Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи таҷдиди сохтори КВДҲ «Тоҷик Эйр»-ро тасдиқ кард

0


Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Фаррух Ҳамралиев дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки ҳукумати ҷумҳурӣ нақшаи таҷдиди сохтори чаҳор иншооти монополии бузурги давлатӣ – Ҷамъияти саҳомии (ҶС) «Тоҷиктелеком», ҶС «Телерадиоком», Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва ҶС «Тоҷикхимпром»-ро тасдиқ кардааст.




«Пеш гирифтани раванди таҷдиди сохтор ташаббуси истисноии ҳукумати ҷумҳурӣ аст ва то соли 2009 таҷдиди давра ба давраи ширкати ҳавопаймоии ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз як корхонаи монополии

 

бузург он ба якчанд корхонаҳои ҷудогона тақсим шуда, ҷиҳати пешбурди фаъолият ин ниҳодҳо байни худ шартнома мебанданд», – изҳор дошт ӯ.



Ф. Ҳамралиев баён дошт, ки то ахири моҳи августи соли равон оинномаҳои муассисаҳои фаръии ширкати ҳавопаймоӣ дар ҳукумат мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар сурати тасдиқи онҳо фурудгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрпғонтеппа ва Кӯлоб ба субъектҳои мустақили хоҷагидорӣ табдил меёбанд.



«Тибқи қарори ҳукумат ин субъектҳо ба ҷамъиятҳои саҳомӣ иваз мешаванд, ки барои сармоягузории хориҷӣ шароити мусоид фароҳам месозад, – идома дод Ф.Ҳамралиев. – Феълан мусофирон аз фаъолияти ғайриқаноатбахши ширкати ҳавопаймоӣ ва сатҳи хизматрасонӣ шикоят мекунанд ва мутмаинам, ки пас аз таҷдиди сохтор вазъ ба куллӣ дигаргун хоҳад гашт».


Дар Хуҷанд ҷавондухтареро ваҳшиёна ба қатл расониданд

0


Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар минтақаи шимоли кишвар ҷавондухтареро ваҳшиёна ба қатл расониданд. Аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҷиноят соатҳои 10-и шаб дар Хуҷанд содир шудааст.




«Ҷавондухтари 28-сола аз назди мактаби рақами 30 гузашта, ба хонааш мерафт ва дар он ҷо се нафар ҷавонон ба ӯ ба хушомадгӯӣ пардохтанд, – изҳор дошт манбаъ. – Вале ба мақсад нарасида, ба латукӯби ӯ оғоз карданд ва ба номусаш таҷовуз намуда, сипас ӯро зинда ба зинда сӯзониданд ва аз ҷои ҳодиса ғайб заданд».



Ба туфайли амалиёти фаврии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дере нагузашта гумонбаршудагони содир намудани ҷинояти ваҳшиёна дастгир карда шуданд. «Ҳамаи онҳо сокинони шаҳри Хуҷанд буда, қаблан доғи судӣ доранд», – афзуд сарчашма. Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид.


Дар Пуғус мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ оғоз гардид

0


Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Айни замон дар бӯстонсарои Пуғуси ҳукумати Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ оғоз гардид.




Дар он аз ҷониби Тоҷикистон вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ, аз Русия ҳамтои ӯ Сергей Лавров, аз Хитой вазири ин мақомот Ян Тсзечи, аз Қирғизистон вазири корҳои хориҷии ин кишвар Эднан Қаробоев иштирок дошта, Ӯзбекистону Қазоқистонро муовинони вазири корҳои хориҷии ин давлатҳо Илҳом Неъматов ва Нурлан Ермекбоев намояндагӣ мекунанд.



Вазирони корҳои хори


ҷ


ии давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай лоиҳаи асноди


ҷ


аласаи Ш


ӯ


рои сарони кишварҳои созмонро, ки дар таърихи 28-уми август дар шаҳри Душанбе доир мегардад, таҳия месозанд.





Дар ҷаласа лоиҳаи Баёнияи Душанбе мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт, ки дар он назари кишварҳо нисбат ба аҳамият ва мақоми СҲШ дар ҷаҳони имрӯза ва минтақаи Осиёи Марказӣ, мавқеи ягона доштан дар посухҳои самаранок ба таҳдиду фишорҳо, ба роҳ гузоштани ҳамкории мутақобилаи кишварҳо баҳри таъмини амнияту субот дар минтақа ва рушди муносибатҳои тарафайни иқтисодӣ ва гуманитарӣ дарҷ хоҳанд ёфт.



