Аксари аҳзоби сиёсии Тоҷикистон лоиҳаҳои алтернативии такмили қонунҳо дар бораи интихоботро дастгирӣ карданд

0



Душанбе. 8-уми июл. ОИ


«


Азия-Плюс


» – Аксари аҳзоби сиёсии Тоҷикистон лоиҳаҳои алтернативии такмили Қонунҳои ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ» ва Қонуни ҶТ «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ»-ро, ки дар чаҳорчӯбаи барномаи Бунёди байнулмилалии низомҳои интихоботӣ (IFES)

 

таҳти унвони «Мусоидати касбӣ дар баргузорӣ ва ислоҳоти интихобот дар ҶТ» таҳияву омода гардида буданд, дастгирӣ карданд.






Ба санадҳо намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҶТ, Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ, Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, Ҳизби Демократи Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон имзо гузоштанд.





Ҳамчунин намояндаи Ассотсиатсияи миллии сиёсатмадорони Тоҷикистон низ лоиҳаҳоро имзо кард.





Дар маросими ба имзо расидани ҳуҷҷатҳо намояндагони ваколатдори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби аграрии Тоҷикистон ҳузур надоштанд.





Интизор меравад, ки лоиҳаҳои алтернативии мазкур моҳи октябр расман ба парлумон равона карда мешаванд. Рӯзҳои наздик нусхаҳои лоиҳаҳоро ният доранд, ба Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ низ ирсол кунанд.





Ёдрас мекунем, ки лоиҳаҳо дар муддати як моҳ аз ҷониби гурӯҳи махсуси кории ҳизбҳои расман амалкунандаи ҶТ бо дастгирии IFES таҳия гашта буданд.

 




Дар Тоҷикистон ҳудуди 167 ҳазор тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ карда шудааст

0



Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» –


Дар То


ҷ


икистон маъракаи дарави ғалла ав


ҷ


мегирад.






Аз дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии ҶТ хабар доданд, ки то имрӯз дар киштзорҳо 166 ҳазору 309 тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 72 ҳазору 113 тонна бештар мебошад.





Мутахассисини вазорат ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки майдони умумии кишти зироатҳои ғалладонагӣ 291 ҳазору 447 гектарро ташкил медиҳад ва то имрӯз дар 98 ҳазору 925 гектараш дарав ба анҷом расидааст.





«Имрӯз ба маъракаи дарави ғалла 317 комбайнҳо сафарбар карда шудаанд», – зикр кард сарчашма.





Бино ба иттилои манбаъ, аз майдони умумии кишти зироатҳои ғалладона 70 фоизашро гандум ташкил медиҳад ва соли ҷорӣ ғаллакорон вазифадор карда шудаанд, ки аз заминҳои обӣ наздик ба 700 ҳазор тонна ғалла ҷамъоварӣ намоянд.





«Соли гузашта дар майдони 273 ҳазору


403 гектар

зироатҳои ғалладона кишт шуда, 931 ҳазору 204 тонна ҳосил ҷамъоварӣ гардид, ки 649,3 ҳазори онро гандум ташкил медод», – афзуданд дар Вазорати кишоварзии ҶТ.



Сафири Қувайт дар ҶТ дурнамои рушди ҳамкориҳои иқтисодии ду кишварро умедбахш маънидод кард

0



Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мулоқоти президенти


ҶТ


Эмомал


ӣ


Раҳмон бо сафири фавқулодда ва мухтори Давлати Қувайт дар То


ҷ


икистон Азиз Раҳим ад-Деҳан


ӣ


ва сардори


Ҷ


амъияти Ҳилоли Аҳмари Давлати Кувайт Юсуф ал-Меъро


ҷ


масоили


ҷ


ор


ӣ


ва дурнамои ҳамкории То


ҷ


икистону Кувайт баррас


ӣ


шуд.






Азиз Раҳим ад-Деҳан


ӣ


дуруду паёми Амири Қувайт шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ас-Сабоҳро ба Эмомал


ӣ


Раҳмон расонда, мужда овард, ки ҳукумат ва мардуми Қувайт ба мардуми То


ҷ


икистон баҳри бартараф намудани оқибатҳои зимистони шадиди гузашта дар ҳа


ҷ


ми 5 миллион доллари амрико


ӣ


к


ӯ


маки башард


ӯ


стона ирсол намудаанд.





