Сарвари давлат ба Бадахшон рафт

0



Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари серӯза ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рафт.






Аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки ҳадафи боздид шиносоии бевосита бо вазъи иҷтимоиву иқтисодии минтақа аст..





Ба иттилои манбаъ, зимни сафар сарвари давлат аз ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ боздид намуда, бо рафти корҳо дар соҳаи кишоварзӣ, истифодаи заминҳо, сохтмони як қатор иншооти таъиноти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ аз наздик ошно мегардад.





Тавре қаблан хабар додем, сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи варзишгоҳи таҷдидшудаи шаҳри Хоруғ иштирок намуда, ният дорад, дар он ҷо бо сокинони шаҳр мулоқот доир кунад.





Интизор меравад, ки дар анҷоми сафар Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилоят ҷаласаи васеъ доир месозад, ки дар он натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят дар нимсолаи аввал мавриди баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳои минбаъда муайян карда хоҳанд шуд.

 




Дар Душанбе тарҳи Кодекси ахлоқи касбии рӯзноманигоронро баррасӣ мекунанд

0



Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе мизи мудавар оид ба баррасии тарҳи Кодекси ахлоқи касбии рӯзноманигорон баргузор мешавад.






Чорабинии мазкурро иттиҳодияи ҷамъиятии «Иттилоот ва муошират» ва департаменти иттилооти вазорати корҳои хориҷии ҶТ созмон медиҳанд.





Ёдрас мекунем, ки дар мизи мудаввар инчунин лоиҳаи «Савганди рӯзноманигор» низ мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт. Дар лоиҳаи «Савганди рӯзноманигор» аз ҷумла гуфта мешавад, ки бо касби вазифаи рӯзноманигорӣ ва оғози фаъолият шаҳрванд бояд ҳамеша ва комилан масъулиятро назди ҷомеа ҳис намояд, ба муттаҳамкунии беасос, тақаллубкории санадҳо, таҳрифи далоил ва плагиат роҳ надода, танҳо он иттилоотеро пахш созад, ки ба эътимоднокии он мутмаин аст.





Моҳи феврали соли 2007 дар шаҳри Душанбе семинар ва тренинги дурӯза дар мавзӯи «Кодекси ахлоқи рафтори рӯзноманигор: меъёрҳои байнулмилалӣ ва масоили ахлоқи касбии рӯзноманигор дар Тоҷикистон» доир гардид.





Он замон рӯзноманигорон ба чунин хулосае расида буданд, ки Кодекси ахлоқ зарур аст, вале лоиҳа ҳам аз лиҳози шакл ва ҳам аз лиҳози мундариҷа коркарди ҷиддиро тақозо мекунад.



Дар Конибодом Рӯзи забонро ҷашн мегиранд

0



Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ба ифтихори ҷашни Рӯзи забон ҳунармандони театри мусиқиву драмавии Конибодом намоишномаи нав омода месозанд.






Директори театри номбурда Сиддиқбой Неъматов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ба муносибати таҷлили ҷашнҳои 1150-умин солгарди асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ ва Соли гиромидошти забони тоҷикӣ ҳунармандони театр аз рӯи песаи драматурги маъруфи тоҷик Муҳиддин Хоҷазода намоишномаи наверо бо номи «Рӯзи охирини биноӣ»

 

омода сохта истодаанд.





Ба гуфтаи С.Неъматов, коргардони намоишнома Мухтор Ҳайдаров буда, он ба ҳаёт ва эҷодиёти Рӯдакӣ бахшида шудааст.





«Намоишнома бори нахуст 22-уми июл, дар рӯзи таҷлили ҷашни Рӯзи забон ба маърази тамошо гузошта хоҳад шуд», – афзуд директори театр.





