Аудити махсуси Бонки Милли Тоҷикистонро ширкати бритониёии «Ernst&Young LLP» баргузор мекунад

0


Душанбе. 13-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – 10 августи соли 2008 дар Бонки миллии То


ҷ


икистон озмуни интихоби ширкати аудитор


ӣ


, ки аудити махсуси Бонки миллии То


ҷ


икистонро ан


ҷ


ом медиҳад,


ҷ


амъбаст гардид.




Дар нати


ҷ


аи озмуни озод ва бинобар мувофиқати пешниҳоди қобили қабул ба шарту талаботи озмун ширкати Ernst&Young LLP (ш. Лондон, Британияи Кабир) ғолиб дониста шуд.



М


ӯ


ҳлати гузаронидани аудити махсус аз моҳи август то ноябри соли


ҷ


ор


ӣ


пешбин


ӣ


шудааст. Дар ин бора аз дафтари матбуоти бонк хабар доданд.


Иттиҳод ба афроде, ки террору қатли омро пуштибонӣ мекунанд, ниёз надорад, – назари сиёсатшиноси тоҷик

0


Душанбе. 13-август. ОИ «Азия-Плюс» – Сиёсатшиноси тоҷик, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров дар мавриди изҳороти раиси ҷумҳури Гурҷистон бобати аз ҳайати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) хориҷ гардидани ин кишвар изҳори тааасуф намуда, гуфт, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ин ҳолат бозгӯи воқеияти ҳаққонии вазъ дар тамоми ИДМ шуда наметавонад ва барои давлатҳои иттиҳод аҳамияти муҳимеро ҳам касб нахоҳад кард. Мавсуф мӯътақид аст, ки чунин қарор бидуни иродаи мардум қабул шудааст.




«Саакашвили ҳамеша барои фаъолияти самараноки иттиҳод ва ҳамкориҳои муфиди ҷонибҳо монеъа эҷод месохт, – гуфт ӯ. – Ман аз эҳтимоли аз ИДМ хориҷ гаштани Гурҷистон изҳори таассуф мекунам, вале пас аз таҷовуз ба мардуми кишвари хеш чунин қарори Саакашвилиро танҳо шодбош гуфтан мумкин асту халос». Дар ҳамин ҳол, ӯ зикр кард, ки иттиҳод ба афроде, ки террору қатли омро пуштибонӣ мекунанд, ниёз надорад.



Зимни посух ба суол дар мавриди он ки шояд Украина низ думболи Гурҷистон чунин қарор қабул намояд, С.Сафаров гуфт, ки «Украина нисбат ба Гурҷистон бо кишварҳои узви ИДМ, бахусус бо Русия робитаҳои густардае дорад, аз ин рӯ, хориҷ гаштани он аз эҳтимол дур аст».


Русия ва кишварҳои дигари узви ИДМ минбаъд низ дар рушди нерӯҳои низомии дифои ҳавоии Тоҷикистон саҳм хоҳанд гузошт, – О.Балаян

0


Душанбе. 13-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Пас аз анҷоми рӯзи якуми ҷаласаи 29-уми Кумитаи ҳамоҳангсози масоили дифоъи ҳавоии назди вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар шаҳри Душанбе зимни нишасти матбуотӣ раиси Академияи низомии дифоъи фазоии Русия Олег Балаян изҳор дошт, ки Русия ва кишварҳои дигари узви ИДМ минбаъд низ дар рушди нер


ӯ


ҳои низомии дифои ҳавоии То


ҷ


икистон саҳм хоҳанд гузошт.




Ба гуфтаи ӯ, танҳо соли равон Русия баҳри таҳкими нерӯҳои низомии дифоъи ҳавоии Тоҷикистон 4 млн. рубли русӣ қарзи бебозгашт ҷудо намудааст. Мавсуф зикр кард, ки айни замон сатҳи омодагии нерӯҳои низомии дифоъи ҳавоии Тоҷикистон аз баъзе кишварҳои дигари узви ИДМ камӣ надорад.



«Мо омодаем ба Тоҷикистон дар омода сохтани мутахассиони касбии ин соҳа дар муассисаҳои таълимии Русия ҳамаҷониба ёрӣ расонем», – гуфт ӯ.



Котиби кумита, полковники нерӯҳои низомии дифои ҳавоии Русия Роман Викторов иттилоъ дод, ки иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои фаъолияти кумита дар нимсолаи аввали соли 2008, тасдиқи нақшаи корӣ барои соли оянда ва баргузории чорабиниҳои муштарак дар семоҳаи чоруми соли ҷориро мавриди баррасӣ қарор доданд.



