Дар Тоҷикистон кишти пахта метавонад аз ғизодиҳӣ бо нуриҳо маҳрум гардад, – назари муовини вазири кишоварзӣ

0



Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – «Баҳори имсола ва хушксолӣ ба сабзиши мууофиқи меъёри кишти пахта мусоидат накард», – изҳор дошт дар нишасти матбуотӣ муовини вазири кишоварзии ҶТ Маҳмуд Қодиров.







 

Ба гуфтаи ӯ, сабзиши мувофиқи меъёри ниҳоли пахта то санаи 16-уми июли соли равон дар майдони 209 ҳазору


270 гектар

(88 фоиз) таъмин шудааст. Дар вилояти Суғд он дар майдони 65,5 фоиз, Хатлон 96,7 фоиз ва ноҳияҳои тобеи марказ 100 фоиз мувофиқи меъёр сабзидааст. «Деҳқонон соли равон ният доранд, дар майдони 253 ҳазору

752 гектар

кишти пахта гузаронанд, вале ҳамагӣ дар майдони 238 ҳазору

343 гектар

кишт гузаронида шуд», – баён дошт вай.





«Дар вилояти Суғд, ки 70 фоизи заминҳо ба таври сунъӣ обёрӣ карда мешаванд, вазъ аз ҳама бештар ногувор аст, – идома дод ӯ. – Ба иллати саривақт омода насохтани пойгоҳҳои обкашӣ ба миқдори 220 млн. метри мукааб камшавии оби обанбори Қайроққум обмонии пахтазорҳо ба муддати тӯлонӣ кашол ёфт».





Илова бар ин, муовини вазир хабар дод, ки барои ғизодиҳӣ бо нурӣ соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 250 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ зарур аст, вале корхонаи «Тоҷиказот» ҳамагӣ 54 ҳазору 658 тонна нурӣ овардааст.



Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки масъалаи истихроҷ ва коркарди никели кони ноҳияи Ванҷ ҳамаҷониба мавриди омӯзиш қарор гирад

0



Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кори аз ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори кӯҳистон боздид карда, дар назди сокинони он сухнронӣ намуд.






Дар суханронии сараври давлат аз ҷумла гфта мешавад:






               

Пеш аз ҳама мехоҳам ба шумо иброз дорам, ки дар ҷараёни ҳар сафари худ ба ноҳияҳои зебоманзари Ванҷу Дарвоз ман ҳамеша самимияту меҳрубонии шуморо эҳсос менамоям. Ва барои ин иззату эҳтиром ва пазироиву меҳмоннавозии самимиатон, ки хоси сокинони кӯҳистон аст, ба ҳар яки шумо арзи миннатдорӣ менамоям.





Воқеан шумо – сокинони сарбаланди ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз, ки яке аз гӯшаҳои биҳиштосои Ватани азизамон ба шумор мераванд, ба монанди табиати нотакрори зодгоҳатон, яъне кӯҳҳои сар ба фалаккашида, дараҳои хушбоду ҳаво, рӯду шаршараҳои назаррабо ва боғҳои шаҳдрезу замини ҳосилхез бо фазилатҳои неку наҷиби худ шӯҳратёр гардидаед.

 






Сокинони ин диёр бо рушди хуби кишоварзӣ ва боғдорӣ навъҳои зиёди зироату растаниҳо ва меваҷотро парвариш менамуданд, ки ин анъана то ҳол идома дорад. Меваҳои хуштамъе, ки ҳоло дар Ванҷу Дарвоз парвариш меёбанд, на танҳо дар дохили мамлакатамон, балки берун аз он низ шӯҳрат ва харидорони зиёд пайдо кардаанд. Мувофиқи маълумоте, ки ман дорам, тоҷирони ватанӣ ва кишварҳои ҳамсоя ҳанӯз пешакӣ барои харидории маҳсулоти хушсифати ин мавзеъҳо меоянд, ки ин дар шароити кӯҳистон яке аз манбаъҳои асосии даромади аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад. Аз ин рӯ, идома додани ин анъана ва эҳёву барқарор намудани навъҳои серҳосили ғалладона ва меваҳои шаҳдборе, ки аҷдодони мо мерӯёниданд, вазифа ва қарзи наслҳои имрӯза аст.