Дар ҳамин ҳол, котиби комиссияи шаҳрӣ оид ба назорати иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи забон» Солеҳа Ваҳҳобова дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» баён дошт, ки чанде қабл дар ҷамоатҳои деҳот, корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои давлатӣ бо иштироки раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аҳмадҷони Раҳматзод ва арбобони шинохтаи сиёсату илм дар мавзӯи аҳамияти забони тоҷикӣ дар таҳкими давлатдорӣ, ҳаёт ва эҷодиёти Абӯабдулло Рӯдакӣ ва масоили рушди фарҳанг, илм ва маориф сӯҳбатҳову вохӯриҳои ҷолиб барпо шуданд.



Дар ноҳияи Ҷиргатол нақшаҳои истеҳсолӣ барзиёд иҷро карда шуданд

0



Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Нимсолаи аввал дар ноҳияи Ҷиргатол тамоми нақшаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ барзиёд иҷро карда шуданд.






Раиси ноҳия Аслонбек Абдураҳмонов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар шаш моҳи соли 2008 ба маблағи 3 млн. 514 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид.





Ба гуфтаи ӯ, нақшаи истеҳсоли гӯшт ба андозаи 103 фоиз, афзоиши саршумори чорвои калони шохдор дар ҳаҷми 104 фоиз ва саршумори чорвои хурд ба миқдори 108 фоиз ба иҷро расиданд.





«Ҳаҷми савдои чакана се баробар афзуда, он аз 91,7 ҳазор сомонии пешбинишуда то 276,2 ҳазор сомонӣ боло рафтааст», – гуфт раиси ноҳия.





Мавсуф зикр кард, ки имрӯз макотиби таҳсилоти умумии ноҳия фаъолона ба соли нави хониш омодагӣ мегиранд. «Ҷиҳати таъмири мактабҳо аз буҷаи ноҳия 211 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст ва соли ҷорӣ дар 5 мактаб таъмири асосӣ ҷараён дошта, дар мактабҳои дигар таъмири ҷорӣ анҷом ёфтааст», – гуфт раиси ноҳия ва афзуд, ки барои харидории ангишт ба ташкилоту муассисаҳои буҷавӣ 162 ҳазору 205 сомонӣ ихтисос дода шудааст.





А.Абдураҳмонов ҳамзамон баён дошт, ки имсол ба ноҳия барои қабул ба макотиби олии кишвар 24 квота ҷудо шудааст, ки 13-тои он насиби духтарон гашт. «Ҳамзамон 13 нафар хатмкунандагон, ки тариқи квота таҳсил мекарданд, ба ноҳия баргашта соли равон дар ин ҷо ба кор шурӯъ мекунанд», – афзуд ӯ.



Қотилони Илёс Шурпоев ба муҷозот кашида мешаванд

0



Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Додгоҳи Олии Тоҷикистон баррасии парвандаи ҷиноии ду нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар куштори рӯзноманигори рус Илёс Шурпоев гумонбар дониста мешаванд, шурӯъ мегардад.






Аз Додгоҳи Олии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки мурофиаи додгоҳӣ кушод буда, бо иҷозати раисикунанда рӯзноманигорон метавонанд дар он иштирок кунанд. «Мурофиаи додгоҳӣ бо забонҳои русиву тоҷикӣ сурат мегирад, зеро маводи асосии таҳқиқоти ҷиноят аз ҷониби Кумитаи тафтишотии Додситонии кулли Русия бо забони русӣ таҳия шудааст, – изҳор дошт сарчашма. – Ҳамзамон ду нафар айбдоршудагони қатли рӯзноманигори рус Масрурҷон Ятимови 25-сола ва Наҷмиддин Муҳиддинови 20-сола муддати тӯлони дар Русия ба сар бурдаанд ва забони русиро хуб медонанд». Аз Додгоҳ инчунин итттилоъ доданд, ки ҷиҳати иштирок дар мурофиа бародари рӯзноманигори фавтида низ даъват карда шудааст, вале алҳол маълум нест, ки ӯ меояд ё на.