«Дар ҷаласаи кумита қарор шуд, ки тамринҳои навбатии низомии нерӯҳои ҳарбии дифоъи ҳавоии кишварҳои узви ИДМ тобистони соли оянда дар тамрингоҳи Ашулуки вилояти Астрахани Русия баргузор хоҳанд шуд», – гуфт Р.Викторов.



Имрӯз иштирокчиёни ҷаласа дар чорабиниҳои методиву омӯзишӣ, ки дар гӯшаи шаҳри Душанбе доир мегардад, ширкат хоҳанд варзид.



Ёдрас мекунем, ки ба ҳайати Кумитаи ҳамоҳангсози масоили дифоъи ҳавоии назди вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сарфармондеҳони нерӯҳои низомии дифои ҳавоии Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Русия, Украина ва Ӯзбекистон шомил мебошанд.


IFC бо «Тоҷиксобиротбонк» ва «Бонки аввалини молиягузории хурд» созишномаҳои пешниҳоди қарз ба имзо расонид

0


Душанбе. 13-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар нишасти матбуотӣ менеҷери Лоиҳаи рушди муҳити корӣ дар Тоҷикистон Венди Вернер изҳор дошт, ки Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (


IFC


) ҳамкориҳои худро бо бонкҳои Тоҷикистон густариш медиҳад.




Ба гуфтаи ӯ, IFC бо Ҷамъияити саҳомии кушодаи «Тоҷиксобиротбонк» ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Бонки аввалини молиягузории хурд» созишномаҳои пешниҳоди қарз ба имзо расонид.



Мавсуф зикр кард, ки корпоратсия ба «Тоҷиксобиротбонк» 10 млн. доллари амрикоӣ қарз ҷудо мекунад, ки 6 миллион барои рушди саноати кишоварзӣ ва 4 миллиони

 

он ба баргузории амалиёти лизингӣ равона карда мешаванд. Ғайр аз ин,


IFC


аз ҳисоби қарзҳои моливу тиҷоратии бонк ба соҳибкорони хурду миёна ихтисос додани қарз ба маблағи 5 млн. доллари амрикоиро кафолат медиҳад.



Корпоратсия ҳамчунин барои густариши фаъолият ба «Бонки аввалини молиягузории хурд» кӯмак менамояд. В.Вернер мегӯяд, ки чанде қабл миёни корпоратсия ва ин бонк созишномаи пешниҳоди хати қарзӣ ба имзо расидааст. Маблағи умумии қарз, ки баҳри афзоиши пешниҳоди қарзҳо ба корхонаҳои хурду миёна равона мегардад, 3 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад.



«Тиҷорати хурд дар Тоҷикистон зимни дастрасӣ ба таъмини молиявии дарозмуддат бо мушкилоти зиёд мувоҷеҳ мегардад ва пешниҳоди қарзҳои мазкур ба рушди бахши молиягузории хурд, ки омили асосии паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ аст, мусоидат хоҳад намуд», – гуфт дар анҷом В.Вернер.




Маълумотнома:

IFC (Корпоратсияи Байналхалқии Молиявӣ), ин узви гурӯхи ташкилотҳои Бонки умумиҷаҳонӣ буда, тавассути маблағгузории сохтори хусусӣ, сафарбаркунии маблағи хусусӣ дар бозорҳои молиявии байналхалқи ва маҳаллӣ, пешниҳоди маслиҳат ва хизмат ба сохтори хусусиву давлатӣ оид ба бартараф кардани хавф барои рушди иқтисодӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ мусоидат мекунад. Аз нуқтаи назари IFC аҳолӣ бояд барои аз бӯҳрони камбизоатӣ баромадан ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии хеш имконият дошта бошад. Дар соли молиявии 2007 IFC 8,2 млрд. дол. ИМА маблағгузорӣ намуд ва илова бар ин 3.9 млрд дол. ИМА-ро тавассути

 

қарзҳо сафарбар кард ва барои 299 инвеститсия дар 69 кишвари рӯ ба тараққӣ маблағгузорӣ кард. IFC инчунин дар 97 кишварҳои ҷаҳон лоиҳаҳои машваратӣ амалӣ мекунад.




Сӯхтори навбатӣ дар «Корвон»

0

 


Душанбе. 13-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Шаби гузашта дар бозори бузургтарини пойтахт «Корвон», ки дар қисмати


ҷ


анубии г


ӯ


шаи шаҳр


ҷ


ойгир шудааст, боз с


ӯ


хтор ба амал омад.