Ҳамчунин вазъи ҷараёни иштироки кишварҳои нозир дар чаҳорчӯбаи фаъолияти ҳамкориҳои созмон ва рафти амалисозии Ташббуси Тошканд бобати барпо сохтани шабакаҳои шарикии иттиҳодияҳои бисёрҷониба дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором низ мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт.



Дар ҷаласа баррасӣ ва тасдиқи минбаъдаи Муқаррарот оид ба мақоми шарики гуфтушунид дар СҲШ дар назар аст, ки он ба ташаккули низоми сохтории пиёдасозии сиёсати робитҳои хориҷии созмон мусоидат хоҳад кард.



Дар нимаи дуввуми рӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштиокчиёни ҷаласаро ба ҳузур хоҳад пазируфт.




Дар Тоҷикистон мусобиқоти теннис идома доранд

0


Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯзҳо дар Душанбе мусобиқоти тенниси калон идома доранд. Ноиби президенти федератсияи тенниси Тоҷикистон Ибод Шарифӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар мусобиқот ду даста аз шаҳри Душанбе ва ду дастаи дигар аз вилояти Суғд бо шумори 36 нафар мардону 30 нафар занон ширкат меварзанд.




И.Шарифӣ мегӯяд, ки чанде қабл иштироккунандагони мусобиқоти нимниҳоӣ муайян гардиданд ва пагоҳ мусобиқоти ниҳоӣ сурат мегиранд.



Президенти федератсия изҳор дошт, ки ғолибон дар мусобиқоти Ҷоми Осиё, ки моҳи сентябри соли равон дар Ҳиндустон доир мегардад, Тоҷикистонро намояндагӣ хоҳанд кард.


Рӯзҳои наздик дар Душанбе меҳмонхонаи «Hyatt Regency» мавриди истифода қарор мегирад

0


Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Фаррух Ҳамралиев дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки рӯзҳои наздик дар Душанбе меҳмонхонаи Hyatt




Regency» мавриди истифода қарор мегирад. Ӯ мегӯяд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон қариб 100 дарсади коргарони сохтмони иншоотро ташкил медиҳанд.




«Айни замон дар Тоҷикистон ба маблағи 5,1 млрд. доллар 52 лоиҳаи сармоягузорӣ татбиқ мегардад, ки дар бунёди онҳо аксаран мутахассиосну коргарони тоҷик саҳм мегиранд, – идома дод ӯ. – Барои намуна, дар сохтмони роҳи мошингарди «Душанбе-Чаноқ» 70 дарсади коргарон шаҳрвандони кишвари мо ҳастанд».



Ёдрас мекунем, ки меҳмонхонаи мазкур дар соҳили кӯли Комсомол ҷойгир шуда, маблағи бунёди он 100 млн. долларро ташкил медиҳад ва дар он тамоми шароити истироҳату фароғат мувофиқи талаботи меъёри байнулмилалӣ муҳайё гардидааст.


Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон: 75 дарсади саҳмияҳои «Роғун» мутааллиқи Русия нест

0


Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Фаррух Ҳамралиев дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки айни замон корҳои сохтмониро дар нерӯгоҳи обию барқии (НОБ) «Роғун» танҳо Тоҷикистон ба иҷро мерасонад ва иттилооти қаблии расонаҳои хабарии Русияро бобати минбаъд ба Русия тааллуқ доштани 75 дарсади саҳмияҳои нерӯгоҳ рад намуд.




«Ду моҳ қабл президенти Тоҷикистон ба майдони сохтмони нерӯгоҳ омада изҳор дошта буд, ки корҳои сохтмонии идомаи бунёди онро Тоҷикистон мустақилона ба иҷро хоҳад расонд ва ҷиҳати фаъолияти пурсамар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» таъсис дода шудааст, – гуфт ӯ. – Сарвари давлат ҳамчунин ташкил намудани консорсиюми байнулмилалиро бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ имконпазир арзёбӣ кард».



Ёдовар мешавем, ки баҳори соли равон Тоҷикистон расман Русияро даъват кард, ки дар Консорсиюми байнулмилалии сохтмони нерӯгоҳи Роғун ширкат варзад. Охири моҳи май Оқил Оқилов, сарвазири ҶТ, ба унвонии ҳукумати Русия, бо ин мазмун мактуб ирсол кард, вале «дар мактуб ҷузъиёт ва шартҳои ширкати Русия дар консорсиюм нишон дода нашуда буд».