Ёдрас мекунем, ки хабарнигори шабакаи аввали телевизиони Русия Илёс Шурпоев 21-уми марти соли равон дар манзили зисти иҷораааш дар шимолу шарқии Маскав кушта шуд. Мақомоти тафтишотии Русия дарҳол дар содир намудани ин ҷиноят даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон Масрурҷон Ятимов ва Наҷмиддин Муҳиддиновро ошкор сохтанд, ки ҳамагӣ як рӯз баъд аз қатли Шӯрпоев тавассути ҳавопаймо ба Тоҷикистон фирор кардаанд.





Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия 29-уми март ба шаҳри Душанбе омада, дар ҳамдастӣ бо ҳамтоёни тоҷик худи ҳамон рӯз нафарони гумонбаршударо боздошт карданд. Ҳангоми тафтиш аз онҳо далелҳои шайъӣ – 150 ҳазор рубли русӣ, соати тиллоии хабарнигори марҳум, ноутбук ва телефони мобилӣ дарёфт ва мусодира карда шуд. Гумонбаршудагон даст доштани худро ба содир намудани ин ҷиноят комилан эътироф карданд. Гумонбаршудаи асосӣ М.Ятимов ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия бегона нест. Ӯ соли 2005 ба гумони даст доштан дар дузд


ӣ


дар мавзеи Железнодорожнии Русия маҳкум ба зиндон гардидааст ва тобистони соли 2007 пеш аз мӯҳлат аз маҳбас озод шуда буд.





Дар Хоруғ масъалаи истифодаи нерӯи барқи офтобӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

0


Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс»-«Помир Медиа» – Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ муаррифии як барномаи нав таҳти унвони истифодабарии нерӯи барқи офтобӣ ва бодӣ баргузор гардид.




Профессорони донишгоҳи технологияи энергетикии

 

Афина

 

Петрос Аксополусус ва Воҳид Розиков- донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳадафи барномаро

 

тайёр намудани мутахассисони тоҷик дар риштаи

 

табдили шуоъи офтоб ва вазиши ҳаракати

 

бод ба нерӯи барқ арзёбӣ намуданд. Профессори донишгоҳи Афина изҳор дошт, ки дар барномаи тайёр намудани мутахассисони риштаи

 

истфодабарии барқи офтобӣ ва бодӣ мутахассисони се кишвари урупои- Олмон, Суис, Юнон ва донишгоҳҳои техникии Қазоқистон ва Тоҷикистон

 

хамкорӣ доранд.



Ба андешаи профессори донишгоҳи Афина

 

Тоҷикистон метавонад куллан ниёзашро ба энержӣ аз ҳисоби истифодаи самараноки барқи офтобӣ ва бодӣ бароварда созад.



Аммо ба гуфтаи профессори Донишгоҳи техникии Тоҳикистон Вохид Розиқов ҳамкорӣ дар ин ришта

 

дар марҳилаи оғоз қарор дорад, вале бо назардошти болоравии нархи маводи сӯхт дар бозори ҷаҳонӣ масоили истифодаи барқи офтобӣ ва бодӣ дар кишвар аҳамияти махсус касб мекунад.



Дар ҳамин ҳол, мудири кафедраи физикаи Донишгоҳи Хоруғ

 

Ширинбек Некқадамов изҳор дошт, ки ҷиҳати зиёд будани таъсири нурҳои ултрабунафш дар манотиқи баландкӯҳ дар Бадахшон ҳанӯз дар солҳои 1980-ум таҷоруби табдили қувваи рӯшноӣ ва бод ба нерӯи барқ оғоз шуда, аммо пасон ба гӯшаи фаромӯшӣ гузошта шуданд.


Cандуқи қарзии ҶСК «Ориёнбонк» дар нимсолаи аввал аз $172 млн. 807 ҳазор зиёдтар шуд

0



Ба санаи 1 июли соли 2008 сандуқи қарзии


Ҷ


СК «Ориёнбонк» 592 млн. 488 ҳазор сомониро ( беш аз $172 млн. 807 ҳазор) ташкил дод. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтари матбуоти бонки мазкур иттилоъ доданд.






