Дастаҳои занонаи табибони Тоҷикистон дар мусобиқоти теннис қувваозмоӣ мекунанд

0


Душанбе. 9-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар арафаи ҷашни Рӯзи коркунони тиб байни 16 дастаи занонаи теннис мусобиқоти варзишӣ такшкил карда шуд.




Аз дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки дар давраи аввали мусобиқот дастаи занонаи табибони вилояти Суғд, маркази солими пойтахти рақами 1 ва маркази ҷумҳуриявии ҷарроҳии бемориҳои дил бо ҳам қувваозмоӣ хоҳанд кард.



Ба иттилои манбаъ, дар мусобиқот ҳамчунин дастаҳои занонаи Маркази муолиҷаи бемориҳои пӯст, беморхонаи кӯдаконаи рақами 2, Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил, Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои саратон, беморхонаи ёрии таъҷилӣ ва Маркази тибби миллӣ низ иштирок хоҳанд кард. Ба ғолибон ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешаванд.


Сарони ҷаҳон бо ҳарос аз эҳтимоли ҷанги густарда миёни Русия ва Гурҷистон даъват карданд, хушунат дар Осетияи Ҷанубӣ билофосила қатъ гарда

0


 


Сарони ҷаҳон бо ҳарос аз эҳтимоли ҷанги густарда миёни Русия ва Гурҷистон даъват карданд, хушунат дар Осетияи Ҷанубӣ билофосила қатъ гардад.




Изҳороти онҳо дар ҳоле садо медиҳад, ки Гурҷистон ба сарони ҷаҳон муроҷиат кардааст, то Маскавро аз “таҷовузи мустақими ҳарбӣ” ба қаламрави ҷудоихоҳи Гурҷистон, боздоранд.



Вазири умури хориҷии Гурҷистон Екатерине Ткешелашвилӣ мегӯяд, Тифлис ба сарони ҷаҳон муроҷиат мекунад, то ба Маскав барои қатъи, ба гуфтаи ӯ, таҷовузи мустақими ҳарбӣ” ба қаламрави Гурҷистон, аз ҷумла бомбаборони майдони парвоз дар наздикии Тифлис хотима гузорад.



Сухангӯи Кохи Сафед, Гордон Ҷондро, ки ҳамроҳи президент Ҷорҷ Даблю Буш дар Пекин мебошад, гуфт, Иёлоти Муттаҳида аз ҳамаи тарафҳо қатъи хушунат ва гуфтушунидҳои мустақими ҳалли сулҳомези масъаларо тақозо кардааст.



Дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ, Яап де Ҳуп Схеффер ба ҳарду тараф муроҷиат кард, фавран аз даргириҳои мусаллаҳона даст кашанд ва ба гуфтушуниди рӯбарӯ гузаранд.



Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Бан Ки-мун низ ба ин даъватҳо ҳамсадо шуд ва аз тарафҳо хост аз ҳама гуна амъоли таҳрикдиҳанда худдорӣ кунанд. Чунин даъватҳо аз Фаронса, Олмон, Туркия низ садо доданд.



Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх даъват кард, ки дар Осетияи ҷанубӣ як долони башарӣ боз шавад то ба мошинҳои тиббӣ имкон диҳад, захмиёнро ба ҷои амн бикӯчонанд. Гурҷистон се соат мӯҳлат дод, то аҳолии осоишта аз маҳали даргириҳо ихроҷ шавад.



Арманистон, Молдова ва Озарбойҷон дар баёнияҳои расмие аз ташаннуҷи авзоъ дар Осетияи ҷанубӣ изҳори таассуф карданд ва аз тарафҳо хостанд, мушкилоти мавҷударо бо василаи музокирот ва тафоҳум ҳал кунанд.



Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Озарбойҷон Хазар Иброҳимов гуфт, кишвараш аз тамомияти арзии Гурҷистон пуштибонӣ мекунад, аммо барқарории ин тамомият бояд бо риояи меъёр ва усули байнулмилалӣ ба даст ояд.



