Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ ва намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо вазъи мубориза алайҳи қочоқи мавод

0



Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ мулоқоти директори агентӣ Рустам Назаров бо ҳайати Иттиҳоди Аврупо (ИА) таҳти сарварии намояндаи махсуси ИА оид ба масоили Осиёи Марказӣ Пйер Морел доир гардид.






Аз дафтари матбуоти агентӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки П.Морел ба директори агентӣ оид ба фаъолияти ИА дар мавриди таҳкими марзҳо ва мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар кишварҳои минтақа маълумот додааст.





«Зимни суханронӣ бобати нақшаҳои наздики ИА дар минтақа, ӯ зикр кард, ки иттиҳод масоили таъмини амният дар минтақа ва мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддирро аз масъалаҳои умда медонад, – идома дод манбаъ. –


Иттиходи Аврупо дар ҳамкорӣ бо Барномаи мубориза бо маводи мухаддири СММ ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар шаҳри Душанбе ахири моҳи октябри соли ҷорӣ вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва намояндагони давлатҳои ИМА, Русия ва Чинро созмон хоҳад дод».





Ба иттилои сарчашма, дар вохӯри намояндагони Финландия чун кишвари раисикунанда дар иттиҳод низ ширкат хоҳанд варзид.





«Дар мулоқот масоили таҳкими назорати марзҳо, мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир ва таҳияи стратегияи ҳамкорӣ дар ин самт мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт».





Тибқи иттилои намояндаи агентӣ, директори он меҳмононро бо вазъи мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир дар минтақа, фаъолияти мақомоти салоҳиятдори ҳифзи ҳуқуқ дар ин самт ошно сохт. Ӯ сатҳи ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикисонро дар мубориза алаҳи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир қаноатбахш арзёбӣ намуд.





«Генерал Р.Назаров баргузории вохӯриҳои қарибулвуқӯъро муҳим дониста, пешниҳод кард, ки дар форуми моҳи октябр масъалаи ҳамоҳангсозии фаъолияти созмонҳои байнулмилалӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳову барномаҳои мавҷуда муҳокима гардад», – афзуд манбаъ.



Коршиносони ИДМ лоиҳаи Созишнома дар бораи тартиби эътирофи санадҳои омодасозии ҳайати корӣ дар соҳаи таъмини бехатарӣ дар саноатро барр

0



Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) машварати дурӯзаи гурӯҳи коршиносон оид ба мувофиқа кардани тартиби эътирофи санадҳои омодасозии ҳайати корӣ дар соҳаи таъмини бехатарӣ дар саноат, санҷиш ва гувоҳнома додан ба кормандон оғоз мегардад.






Мушовири дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ Мария Гутсало изҳор дошт, ки лоиҳаи Созишномаро Кумитаи давлатии Украина оид ба таъмини бехатарӣ дар саноат, ҳифзи меҳнат ва назорати корҳо дар соҳаи саноати кӯҳкорӣ таҳия намудааст ва он дар ҷаласаи шӯрои байнидавлатӣ оид ба таъмини бехатарӣ дар соҳаи саноат моҳи августи соли 2007 маъқул дониста шудааст.





Ба гуфтаи ӯ, дар санад риояи меъёрҳои мувофиқашудаи таъмини бехатарии кор дар саноат аз ҷониби кишварҳои узви ИДМ пешбинӣ шудаанд.





«Ҷонибҳо ӯхдадор мешаванд, ки санадҳои ҳамдигарро, ки аз тарафи мақомоти ваолатдори кишварҳо дода шудааст, эътироф намоянд, – идома дод М.Гутсало. – Дар ҳамин ҳол, кишварҳо дар тасвиби санадҳои ғайриқонунӣ

 

низ масъул мебошанд».





Пас аз мувофиқасозии ниҳоӣ лоиҳа ба баррасии ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ пешниҳод мегардад.



Дар Панҷакент ба муносибати таҷлили ҷашни 1150-солагии Рӯдакӣ маҷаллаи мусаввар нашр мешавад

0



Панҷакент. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ноҳияи Панҷакент ба муносибати таҷлили ҷашни 1150-солагии асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маҷаллаи мусаввари иттилоотии «Панҷакент» ба табъ хоҳад расид.






Аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки нашри маҷалла бо ташаббуси раиси шаҳри Панҷакент Хусрав Абдуназаров сурат гирифтааст.





Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷалла оид ба ҷуғрофия, иқтисод,

 

фарҳанг ва дигар соҳаҳои ҳаёти шаҳру ноҳия маълумот дарҷ хоҳад гардид.





