Корпоратсияи «Гуандун»-и Чин ба коркарди конҳои урани Тоҷикистон мароқ зоҳир кард

0



Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Корпоратсия «Гуандун»-и Чин ба коркарди конҳои урани Тоҷикистон мароқ зоҳир намудааст, вале феълан қонунгузории ҶТ ба таври истисно танҳо ба корхонаҳои давлатии ҶТ иҷозат додааст, ки ба корҳои иктишофӣ ва ҷустуҷӯии конҳои уран машғул бошанд.






Муовини аввали сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ Раҳмонбек Бахтдавлатов имрӯз дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки онҳо ба ҳукумати кишвар пешниҳод кардаанд, ки ба моддаи мазкури қонун тағйирот ворид карда шавад, то сармоягузорони хориҷӣ ба коркарду истихроҷи маъдани урани Тоҷикистон дастрасӣ пайдо намоянд.





Ба қавли ӯ, маълумоти дар Тоҷикистон мавҷуд будани 14 дарсади захираҳои урани ҷаҳон омӯзишу санҷиши иловагиро тақозо дорад. «Масалан, захираҳои урани минтақаи шимоли Тоҷикистон қариб тамом шудаанд, – гуфт Р.Бахтдавлатов.





«Дар сурати аз ҷониби парлумон рафъ сохтани маҳдудият дар коркарди урани Тоҷикистон, мутахассисони Чин ба кор шурӯъ хоҳанд кард», – афзуд ӯ.



Додоҷон Атовуллоев террористи иттилоотӣ аст, – прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

0



Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов роҳбари ҳаракати «Ватандор» ва сармуҳаррири рӯзномаи «Чароғи рӯз» Додоҷон Атовуллоевро террористи иттилоотӣ номид.






Имрӯз дар нишасти матбуотӣ ӯ изҳор дошт, ки Д.Атовуллоев дар хориҷи кишвар умр ба сар бурда, дур аз ватан дар мақолаву изҳороташ шаъну шараф ва эътибори миллати тоҷикро паст зада, ҳукумати Тоҷикистонро назди ҷаҳониён муттаҳам месозад. «Додоҷон Атовуллоев шахси беватан аст, ӯ ҳеҷ гоҳ роҳбар набуд ва шуда ҳам наметавонад», – таъкид сохт додситони кулли ҷумҳурӣ.





Б.Бобохонов ҳамчунин зикр кард, ки «дар сурати хотима набахшидан ба фаъолияти иғвогаронаву тӯҳматангез, аз болои ӯ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, барои боздошт ва ба маҳкама кашидани ӯ тамоми чораҳо андешида хоҳанд шуд».





Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи июни соли равон дар оҷонсии иттилоотии «Росбалт» дар шаҳри Маскав бо иштироки Д.Атовуллоев нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар он роҳбари ҳаракати «Ватандор» ба таври ошкоро изҳор дошт, ки «Тоҷикистон дар остонаи ҷанги шаҳрвандӣ қарор дорад». «Мо хоҳони онем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи вазъи кишвари қашшоқ, бадбахт, фасодзада, сӯхта ва поймолшуда огоҳ бошад, – гуфта буд ӯ дар нишасти матбуотӣ. – Ҳолати анъанавии тоҷики имрӯза: сарулибоси кӯҳна, нигоҳи камнури маъюс, ва чеҳраи ғамолуд…».





Бар замми ин, Д.Атовуллоев зикр карда буд, ки нерӯҳои мухолифро дар ғурбат роҳбарӣ мекунад ва аз соли 2004 имкон надорад, ба Тоҷикистон сафар кунад. Ӯ ҳамчунин чунин пешгӯӣ карда буд: «тирамоҳу зимистони соли 2008 дар саросари қаламрави Тоҷикистон гирдиҳамоиҳо баргузор шуда, иқдомҳои эътирози аҳли ҷомеа сурат мегиранд».



Кишоварзони ноҳияи Восеъ маъракаи дарави ғалларо анҷом доданд

0



Кӯлоб. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ғаллакорони ноҳияи Восеъ аз аввалинҳо шуда дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон маъракаи дарави ғалларо дар майдони 5 ҳазору


10 гектар

ба анҷом расониданд.






Аз идораи кишоварзии ноҳия ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки аз ҳар гектар ба андозаи 16,3 сентнер ҳосили гандум гирифта шудааст, ки он дар маҷмӯъ, 8 ҳазору 166 тоннаро ташкил медиҳад.





«Ба заминҳои холишуда зироатҳои дигар кишт карда мешаванд», – изҳор доштанд дар идораи кишоварзии ноҳия.