Ба иттилои манбаъ, сохтори соҳавии қарзҳои


ҷ


ойгиркардашуда аз р


ӯ


и низоми бонк ба таври зайл аст:





Бо асъори милл


ӣ


: корхонаҳои ти


ҷ


оратии шахс


ӣ


– 82,20%; корхонаҳои хо


ҷ


агии қишлоқ – 12,92%; корхонаҳои давлат


ӣ


–1,75%; шахсони воқе


ӣ


– 3,13% ва бо асъори хори


ҷ


ӣ


: корхонаҳои ти


ҷ


оратии шахс


ӣ


– 50,48%; корхонаҳои хо


ҷ


агии қишлоқ – 20,84%; корхонаҳои давлат


ӣ


– 28,43%; шахсони воқе


ӣ


– 0,25%.





Ёдрас мекунем, ки ба санаи 1 июни соли 2008 сандуқи қарзии


Ҷ


СК «Ориёнбонк» ба 580 млн. 802 ҳазор сомонӣ ( беш аз $169 млн. 399 ҳазор) баробар буд.

 








Маълумотнома:


Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Ориёнбонк” яке аз бонкҳои кӯҳнатарини ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Ҳанӯз моҳи апрели соли 1925 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Душанбе шӯъбаи Бонки тиҷоратии осиёимиёнагӣ ба фаъолият шурӯъ намуда буд. Моҳи сентябри худи ҳамон сол дар заминаи он Идораи ҷумҳуриявии «Промбанк» кушода шуд. Моҳи апрели соли 1991 «Тоҷикпромстройбонк» ба ташкилоти саҳҳомӣ табдил ёфтан гирифт ва 29 декабри соли 1991 вай ба Бонки саҳҳомӣ – тиҷоратии саноату сохтмони Тоҷикистон «Ориенбонк» мубаддал гардид, ки аз ҷониби Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, дорои иҷозатномаи махсуси (литсензияи) № 1 гашт. 5 апрели соли 2002 БСТССТ «Ориенбонк» ба Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ориёнбонк» табдил дода шуд.



Дар мактаби нави Хуҷанд аз ҷараёни таълим бо дастгоҳи видео назорат мекунанд

0



Хуҷанд. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ба наздикӣ дар шаҳри Хуҷанд гимназияи ғайридавлатии «Пайммони Азизон» дарҳояшро ба рӯи толибилмон боз мекунад, ки дар он аз ҷараёни таълим тавассути дастгоҳи видео назорат бурда мешавад.






Мудири гимназия Абдуҷаббор Ғанизода ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки муассиси гимназия соҳибкор Абдуаҳад Пӯлодов аст ва дар марҳилаи аввал дар он 500 нафар толибилмон бо таҳсил фаро гирифта мешаванд. Таълим бо забонҳои русиву тоҷикӣ аз синфи 1 то 11 сурат мегирад.





«Дар гимназия толори варзишӣ, ошхона, озмоишгоҳи кимиёвӣ ва синфхонаи компютерӣ бо 16 компютер мавҷуд аст», – гуфт мудир ва афзуд, ки синфхонаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти назорати видеоӣ муҷаҳҳаз мегарданд, ки он имкон фароҳам месозад, аз ҷараёни таълиму фаъолияти омӯзгорон ва дониши хонандагон мунтазам назорат бурда шавад.





«Аз синфи якум ба хонандагон дарсҳои иловагии омӯзиши забони русиву англисӣ ва компьютер гузаронида мешаванд, – идома дод А.Ғанизода. – Аз рӯи натиҷаҳои ҳар нимсола ба толибилмони пешқадам идрорпулӣ муқаррар карда мешавад».





