Интернати пиронсолону маъюбони Ёвон бо нерӯи барқи доимӣ таъмин гардид

0



Душанбе. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз барои таъмини интернати пиронсолону маъюбони ноҳияи Ёвон бо нерӯи барқи доимӣ хати интиқоли барқи эҳтиётӣ насб карда шуд.






Аз Фонди миллии иҷтимоии сармоягузории Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ин сеюмин лоиҳаи хурдест, ки бунёди мазкур дар чаҳорчӯбаи амалисозии Барномаи Бонки рушди Олмон «Фондҳо барои мусоидати рушди таълимоти асосӣ ва зерсохтори ҷамоавӣ» дар ин ноҳия амалӣ кардааст. Тавассути татбиқи ду лоиҳаи дигар дар деҳаи Ҷавонии ҷамоати Даҳана ва Гулафшони ҷамоати Чортути ноҳия биноҳои таълимӣ сохта шуданд.





«Аввали соли 2007 маъмурияти интернат унвонии фонд нома ирсол намуда, изҳор дошт, ки зимистон ҳангоми аз рӯи меъёр додани қувваи барқ онҳо дар тайёр кардани ғизову гарм нигоҳ доштани утоқҳо мушкилот доранд ва ҳарчанд ба мақомоти гуногун муроҷиат карда бошанд ҳам, касе онҳоро дастгирӣ накардааст, – идома дод сарчашма. – Пас аз баргузории таҳқиқот мақомоти роҳбарии фонд қарор дод, ки ба интернат хати интиқоли барқи эҳтиётӣ насб созад».





Ба иттилои манбаъ, лоиҳаи мазкур пеш аз мӯҳлат дар давоми се моҳ амалӣ карда шудааст, ҳарчанд мувофиқи шартнома хати интиқоли барқ бояд моҳи август мавриди истифода қарор мегирифт.







Маълумотнома:


Интернати пиронсолону маъюбони ноҳияи Ёвон соли 1995 ташкил карда шудааст. Он барои 110 нафар пиронсолон ва 40 нафар кӯдакони ноқисулақл пешбинӣ гардидааст. Айни замон дар он 89 нафар пиронсолон ва 39 нафар кӯдакони маъюб зиндагӣ мекунанд.



Ахири моҳи август дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Чин баргузор мешаванд

0



Душанбе. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Пекин перомуни дар ахири моҳи август ва аввалҳои моҳи сентябр баргузор намудани Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон тавофуқ ҳосил шуд.






Аз Вазорати фарҳанги ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки миёни

 

намояндагони вазоратҳои фарҳанги Тоҷикистон ва Чин оид ба ин масъала гуфтушунид шудааст. Намояндагони вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи баргузории шабҳои фарҳанги кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай муддати ду рӯз (18-19-уми июл) дар шаҳри Пекин қарор доштанд.





«Тоҷикистонро дар ин чорабинии фарҳангӣ сарояндаи сурудҳои опера, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Миралӣ Достиев ва ансамбли рақсии «Зебо намояндагӣ карданд», – афзуд манбаъ.



Минтақаи Шарқи Дури Русия дар Хуҷанд иттиҳодияи истеҳсолкунандагон таъсис медиҳад

0



Хуҷанд. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Доираҳои тиҷоратии минтақаи Шарқи Дури Русия дар шимоли Тоҷикистон Иттиҳодияи истеҳсолкунандагон ва таъминкунадагони маҳсулоти рақобатпазир таъсис медиҳанд.






Роҳбари гурӯҳи ташаббускори созмондиҳандагони ин иттиҳодия, сокини шаҳри Владивосток Александр Емелянов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки фаъолияти созмон ба содироти маҳсулоти зарурии истеҳсолкунандагони Суғд ба Шарқи Дур нигаронида хоҳад шуд.





Ба гуфтаи ӯ, иттиҳод тибқи барномаҳои мақсаднок ва лоиҳаҳои миллӣ аз буҷаи давлатии Русия маблағгузорӣ мешавад.





«Иттиҳодия пас аз ба имзо расидани протоколи нияти узвият аз ҷониби ҶДММ КМ «Текстил Сити», ҶС «Сирандуд», «Зиннат», «Пойафзоли Хуҷанд», «Комбинати истеҳсоли консерв», ҶСП «К-З», КМ «Хуҷанд-Пакижинг» ва ҶСП «САТН» таъсис меёбад, – гуфт А.Емелянов. – Як қатор истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ нияти узвият ба иттиҳодияро доранд».





Мавсуф афзуд, ки минтақаи Шарқи Дур ба маҳсулоти корхонаҳои зикргардида ниёз дорад. «Оиннномаи иттиҳодия ҷиҳати тасдиқ ба раёсати адлияи вилояти Суғд пешниҳод гардида, масоили ҳуқуқии ташкили чорабиниҳои тадорукотӣ ба дӯши ширкати ҳуқуқии шаҳри Хуҷанд «Фемида вогузор шудааст», – зикр кард дар анҷоми мусоҳиба А.Емелянов.