Тавре аз Вазорати умури дохилии


ҷ


умҳур


ӣ


ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, тақрибан соатҳои 1-и шаб дар макони савдои то


ҷ


ирони яклухтфур


ӯ


ши бозор с


ӯ


хтор сар задааст. «Баъди чанд дақиқа якчанд гур


ӯ


ҳҳои с


ӯ


хторнишон


ӣ


ба


ҷ


ои ҳодиса ҳозир шуда, дар муддати як соат оташро хом


ӯ


ш карданд, – изҳор дошт манбаъ. – Майдони с


ӯ


хтор 2 ҳазору 100 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Касе осеб надидааст ва айни замон гур


ӯ


ҳи фаврии тафтишотии вазорат барои муайян намудани сабабҳои сар задани с


ӯ


хтор ва маблағи зарари он корҳои мушаххас ан


ҷ


ом медиҳад».



Дар ҳамин ҳол, соҳибкорон мег


ӯ


янд, ки с


ӯ


хтор 60 нуқтаи фур


ӯ


ш ва 2


ҷ


ойгоҳи калони фур


ӯ


шгоҳро (ангар) нобуд кардааст.



Ёдрас мекунем, ки аз оғози фаъолияти бозор (соли 2002) то ин


ҷ


ониб дар ин маркази ти


ҷ


орат якчанд ҳодисаи с


ӯ


хтор рух доданд.

 



Хурӯҷи Гурчистон аз ҳайати ИДМ ба низоми дифоъи ҳавоии кишварҳои узви иттиҳод ҳеҷ таъсире нахоҳад гузошт, – назари фармондеҳони нерӯҳои ни

0


Душанбе. 13-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласаи Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба умури дифоъи ҳавоии назди Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Душанбе иштирокдорони он дар шарҳи изҳороти президенти Гурҷистон Михаил Саакшвили бобати хурӯҷи кишвараш аз ҳайъати ИДМ чунин изҳори назар карданд, ки хурӯҷи Гурчистон аз хайъати ИДМ ба низоми дифоъи ҳавоии кишварҳои узви иттиҳод ҳеҷ таъсире нахоҳад гузошт.




Раиси Академияи низомии дифоъи фазоии Русия Олег Балаян гуфт, ки Гурҷистон дар низоми дифоъи ҳавоии кишварҳои узви ИДМ нақши умдае надорад. Дар посух ба суолҳои бешуморе оид ба қазияи Осетияи Ҷанубӣ ва оқибатҳои он намояндагони кумита изҳор доштанд, ки онҳо дар шарҳи ин масъала салоҳиятдор нестанд.



Танҳо намояндаи Русия зикр кард, ки амалиёти низомӣ хотима ёфта, Русия нияти ишғоли қаламрави давлати дигарро надорад.


Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсози хоҷагии оби Осиёи Марказӣ зиёд кардани ҳаҷми ҷоришавии обро аз обанбори Қайроққум дархост кард

0


Хуҷанд. 13-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсози хоҷагии оби Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон зиёд кардани ҳаҷми ҷоришавии обро аз обанбори Қайроққум дархост кард.




Аз Раёсати хоҷагии оби вилояти Суғд ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар санади ирсолшуда бо имзои роҳбари комиссия Маҳмуд Ҳамидов гуфта мешавад, ки парваришу ба ҳосил даровардани зироатҳои кишоварзӣ ба марҳилаи ниҳоӣ мерасад ва дар сурати ба роҳ мондани кори мураттаб, бахусус истифодаи захираҳои обии обанбори Қайроққум мавсими обёриро метавон муваффақона анҷом дод. Оқои Маҳмудов изҳор дошт, ки айни замон дар обанбори Қайроққум 1 млрд. 470 млн. метри мукааб об захира карда шудааст ва аз он метавон 470 млн. метри мукаабашро истифода намуд.



Мавсуф баён дошт, ки агар ҳамарӯза аз обанбор 27 млн. метри мукааб об ҷорӣ гардад, то 1-уми сентябр дар он 1 млрд. метри мукааб об боқӣ хоҳад монд. Дар ҳамин ҳол, Вазорати кишоварзиии Ӯзбекистон таъмини ҳамарӯзаи обро ба миқдори 2 млн. метри мукааб тавассути канали шимолии Фарғона ба минтақаи истгоҳҳои обкашии Маҳрам кафолат додааст, ки он норасоии обро дар Конибодом ҷуброн мекунад. «Айни замон дар обанбор захираи об кофӣ аст ва мо метавонем ҷоришавии онро афзоиш диҳем, – зикр кард сарчашма, – Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ низ муқобил нест ва акнун зарур аст, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муроҷиат намуд, то онҳо барои афзоиш додани ҷоришавии об то


450 метр

дар як сония бо ҳукумат мувофиқа кунанд».