«Айни замон мавод ҷамъоварӣ мешавад ва ҷиҳати нашри маҷалла корҳои омодагӣ сурат мегиранд, – идома дод манбаъ. – Маҷалларо ба меҳмононе, ки ба ҷашн меоянд, тақдим мекунанд»





Ёдрас мекунем, ки моҳи сентябр дар шаҳри Панҷакент бахшида ба таҷлили ҷашни 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабиниҳои асосии идона баргузор мешаванд.



Агентии мубориза бо фасод барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани намояндаи мардумӣ – директори генералии корхонаи «Заря Востока» иҷозат меп

0



Душанбе. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни баргузории санҷиши фаъолияти молиявии Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Заря Востока»-и шаҳри Табошар аз ҷониби кормандони агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди вилоят як қатор қонуншиканиҳои андоз ошкор гардидааст.






Ба ОИ «Азия-Плюс» аз агентии мазкур хабар доданд, ки дар рӯйпӯш кардани пардохтҳо ба андози давлатӣ директори генералӣ Абдураҳим Расулов ва сармуҳосиби корхона Нормуҳаммад Умаров гумонбар дониста мешаванд.





«Роҳбарони корхона тавассути тақаллубкории санадҳо ба буҷаи давлатӣ ба маблағи 555,5 ҳазор сомонӣ хисорот ворид сохтаанд», – изҳор дошт манбаъ.





           «Бо вуҷуди он ки маблағи хисорот пурра баргардонида шуда бошад ҳам, агентӣ бобати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб кардани вакили маҷлиси шаҳри Табошар, директори генералии КВД «Заря Востока» Абдуаҳим Расулов ба додситони виояти Суғд муроҷиат кардааст», – афзуд сарчашма.






 





 


Пйер Моррел Эмомалӣ Рахмонро ба Париж даъват кард

0



Душанбе. 14-уми июл. ОИМ «Азия-Плюс» – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз вуҷуд доштани заминаи ҳуқуқию қарордодӣ

 

ва механизмҳои ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт: -«Рушди муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо рӯ ба болоравӣ доранд».






Пйер Морел ба Эмомалӣ Раҳмон

 

оид ба рафти татбиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ ва дигар самтҳои ҳамкорӣ ахборот дода, дурнамои робитаҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро умедбахш арзёбӣ намуд.





Ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иҷтимоиёту иқтисодиёт ва татбиқи барномаю лоиҳаҳои пурарзиши Тоҷикистон дар соҳаҳои энергетика ва саноат, нақлиёту коммуникатсия, туризм, маорифу тандурустӣ ва ғайра гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.





Таваҷҷӯҳи махсус ба масоили дастгирӣ ва тақвияти нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон ва бунёди нерӯгоҳҳои хурди обӣ дар минтақаҳои кӯҳистони тоҷик зоҳир гардид.





Дар мулоқот ҳамчунин оид ба авзои кунунии Афғонистон ва мубориза бо истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гуфтугӯ сурат гирифт. Ҳамчунин Пйер Моррел Эмомалӣ Рахмонро б Париж даъват кард.



Мудири анбори «Тоҷикгаз» ба азхудкунии миқдори зиёди воситаҳои давлатӣ гумонбар дониста шудааст

0



Душанбе. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Корандони Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди президенти ҶТ дар ҷараёни баргузории санҷиши ҳамаҷонибаи фаъолияти мудири анбори Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Тоҷикгаз» дар шаҳри Душанбе Нарзулло Икромов далелҳои азхудкунии миқдори зиёди маблағҳои давлатиро ошкор сохтанд.






Аз агентӣ хабар доданд, ки Н.Икромов бо тартиб додани

 

панҷ санади ғайриқонунӣ 64 ҳазор сомонӣ маблағҳои давлатиро азхуд кардааст. «Зимни баргузоории тафтишот ӯ 17 ҳазор маблағи дуздидаро баргардонд», – арз кард манбаъ.





Бино ба иттилои манбаъ, нисбат ба аъмоли Н.Икромов парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.



Каратеисти тоҷик дар сабқати ҷаҳонӣ соҳиби ҷоизаи биринҷӣ гашт

0



Душанбе. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Каратеисти тоҷик Умед Бадриддинов дар Полша миёни донишҷӯён дар вазни мутлақ соҳиби ҷоизаи биринҷӣ гашт.






Аз Ассотсиатсияи рӯзноманигорон соҳаи варзиши Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҳайати Тоҷикистонро дар мусобиқот президенти федератсияи карате Умархон Мадвалиев роҳбарӣ мекард. Ба иттилои манбаъ, дар мсобиқот намояндагони 40 кишвари дунё ширкат мекунанд. Мусобиқа дар таърихи 12-уми июл шурӯъ гардид.