Дар ҳамин ҳол, сармутахассиси раёсати кишоварзии минтақаи Кӯлоб Абдулло Раҷабов мегӯяд, ки маъракаи дарав дар саросари минтақа ба таври қаноатбахш ҷараён дорад.





«Дар ноҳияҳои Мӯъминобод ва Балҷувон дар майдони 13 ҳазор гектар гандум кишт шудааст ва маъракаи дарави ғалла дар ин ноҳияҳо ҳоло оғоз нагардидааст, -идома дод манбаъ. – Бо вуҷуди он, дар ноҳияҳои дигар маъракаи дарав ба итмом расидаст, ки он қариб 70 дарсади нақшаро ташкил дода, ба анборҳо ҳудуди 35 ҳазор тонна гандум ворид гардидааст». Мавсуф таъкид сохт, ки хушксолии имсола ба ҳосилнокӣ таъсири амиқ расонидааст.

 






«Дар аксари ноҳияҳо ва бахусус дар Данғара деҳқонон ҳосилро ба хотири гирифтани коҳ медараванд, зеро хушксолӣ имкон надод, ки хӯшаи гандум бо тухмӣ пур шавад», – гуфт А.Раҷабов.





Ёдрас мекунем, ки ғаллакорони Кӯлоб соли ҷорӣ ният доштанд, аз майдони умумии 80 ҳазору

610 гектар

на камтар аз 141 ҳазор тонна ҳосили гандум ба даст оранд.



ИЖТ ва АМВАОМТ ба раванди пешгирифтаи бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» эътироз баён карданд

0



Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) ва Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) нисбат ба корбурди пешгирифтаи бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» изҳороти этирозӣ пахш намуданд.






Дар санади аз ҷониби раиси ИЖТ Акбаралӣ Сатторов ва мудири АМВАОМТ Нуриддин Қаршибеков имзошуда аз такрорёбии ҳодисаҳои фишор ба рӯзноманигорон аз ҷониби садорати бахши тоҷикии радио ва хусусияти тамоюлӣ пайдо намудани чунин амали номатлую изҳори нигаронӣ карда шудааст.





Муаллифон бе асоси воқеӣ ва бар хилофи қонунгузории ҷумҳурӣ оид ба меҳнат аз кор ронда шудани журналисти маъруф Холиқи Сангин ва ҳам акнун ба зуҳури эътироз аз сиёсати таҳмилии роҳбарияти радио, ки боиси касри шаъни рӯзноманигори тоҷик гардидааст, истеъфо рафтани рӯзноманигори шинохта, ходими собиқадори ин идора Сайёфи Мизробро мисол оварда, далолат бар он доранд, ки дар идораи радио фазои номусоиди корӣ ба вуҷуд омада, роҳбарияти он дар ҳалли ихтилофҳои дохилӣ ва муносибат бо ходимон сиёсати табъизгароиро роиҷ донистааст.





«Раёсати ИЖТ ва АМВАОМТ бидуни дахолат ба низоми кори Радио, аз ҳуқуқҳои касбӣ ва меҳнатии ҳамтоёни худ дифоъ намуда, аз раванди пешгирифтаи садорати Радио дар ҷодаи муносибат бо хабарнигорони маҳаллӣ аз номи ҷомеаи журналистии ҷумҳурӣ эътироз баён мекунад», – таъкид шудааст дар изҳорот.






 


Дар Бишкек масоили истифодаи технологияҳои нав ҷиҳати коҳиши хавфи истеъмоли нашъа баррасӣ шуданд

0



Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Аввали ҳафта дар шаҳри Бишкек зимни баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи «Адвокатсияи коҳиши зарари истеъмоли маводи мухаддир» масоили ҷорисозии эҳёгарии ивазкунанда дар коҳиши хавфи гирифторӣ ба нашъа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.






Аз Вазорати тандурустии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар ин чорабинӣ мутахассисони Маркази назорат ва пешгирии нашъамандӣ, Маркази ҷумҳуриявии табобати касалиҳои пӯст, Маркази ҷумҳуриявии табобати бемориҳои нашъамандии ба номи Минҳоҷ Ғуломов ва Маркази муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории норасоии муҳассали масунияти (ВНМО/БНММ) вилояти Хатлон иштирок карданд.





Ба иттилои манбаъ, чорабинӣ бо мақсади шиносоӣ бо усулҳо ва таҷрибаи коҳиши зарари маводи мухддир ва муҳокимаи татбиқи минбаъдаи барномаи коҳиши зарар дар минтақаи Осиёи Марказӣ доир гардид.