Ҳоло бо истифода аз маблағҳои давлатӣ дар ноҳия беш аз


100 гектар

замини нав азхуд гардида, майдони кишти ғалладона, картошка, сабзавот ва навъҳои дигари зироат нисбат ба соли гузашта хеле афзуд.

 






Ҳамчунин бо мақсади тараққӣ додани парвариши ғалладона, боғдорӣ, картошкапарварӣ, замбӯрпарварӣ ва чорводорӣ Ҳукумати мамлакат дар ноҳияи Ванҷ бо сарфи беш аз 800 ҳазор сомонӣ Барномаи рушди истеҳсолоти кишоварзӣ ва идораи ҳавзаи дарёҳоро ба анҷом расонид, ки дар натиҷаи он вазъи бахшҳои зикршуда хеле беҳтар хоҳад гардид.





Ҳукумати кишвар саъй дорад, ки ба хотири дар ноҳияҳои кӯҳистон ҳарчи бештар тараққӣ додани соҳаи кишоварзӣ ва соҳибкорӣ, инчунин тавассути он баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии мардум ҳамаи шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам оварад. Дар ин самт ғамхорӣ ва мусоидати Ҳукумати мамлакат минбаъд низ идома пайдо хоҳад кард. Бо ин мақсад ҳоло аз тариқи бонкҳо додани қарзҳои хурд торафт вусъат ёфта истодааст, ки афзоиши қариб дукаратаи ҳарсола дар тӯли се соли охир нишондиҳандаи хуби ин раванд мебошад.





Дар давоми даҳ соли охир аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ барои рушди ноҳияи Ванҷ 27 миллион сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 20 миллион, лоиҳаҳои инвеститсионии давлатӣ қариб 4 миллион сомонӣ равона гардидааст. Танҳо барои пӯшонидани қисми хароҷоти буҷети ноҳия ба маблағи 15 миллион субвенсия ҷудо карда шудааст, ки ин 95 фоизи хароҷоти ноҳияро ташкил

 

медиҳад.

  






Ҳозирини гиромӣ!





Гузаштагони мо дар тамоми давраҳои таърихӣ анъанаву суннатҳои миллии фарҳангиро нигоҳ доштаанд ва онҳоро бо такмилу сайқали тоза аз насл ба насл ба мерос гузошта, рисолати инсониву миллии худро адо кардаанд. Аз ин рӯ, мо низ дар назди наслҳои ояндаи миллати худ вазифадор ва қарздорем, ки дастовардҳои фарҳангиро бо тамоми ҷузъиёту нозукиҳояш ба мерос гузорем.





Дар баробари ин, ноҳияи Ванҷ ҳам дар дохили кишварамон ва ҳам берун аз он бо паҳлавонони худ шӯҳрат пайдо кардааст. Мо ифтихор менамоем, ки ҷавонони Ванҷ бо маҳорати баланди гӯштингирӣ, ки санъат ва расми хуби мо – тоҷикон буда, аз азал барои ваҳдату иттиҳоди миллӣ мусоидат мекард, дар чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок мекунанд.





Дар робита ба ин, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия доир ба рушди варзиш тадбирҳо андешида, дар масъалаи сохтмони як варзишгоҳи замонавӣ дар ноҳияи Ванҷ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳоди мушаххас манзур намояд.

 






Зикр кардан бамаврид аст, ки мо бо мақсади рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакатамон азнавсозӣ ва бунёди як силсила иншооти хурду бузурги гидроэнергетикӣ, роҳу пулҳо, муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, фарҳангӣ ва ҳифзи иҷтимоиро

 

пеш гирифтаем. Дар доираи ин ҳадаф дар қаламрави ноҳия нерӯгоҳи барқи обии Андарбак, шоҳроҳи Кӯлоб-Қалъаи Хумб ва як қатор иншооти дигари дорои аҳамияти иҷтимоиву иқтисодӣ бунёд ва мавриди таъмиру таҷдид қарор дода шуданд.