Гурҷистон аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хориҷ мешавад

0


Душанбе. 13-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Михаил Саакашвили, раиси ҷумҳури Гурҷистон дар гирдиҳамоии чандҳазорнафарӣ дар Тифлис, пойтахти Гурҷистон гуфтааст, кишвараш аз иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ хориҷ мешавад.






Оқои Саакашвили гуфт вай ин тасмимро ҳамроҳ бо раиси парлумони Гурҷистон иттихоз кардааст. Вай аз Украина ва кишварҳои дигари узви ин ин созмон хостааст, ки низ даст ба иқдоми мушобеҳ бизананд. Раиси ҷумҳури Гурҷистон афзудааст, ин созмонро Русия идора мекунад ва ба ҳарфи дигарон гӯш намедиҳад.



Раиси ҷумҳури Гурҷистон манотиқи ҷудоиталаби Абхазия ва Осетияи Ҷанубиро манотиқи ишғолӣ ва артиши Русияро ишғолгар тавсиф кардааст.



Дар ҳоле ки Гурҷистон эълом карда, ки бахши умдаи хоки ин кишвар дар ишғоли нерӯҳои Русия аст, Русия аз хотимаи амалиёти низомӣ дар ин кишвар хабар додааст.

 




Рузи сешанбе, 22 август, дар холе ки манобеъи артиши Гурчистон эхтимоли хамлаи артиши Русия ба Тифлис, пойтахтро матрах мекарданд, ба накл аз сухангуйи Дмитрий Медведев, раиси чумхури Русия, гузориш шуд, ки вай дастури таваккуфи амалиёти низоми дар Гурчистонро содир кардааст


Сокини Конибодом ба гаравгонгирии ду шаҳрванди Ӯзбекистон гумонбар дониста мешавад

0


Душанбе. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Сокини ноҳияи Конибодом ба ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум сохтани ду шаҳрванди Ӯзбекистон гумонбар дониста мешавад.




Аз Раёсати умури дохилии вилояти Суғд ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар таърихи 7-уми августи соли равон Ғуфрон Баротови 33-сола ба деҳаи Работи ноҳияи Конибодом меояд ва дар он ҷо ба ду нафар шаҳрванди Ӯзбекистон Хурсандалӣ Шерматови 37-сола ва Баҳодур Ботирови 30-сола дучор меояд. «Ӯ онҳоро ба дуздии телефонии мобилиаш гунаҳкор сохта, бо зӯрӣ вориди мошин мекунад ва ба хонааш, ба шаҳри Чкаловск мебарад, – изҳор дошт манбаъ. – Сипас онҳоро бо ресмон баста, дар мурғхона қулф мекунад ва аз хешовандони боздоштшудагон барои озодии онҳо 2 ҳазор доллари амрикоӣ маблағ талаб менамояд».




           

Зимни баргузории амалиёти фаврӣ ва ҷустуҷӯӣ гаравгонон озод карда шуда, Ғ.Баротов ба ҳабс гирифта шуд. Нисбат ба ин ҳодиса корҳои тафтишотӣ бурда мешаванд.


Қонунвайронкуниҳои замин прокуратураи Фархорро ба ташвиш овардааст

0


Душанбе. 13-уми август. ОИ «Азия-Плюс»-«Паём» – Прокуратураи ноҳияи Фархор дар пайи сан


ҷ


ишҳои навбатӣ чандин мавриди истифодаи ғайримақсади заминро ошкор кардааст.




Ба иттилои прокуратураи ин ноҳия нисбат ба қарорҳои раисони ҷамоатҳои деҳоти «Деҳқонариқ», «Комсомол», «Зафар», 30 қарори ҷамоати шаҳраки Фархор, 9 қарори ҷамоати деҳоти Фархор ва ҳамзамон як қарори раиси ноҳия эътироз оварда шудааст. Дар маҷмӯъ, прокурори Фархор дар робита ба 241 қарор, ки дар натиҷа замин нодуруст истифода шудааст, эътирози худро баён кардааст.



Дар прокуратураи ноҳия ҳамчунин гуфтанд, ки нисбат ба нодуруст истифода

 

шудани роҳҳо ва дар сари ҷодаҳо сохтани биноҳои гуногун низ эътироз оварда шудааст.