«Дар мизи мудаввар перомуни истифодаи технологияҳои нав ҷиҳати коҳиши хавфи истеъмоли нашъа мубоҳисаҳо шуданд, – идома дод манбаъ. – Мутахассисон ҳамчунин оид ба механизми тозаи ташкили кор, нақши мақомоти давлатӣ дар коҳиши хавфи истеъмоли нашъа табодули афкор намуданд».





Мизи мудаввар бо ташаббуси Лоиҳаи назорати ВНМО/БНММ дар Осиёи Марказӣ созмон дода шуд. Дар он ҳамчунин намояндагони сохтори марбутаи кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон низ иштирок карданд.



Татбиқи лоиҳаи «Ташаббуси рушди водии Зарафшон» муваффақона ҷараён дорад, – мушовири Барномаи рушди СММ

0



Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ҷаласаи кумитаи ҳамоҳангсозӣ ва идораи лоиҳаи «Ташаббуси рушди водии Зарафшон» баргузор гардид.






Мушовир оид ба иқтисоди дафтари минтақавии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар ноҳияи Айнӣ Фирӯз Ҳамидов иброз дошт, ки ҷаласа бо мақсади огоҳсозии дақиқи ҷомеа ва намояндагони мақомоти маҳаллии давлатӣ бо дастовардҳои амалисозии лоиҳа ва муҳокимаи хулосаҳои баҳогузории солонаи Департаменти рушди байнулмилалии ҳукумати Бритониёи Кабир (


DFID


) доир гардид.





Ба гуфтаи ӯ, дар бораи комёбиҳои татбиқи лоиҳаҳои «Нақши шарикӣ дар идораи самараноки сармоя», «Аҳамияти шӯроҳои рушди ноҳияҳо дар ҳамоҳангсозии равандҳои рушди маҳал» ва ғайра маълумот дода шуд.





Ф.Ҳамидов инчунин изҳор дошт, ки муовини раиси шаҳри Панҷакент Зафар Атоев пешниҳод сохтааст, ки дар лоиҳа рушди соҳаи сайру саёҳат низ ба эътибор гирифта шавад, зеро водии Зарафшон маконест, ки айни замон дар он афзоиши шумораи сайёҳон ба назар мерасад.





«Тибқи баҳои ҳайати департамент, татбиқи лоиҳаи «Ташаббуси рушди водии Зарафшон» муваффақона ҷараён дорад ва таҷрибаи мазкурро Барномаи рушди СММ метавонад дар минтақаҳои дигари кишвар пурсамар истифода намояд», – афзуд Ф.Ҳамидов.





Ёдрас мекунем, ки татбиқи лоиҳаи «Ташаббуси рушди водии Зарафшон», ки аз ҷониби


DFID


молиягузорӣ мешавад, соли 2006 шурӯъ гардид. Татбиқи лоиҳаи бо мақсади паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолии ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ ва Панҷакенти вилояти Суғд амалӣ мегардад.

 


 




Дар шаҳри Турсунзода Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани як қатор иншооти нав иштирок мекунад

0



Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳияи Турсунзода ба маркази ин ноҳия сафар кард.






Аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани як қатор иншооти нав, аз ҷумла биноҳои ду мактаби таҳсилоти умумӣ иштирок мекунад.

 






Ба иттилои манбаъ, интизор меравад, ки сарвари давлат бо аҳли ҷомеа ва ҳайати кормандони корхонаву муассисаҳои шаҳру ноҳияи Турсунзода мулоқот доир хоҳад кард.





Дар нимаи дуввуми рӯз Эмомалӣ Раҳмон ба пойтахт бармегардад.



Дар Ғончӣ ба ҷои мактаби сӯхташуда бинои мактаби нав бунёд мегардад

0



Хуҷанд. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ноҳияи Ғончӣ дар наздикии бинои сӯхташудаи мактаби рақами 1 бинои мактаби нав бунёд мегардад.






Сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Саидмухтор Ҷалолов изҳор дошт, ки мактаб барои таҳсили 480 нафар хонандагон пешбинӣ гардидааст.





Ба гуфтаи ӯ, барои сохтмони мактаб 100 ҳазор сомонӣ маблағ аз буҷаи вилоят, ҳамин миқдор аз буҷаи ноҳия, 62 ҳазор сомонӣ маблағҳои хайрияи кормандони соҳаи маорифи ноҳия ва 38 ҳазор сомонӣ маблағ аз ҷониби корхонаву муассисоти вилоят ҷудо карда шуданд.





