Пйер Моррел Эмомалӣ Рахмонро ба Париж даъват кард

Душанбе. 14-уми июл. ОИМ «Азия-Плюс» – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз вуҷуд доштани заминаи ҳуқуқию қарордодӣ   ва механизмҳои ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт: -«Рушди муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо рӯ ба болоравӣ доранд». Пйер Морел ба Эмомалӣ Раҳмон   оид ба рафти татбиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ ва дигар самтҳои ҳамкорӣ […]

root



Душанбе. 14-уми июл. ОИМ «Азия-Плюс» – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз вуҷуд доштани заминаи ҳуқуқию қарордодӣ

 

ва механизмҳои ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт: -«Рушди муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо рӯ ба болоравӣ доранд».






Пйер Морел ба Эмомалӣ Раҳмон

 

оид ба рафти татбиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ ва дигар самтҳои ҳамкорӣ ахборот дода, дурнамои робитаҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро умедбахш арзёбӣ намуд.





Ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иҷтимоиёту иқтисодиёт ва татбиқи барномаю лоиҳаҳои пурарзиши Тоҷикистон дар соҳаҳои энергетика ва саноат, нақлиёту коммуникатсия, туризм, маорифу тандурустӣ ва ғайра гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.





Таваҷҷӯҳи махсус ба масоили дастгирӣ ва тақвияти нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон ва бунёди нерӯгоҳҳои хурди обӣ дар минтақаҳои кӯҳистони тоҷик зоҳир гардид.





Дар мулоқот ҳамчунин оид ба авзои кунунии Афғонистон ва мубориза бо истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гуфтугӯ сурат гирифт. Ҳамчунин Пйер Моррел Эмомалӣ Рахмонро б Париж даъват кард.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.