Ноиби раиси порлумони Молдова Юрий Роска авзоъ дар Гурҷистонро иғвое номид, ки бояд аз узвияти комили Гурҷистон дапр НАТО пешгирӣ кунад.



Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Арманистон, Тигрон Бадалиён гуфт, кишвараш аз авзоъ дар Осетияи ҷанубӣ шадидан нигарон аст, аммо умед дорад, тарафҳо ҳарчи зудтар рӯ ба ҳалли осоиштаи низоъ оваранд.



Сарвазири Русия Владимир Путин ва президент Дмитрий Медведев, ҳарду таҳдид карданд, ки бар ҳамлаи нерӯҳои гурҷӣ посух хоҳанд дод, зеро дар ин минтақа хуни шаҳрвандони Русия мерезад.



Раисиҷумҳури Гурҷистон, Михаил Саакашвилӣ дар ҳамин ҳол ба сафарбарии сартосарии нерӯҳои ҳарбӣ дар кишвараш даъват кардааст.

 




Раҳбари минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи ҷанубӣ, Эдуард Кокойтӣ мегӯяд, дар ҷангҳои Схинволӣ “садҳо” нафар аз аҳолии осоишта кушта шудаанд.



Дар ин байн фармондеҳи баландпояи Русия мегӯяд, дар ҷараёни ҷангҳо дар Схинволӣ, пойтахти Осетияи ҷанубӣ, минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон, зиёда аз 10 сарбози рус аз нерӯҳои посдори сулҳ кушта шудаанд. Ноиби фармондеҳи нерӯҳои пиёданизоми Русия, Игор Конашенков, гуфт, посдорони сулҳ, дар натиҷаи зарбаи тӯпхонаи нерӯҳои гурҷӣ кушта шудаанд.



Вай афзуд, 30 сарбози дигар захмӣ гаштаанд. Дар Осетияи ҷанубӣ Русия наздик ба дуним ҳазор сарбоз дорад, ки онҳоро посдорони сул мешуморад. Ин изҳороти фармондеҳи рус ғайри қобили санҷиш ва тасдиқ аст.



Президенти Русия, Дмитрий Медведев хостори баргузории ҷаласаи фавқулодаи Шӯрои амнияти ин кишвар шуд, то даргириҳои шаби гузашта миёни Гурҷистон ва минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубиро баррасӣ кунад. Русия аз талошҳои Осетияи Ҷанубӣ ба мухторияти васеътар пуштибонӣ мекунад, вале ба хабарҳои охирин нерӯҳои Гурҷистон субҳи имрӯз ба ҳумаи Схинволӣ, пойтахти Осетияи Ҷанубӣ расидаанд.



Ҷаласаи фавқулодаи Шӯрои амнияти Русия дар ҳоле ифтитоҳ меёбад, ки Вазорати умури дохилии Гурҷистон мегӯяд, ҳавопаймоҳои Русия бо нақзи ҳарими ҳавоии Гурҷистон дар Осетияи Ҷанубӣ чанд бомба партофтаанд.


Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон: Муносиботи ҳамкории Тоҷикистону Эрон ҳамеша дар ҳоли густариш қарор доранд

0


Душанбе. 9-уми вагуст. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи ихтисосии музофоти Мозандарони Эрон дар пойтахт муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдуғаффор Раҳмонов изҳор дошт, ки муносиботи ҳамкории Тоҷикистону Эрон ҳамеша дар ҳоли густариш қарор доранд.




Дар мусоҳиба бо мухбири ОИ «Азия-Плюс» раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид зикр кард, ки ба ҷуз иштирокчиёни намоишгоҳ ин ҷо сармоягузорони тавонои

 

музофоти мазкур низ ҳузур доранд ва омодаанд, ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштарак маблағгузорӣ намоянд. «Бо дарназардошти тавсияҳои ҳукумат дар бораи рушди соҳаи паррандапарварӣ мо ширкатҳои бузурги истеҳсоли маҳсулоти паррандапарварии Мозандаронро ба намоишгоҳ даъват намудем, то имкони таъсиси корхонаҳои муштарак дар ин соҳа фароҳам оварда шавад», – гуфт ӯ.



