Дар Кӯлоб муштариёни «Тоҷиксодиртбонк» аз ҳисоби деҳқонон батадриҷ меафзояд

0


Кӯлоб. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар 7 моҳи соли ҷорӣ шӯъбаи дар Кӯлоб будаи «Тоҷиксодиротбонк» дар ҳамаи самтҳо ба маблағи 8 млн. 751 ҳазор сомонӣ қарз ҷудо кард.




Сардори шӯъбаи бонк Абдукарим Неъматов ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 3 млн. сомонӣ зиёдтар аст. Ба гуфтаи ӯ, дар Кӯлоб муштариёни «Тоҷиксодиртбонк» аз ҳисоби деҳқонон батадриҷ меафзояд.




           

Мавсуф мегӯяд, ки агар ба бахши соҳибкории хурду миёна ба маблағи умумии 4 млн. 460 ҳазору 111 сомонӣ қарз ҷудо шуда бошад, қарзи хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ ба 3 млн. 263 ҳазору 290 сомонӣ баробар шуд ва ин дар ҳолест, ки соли 2007 онҳо ҳамагӣ 10 фоиз аз ҳаҷми қарзи умумии пешибинишударо гирифта буданд.




           

А.Неъматов таъкид сохт чунин сатҳи афзоиш ба ҷорисозии механизми нави сармоягузории соҳаи пахтакорӣ марбут аст. «Ба 22 хоҷагии деҳқонии ноҳияҳои Восеъ, Кӯлоб ва Ҳамадонӣ барои парвариши пахта дар майдони 1 ҳазору


501 гектар

аз 3 млн. 916,5 ҳазор сомонии қарзи пешбинишуда дар соли 2008 аллакай 2 млн. 569 ҳазору 952 сомонӣ маблағҳо ихтисос дода шуданд», – баён дошт вай ва афзуд, ки дар додани қарз асосан аз маблағи пасандозҳои аҳолӣ истифода кардаанд.




           

Сардори шӯъбаи бонк ҳамчунин зикр кард, ки ҷиҳати рушди соҳаи саноат, нақлиёт, сохтмон ва алоқа бонк ба маблағи умумии 1 млн. 27 ҳазору 970 сомонӣ қарзҳои хурд ҷудо кардааст.


Дар интихоботи миёндаврӣ дар Қӯрғонтеппа номзади ҲХДТ пирӯз шуд

0


Душанбе. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар интихоботи миёндаврӣ ба палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии рақами 26–и Қӯрғонтеппа, ки дар таърихи 10-уми августи соли равон доир гашт, номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) пирӯз шуд.




Аз Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар он 6,4 ҳазор ё худ 96 фоизи интихобкунандагон дар овоздиҳӣ иштирок карданд.



«Дар интихобот ду нафар номзад барои курсии вакилӣ бо ҳам рақобат карданд, – изҳор дошт манбаъ. – Номзади ҲХДТ, раиси Раёсати адлияи вилояти Хатлон Саодат Амиршоева ба дастёбии беш аз 95 фоизи райъи интихобкунандагон ноил гардид».




           

Ба иттилои сарчашма, номзади Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон, соҳибкор Раъно Назирова 4,7 фоизи овози интихобкунандагонро соҳиб шудааст.


Дар Суғд ба баргузории маъракаи барӯйхатгирии аҳолии соли 2010 омодагӣ мегиранд

0


Хуҷанд. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Директори корхонаи хоҷагию манзилии вилояти Суғд Носир Акмалов ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки хадамоти коммуналии вилояти Хуҷанд ба баргузории маъракаи барӯйхатгирии соли 2010 омодагӣ мегиранд ва бо ин мақсад лавҳаҳои рақам ва номи кӯчаву хиёбон ва хонаҳоро иваз мекунанд.




«То 1-уми июл мо дар 1 ҳазору 527 кӯчаҳои шаҳру навоҳии вилоят лавҳаҳои нав гузошта, 55 ҳазору 253 хонаҳои истиқоматиро рақамгузорӣ намудем, – гуфт ӯ. – Дар шаҳри Хуҷанд дар 24 кӯчаҳо лавҳаҳои нави оҳанӣ гузошта шуданд». Ӯ афзуд, ки аз ҳама бештар (439 кӯча ва 13 ҳазору 249 хонаҳои истиқоматӣ)

 

дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров номи кӯчаву рақами хонаҳо нав карда шуданд. Корҳо аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва қисман корхона ба иҷро расиданд.