Имрӯзҳо бо мақсади беҳтар намудани ҳолати инфраструктураи ноҳия сохтмони ду пул, барқарорсозии роҳҳои мошингард, инчунин бунёди мактабҳои миёнаи рақами 30, 34 ва 15 идома дорад. Дар соли 2008 барои маблағгузории иншооти мазкур қариб якуним миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ҳоло ба Вазорати маориф супориш дода мешавад, ки сохтмони мактаби таҳсилоти умумии рақами 36-ро оғоз намояд ва якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия дар хусуси таъмиру таҷдиди дигар мактабҳо чораҳои зарурӣ андешад.






 

Дар доираи татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифадор карда мешавад, ки якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва дигар сохтору мақомоти дахлдор сохтмони корхонаҳои коркарди меваро оғоз карда, фаъолияти корхонаи коркарди санги мармарро бо иқтидори пуррааш ба роҳ монанд. Инчунин ба Вазорати энергетика ва саноат супориш дода мешавад, ки якҷоя бо сохтору мақомоти дахлдор масъалаи сохтмони корхонаи истеҳсоли семент ва истихроҷу коркарди кони никелро дар ҳудуди ноҳия ҳамаҷониба баррасӣ намояд.

 






Дар баробари ҳидоят ба амалҳои неку созанда ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии Рӯзи забони тоҷикӣ, ки мероси гаронбаҳои ниёгонамон ва ганҷи бебаҳои миллатамон мебошад, табрику таҳният гуфта, барои таҷлили шоистаи 17-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ, 1150-солагии зодрӯзи сардафтари адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Соли бузургдошти забони тоҷикӣ дастовардҳо, тандурустиву бахту иқболи накӯ орзумандам. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.



Роҳбарони «Қӯрғонтеппагаз»-ро ба напардохтани андоз муттаҳам мекунанд

0



Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Раёсати назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон зимни баргузории санҷиши фаъолияти корхонаи фаръии байниноҳиявии «Қӯрғонтеппагаз» дар масъалаи напардохтани андоз ба буҷаи давлат як қатор қонуншиканиҳоро ошкор намуданд.






Аз дафтари матбуоти агентии номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки директори корхона Қутбиддин Хоҷаев ва сармуҳосиб Нуралӣ Сабзаев тавассути таҳияи санадҳои тақаллубии пардохти андоз миқдори зиёди маблағҳоро рӯйпӯш кардаанд.





«Дар натиҷаи ин аъмол ба буҷаи давлат беш аз 218 ҳазор сомонӣ маблағҳо ворид нагаштаанд», – зикр кард манбаъ. Доир ба ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 




Собиқ президенти Бонки рушди Осиё аз олам даргузашт

0




Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Токио собиқ президенти Бонки рушди Осиё (БРО) Тадао Чино дар синни 74-солагӣ аз олам даргузашт.








Сарёвари маъмурии намояндагии БРО дар Тоҷикистон Татяна Евстифеева ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки Т.Чино пас аз таъин шудан ба мансаби президенти бонк, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатиро роҳандозӣ сохта, онро яке аз ҳадафҳои асосии бонк қарор додааст.







Илова бар ин, таҳти роҳбарии Т.Чино соли 2000 Стратегияи БРО оид ба рушди бахши соҳибкории хусусӣ қабул гардида, сохтори бонк аз нав ташкил шудааст ва сиёсати ифтитоҳу ба роҳ мондани фаъолияти намояндагиҳои бонк дар кишварҳои гуногун муваффақона ба анҷом расидааст.







«Дар мақоми президенти бонк Т.Чино се маротиба аз Тоҷикистон боздид карда, ҳамроҳи сарвазири ҶТ Оқил Оқилов моҳи ноябри соли 2003 намояндагии БРО-ро дар Тоҷикистон расман ифтитоҳ намудааст», – изҳор дошт Т.Евстифеева.