«Айни замон маблағи умумии сохтмони бино ба 300 ҳазор сомонӣ расидааст, вале ин маблағ басанда нест, – идома дод С.Ҷалолов. – Аз ин рӯ, ҷамъоварии маблағҳои хайрия идома дорад».





Мавсуф зикр кард, ки мӯҳлати ба истифода додани иншоот моҳи октябр ба нақша гирифта шудааст ва то он замон хонандагон дар мактабҳои дигар таҳсил хоҳанд кард.





Ёдовар мешавем, ки мактаби таҳсилоти умумии рақами 1-и ноҳияи Ғончӣ соли 1947 сохта шуда, дар таърихи 18-уми июни соли равон бар асари сӯхтор батамом сӯхта буд. Дар он 840 нафар хонандагон таҳсил мекарданд.



Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои дохилии Афғонистон масъалаҳои ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳоро муҳокима карданд

0



Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Зарораҳмад Муқбилро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории байни сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуд.






Таваҷҷӯҳи махсус ба муборизаи муштарак бо терроризму экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, пешгирӣ аз истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таҳкими ҳифзи сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Афғонистон ва дигар мавзӯъҳо зоҳир гардид.





Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон зимни вохӯрӣ изҳор дошт, ки кишвараш бовуҷуди дар марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёти баъдиҷангӣ қарор доштанаш ба муқобили кишт ва парвариши маводи нашъаовар, инчунин гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир муборизаи беамон мебарад. Агар соли гузашта

 

дар натиҷаи амалиёти дастҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон 150 тонна маводи нашъаовар аз муомилот боздошта шуда бошад, пас ин рақам фақат дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 250 тонна баробар шудааст. Дар соли гузашта ҳангоми ифои вазифа 1119 корманди мақомоти корҳои дохилаи Афғонистон

 

ба ҳалок шудаанд, ки аз ин шумора дар амалиётҳои зидди парвариш ва қочоқи маводи мухаддир 87 нафар ба ҳалокат расидаанд.





Умуман соле дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 11- 12 ҳазор ҷиноят содир карда мешавад, ки теъдоди он сол то сол дар ҳамдасти бо қувваҳои коалитсионӣ кам карда мешавад. Дар вохӯрӣ

 

мубодилаи иттилооту таҷриба ва ҳамгироию дастгирии байниҳамдигарии сохторҳои марбутаи ду кишвари ҳамсояву ҳамзабон аз омилҳои муҳими таҳкими амнияту суботи минтақавӣ арзёбӣ гардид. Изҳори боварӣ карда шуд, ки сохторҳои қудратии ҳар ду давлати ҳамсоя дар оянда низ муштаракан бар зидди ҳар гуна ҷиноятҳои ба амнияти дохилӣ ва минтақа хавфу хатар дошта муборизаи беамон хоҳанд бурд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.



Ба иллати норасоии об дар беш аз 11 ҳазор гектар замин сабзиши пахта қаноатбахш нест

0



Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Мувофиқи маълумоти фаврии Вазорати кишоварзии ҶТ аз майдони умумии 242 ҳазору


566 гектар

кишти пахта дар 229 ҳазору 773 гектараш сабзиши хуби он ба қайд гирифта шудааст, ки ин 94,7 дарсадро ташкил медиҳад.






Сардори дафтари матбуоти вазорат Нарзулло Додобоев иттилоъ дод, ки дар майдони беш аз 11 ҳазор гектар ба иллати хушксолӣ ва норасоии об сабзиши пахта қаноатбахш нест.





«Заминҳои кишти пахта бештар дар ноҳияҳои Зафаробод, Мастчоҳ ва Ҷаббор Расулов зарар дидаанд», – гуфт ӯ.





Ба иттилои манбаъ, дар майдони беш аз 50 ҳазор гектар ниҳолҳо аз 3 то 6 кӯрак бастаанд ва нашъунамои онҳо давом дорад.





«Феълан сабзиш ва ба ҳосилдароии ниҳолҳои пахта қаноатбахш аст», – афзуд Н.Додобоев.





Мавсуф ҳамчунин зикр кард, ки ҳосили имсола аз обмонии саввум ва ғизодиҳии ниҳоли пахта вобастагии зиёд дорад.





Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар майдони 254 ҳазору

279 гектар

кишти пахта гузаронида шуда, аз нақшаи пешбинишудаи 550 ҳазор тонна 419 ҳазору 597 тонна ё ба андоза 76,3 дарсад ҳосил ҷамъоварӣ шуд.