Мавсуф зикр кард, ки аксари лавҳаҳо ҳангоми ба қаламрави вилоят ворид гаштани гурӯҳи М.Худойбердиев канда шуда буданд, то барои онҳо дар ошкор сохтани нишониву макон мушкил эҷод созанд, вале акнун ин лавҳаҳо ба масъулони баргузории барӯйхатгирии аҳолӣ роҳнамои хубе хоҳанд шуд.


Расул Боқиев дар Олимпиада-2008 соҳиби медали биринҷӣ гардид

0


Душанбе. 12-август – Расул Боқиев дар Олимпиада-2008 дар вазни то


73 килограмм

оид ба дзюдо соҳиби медали биринҷӣ гардид.


Вай 11-уми август дар сабқати гуштии дзюдо дар вазни то

73 кг

нахуст бар гуштигири Конго Эрик Кибанза дастболо шуд. Сипас бар варзишгари Укроин Геннадий Билодид ва намояндаи Чин Си Риҷигава ғолиб омад.





 


          

Вале барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон Расул Боқиев дар рақобати ниманиҳоӣ аз қаҳрамони феълии ҷаҳон Ки Чун Ванг, аз Куриёи Ҷанубӣ, мағлуб гардид. Паҳлавони тоҷик барои ҷои севум рақибаш қаҳрамони Аврупо Ван Тичелт Диркро шикаст дод.




 


          

Дар даври ниҳоӣ Элнур Маммадлии озарӣ бар Ки Чун Ванг, аз Куриёи Ҷанубӣ, дастболо шуда, соҳиби медали тилло шуд. Ки Чун Ванг бо медали нуқра сарфароз гашт.




 


          

Расул Боқиев ва Леандро Гуилҳейрои бразилӣ ҷойҳои севумро касб карда, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.



Бояд тазаккур дод, ки ин аввалин медали олимпичиёни тоҷик дар тӯли 16 соли ахири ширкати варзишгарони кишвар дар Бозиҳои олимпӣ ба шумор меравад.


Сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон $1000 ҷарима шуд

0


            Душанбе. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Кумитаи интизомии Конфедератсияи футболи Осиё сармурабии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Пулод Кодировро ба маблағи 1000 доллари амрикоӣ ҷарима баст.




Пулод Кодиров ба он хотир ҷарима баста шудааст, ки пас аз бозии мунтахабаш бо дастаи Ҳиндустон ба нишасти матбуотӣ ҳозир нагашт.



Сомонаи




расмии




конфедератсия




иттилоъ




медиҳад


,


ки




бо




ин




рафтор




П


.


Қодиров




моддаи


38 (b)-


и




Муқаррароти




тартиби




баргузории




Ҷоми




даъвати




Осиёро




нодида




гирифтааст




ва




тибқи




моддаи


16-


и




Кодекси




интизомии




Конфедеоатсияи




футболи




Осиё



ҷ



азо




гирифтааст


.


Чун




маблағи




ҷарима




аз


5


ҳазор




доллари




марикоӣ




беш




нест


,


Тоҷикистон




наметавонад




даъвое




пеш




оварад


.


Ба Тоҷикистон ба маблағи 231 ҳазор доллари амрикоӣ тракторҳо ва техникаи соҳаи кишоварзӣ ворид гардид

0


Душанбе. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Мадад»-и назди Вазорати кишоварзии Тоҷикистон Хайрулло Худойбердиев ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки корхона ба Тоҷикистон ба маблағи 231 ҳазор доллари амрикоӣ тракторҳо ва техникаи соҳаи кишвоарзӣ ворид кардааст.




«Айни замон дар анборҳои корхона ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ қисмҳои эҳтиётии техника ва таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ мавҷуданд», – гуфт Х.Худойбердиев ва афзуд, ки ояндаи наздик боз ба маблағи 350 ҳазор сомонӣ комбайнҳо ва қисмҳои эҳтиётӣ дастрас карда мешаванд.