 



Баррасии парвандаи ҷиноии қатли Шурпоев мавқуф гузошта шуд

0






 





Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Баррасии парвандаи ҷиноии гумонбаршудагони қатли рӯзноманигори шабакаи телевизиони Русия, ки имрӯз дар Додгоҳи Олӣ оғоз гардида буд, бо дархости ҳимоятгарон ба санаи 22-уми июл мавқуф гузошта шуд.





Ҳимоятгарони айбдоршудагон Наим Бердиев ва Одил Ёрбеков ин дархостро чунин шарҳ доданд, ки маводи парвандаи ҷиноӣ аз чаҳор ҷилд (беш аз 300 саҳифа) иборат буда, онҳо фурсат пайдо накардаанд, ки бо он шинос шаванд. «Ман танҳо ҳамин рӯз ба ҳимоят пардохтам, – гуфт О.Ёрбеков дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс». – Дар парванда баъзе ҷузъиёти хос ҷой доранд, ки омӯзиши дақиқи онҳо зарур аст, то аз ҷиҳати ҳуқуқӣ хулосаи дуруст бароварда шавад.





«Гап сари он аст, ки дар ҷараёни тфтиш Ятимов қисман ба гуноҳаш иқрор шудааст, аммо Муҳиддинов дар ягон ҳодиса худро гунаҳкор намеҳисобад, – идома дод ҳимоятгар. – Аз ин рӯ, ман бар ин назарам, ки мурофиа кашол хоҳад ёфт».





Айбдоршудагон дар содир кардани ҷиноят бо моддаҳои 104 (одамкушӣ), 249 (ғоратгарӣ) ва 255 қ. 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (барқасдона нест кардан ва зарар расонидан ба амвол) гумонбар дониста мешаванд.





Мурофиа кушод буда, бо забони русӣ мегузарад ва дар он рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ иштиок карда метавонанд. Ба мурофиаи додгоҳӣ судяи Додгоҳи Олии ҶТ Шӯҳрат Азимов раисӣ мекунад. Айбдоркунандаи давлатӣ намояндаи Прокуратураи генералии ҶТ Азимҷон Абдуев аст.





Хешовандони рӯзноманигори марҳум ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ба мурофиа ҳозир нашуданд.





Ёдрас мекунем, ки хабарнигори шабакаи аввали телевизиони Русия Илёс Шурпоев 21-уми марти соли равон дар манзили зисти иҷораааш дар шимолу шарқии Маскав кушта шуд. Мақомоти тафтишотии Русия дарҳол дар содир намудани ин ҷиноят даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон Масрурҷон Ятимов ва Наҷмиддин Муҳиддиновро ошкор сохтанд, ки ҳамагӣ як рӯз баъд аз қатли Шӯрпоев тавассути ҳавопаймо ба Тоҷикистон фирор кардаанд.







Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия 29-уми март ба шаҳри Душанбе омада, дар ҳамдастӣ бо ҳамтоёни тоҷик худи ҳамон рӯз нафарони гумонбаршударо боздошт карданд. Ҳангоми тафтиш аз онҳо далелҳои шайъӣ – 150 ҳазор рубли русӣ, соати тиллоии хабарнигори марҳум, ноутбук ва телефони мобилӣ дарёфт ва мусодира карда шуд. Гумонбаршудагон даст доштани худро ба содир намудани ин ҷиноят комилан эътироф карданд. Гумонбаршудаи асосӣ М.Ятимов ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия бегона нест. Ӯ соли 2005 ба гумони даст доштан дар дуздӣ дар мавзеи Железнодорожнии Русия маҳкум ба зиндон гардидааст ва тобистони соли 2007 пеш аз мӯҳлат аз маҳбас озод шуда буд.





Табибони Бадахшон бори нахуст ҷарроҳии бехун гузарониданд

0



Хоруғ. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Табибони

 

беморхонаи марказиии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар шаҳри Хоруғ бори нахуст ҷарроҳиҳои бехун

 

гузарониданд.