И.Имомназаров: Вохӯрӣ бо президентро мо мусбат арзёбӣ мекунем

0



Душанбе. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як  гурӯҳ намояндагони аҳли ҷамоатчигии шаҳри Хоруғ, аз ҷумла нафароне, ки чанде пеш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзу шикоят муроҷиат карда буданд, мулоқот намуд.






Дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз роҳбарони ғайрирасмии шаҳри Хоруғ Имомназар Имомназаров иброз дошт, ки дар мулоқот сӯҳбати ошокро сурат гирифт.





«Ман оид ба ҳамаи мушкилоти ҷойдошта, аз ҷумла сатҳи пасти некӯаҳволии мардум, ба фасодкорӣ роҳ додани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ президентро огоҳ сохтам», – изҳор дошт ӯ.





«Вохӯрӣ бо президентро мо мусбат арзёбӣ мекунем ва умедворем, ки қарордоди гуфтушуниди мо ҷомаи амал хоҳад пӯшид», – афзуд И.Имомназаров.





Вай баён дошт, ки дар мулоқоти намояндагони мухолифин бо президент ба ғайр аз худаш Толиб Аёмбеков ва Наво


ӣ


Хушачинов ширкат доштанд.

 




Иттиҳоди Аврупо Хадамоти гумруки Тоҷикистонро бо таҷҳизоти лаборатории ташхис таъмин кард

0



Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Иттиҳоди Аврупо Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистонро бо таҷҳизоти лаборатории ташхис ба маблағи беш аз 260 ҳазор евро таъмин намуд.






Сардори лабораторияи марказии ташхисии хадамоти номбурда Сафол Мӯсоев изҳор дошт, ки кӯмаки мазкур дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо таҳти унвони «Ислоҳот дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» сурат мегирад. «Мутахассисони Русия ва Тоҷикистон ҳамин рӯз ба насби таҷҳизот шурӯъ карданд», – гуфт ӯ.





Ба қавли С.Мӯсоев, дар доираи амалисозии лоиҳаи мазкур ҳамчунин баргузории курсҳои омӯзиши забони англисӣ барои кормандони хадамот ва табодули таҷриба бо ҳамотёни украинӣ ба нақша гирифта шудааст.



 

Вазири фарҳанг: Барои гузаштан ба хати арабиасос солҳои зиёд лозим аст

0



Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – «Барои гузаштан ба хати арабиасос солҳои зиёд лозим аст ва он бояд тибқи барномаи махсус ва омода кардани мардум баргузор гардад», – изҳор дошт дар нишасти матбуотӣ вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ.Ба назари ӯ, ин масъала танҳо бо имзои қароре ё фармоне амалӣ нахоҳад гашт.






«Ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки дар Тоҷикистон ҳудуди 90-95 фоизи аҳолӣ бо хати арабӣ хондаву навишта наметавонанд ва ин омил бояд ҳатман ба назар гирифта шавад», – изҳор дошт вазир ва афзуд, ки омӯзиши хати арабӣ бояд дар нақшаҳои таълимии мактабҳо пешбинӣ карда шавад.





Дар ҳамин ҳол, М.Асрорӣ зикр кард, ки гузариш ба хати арабиасос ба фарҳанг низ таъсир хоҳад гузошт, ки «бар асари он симои фарҳанг низ дигаргун хоҳад гашт».





Мавсуф ҳамчунин баён дошт, ки ба муносибати таҷлили ҷашни 1150-умин солгарди одамушшуаро Абӯабдуллои Рӯдакӣ рӯзҳои наздик дар Туркия ва Русия бо забонҳои тоҷикӣ (бо хати кириллӣ ва арабӣ), русӣ ва англисӣ китобҳои тоза ба табъ мерасанд, ки ба ҳаёту эҷодиёти шоир бахшида шудаанд.



Дар Душанбе аз муомилоти ғайриқонунии навбатии маводи мухаддир ҷилавгирӣ карда шуд

0



Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар шаҳри Душанбе аз муомилоти ғайриқонунии навбатии маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуданд.






Аз агентии мазкур хабар доданд, ки зимни тафтиши маълумоти фаврӣ кормандон сокини бекори 29-солаи шаҳри Душанберо боздошт намуданд, ки зимни ковтуков аз ӯ ба миқдори 1 килову


261 грамм

маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карда шуд.





«Боздоштшуда иқрор гардид, ки маводи мазкур барои фурӯш пешбинӣ шудаааст», – изҳор дошт манбаъ. Нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида тафтишот идома дорад.