Раиси корхона ҳамчунин зикр кард, ки соли равон муомилоти мол ба маблағи 1 млн. 400 сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, вале дар 7 моҳи соли равон он аллакай ба 1 млн. 800 сомонӣ расид.



Ёдрас мекунем, ки КВД «Мадад» хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермериро ба техникаи соҳаи кишоварзӣ ва қисмҳои эҳтиётии он таъмин менамояд. Корхона соли 1961 чун «Тоҷикселхозтехника» таъсис дода шуда, минбаъд ба «Госкомселхозтехника» (соли 1978), Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷикагроснаб» (соли 1985), Комплекси агросаноатии «Агропромтехснаб» (соли 1991) ва соли 1992 ба консерни «Мадад» тағйири ном кард. Аз соли 2004 дар заминаи ин консерн бо қарори ҳукумати Тоҷикистон КВД «Мадад» таъсис ёфт.


Дар ВМКБ бар асари боришоти кам ҳудуди 800 гектар чарогоҳ ва замини кишт беоб монданд

0


Хоруғ. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) бар асари норасоии об


800 гектар

чарогоҳ ва замини кишт қисман зарар диданд.




Муовини сардори раёсати кишоварзии вилоят Имомдод Фарҳодов ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар ноҳияҳои Шуғнон (

600 гектар

) ва Ишкошим (190гектар) майдони

790 гектар

чарогоҳ ва заминҳои кишт бар асари норасоии об зарар дидаанд, ки аз он 514 гектараш чарогоҳи мавсимӣ,

18 гектар

боғҳо,

27 гектар

кишти картошка ва

17 гектар

заминҳои кишти сабзавот мебошанд.



Ба иттилои сарчашма, соли равон дар давраи зимистону баҳор бориш хеле кам буда, он ба норасоии об боис гаштааст.


Имрӯз Ҳизби Демократи Тоҷикистон 18-сола шуд

0






Душанбе. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз Ҳизби Демократи Тоҷикистон 18-умин солгарди таъсисёбиашро ҷашн мегирад.



Ба ин муносибат дар дафтари кории марказии ҳизб дар шаҳри Душанбе фаъолони ҳизб аз вилояти Хатлон, минтақаи Рашт ва шаҳри Хоруғ ҷамъ омаданд. Ҳамчунин котиби аввали сафорати Русия дар Тоҷикистон Александр Куликов ва намояндагони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Душанбе низ ба ин ҷо ташриф оварда, демократҳоро табрик карданд. Демократҳои вилояти Суғд ин санаро дар шаҳри Хуҷанд ҷашн гирифтанд.



Ёдрас мекунем, ки Анҷумани ташкилии Ҳизби Демократи Тоҷикистон 10-уми августи соли 1990 баргузор гардид. Раиси нахустини ҳизб Шодмон Юсуф интихоб гардид, ки феълан дар Австрия зиндагӣ мекунад.


Дар арафаи ҳамоиши СҲШ роҳбарони сохторҳои бахши энергетикаи Тоҷикистону Афғонистону Эрон дар Душанбе мулоқот хоҳанд кард

0


Душанбе. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Роҳбарони сохторҳои бахши энергетикаи кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон ният доранд, рӯзҳои наздик дар шаҳри Душанбе мулоқот кунанд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи Тоҷик» изҳор доштанд, айни замон ҷонибҳо мӯҳлати доир намудани вохӯриро муайян месозанд ва интизор меравад, ки он дар арафаи ҳамоиши Созмони Ҳамкории Шанхай Дар шаҳри Душанбе баргузор гардад.



Бино ба иттилои манбаъ, роҳбарони сохторҳои энергетикаи кишварҳо масоили Созишномаи аз ҷониби Афғонистон харидории нерӯи барқи Тоҷикистон ва хати интиқоли барқи 220 кВ «Сангтӯда-1-Пули Хумрӣ»-ро, ки тавассути он нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол дода мешавад, мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.



Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаи созишномаи байниҳукуматӣ оид ба таҳияи лоиҳаи хати интиқоли барқи Осиёи Марказӣ-Осиёи Ҷанубӣ-1000 ва рушди минбаъдаи бозори энергетикии ин минтақаро, ки дар Исломобод ба имзо расид, низ муҳокима хоҳанд кард. Дар амалисозии лоиҳа давлатҳои Покистон, Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок мекунанд.




ВАО ва марказҳои матбуотии мақомоти давлатии Тоҷикистон ёддошти тафоҳум имзо карданд

0



         


Душанбе. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 9-уми август дар Душанбе як тафоҳумномаи ҳамкорӣ миёни кормандони хадамоти иттилоотии сохторҳои давлатӣ ва расонаҳои хабарии кишвар ба имзо расид. Санади мазкур дар ҷараёни мизи мудаввари «Ҳамкории ВАО ва марказҳои матбуотӣ: дастовардҳо ва дурнамо» мавриди баррасӣ ва пазириши иштирокдорон қарор гирифт. Созмондиҳандаи нишаст Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри


XXI


» буда, дар таҳия ва қабули Ёддошти тафоҳум намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, кормандони марказҳои матбуотии мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатӣ, додгоҳи олӣ ва ВАО, инчунин коршиносони созмонҳои журналистӣ ширкат варзиданд.





 


Дар зер матни пурраи ин санадро ба таваҷҷӯҳи хонандагони ОИ «Азия-Плюс» пешниҳод мекунем:




 



ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ






 




9 августи соли 2008





ш. Душанбе








 



Мо, иштирокдорони мизи мудаввари «Ҳамкории ВАО ва марказҳои матбуот


ӣ


: дастовардҳо ва дурнамо», ба хотири амал


ӣ


кардани ҳуқуқи шаҳрвандон ба иттилоот, ки дар моддаи 19 Эъломияи ҳуқуқи башар, моддаи 30 Конститутсияи (Сарқонуни)


Ҷ


Т ва дигар меъёрҳои қонунгузории


Ҷ


Т кафолат дода шудааст, баъд аз баррасии вазъи имр


ӯ


заи дастрас


ӣ


ба иттилоот дар кишвар, барои беҳтар гардонидани фаъолияти муштараки р


ӯ


зноманигорон ва кормандони марказҳои матбуот


ӣ


, дар масоили зерин ба тавофуқ расидем:







 


1.


Ба ма


қ


омоти


қ


онунгузории


Ҷ


ум


ҳ


урии То


ҷ


икистон тавсия мешавад, ки замина


ҳ


ои


ҳ


у


қ


у


қ


ии дастрас


ӣ


ба иттилоотро бо назардошти


ҷ


анба


ҳ


ои зерин такмил ди


ҳ


анд:



а) иттилоот аз


ҷ


ониби ма


қ


омоти


ҳ


окимияти давлат


ӣ


ба ВАО бояд дар м


ӯ


ҳ


лати то 3 р


ӯ


з пешни


ҳ


од карда шавад;



б) иттилооти фавр


ӣ


бояд дар р


ӯ


зи аввали ба ву


қ


ӯ


ъ омадани р


ӯ


йдод, бидуни таъхир пешни


ҳ


од карда шавад;



в) пешни


ҳ


оди иттилоот ба ВАО бояд ройгон бошад.




 


2. Аз


Ҳ


укумати


Ҷ


Т хо


ҳ


иш карда мешавад, ки оид ба таъсис, та


ҳ


ким ва рушди марказ


ҳ


ои матбуот


ӣ


дар ма


қ


омоти


ҳ


окимияти давлат


ӣ


и


қ


дом кунад.




 


3.


Марказҳои матбуот


ӣ


ва ВАО барои инъикоси дақиқ ва саривақтии мавз


ӯ


ъҳои дорои аҳамияти


ҷ


амъият


ӣ


бояд ҳамкории самарабахш дошта бошанд.




 


4.


Зимни


фаъолияти муштараки


тарафайн риояи меъёр


ҳ


ои милл


ӣ


ва байналмилалии дастрас


ӣ


ба иттилоот зарур аст.