Вай баён дошт, ки рӯзҳои наздик аз рӯи низоми тестии интихоб қабули ҳуҷҷатҳои довталабон шурӯъ мешавад.





Дар ҳамин ҳол, сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Саидмухтор Ҷалолов мегӯяд, ки дар шимоли кишвар гимназияи мазкур 10-умин таълимгоҳи ғайридавлатӣ аст.



Дар минтақаи Кӯлоб сандуқи қарзии «Агроинвестбонк» тақрибан ду баробар афзуд

0



Кӯлоб. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаш моҳи соли 2008 шӯъбаҳои «Агроинвестбонк» дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба андозаи 25 млн. 529 ҳазор сомонӣ қарз доданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан ду баробар зиёд аст.






Мудири шӯъбаи бонк дар Кӯлоб Сайфиддин Қадамов изҳор дошт, ки 63 фоизи мабалғҳои қарзӣ ба хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор ихтисос дода шудаанд.





«Шӯъбаи бонк дар минтақа фаъолияти 219 хоҷагиҳои пахтакорро, ки 9 ҳазору


660 гектар

майдони кишти пахта доранд, аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ мекунад», – гуфт ӯ ва афзуд, ки аз хоҷагиҳои пахтакор ҷиҳати молиягузорӣ ба маблағи 17 млн. сомонӣ дархост пешниҳод шудааст, ки 12 млн. аз он аллакай ҷудо гардидаанд.





Ба қавли ӯ, дар минтақа эътимоду боварӣ ба «Агроинвестбонк» миёни муҳоҷирони меҳнатӣ меафзояд ва дар нимсолаи аввал ба оилаҳои муҳоҷирон 28 млн. доллари амрикоӣ ва 43 млн. рубли русӣ маблағҳои пулӣ дода шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 90 фоиз бештар аст.





Барои осонии дастрас кардани маблағ дар деҳаҳои дурдасти минтақа 6 нуқтаи гирифтани маблағҳои пулӣ ифтитоҳ гардидааст.



Буҷаи Конибодом ба иллати аз фаъолият бозмондани як қатор корхонаҳои саноатӣ ҳудуди 418 сомонӣ зарар дид

0



Конибодом. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ба буҷаи Конибодом маблағҳои иловагӣ ворид нагардиданд. Бо вуҷуди он ки дар маҷмӯъ истеҳсоли маҳсулот 107,4 фоизро ташкил дода бошад ҳам, ба иллати аз фаъолият бозмондани се корхонаи саноатии шаҳр истеҳсоли маҳсулоти дигар ба маблағи 3 млн. 483 ҳазор сомонӣ таъмин нагардида, буҷаи маҳаллӣ ба миқдори 417,9 ҳазор сомонӣ зарар дидааст.






«Ҷамъияти саҳомии (ҶС) «Ассор» (истеҳсоли равғани пахта») бо сабаби набудани ашёи хом, ҶС «Ирам» (истеҳсоли маҳсулоти консерваву равғани пахта) ба иллати иваз шудани раиси корхона ва корхонаи муштараки «Равот-Адрия» (истеҳсоли машрубот) бо сабаби адами маблағҳои гардон аз фаъолият бозмондаанд», – иттилоъ доданд ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи саноати мақомоти шаҳрдорӣ.





«Мақомоти роҳбарии шаҳр ҷиҳати ҳалли мушкилоти ин се корхона ва ҳамчунин коҳиши маблағи қарзҳои корхонаҳои саноатӣ, ки 20 ҳазор сомонӣ

 

аз музди меҳнат ва 304 ҳазор сомонӣ аз андоз иборатанд, тамоми чораҳоро меандешад», – идома дод сарчашма ва афзуд, ки қарзҳои андоз беш аз 157 ҳазор сомонӣ ба ҶС «Ҳабиб» (корхонаи пахтатозакунӣ) ва 98 ҳазор сомонӣ ба ҶС «Конибодом» (комбинати консерва) рост меоянд.