 

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои хабаргузории


РБК-daily


Ҷамъияти саҳомии кушоди «Интер РАО ЕЭС»эълом доштааст, ки танҳо дар сурати соҳибияти аксари саҳмияҳои назоратии сохтмон ҳозир аст, дар сохтмон нерӯгоҳ ширкат варзад, вагарна он барои онҳо фоидаовар нахоҳад буд. Хабаргузорӣ ҳамчунин менависад, ки намояндагони ширкати русӣ гуфтаанд, ки Тоҷикистон мустақилона аз ӯҳдаи бунёди нерӯгоҳ намебарояд.



Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли ҷорӣ ҳукумати Тоҷикистон оид ба оғози идомаи сохтмони нерӯгоҳ қарор қабул намуда, аз буҷаи кишвар ба иҷрои корҳои сохтмонӣ дар навбати аввал 50 млн. доллари амрикоӣ ихтисос дод ва эълом дошт, ки ин маблағ соли 2009 ба 150 млн. доллари амрикоӣ хоҳад расид. Бар замми ин, мири шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев оғози сол аз сокинони Душанбе дархост намуд, ки маоши якмоҳаашонро ба суратҳисоби сохтмони нерӯгоҳ гузаронанд.



Аз рӯи лоиҳа, иқтидори НОБ-и «Роғун» 3,6 ҳазор МВт, истеҳсоли солонаи нерӯи барқ дар он беш аз 14 млрд. кВт/соат аст ва арзиши умумии он $3,4 млрд. мебошад.



Тибқи лоиҳа, навбати аввали нерӯгоҳ бояд дар муддати 4-4,5 сол ба истифода дода шавад, ки васли ду агрегати он бо иқтидори 800 МВт имкон медиҳад дар як сол то 5 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол гардад.



Бунёди нерӯгоҳи «Роғун» ҳанӯз соли 1976 оғоз гардида буд, вале ба иллати муташанниҷ гаштани вазъи сиёсӣ дар Тоҷикистон, соли 1990 сохтмони он қатъ шуд.



Соли 2004 зимни сафари расмии Владимир Путин ба Тоҷикистон перомуни ширкати Русия дар бунёди нерӯгоҳ мувофиқа ҳосил гардида буд. Ширкати «Русский алюминий» бунёди навбати аввали нерӯгоҳро ба ӯҳда гирифт. Аммо «РУСАЛ» ва ҳукумати Тоҷикистон бобати масоили мушаххасоти техники нерӯгоҳ ба мувофиқае омада натавонистанд ва Тоҷикистон расман изҳор дошт, ки минбаъд аз ҳамкорӣ бо ширкати Русия даст мекашад. Моҳи августи соли 2007 ҳукумати ҶТ ба таври якҷониба қарордодро бо ширкати «Русский алюминий» бекор кард ва барои идомаи бунёди нерӯгоҳ Консорсиюми байнулмилалӣ таъсис дод.



Моҳи марти соли 2008 Виктор Ющенко, президенти Украина, изҳор дошт, ки Украина низ манфиатдор аст, дар идомаи сохтмони нерӯгоҳ саҳм гузорад. Ҳамзамон Қазоқистон низ хостори иштирок дар сохтмони нерӯгоҳ аст. Мувофиқи маълумоти расмӣ, айни замон дар нерӯгоҳ 40 дарсади корҳои сохтмонӣ ба итмом расида, 800 млн. доллари амрикоӣ маблағҳо азхуд карда щудаанд.


Миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон бо хатсайрҳои доимӣ автобусҳо равуо хоҳанд кард

0


Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон Абдураҳими Ашӯр дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки шояд дар муддатҳои наздик миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон хатсайри доимии ҳаракати автобусҳо кушода шавад.




Ба қавли ӯ, чанде қабл аз Ӯзбекистон лоиҳаи созишнома дар бораи ташкил намудани алоқаи доимии байнулмилалии нақлиёти автомобилӣ ба вазорат расидааст, ки «муддати 15 сол дар он ҷо хобида буд».



«Рӯзҳои наздик лоиҳа маъқул шуморида шуда ба Ӯзбекистон фиристода мешавад, – гуфт вазир. – Пас аз ба имзо расидани созишномаи мазкур беш аз 30 хатсайрҳои доимии равуои автобусҳо миёни кишварҳо боз карда хоҳанд шуд».