Дар ҳамин ҳол, аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, ки ҳайати дастаи мазкур чанде қабл дар мусобиқоти байнулмилалӣ дар Русия ширкат варзида, он ҷо низ соҳиби ҷоизаҳо гардидааст.






 


Бонки рушди Осиё барои рӯзноманигорони минтақаи Осиё озмуни нав эълон мекунад

0



Душанбе. 14 -уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Яке аз сохторҳои Бонки рушди Осиё эълом доштааст, ки дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Осиёи дар ҳоли рушд қарордошта» барои рӯзноманигорон ва нашрияҳое, ки ба тамоюли рушд ва нуфузи минтақаи Уқёнуси Ором сарукор доранд, озмуни тоза эълон намояд.






Аз дафтари намояндагии бонк дар Тоҷикистон хабар доданд, ки ҳайати ҳакамон 25 мақолаҳои беҳтаринро интихоб хоҳанд намуд, ки дар тӯли солҳои 2007-2008 нашр шудаанд.





Муаллифони мақолаҳо моҳи ноябри соли 2008 ба семинари чаҳоррӯза ба Токио даъват карда хоҳанд шуд, ки ба онҳо аз рӯи

 

мавзӯъҳои «ҳамгиройии минтақавӣ», «зерсохтор» ва «ҳифзи муҳити зист» ҷоизаҳо супорида мешаванд.

 







 




Комбинати маъдантозакунии «Адрасмон» фаъолияти худро барқарор месозад

0



Хуҷанд. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз Ҷамъияти саҳомии шакли кушоди (ҶСШК) комбинати маъдантозакунии «Адрасмон» аз нав ба фаъолият оғоз мекунад.






Раиси раёсати тозатаъиншудаи Ҷамъияти саҳомии «Конимансур» Нурлан Алимбетов изҳор дошт, ки дар шаҳри Алмаато мурофиаи додгоҳии ширкати «Казинвест-Минерал» ва ширкати қазоқии «Норд Тайм» ба анҷом расидааст. Ба ширкати «Казинвест-Минерал» 100 дарсад саҳмияҳои ҶСШК Комбинати маъдантозакунии «Адрасмон» тааллуқ доранд ва ширкати «Норд Тайм» ҷиҳати роҳандозии фаъолияти комбинат 20 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намудааст.





Зимни мувофиқаи бадастомада, 74 дарсади саҳмияҳои ҶС «Конимансур» ба ихтиёри ширкати «Норд тайм» вогузор шудаанд, ки ин шароит фароҳам овардааст, фаъолияти корхонаро аз нав ба роҳ монанд.




                   «Ширкати «Норд тайм» маҷбур шуд, ҷиҳати дифоъи ҳуқуқҳои худ ва маблағҳои сармоягузориаш ва ҳамчунин махфӣ нигоҳ доштани вазъи ҳақиқӣ ва идора дар корхонаи маъдантозакунӣ аз болои ширкати «Казинвест-Минерал» ба додгоҳ муроҷиат намояд. – идома дод Н.Алимбетов. –

Айни замон корхона маблағҳои нахустинро ҷиҳати пардохти андоз ва музди меҳнат гирифт».




 





Дар Когон суботу оромӣ ҳукмфармо аст, – сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон

0



Душанбе. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Аз сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон хабар доданд, ки дар шаҳри Когони вилояти Бухорои Ӯзбекистон мардум ба хонаҳояшон бармегарданд ва умуман дар вилоят зиндагӣ ба маҷрои пешин – орму босубот ҷараён дорад.






Таври маълум, санаи 10-уми июли соли равон дар анбори аслиҳаву муҳимоти шаҳри Когон инфиҷор рух дод ва аҳолии наздики анбор ба ҷои бехавф кӯчонида шуданд.





Бино ба иттилои манбаъ, ҷиҳати рафъи оқибатҳои инфиҷору сӯхтор хизматчиёни ҳарбии вазорати мудофиа ва ниҳодҳои вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ ҷалб карда шудаанд.





«Мувофиқи маълумот, бар асари инфиҷор 3 нафар ҳалок гашта, 21 нафари дигар ҷароҳатҳо бардоштаанд ва айни замон ба онҳо кӯмаки тиббӣ расонида мешавад», – изҳор дошт манбаъ.





Дар ҷои ҳодиса комиссияи ҳукуматӣ иборат аз намояндагони ниҳодҳои қудратии кишвар кор мекунад.





«Тибқи маълумоти Маркази идораи ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вилоят ҳамаи корхонаву ташкилот бомаром фаъолият намуда, вазъ ба мкҷрои пешини орому босубот бармегардад», – афзуд сарчашма.