Ёдрас мекунем, ки и


мрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе намоишгоҳи ихтисосии музофоти Мозандарони Эрон ифтитоҳ гардид. Ин нахустин намоишгоҳи истеҳсолкунандагони молу маҳсулоти музофоти Мозандарони Эрон дар Тоҷикистон аст, ки майдони намоишгоҳ беш аз 700 метри мураббаъро ишғол мекунад. Дар намоишгоҳ ба тамошобинон маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолу коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, гӯшт, чой, рустаниҳои доруворӣ, таҷҳизоти бандубаст, масолеҳи сохтмон, маҳсулоти аз пластмасса сохташуда ва намунаҳои таҷҳизоту лавозимоти дафтари корӣ ва ороиши меъмории биноҳо пешкаш мегарданд. Намоишгоҳ то 14-уми август идома хоҳад ёфт.



Дар маросими ифтитоҳи расмии намоишгоҳ муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдуғаффор Раҳмонов, муовини устондори (губернатор) Мозандарон ва сарпарасти намоишгоҳ Аҳмади Ҷамшедӣ, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид ва дигарон ширкат варзиданд.



Музофоти Мозандарон асосан бо истеҳсоли шоливу гандум ва меваҳои ситрусӣ (апелсин) маъруф гашта, дар он ҷо минтақаи озоди иқтисодӣ амал мекунад. Ҳамасола аз музофоти Мозандарон сайёҳони зиёди боздид мекунанд. Мозандарон бо Русия, Арманистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва кишварҳои дигар робитаҳои ҳамкориро ба роҳ мондааст.


Соҳибкорони Эрон дар Тоҷикистон марказҳои фурӯши гӯшт ва тухми мурғ ташкил мекунанд

0



           

Душанбе. 9-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Иттиҳодияи ширкатҳои кооперативии кишоварзии тавлид ва тавзеи мурғ ва тухми мурғи Мозандарон ният доранд, дар Тоҷикистон нуқтаҳои фурӯши гӯшт ва тухми мурғ ташкил кунанд.





           

Роҳбари иттиҳодияи номбурда Носир Умрони Муҳаммадӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки шароити иқлимӣ ва қонунгузориҳои мавҷудаи Тоҷикистон имкон фароҳам месозанд, ки ин ҷо фаъолиятро ба роҳ монда, ҳамчунин корхонаҳои муштарак таъсис дода шавад.




           

«Мо ният дорем, ки дар Тоҷикистон марказҳои фурӯши гӯшт ва тухми мурғ ташкил намоем ва масъалаи ҷудо кардани қитъаи замин барои бунёди марказҳо айни замон дар ҳоли баррасӣ аст», – гуфт Н.У.Муҳаммадӣ. Ба қавли ӯ, гӯшту тухми мурғе, ки имрӯз дар бозорҳои Тоҷикистон фурӯхта мешавад, гувоҳномаи байнулмилалиро доро нест.




           

«Мо ният дорем, ки ба тоҷикистониён маҳсулоти босифати ҷавобгӯи талаботи меъёрҳои байнулмилалӣ пешниҳод созем, – гуфт роҳбари иттиҳодия. Мавсуф зикр намуд, ки марказҳо дар шаҳрҳои бузурги ҷумҳурӣ кушода мешаванд.



Иттиҳодия яке аз бузургтарин тавлидкунандаи маҳсулоти гӯшт ва тухми мурғи Эрон буда, нишони сифати Аврупоро дорост. Иттиҳодия ҳамасола ба миқдори 25 ҳазор тонна 112 навъи маҳсулоти гӯшту тухми мурғ истеҳсол менамояд.