А.Ашӯр афзуд, ки айни замон ба ғайр аз алоқаи нақлиётии транзитӣ дигар навъи хатсайрҳои алоқаи нақлиётӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон вуҷуд надоранд.


Дар Душанбе намоишгоҳи миллии Чин муаррифӣ гардид

0


Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ширкатҳои бузург ва вазорати тиҷорати Чин намоишгоҳи миллии ин кишвар муаррифӣ гардид.




Муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Одил Сангов мегӯяд, ки ин яке аз бузургтарин намоишгоҳҳо дар минтақа буда, он бо ташаббуси президенти Тоҷикистон, ки

 

зимни боздид аз Чин баргузории онро пешниҳод карда буд, сурат мегирад.



Намояндаи сафорати Чин дар Тоҷикистон Гунт Шуан Си изҳор дошт, ки соли гузашта муомилоти мол миёни кишварҳо ба 520 млн. доллар расидааст ва «мо боварӣ дорем, ки соли равон он ба маротиб афзоиш хоҳад ёфт».



Сарвари ширкати роҳсозии кишвари ҳамҷавор Чен Шан Чен иттилоъ дод, ки корҳои таъмиру таҷдиди марҳилаи аввали лоиҳаи роҳи мошингарди «Душанбе-Қарамиқ» ахири моҳи август ба итмом мерасанд.



О.Сангов зикр кард, ки дар чаҳорчӯбаи намоишгоҳ бо иштироки соҳибкорони ҳар ду кишвар як қатор ҳамоишҳои тиҷоратӣ баргузор хоҳанд шуд.



Директори намоишгоҳ Люи Тсзин Юан зикр кард, ки дар намоишгоҳ 70 ширкатҳои бузурги Чин таҷҳизоти техникӣ ва механикии тракторҳо, истихроҷи маъдани кӯҳӣ, телекоммуникатсионӣ, роҳсозиву сохтмон, маишиву техникаи рақамӣ, автомобилҳо ва қисмҳои эҳтиётии он, мошинаҳои кишоварзӣ ва маҳсулоти саноати сабук ва маводи ғизоиро ба маърази тамошо хоҳанд гузошт.


Дар Тоҷикистон акнун аз маоши ҳадди ақал низ андоз ситонида мешавад

0


Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Аз 1-уми июли соли равон маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон аз 20 сомонӣ ба 60 сомонӣ расид ва акнун аз он андоз аз даромад ва андози нафақа ситонида мешавад.




Аз Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, ки андоз аз як қисми маоши ҳадди ақал, яъне аз 35 сомонии он андози 8 фоизаи даромад ва андози 1 фоизаи нафақа супурда мешавад.



Ёдрас мекунем, ки дар Тоҷикистон аз маоши ҳадди ақал умуман андоз ситонида намешуд.


Имрӯз дар Пуғус ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ баргузор мешавад

0


Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар бӯстонсарои беруназшаҳрии

ҳукумати

Тоҷикистон Пуғус ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор мешавад.




Дар ҷаласа лоиҳаи Баёнияи Душанбе мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт, ки дар он назари кишварҳо нисбат ба аҳамият ва мақоми СҲШ дар ҷаҳони имрӯза ва минтақаи Осиёи Марказӣ, мавқеи ягона доштан дар посухҳои самаранок ба таҳдиду фишорҳо, ба роҳ гузоштани ҳамкории мутақобилаи кишварҳо баҳри таъмини амнияту субот дар минтақа ва рушди муносибатҳои тарафайни иқтисодӣ дарҷ хоҳанд ёфт.



Интизор меравад, ки масъалаҳои муҳими байнулмилаливу минтақавӣ ва вазъи Афғонистон низ муҳокима мегардад.



Вазирон лоиҳаи Эъломияи муштаракро баррасӣ намуда, дар ин санад аз фаъолияти созмон дар соли гузашта натиҷагирӣ мекунанд ва вазифаҳои минбаъдаи тавсиа ва таҳкими муносиботи ҳамкориро мушаххас месозанд.



Ҳамзамон муҳокимаи масоили афзоиши самаранокӣ ва такмили фаъолияти мақомоти доимии СҲШ низ дар назар аст.



Пас аз ба имзо расидани ҳуҷҷатҳо нишасти матбуотӣ доир мешавад.