Сардори раёсати тандурустии ВМКБ Шодӣ Ҷамшедов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки

 

аллакай 12 нафар беморон бо ин усул ҷарроҳӣ шудаанд.





«Эндоскопия ё лапароскопия дар як вақт ҷарроҳии ташхисӣ ва табобатӣ буда, дар муолиҷаи касалиҳои зиёде самараи дилхоҳ медиҳад ва тавассути дастгоҳи махсус (лапораскоп) бо сӯрох кардани бадани инсон бидуни дард ва хунрезӣ сурат мегирад, – гуфт пизишк. – Бо ин усул 35 навъи бемориҳо, аз қабили бемории меъда, рӯда, бемориҳои занона, санги гурда ва ғайраро пурсамар табобат кардан мумкин аст».





Ш.Ҷамшедов афзуд, ки дастгоҳро

 

ба касалхонаи вилоятӣ

 

чанд сол қабл

 

Хазинаи

 

Оғохон

 

тӯҳфа карда буд, вале аз сабаби набудани

 

баъзе

 

таҳҷизоти лозим

 

ва мутахассиси ин соҳа

  

чанд сол

 

боз он бекор истода буд.

 


 







 

Мавсуф зикр кард, ки ахиран

  

бо кӯмаки Вазорати тандурустӣ

 

ба вилоят таҷҳизоти лозим

 

ворид гардида, табибон аз мутахассисони маркази

 

ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаи тиб ва ҷарроҳии

 

дил ва рагҳои

 

хунгард таҷриба меомӯзанд.







 



Дар Хуҷанд ҳангоми порагирӣ адвокат ба ҳабс гирифта шуд

0



Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд зимни баргузории амалиёти фаврӣ оид ба тафтиши маълумоти гирифтани пора ба миқдори махсусан калон адвокати муассисаи машварати ҳуқуқии рақами 1-и шаҳри Хуҷанд Насриддин Исомиддиновро ба ҳабс гирифтанд.






Сардори дафтари матбуоти агентии номбурда Шариф Шарифов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки адвокат аз волидайни ҷавони гумонбаршуда ба содир кардани ҷинояти авбошӣ 3 ҳазор доллари амрикоӣ талаб карда, ваъда додааст, ки ба озод кардани ӯ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ мусоидат мекунад.





«Н.Исомиддинов ҳангоми гирифтани ришва боздошт ва маблағи зикргардида аз кисаи ӯ дарёфт шудааст.





Ба гуфтаи Ш.Шарифов, нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.



Соли равон дар Конибодом 17 иншооти нав мавриди истифода қарор гирифт

0



Конибодом. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Соли равон дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд 17 иншооти нави таъиноти иҷтимоиву фарҳангӣ ва маишӣ мавриди истифода қарор гирифт.






Сардори шӯъбаи шаҳрии сохтмони асосӣ Асрор Шарипов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар шаҳр заводи истеҳсоли хишт, мактаби кӯдаконаи санъат ва дар нуқтаи гардишгоҳи роҳи мошингарди Конибодом-Исфара-Хуҷанд чойхона ба истифода дода шудааст.





«Аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои молиягузорӣ ба маблағи 1,7 млн. сомонӣ фондҳои асосӣ азхуд карда шудаанд, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 113 фоизро ташкил медиҳад, – гуфт ӯ. -Дар ҳаҷми 5 ҳазору 665 метри мураббаъ манзили зист бунёд гардид ва аз маблағи 3,3 млн. сомонии азхудкардаи сохтмончиён (187 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта) 1,3 млн. сомонӣ ба аҳолӣ ва 463 сомонӣ ба соҳибкорони маҳаллӣ рост меояд.





А.Шарипов мегӯяд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ тавассути ҳашар сокинон 6 синфхонаи таълимӣ бунёд кардаанд ва имрӯзҳо сохтмони боз 9 адад чунин синфхонаҳо идома дорад.