Агар ба Русия муяссар шавад, ки ҷангро дар Осетияи Ҷанубӣ пешгирӣ кунад, нуфузаш дар қаламрави ИДМ бештар хоҳад шуд, – назари коршиноси сиёс

0


Душанбе. 9-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Коршиноси сиёсӣ Рашид Ғанӣ Абдулло дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки қазияи имрӯзаи Осетияи Ҷанубӣ хеле гуногунҷабҳа аст. «Ҳама гуна амалиёти низомӣ бо истифода аз силоҳи вазнин аҳолиро ба бӯҳрони гуманитарӣ мувоҷеҳ месозад, – гуфт ӯ. – Имрӯз дар Осетияи Шимолӣ фавту азоби аҳолӣ, хароб гаштани тарзи зиндагии рӯзмарра ва зуҳури гурезаҳо ҷой доранд».




Ба ақидаи сиёсатшинос, ин ҷо омили сиёсӣ низ мавҷуд аст – амали раҳбарияти Осетияи Ҷанубӣ аз амали раҳбарияти Косово ҳеҷ фарқе надорад, зеро ҳам ину ҳам он мустақилиятро мехоҳанд.



Мавсуф зикр кард, ки Осетияи Ҷанубӣ мисли Ҷумҳурии Ичкерияи замони Дудаеву Яндарбиев ва Масхадов ҷумҳурии эътирофнашуда аст. «Ҷомеаи байнулмилалӣ онро чун ҷузъи ҷудонашавандаи Гурҷистон мешуморад, – гуфт ӯ. – Аз ин рӯ, амали раҳбарияти Гурҷистон аз амали мақомоти раҳбарии Русия бобати ҷорӣ сохтани тартиботи конститутсионӣ дар Чеченистон ҳеҷ тафовуте надорад ва ҷои таааҷуб ҳам нест, ки раҳбарияти Гурҷистон амали худро маҳз ба он нисбат медиҳад».



Р.А.Ғанӣ бар ин назар аст, ки чунин вазъ метавонад дар Приднестровеи Молдова, Севастопол ва Қрими Украина, Қаробоғи Кӯҳии Озарбойҷон ва вилоятҳои шимолии Қазоқистон низ ба амал ояд. «Кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) бо дарназардошти вокуниши манфии Русия тарафдор ё муқобил будани худро ошкоро гуфта наметавонанд ва роҳи гуфтушунидро ҷиҳати ҳалли қазия воситаи беҳтарин хоҳанд донист», – изҳор дошт ӯ.



«Агар бо дастгирии Русия Осетияи Ҷанубӣ ғолиб ояд, аз ҷиҳатӣ сиёсӣ барои Русия ин на он қадр манфиатовар хоҳад буд, вале аз нигоҳи рушди ҳамкориҳои низомии Русия бо кишварҳои узви ИДМ Русия бурд хоҳад кард», – изҳор дошт сиёсатшинос.



«Агар ба Русия муяссар шавад, ки ҷангро дар Осетияи Ҷанубӣ пешгирӣ кунад, нуфузаш дар қаламрави ИДМ бештар хоҳад шуд», – гуфт дар анҷоми мусоҳиба Р.А.Ғанӣ.


Департаменти гуманитарии Комиссияи Аврупо ҳафт муассисаи табобати бемориҳои рӯҳии Тоҷикистонро бо генераторҳои нерӯи барқ таъмин кард

0


Душанбе. 9-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Кӯмаки фаврӣ ба аҳолии аз сармо ҷабрдида тавассути таъмини беморхонаҳои касалиҳои рӯҳӣ бо генераторҳои нерӯи барқ ва сӯзишворӣ ба он» ҳафт муассисаи табобати бемориҳои рӯҳии Тоҷикистон бо генераторҳои нерӯи барқи 40 кВт ва қисмҳои эҳтиётӣ барои 3 ҳазор соати корӣ таъмин карда шуданд.




