Дар Тоҷикистон хадамоти махсуси хостори аз байн рафтани давлати тоҷикон амал мекунанд, – назари С.Шарипов

0



Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – «То ҳол хавфи аз байн рафтани давлати тоҷикон, ки онро душманони миллати мо хоҳонанд, вуҷуд дорад», – изҳор дошт имрӯз дар нишасти матбуотӣ директори маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Сӯҳроб Шарипов.






Ба гуфтаи ӯ, айни замон дар ҷумҳурӣ хадамоти махсусе амал мекунанд, ки фаъолияташон ба иҷрои ин мақсад нигаронида шудааст. «Баъзан онҳо аз нерӯҳои дохили кишвар истифода намуда, онҳоро муқобили давлатдории тоҷикон таблиғ мекунанд, – таъкид сохт С.Шарипов. – Ба ин хотир мо ӯҳдадорем, ки марзҳои худро муҳофизат намоем».





Вай афзуд, ки ягон ҳизби сиёсии кишвар набояд зидди андешидани чораҳои мақомоти роҳбарии ҷумҳурӣ садо баланд кунад. «Ҳукумати мо ба хубӣ медонад, ки қувваҳои мусаллаҳро куҷо равона созад ва касоне, ки муқобили иродаи мо баромад мекунанд, ба мо дӯст нестанд», – таъкид сохт директори маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ.





С.Шарипов падидаи маҳалгароиро боиси мавҷудияти як қатор мушкилот дар Тоҷикистон арзёбӣ кард.





«Дар марҳилаи кунунӣ ҳеҷ касе хубтар аз ӯҳдаи идораи давлат чун Эмомалӣ Раҳмон баромада наметавонад», – изҳор дошт ӯ.



Китобхонаи вилоятии ВМКБ 4 ҳазор нусха китобҳои нав гирифт

0



Хоруғ. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Хазинаи китобҳои китобхонаи вилоятии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ба миқдори тақрибан 4 ҳазор нусха китобҳои тоза афзуд.






Мудири китобхона Алидод Чароғабдолов иттилоъ дод, ки чанде қабл ин китобҳо аз ҷониби Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ва иштирокчиёни чорабинии «Корвони китоб» тақдим карда шуданд.





Ба гуфтаи ӯ, китобҳо асосан аз адабиёти илмӣ ва бадеӣ иборатанд.





«Солҳои ахир дар вилоят талабот ба адабиёти илмӣ зиёд шудааст ва китобҳои дастрасшуда талаботи хонандагони зиёдеро қонеъ хоҳад сохт», – изҳор дошт А.Чароғабдолов ва афзуд, ки айни замон хазинаи китобхонаҳои ВМКБ аз 100 ҳазор нусха китоб бештар аст.



Дар Суғд беш аз 100 кило ҳероин мусодира карда шуд

0



Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккили Вазорати корҳои дохилии (ВКД) ҶТ дар шимоли кишвар миқдори зиёди маводи сахттаъсири ҳероинро мусодира карданд. Аз вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҷилавгирӣ шудааст ва ду нафар гумонбаршудагон боздошт гардидаанд.

 







Ба иттилои манбаъ, вазни маводи мусодирашуда ба 103 кило баробар аст. Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида. тафтишот идома дорад. Аз ҷузъиёти дигари ҳодиса алҳол маълумот дастрас нест.





Ёдрас мекунем, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба миқдори 3 тоннаву 568 кило маводи мухаддирро мусодира карданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 24,3 дарсад зиёдтар аст.



Картошкапарварони водии Раштро гамбӯсаки колорадӣ ба ташвиш овардааст. Вазорати кишоварзӣ хомӯш аст

0



Ғарм. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ноҳияҳои водии Рашт тайи 6-7 соли ахир масъалаи зиёни гамбӯсаки колорадӣ ба ҳосили картошка ба мавзӯи мубрами рӯз табдил ёфтааст.






