Агентии мубориза бо фасод барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани намояндаи мардумӣ – директори генералии корхонаи «Заря Востока» иҷозат меп

Душанбе. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни баргузории санҷиши фаъолияти молиявии Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Заря Востока»-и шаҳри Табошар аз ҷониби кормандони агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди вилоят як қатор қонуншиканиҳои андоз ошкор гардидааст. Ба ОИ «Азия-Плюс» аз агентии мазкур хабар доданд, ки дар рӯйпӯш кардани пардохтҳо ба андози давлатӣ директори генералӣ […]

Аваз Юлдошев



Душанбе. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни баргузории санҷиши фаъолияти молиявии Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Заря Востока»-и шаҳри Табошар аз ҷониби кормандони агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди вилоят як қатор қонуншиканиҳои андоз ошкор гардидааст.






Ба ОИ «Азия-Плюс» аз агентии мазкур хабар доданд, ки дар рӯйпӯш кардани пардохтҳо ба андози давлатӣ директори генералӣ Абдураҳим Расулов ва сармуҳосиби корхона Нормуҳаммад Умаров гумонбар дониста мешаванд.





«Роҳбарони корхона тавассути тақаллубкории санадҳо ба буҷаи давлатӣ ба маблағи 555,5 ҳазор сомонӣ хисорот ворид сохтаанд», – изҳор дошт манбаъ.





           «Бо вуҷуди он ки маблағи хисорот пурра баргардонида шуда бошад ҳам, агентӣ бобати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб кардани вакили маҷлиси шаҳри Табошар, директори генералии КВД «Заря Востока» Абдуаҳим Расулов ба додситони виояти Суғд муроҷиат кардааст», – афзуд сарчашма.






 





 


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.