 


Дар Кӯлоб «Амонатбонк» ҳудуди 74 фоизи қарзро ба рушди соҳаи кишоварзӣ ихтисос додааст

0



Кӯлоб. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаш моҳи соли ҷорӣ шӯъбаҳои «Амонатбонк» дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз рӯи ҳамаи намуд ба маблағи 17 млн. 647 ҳазор сомонӣ қарз ҷудо карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,5 баробар зиёдтар аст.






Мудири шӯъбаи минтақавии бонк Иззатулло Раҳмонов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки соли равон ба рушди соҳаи кишоварзӣ таваҷҷӯҳи бештар дода шуда, 73 фоиз ё худ 12 млн. 987 ҳазор сомонии маблағи умумии қарз ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва иҷоракорон дода шудааст, ки 64 ҳазор сомонӣ аз он ба истеҳсоли пахта ва 4 млн. 923 ҳазор ба парвариши дигар зироати кишоварзӣ ҷудо шудааст.





И.Раҳмонов мегӯяд, ки аз маблағи қарзҳо танҳо 6 млн. 576 ҳазор сомониаш маблағҳои ҷудокардаи Вазорати молияи ҷумҳурӣ мебошанд, боқимонда воситаҳои молиявии бевоситаи бонканд ва ин гувоҳи он аст, ки фаъолияти «Амонатбонк» дар минтақа

 

дар ҳоли рушду тавсиа қарор дорад.





Мавсуф зикр кард, ки ҳамаи нишондиҳандаҳои бонк дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2,4 баробар афзуда, интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони меҳнатӣ ба минтақа тавассути «Амонатбонк» 4,2 баробар зиёдтар шудаанд.



 

Пахтакорони Кӯлоб аз норасоии об гила доранд

0



Кӯлоб. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Аз майдони умумии 7 ҳазору 390 гектари кишти пахтаи ноҳияҳои Кӯлоб, Фархор, Восеъ ва Ҳамадонии вилояти Хатлон дар 85 фоизи он ниҳолҳои пахта аз 10 то 12 кӯрак доранд, ки ин гувоҳи ҳосилнокии хуб аст.






Ёдрас мекунем, ки хоҷагиҳои ин ноҳияҳо аз ҷониби «Амонатбонк» сармоягузорӣ карда шудаанд.





Агроном ва коршиноси шӯъбаи минтақавии «Амонатбонк» Раҷабалӣ Кулабеков ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ аз норасоии об гила доранд.





«Дар ноҳияи Восеъ аз 91 хоҷагӣ дар қаламрави ҷамоатҳои Тугарак, Меҳнатобод ва Пахтаобод ба иллати норасоии

 

об 41 хоҷагӣ ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои агротехникӣ мушкилот доранд», – гуфт ӯ.





Дар канори шаҳри Кӯлоб бо сабаби кори номунтазами пойгоҳи обкашии ба номи С.Назаров ба пойгоҳи обкашии Бештегирмони Боло об кам баромада,


107 гектар

заминҳо беоб мондаанд ва дар хоҷагии деҳқонии «Сабз»-и ноҳияи Кӯлоб аз норасоии об ғизодиҳии дуввуми ниҳолҳоро мавқуф гузоштаанд.





Дар ноҳияи Фархор

300 гектар


 

ва дар ноҳияи Ҳамадонӣ

100 гектар

замин ба обёрии фаврӣ эҳтиёҷ доранд, то ҳосил талаф дода нашавад.





Ба гуфтаи Р.Кулабеков хушксолии имсола ҳаҷми захираҳои оби обанбори Мӯъминобод ва рӯди Яхсуро коҳиш додааст – дар онҳо об қариб ним баробар кам шудааст, вале корхонаҳои хоҷагии оби минтақа сари вақт чора наадешидаанд.





Чанде қабл, бо иштироки муовини аввали раиси вилояти Хатлон Абдураҳмон Қодирӣ дар шаҳри Кӯлоб машварат баргузор гардид ва дар он низ аз норасоии об изҳори ташвиш карда шуд.