Муовини раиси ноҳияи Рашт Қаноатшо Лоиқов гуфт, ки дар минтақа гамбӯсаки колорадӣ ҳангоми овардани картошкаи тухмӣ аз Голландия пайдо шудааст. «Он ҳангоми шинонидани картошка ба замин пайдо мешавад, – идома дод ӯ. – Бахусус он дар ноҳияи Ҷиргатол, ки ҳосили картошкаи он ҳам аз ҷиҳати сифату ҳам ҳосилнокӣ беҳтар аст, бештар ба мушоҳида мерасад».





«Солҳои ахир он масъалаи доғи рӯз гаштааст ва вазорати кишоварзиву мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд ба кишоварзон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дар нест кардани он дасти ёрӣ дароз кунанд, – таъкид сохт муовини раиси ноҳия, – Алҳол сокинон субҳгоҳон гамбӯсакҳоро дар сатил ҷамъ карда, онро месӯзонанд».





Тибқи маълумоти намояндагони созмонҳои байнулмилалии


FAO


,


UNDP


ва Бунёди Оғохон, онҳо сокинон ва хоҷагиҳои фермериро бо обпошакҳо таъмин сохтанд, доруро худи сокинон харидаанд.





Дар ҳамин ҳол, кишоварзон мегӯянд, ки аз ҷониби вазорати кишоварзӣ алҳол ҳеҷ кӯмаке нарасидааст.



  






Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Конфронси байнулмилалии зидди маводи мухаддир гардид

0



Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ахири ҳафтаи сипаришуда директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ Рустам Назаров дар шаҳри Истамбул дар кори Конфронси XXVI-уми байнулмилалии зидди маводи мухаддир(IDEC) иштирок кард.






Аз агентии мазкур хабар доданд, ки Р.Назаров дар конфронс оид ба вазъи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ гузориш додааст.





«Дар ҷаласаи охирини конфронс Тоҷикистон ба ҳайси аъзои доимии конфронс қабул карда шуд, – гуфт манбаъ. – Узвият дар конфронс ҳеҷ хароҷотеро аз буҷаи ҷумҳурӣ тақозо намекунад».





Ба гуфтаи намояндаи агентӣ, конфронс ҳуқуқ дорад тавассути Агентии назорати маводи нашъаовари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар тафтиши парвандаҳои ҷиноии марбут ба роҳбарон ва аъзои гурӯҳҳои ҷинояткори байнидавлатӣ ва трансмиллӣ кӯмаки молиявӣ расонад.






Маълумотнома:



Ҷаласаи нахустини Конфронси байнулмилалии зидди маводи мухаддир соли 1983 дар Панама доир гаштааст. Конфронс бо мақсади табодули иттилоот дар бораи муомилоти байнулмилалии ғайриқонунии маводи мухаддир, тавсиаи амалиёти ҳамоҳангсозӣ ва пешгирии муомилоти ғайриқонунии он таъсис ёфтааст. Айни замон 91 кишвари ҷаҳон шомили он мебошанд.



Сокини Исфара якбора соҳиби чаҳор писар шуд

0



Исфара 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Сокини шаҳри Исфара Фирӯза Маҳмудова якбора соҳиби чаҳор писар шуд.






Пизишки таваллудхонаи шаҳри Исфара Муаттара Кимсанова изҳор дошт, ки ин таваллуди нахустини Фирӯзаи 24-сола будааст ва он хуб ҷараён гирифтааст.





Ба гуфтаи пизишк, вазни кӯдакон аз 1,2 то 1,7 кило аст ва айни замон онҳо худро хуб ҳис мекунанд.





«Мо панҷ сол интизори чунин рӯзи фараҳбахш будем», – гуфт падари кӯдакон Юсуфҷон.





Волидайни кӯдаконро раиси шаҳри Исфара Муҳиб Яқубов табрик намуда, ба онҳо қарори мақомотро бобати ҷудо кардани қитъаи замин

 

барои сохтмони манзил дар яке аз микрорайонҳои тозабунёди шаҳр супорид.






 


Сармояи умумии «Амонатбонк» 40,3 млн. сомониро ташкил дод

0



Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Сармояи Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк» ба санаи 1-уми июли соли ҷорӣ 40,3 млн. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 48,3 дарсад бештар аст. Дар нишасти матбуотӣ муовини аввали раиси бонк Гулнора Ҳасанова изҳор дошт, ки маблағҳои умумии бонк дар ин давра ба 360,7 млн. сомонӣ баробаранд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 95,5 дарсад зиёдтар аст.