 


5. Фаъолияти марказ


ҳ


ои матбуот


ӣ


бояд дар асоси низомномае, ки аз


ҷ


ониби ма


қ


омот ба тасвиб расидааст, ба ро


ҳ


монда шавад.




 


6. Ба марказ


ҳ


ои матбуотии ма


қ


омоти


ҳ


окимияти давлат


ӣ


барои и


ҷ


рои самараноки вазифа


ҳ


ояшон бояд


ҳ


у


қ


у


қ


у ваколат


ҳ


ои коф


ӣ


дода шавад.




 


7. Ба роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлат


ӣ


ва ВАО тавсия мешавад, ки дар интихоб ва


ҷ


оба


ҷ


огузории мутахассисони варзидаю босалоҳияти марказҳои матбуот


ӣ


ва ВАО мусоидат кунанд.




 


8. Масъулони марказ


ҳ


ои матбуот


ӣ


бояд имкони иртибот ва дидору гуфтуг


ӯ


и муста


қ


им бо мансабдорони зина


ҳ


ои аввали ма


қ


омоти худро дошта бошанд.




 


9. Пешниҳоди иттилоот аз


ҷ


ониби шохаҳои ҳокимияти давлат


ӣ


ба ВАО-и давлат


ӣ


ва мустақили хабар


ӣ


бояд яксон ва баробар бошад.




 


10. Ҳамкории


марказ


ҳ


ои матбуотии ма


қ


омоти


ҳ


окимияти давлат


ӣ


ва р


ӯ


зноманигорон бояд бо риояи меъёр


ҳ


ои ахло


қ


ӣ


, дар асоси


бовару эҳтироми тарафайн ва


ҳ


ам


дигарфаҳм


ӣ


сурат пазирад.




 


11. Зимни пахши маводи иттилоот


ӣ


дар ВАО ба та


ҳ


рифи далелу ар


қ


ом ва маълумоти пешни


ҳ


одкардаи марказ


ҳ


ои матбуот


ӣ


ро


ҳ


дода нашавад.




 


12. Барои пешгирии паҳншавии иттилооти ғайривоқе


ӣ


ва носаҳеҳ,


марказ


ҳ


ои матбуотиро лозим аст, ки ба


ҳ


ама гуна иттилооти та


ҳ


рифшудаю беасос вокуниши фавр


ӣ


нишон ди


ҳ


анд.






 


13. Ма


қ


омоти шоха


ҳ


ои


ҳ


окимияти давлат


ӣ


бояд дорои сомона


ҳ


ои интернет


ӣ


бошанд ва дар он


ҳ


о иттилооти вобаста ба фаъолияти худро мунтазам ва сарива


қ


т


ҷ


ой ди


ҳ


анд.




 


14. Марказҳои матбуот


ӣ


ва ВАО


ҷ


иҳати мубодилаи фаврии иттилоот бояд бо та


ҷ


ҳизоти ҳозиразамон (компутар, Интернет, факс, телефони ҳамроҳ, дастгоҳҳои акс-, садо- ва наворбардор


ӣ


ва ғайра) таъмин карда шаванд.






 


15. Баҳри баланд бардоштани донишу малака ва маҳорати касбии кормандони марказҳои матбуотии мақомоти давлат


ӣ


ва р


ӯ


зноманигорон, гузаронидани барномаҳои ом


ӯ


зиш


ӣ


ва чорабиниҳои маърифат


ӣ


зарур аст.




 


16.


Ҷ


иҳати ба роҳ мондани иртиботи мустақим, ҳусни тафоҳум ва ҳамкории судманди кормандони марказҳои матбуот


ӣ


ва ВАО, ташкили вох


ӯ


риҳои расм


ӣ


ва ғайрирасмии тарафайн, баргузории чорабиниҳои муштараки фарҳангию фароғат


ӣ


ва варзиш


ӣ


бамаврид аст.




 


Дар таҳия ва қабули ин ёддошти тафоҳум иштирокдорони 2 мизи мудаввари «Ҳамкории ВАО ва марказҳои матбуот


ӣ


: дастовардҳо ва дурнамо» аз таърихи 26 июн ва 9 августи соли 2008 иштирок доштанд.