Прокуратура фаъолияти КВД «Обу корези Душанбе»-ро мавриди санҷиш қарор медиҳад

0


Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи назоратии шаҳрдорӣ сурат гирифт.




Дар ҷаласа қабл аз ҳама вазъи санитарию экологии шаҳр, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии коммуналӣ

 

мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.



Бо назардошти ахбороти сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр З. Авғонов ва сардори Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи табиат дар шаҳри Душанбе Б. Маҳмадалиев оид ба риояи реҷаи барориши партовҳои маишӣ аз ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ҳолати иҷрои ин амалкард аз ҷониби сохторҳои ноҳиявӣ изҳори нигаронӣ намуда, бо дастурҳои мушаххас ба раисони ноҳияҳо таъкид сохт, ки тавассути андешидани чораҳои маъмурии маҷбурӣ роҳҳои аз тарафи шаҳрвандон дар ҷойҳои ғайримуқаррарӣ партофтани партовҳо гирифта шавад.



Дар робита ба иҷрои вазифаҳои таъинотӣ ва рафъи садамаҳо аз рӯи муроҷиати шаҳрвандон оид ба таъминот бо оби ӯўшокӣ

 

аз прокурори шаҳр хоҳиш карда шуд, ки фаъолияти КВД «Обу корези Душанбе» дар ин самт мавриди санҷиши прокурорӣ қарор дода шавад.



Ҳамзамон, дар ҷаласа таваҷҷӯҳи масъулини шаҳрдорӣ ба иҷрои нақшаҳои корӣ оид ба омодасозиҳои шаҳр ва субъектҳои хизматрасони он ба баргузории ҷаласаи Сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай нигаронида шуд. Бо шунидани гузориши муовини роҳбари дастгоњҳи раиси шаҳр Ф.Ӯлмасов дар хусуси корҳои анҷомёфта,

 

Маҳмадсаид Убайдуллоев

 

муқаррар сохт, ки нисбати иҷрои бо сифати нақшаи чорабиниҳои марбута муовинони Раиси шаҳр ва роҳбарони субъектҳо масъулияти шахсӣ мебаранд, ки вобаста аз чигунагии натиҷаи корҳо

 

роҷеъ ба ҳар кадоме тадбирҳо андешида мешаванд. Дар ин бора котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод.


Тоҷикистон аз Белорусу Ӯзбекистон техникаи кишоварзӣ харидорӣ мекунад

0



Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» –

 

Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Тоҷикагролизинг» ҷиҳати харидории техникаи кишоварзӣ, аз қабили трактору комбайнҳои таъиноти гуногуни кишоварзӣ бо корхонаҳои Белорусу Ӯзбекистон ба миқдори умумии 7,7 млн. сомонӣ шартнома ба имзо расонидааст.






Ба қавли муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон Маҳмуд Қодиров, ҳафтаи оянда ба Тоҷикистон аз Белорус 62 адад трактору 14 комбайн, дигар техникаи кишоварзӣ ва аз Ӯзбекистон 20 трактори навъи «МТЗ-80» ворид карда мешаванд.





«То имрӯз муассисаи «Тоҷикагролизинг» ҷиҳати иҷораи техника аз 68 хоҷагиҳои деҳқонӣ дархост гирифтааст, – гуфт муовини вазир. – Ҳафтаи гузашта ба хоҷагиҳои ноҳияҳои Ваҳдат ва вилояти Хатлон тркаторҳои навъи «МС-288»-и истеҳсоли Эрон ба иҷора дода шуданд».





Ёдрас мекунем, ки КВД «Тоҷикагролизинг» 30-уми ноябри соли 2007 дар назди вазорати кишоварзӣ таъсис ёфта, дар муддати 5 сол барои харидории техникаи кишвоарзӣ ба он 5 млн. сомонӣ ҷудо карда мешавад.



Иттиҳоди Аврупо Хадамоти гумруки Тоҷикистонро бо таҷҳизоти лаборатории ташхис таъмин кард

0



Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Иттиҳоди Аврупо Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистонро бо таҷҳизоти лаборатории ташхис ба маблағи беш аз 260 ҳазор евро таъмин намуд.






Сардори лабораторияи марказии ташхисии хадамоти номбурда Сафол Мӯсоев изҳор дошт, ки кӯмаки мазкур дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо таҳти унвони «Ислоҳот дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» сурат мегирад. «Мутахассисони Русия ва Тоҷикистон ҳамин рӯз ба насби таҷҳизот шурӯъ карданд», – гуфт ӯ.





Ба қавли С.Мӯсоев, дар доираи амалисозии лоиҳаи мазкур ҳамчунин баргузории курсҳои омӯзиши забони англисӣ барои кормандони хадамот ва табодули таҷриба бо ҳамотёни украинӣ ба нақша гирифта шудааст.