи Зарафшон ба низоми обёрии заминҳои чаҳор вилояти он таъсири манфӣ хоҳад расонд».


Барои кормандони агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва пулиси марзбонии Афғонистон тренинги омӯзишӣ баргузор мешавад

0



Душанбе. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон барои кормандони агентӣ ва пулиси марзбонии Афғонистон тренинги омӯзишӣ (аз 11-ум то 20-уми август) дар мавзӯи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир баргузор мешавад.






Аз агентии номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки тренинг аз ҷониби мураббиёни Раёсати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба мубориза алайҳи маводи мухаддир (




DEA




) ва кормандони агентӣ дар доираи лоиҳаи Шӯрои НАТО-Русия оид ба омӯзиши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар самти мубориза алайҳи қоҷоқи маводи мухаддир, ки онро Намояндагии минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ амалӣ месозад, гузаронида мешавад.





«Ба намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Афғонистон тарзҳои баргузории чорабиниҳои гуногуни тактикиву ҷустуҷӯӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба зимни амалиёти муштарак

  

омӯзонида мешаванд», – изҳор дошт манбаъ.





Тибқи иттилои намояндаи агентӣ, тренинг бо мақсади баланд бардоштани сатҳи ташкилии чорабиниҳои фаврӣ оид ба ошкор сохтану ҷилавгирӣ намудани муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва таҳкими имконоти дохилии мақомоти марбута доир мегардад.



Дар бозии ниҳоии Ҷоми даъвати Осиё дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз Ҳиндустон шикаст хӯрд

0


Душанбе. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс»- «


BBC




Persian


.


com


» – Дирӯз дар бозии ниҳойӣ дар чаҳорчӯби Ҷоми даъвати Конфедератсиюни футболи Осиё тими мунтахаби футболи Тоҷикистон бо ҳисоби 1 бар 4 аз тими мунтахаби Ҳинд шикаст хӯрд. Ин рақобатро Валентин Коваленко аз Ӯзбакистон доварӣ кард.




Қисми аввали бозӣ ба ҳисоби 3 бар 1 ба нафъи тими мунтахаби Ҳинд анҷом ёфт. Тӯбҳоро Сунил Чхетри (дақиқаҳои 9 ва 23) ва Бхутиа Байчунг (дақиқаи 19) ва аз тими мунтахаби Тоҷикистон дар дақиқаи 44 Фатҳулло Фатҳуллоев заданд.



Дар дақиқаи ҳафтоду панҷуми қисмати дуввуми бозӣ Сунил Чхетри тӯби чаҳорумро вориди дарвозаи Алишер Тӯйчиев сохта ва бо задани се гол дар ин бозӣ хеттрик-hattrick кард.



Дар рақобат барои касби зинаи сеюм дар бозиҳои Ҷоми Даъвати Осиё тими мунтахаби Куреи Шимолӣ бо ҳисоби 4 бар сифр тими мунтахаби Бирмаро шикаст дод.



Тоҷикистон дар сурати пирузӣ аз ҳоло метавонист ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё-2011 роҳхат бигирад.



Пирӯзӣ бар Ҳинд дар бозии дирӯз танҳо шонси Тоҷикистон барои роҳ ёфтан ба бозиҳои навбатии Ҷоми Осиё буд, зеро тими мунтахаби ин кишвар бар асоси натоиҷи бозиҳои муқаддамотӣ дар гурӯҳи худ, аз ҳақи идомаи рақобатҳо маҳрум шудааст.

 



Ҳукумати Тоҷикистон барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғдро барои 7 соли оянда тасдиқ кард

0


Душанбе. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс» –

 

Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади таъмини вазъи устувори иқтисод


ӣ


ва муайян намудани

 

самтҳои афзалиятноки рушди и


ҷ


тимоию иқтисодии ноҳияи Мастчоҳи вилояти

 

Суғд дар ояндаи дарозм


ӯ


ҳлат барномаи рушди и


ҷ


тимоию иқтисодии ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд барои солҳои 2008-2015-ро тасдиқ кард.




Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия ва Кумитаи давлатии сармоягузор


ӣ


ва идораи амволи давлатии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Мастчоҳ вазифадор карда шуданд, ки тибқи тартиби муқарраргардида ҳу


ҷҷ


атҳои лоиҳавию сметавиро дар доираи маблағҳои пешбининамудаи Бу


ҷ


ети давлат


ӣ


, маблағҳои ғайрибу


ҷ


ет


ӣ


ва


ҷ


алби сармояҳои хори


ҷ


ӣ


ва дохил


ӣ


омода намуда,


ҷ


иҳати амалигардонидани Барномаи мазкур тадбирҳои зарур


ӣ


андешанд.



Ҳамчунин мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Мастчоҳ вазифадор карда шуданд, ки Барномаи мазкурро бо ташкилотҳои ғайридавлатии маҳалл


ӣ


ва байналмилал


ӣ


муҳокима намуда, нақшаи онҳоро бо афзалиятҳо ва ҳадафҳои Барномаи рушди и


ҷ


тимоию иқтисодии ноҳия мутобиқ созанд.

   




Ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Мастчоҳ, вазорату идораҳо супориш дода шуд, ки


ҷ


араёни и


ҷ


рои Барномаи рушди и


ҷ


тимоию иқтисодии ноҳияи Мастчоҳро барои солҳои 2008-2015 таҳти назорати қатъ


ӣ


гирифта, ҳар сол то 1 март оид ба рафти и


ҷ


рои қарори мазкур ба Ҳукумати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон ахбор пешниҳод намоянд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар Шаҳринав ва Данғара ду шӯъбаи омодасозии табибони оилавӣ боз мекунад

0


Душанбе. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати тандурустии Тоҷикистон ният дорад, дар ноҳияҳои Данғара ва Шаҳринав ду шӯъбаи таълимии омодасозии табибони оилавӣ боз кунад.




Аз Вазорати тандурустӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки шӯъбаҳо дар чаҳорчӯбаи татбиқи барномаи идоравии «Дар бораи тайёр кардани мутахассисони соҳаи тиб дар солҳои 2006-2010» ташкил карда мешаванд.



«Шӯъбаҳои мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисони соҳаи тиб дар маҳалҳо ташкил мегарданд», – изҳор дошт манбаъ. Бино ба иттилои манбаъ чунин шӯъбаҳо аллакай дар шаҳрҳои Кӯлоб, Истаравшан, Панҷакент ва ноҳияҳои водии Рашт амал мекунанд.


Дар Суғд барои ҳалли мушкилоти норасоии об ба таъмири ҳамаҷонибаи гидрантҳо шурӯъ карданд

0


Хуҷанд. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони хоҷагии оби вилояти Суғд барои ҳалли мушкилоти норасоии об ба таъмири ҳамаҷонибаи гидрантҳо шурӯъ карданд.




Муовини сардори раёсати хоҷагии оби вилоят Ҳалим Хоҷаев ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки тибқи барномаи давлатии истифодаи захираҳои об соли равон дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Конибодом ва Мастчоҳ беш аз 40 чоҳи обӣ аз таъмир бароварда шуданд ва ҳамчунин таъмири боз 75 чоҳ дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров ба нақша гирифта шудааст.



«Ҳаҷми корҳои таъмир аз ҳолати чоҳ ва воситаҳои таъмини фаъолияти он вобаста аст, – гуфт ӯ. – Таҷҳизоти фарсудаи электрикӣ ва трансформаторҳо иваз ё таъмир карда мешаванд ва ин имкон фароҳам месозад, ки мушкилоти норасоии об бартараф гардад».



Мавсуф зикр кард, ки ба ҷуз барқарорсозии фаъолияти чоҳҳо, ҳамчунин каналҳои асосии обёрикунӣ, ки заминҳои кишти вилоятро бо об таъмин месозанд, низ тоза карда мешаванд.