Аз Департаменти гуманитарии Комиссияи Аврупо (ЕСНО) ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки генераторҳо ба муассисаҳои тиббии муолиҷаи касалиҳои рӯҳии шаҳри Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд, Исфара, Турсунзода ва ноҳияи Рӯдакӣ дода шуданд.



Ба иттилои манбаъ, муассисаҳои тиббии муолиҷаи касалиҳои рӯҳӣ моҳи июни соли ҷорӣ 35 ҳазор сӯзишвории дизелӣ (ба ҳар муассиса тақрибан 5 ҳазор литр) ва зарфҳои нигаҳдории онро гирифтанд ва акнун имкон доранд, ки ба давраи зимистон омодагии хуб гиранду кори мунтазами генераторҳоро таъмин созанд.




           

Зикр гардид, ки тамоми хароҷоти насби таҷҳизот ва ба ҳолати корӣ омода сохтани генераторҳо аз ҳисоби татбиқи лоиҳа аст.




           

Лоиҳаи мазкур бо дастгирии молиявии Департаменти гуманитарии Комиссияи Аврупо аз ҷониби Ҷамъияти Салиби Сурхи Нидерланд ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон амалӣ мегардад.


Дар Тоҷикистон Рӯзи варзишгарон ҷашн гирифта мешавад

0



Душанбе. 9-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Тоҷикистон ҷашни Рӯзи варзишгарон таҷлил мегардад.




Сардори шӯъбаи иттилоотиву таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон Мавлон Шарипов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ба ин муносибат шоми имрӯз дар маркази ҷавонони «Ориёно» кумита бо иштироки беш аз 60 нафар собиқадорони варзиши ҷумҳурӣ маҷлиси бошукӯҳ баргузор менамояд.



Ба гуфтаи ӯ, собиқадорони соҳаи варзишро муовини раиси кумита Кабирҷон Ҷураев табрик намуда, сипас барномаи фарҳангӣ доир мегардад.



Ёдрас мекунем, ки ҷашни Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон ҳамасола ҳафтаи аввали моҳи август таҷлил карда мешавад.


Дар хона-интернати кӯдакони ноқисулақли Хуҷанд таъмири асосӣ дар арафаи анҷомёбист

0



          



Душанбе. 9-уми август. ОИ «Азия-Плюс» –

 

Дар хона-интернати кӯдакони ноқисулақли шаҳри Хуҷанд таъмири асосӣ дар арафаи анҷомёбист.




Сармутахассиси раёсати шӯъбаи малорифи вилояти Суғд Сайфулло Раҳматов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки барои таъмири интернат 1 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардид, ки тайи даҳсолаҳо ин муассиса чунин таъмирро надида буд. Корҳои таъмирро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сохтмон ба иҷро мерасонад ва анҷоми корҳо то 20-уми августи соли равон ба нақша гирифта шудааст.



«Дар ҳамин ҳол, 15-уми август мувофиқи роҳхати пизишкон қабули хонандагон ба синфи якум шурӯъ мегардад, ки дар ду синф 10 нафарӣ таҳсил хоҳанд кард., – гуфт ӯ. – Айни замон дар ин муассисаи таълимӣ 230 нафар мувофиқи барномаи таълимии махсус таҳсил мекунанд».



Мавсуф афзуд, ки аз ин миқдор 120 нафар ҳамеша дар хона-интернат зиндагӣ мекунанд ва онҳо аз ноҳияҳои атрофи шаҳри Хуҷанд мебошанд. «Дар муассисаи таълимӣ 75 нафар муаллимону мураббиён фаъолият доранд», – гуфт дар анҷом С.Раҳматов.


Дар Душанбе намоишгоҳи ихтисосии музофоти Мозандарони Эрон ифтитоҳ гардид

0


Душанбе. 9-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе намоишгоҳи ихтисосии музофоти Мозандарони Эрон ифтитоҳ гардид.




Муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Одил Сангов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ин нахустин намоишгоҳи истеҳсолкунандагони молу маҳсулоти музофоти Мозандарони Эрон дар Тоҷикистон аст, ки майдони намоишгоҳ беш аз 700 метри мураббаъро ишғол мекунад.