«Сармояи умумӣ аз ҳисоби маблағҳои ҷудогардидаи вазорати молияи ҷумҳурӣ ва даромади софи бонк афзоиш ёфтааст.





Ба гуфтаи Г.Ҳасанова, ба ҷуз фаъолияти тиҷоратӣ бонк ҳамчунин хизматрасониҳои пардохти нафақа, ҷубронпулӣ ва кӯмакпулиҳо ба оилаҳои камбизоат ва пешниҳоди қарзҳоро анҷом медиҳад.





«Тавассути шӯъбаҳо ва агентиҳои бонк ба оилаҳои камбизоат ба маблағи 7,4 млн. сомонӣ кӯмакпулиҳо дода шудааст ва бонк нафақаи 513 ҳазор нафарро пардохт мекунад.





Г.Ҳасанова зикр кард, ки ба беш аз 15 ҳазор нафар муштариён дар ҳаҷми 138 млн. сомонӣ қарзҳо дода шудаанд.






 


Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин барномаи ҳамкории минбаъдаро ба имзо мерасонанд

0



Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни боздиди расмии вазири корҳои хориҷии Чин Ян Тсзечи аз Тоҷикистон дар таърихи 25-26-уми июли соли ҷорӣ ба имзо расидани барномаи ҳамкории минбаъда миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин ба нақша гирифта шудааст.






Аз департаменти иттилооти вазорат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҳангоми сафар Ян Тсзечи бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси

 

миллии Маҷлиси Олии ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев, сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов ва ҳамтои тоҷики худ Ҳамрохон Зарифӣ мулоқот хоҳад кард.





Бино ба иттилои манбаъ, дар чаҳорчӯбаи боздид вохӯрии ҳайатҳои расмии кишварҳо пешбинӣ гардидаанд, ки дар он барномаи номбурда ба имзо хоҳад расид.





Аз вазорати корҳои хориҷии ҶТ ҳамчунин иттилоъ доданд, ки баъд аз имзои санад барои рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад.

 







 


Дар Кобул масъалаи сохтмони роҳи оҳан миёни се кишварҳои форсзабон муҳокима мегардад

0



Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нишасти матбуотӣ муовини аввали сардори Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Владимир Собкалов изҳор дошт, ки ҳафтаи оянда дар шаҳри Кобул зимни вохӯрии роҳиоҳанчиёни Афғонистону Эрон ва Тоҷикистон масъалаи сохтмони роҳи оҳан миёни ин кишварҳо муҳокима мегардад. Ӯ ёдовар шуд, ки роҳи оҳан бо хатсайри Қӯрғонтеппа-Ҳирот ва Машҳад бунёд гардида, имкон медиҳад ба Халиҷи Форс роҳи баромад пайдо гардад. Дар ин хусус вазирони корҳои хориҷии кишварҳо моҳи марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ба мувофиқа расида буданд.






«Тоҷикистон ҷиҳати сохтмони роҳ пешниҳодоти худро омода сохтааст», – гуфт В.Собкалов.





Ёдрас мекунем, ки моҳи августи соли равон дар шаҳри Душанбе зимни ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай сарони давлатҳои Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон ин масъаларо мариди баррасӣ қарор хоҳанд дод.



Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба Хоруғ рафт

0



Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз вазири корҳои дохилии ҶТ Маҳмадназар Солеҳов бо якчанд кормандони ҳайати шахсии вазорат ба шаҳри Хоруғ рафт.






Аз вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки сафари вазир бо мақсади таъмини амният ва риояи қонуну тартибот зимни боздиди сарвари давлат аз Бадахшон ахири ҳамин ҳафта анҷом мегирад.





Зимни сафар Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон шинос мегардад.




Ба иттилои манбаъ, ҳайати шахсии вазорат то санаи 21-уми июл ба тарзи тартиби фаъолияти хизматии низоми шадид гузаронида шудааст.