Ба гуфтаи ӯ, дар намоишгоҳ ба тамошобинон маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолу коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, гӯшт, чой, рустаниҳои доруворӣ, таҷҳизоти бандубаст, масолеҳи сохтмон, маҳсулоти аз пластмасса сохташуда ва намунаҳои таҷҳизоту лавозимоти дафтари корӣ ва ороиши меъмории биноҳо пешкаш мегарданд. Намоишгоҳ то 14-уми август идома хоҳад ёфт.



Ёдрас мекунем, ки музофоти Мозандарон асосан бо истеҳсоли шоливу гандум ва меваҳои ситрусӣ (апелсин) маъруф гашта, дар он ҷо минтақаи озоди иқтисодӣ амал мекунад ва бахши сайёҳӣ рушд ёфтааст. Мозандарон бо Русия, Арманистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва кишварҳои дигар робитаҳои ҳамкориро ба роҳ мондааст.


Президенти Тоҷикистон дар маросими расмии ифтитоҳи Бозиҳои 29 – уми тобистонаи олимпӣ иштирок кард

0



           


  



Душанбе. 9-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти

 

Ҷумҳурии

 

Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи

 

рӯзи

 

8

 

август

  

дар

 

доираи

 

барномаи

 

сафар

 

ба

 

Ҷумҳурии Мардумии Чин

 

аз

 

Маркази

 

миллии

 

санъат

 

боздид

 

ба

 

амал

 

овард. Ин

  

марказ

  

яке аз

 

калонтарин

 

маҷмааҳои

 

фарҳангии

 

шаҳри Пекин

 

ва

 

дар

 

маҷмӯъ

 

Ҷумҳурии мардумии Чин

  

маҳсуб

 

ёфта,

 

бо толорҳои

 

консертии

 

дорои

 

акустикаи

 

махсус

 

ва

 

таҷҳизоти

 

муосири

 

визуалӣ мебошад.




Бегоҳии

 

рӯзи

 

8 – уми

 

август

 

расо

 

соати 20-00

 

бо вақти

 

Пекин

 

Эмомалӣ Раҳмон

 

ҷиҳати

 

иштирок

 

дар

 

маросими

 

расмии

 

ифтитоҳи

 

Бозиҳои 29 – уми

 

тобистонаи олимпӣ

 

ба варзишгоҳи

 

марказии давлатии «Лонаи парранда»

 

омад.



Эмомалӣ Раҳмон ва дигар

 

роҳбарони

 

олимақоми

 

кишварҳои

 

хориҷиро

 

Раиси

 

Ҷумҳурии Мардумии

 

Чин

 

Ху

 

Тсзин Тао

 

истиқбол

  

гирифт.



Қадамзании устувору боэътимоди варзишгарони тоҷик, ки бо Парчами давлатии Тоҷикистон дар қатори садҳо нафар варзишгарони беҳтарини ҷаҳон дар гирди майдони бузурги варзишгоҳи «Лонаи парранда»

 

чарх мезаданд, боиси ифтихор ва умедҳои зиёд аз натиҷаҳои ҳунарнамоии онҳо дар Бозиҳои Олимпӣ аст.



Хотиррасон мекунем, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои 29-уми Олимпии Пекин 15 нафар беҳтарин варзишгарони тоҷик дар риштаҳои бокс, гӯштини дзюдо, гӯштини тарзи озод, камонварӣ, шиноварӣ, вазнбардорӣ ва варзиши сабук намояндагӣ мекунанд.



Маросими

 

ифтитоҳи

 

бозиҳои

 

олимпӣ

 

хеле

 

пуршукӯҳ ҷараён

 

гирифта,

 

аз оғози

 

боз

 

як

 

тантанаи

 

муҳими

 

ҷаҳонии

 

варзишӣ

 

дарак

 

дод. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.