Президенти То


ҷ


икистон

 

ба роҳбарияти Давлати Қувайт барои расондани к


ӯ


маки бародарона арзи сипосу миннатдор


ӣ


намуд.





Ҷ


онибҳо ҳамчунин оид ба дурнамои рушди ҳамкориҳои сиёсию и


ҷ


тимо


ӣ


, иқтисод


ӣ


ва илмию фарҳангии ду кишвар гуфтуг


ӯ


йи судманд ан


ҷ


ом доданд.





Сафири фавқулодда ва мухтори Давлати Қувайт ба фазои сиёсию ҳуқуқии сармоягузор


ӣ


дар То


ҷ


икистон баҳои баланд дода, дурнамои рушди ҳамкориҳои иқтисодии ду кишварро умедбахш маънидод кард. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.



Прокуратураи Панҷакент қонуншиканиҳои соҳаи андозро бартараф месозад

0



Панҷакент. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ба роҳбарони корхонаву ташкилот ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд барои қабули қарорҳои ғайриқонунӣ амрнома ва огоҳиномаи прокурорӣ дода шудааст.






Прокурори шаҳр Рустам Азизов иттилоъ дод, ки дар натиҷаи баргузории санҷиши назорати прокурорӣ ва тафтишоти иҷрои қонунҳои амалкунанда дар нимсолаи аввал 137 огоҳинома ва 110 эътирознома бароварда шудааст.





Ба қавли ӯ, дар натиҷаи баррасии қарорҳои мазкур нисбат ба 104 нафар ҷавобгарии интизомӣ,

 

94 нафар ҷавобгарии моддӣ ва 131 нафар ҷавобгарии маъмурӣ татбиқ карда мешаванд.





«Ба буҷаи ҷумҳурӣ 491 ҳазору 718 сомонӣ хисороти воридгашта баргардонида шудааст, – идома дод прокурор. – Дар маҷмӯъ, ба додгоҳ 36 аризаи даъвогӣ ба маблағи 1 миллиону 779 ҳазору 382 сомонӣ ирсол гардидааст».





Дар шарҳи ирсоли амрномаву аризаҳои даъвогӣ Р.Азизов изҳор дошт, ки бештари маблағҳо ба соҳаи андоз дахл доранд ва бо айби рафтори хунукназаронаи кормандони нозироти андоз ба вуҷуд омадаанд.





«Ҷиҳати ошкор сохтан, пешгирӣ намудан ва бартараф сохтани қонуншиканиҳо прокуратура тамоми чораҳоро меандешад», – афзуд Р.Азизов.



Бар асари садамаи нақлиёти кӯдаки 13-сола ба ҳалокат расид

0



Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс – Бар асари беэҳтиётии ронанда кӯдаки 13-сола фавтид.






Аз маркази матбуоти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии (БДА ВКД) ҶТ хабар доданд, ки шоми дирӯз ронандаи автомашинаи «Нисан-Максима» Бахтиёр Маликов дар километри 12-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд кӯдаки 13-соларо зер кардааст, ки бар асари захмҳои бардошта ӯ дар ҷои ҳодиса ҳалок гаштааст.

         






Бино ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 4 ҳодисаи садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки дар натиҷаи он 2 нафар фавтида, 3 нафари дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.





Мувофиқи маълумоти Раёсати БДА ВКД ҶТ дар шаш моҳи соли равон кам шудани ҳодисаҳои садамаҳои нақлиётӣ ба андозаи 6,2% (741 – соли равон ва 790 – ҳамин давраи соли гузашта) ба қайд гирифта шудааст.





«Ҳамчунин шумораи ҷабрдидагон низ кам шудааст, – изҳор дошт манбаъ. – Агар дар шаш моҳи соли гузашта бар асари ҳодисаҳои садамаи нақлиётӣ 184 нафар фавтида бошанд, соли равон ин рақам ба 181 нафар расидааст».





«Агар дар нимсолаи аввали соли гузашта дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ 901 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта бошанд, пас, ин рақам соли равон ба 850 нафар баробар аст», – афзуд сарчашма.



Дар пойтахт оид ба таъмири асосии кӯчаи Н.Қаробоев тендер эълон гардидааст

0



Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар пойтахт оид ба таъмири асосии қисмати ғарбии роҳи мошингарди кӯчаи Н.Қаробоев (аз хиёбони Саъдии Шерозӣ то бурриши кӯчаи Ҷомӣ) ва сохтмони роҳи мошингард аз кӯчаи Камонгарон (Заводская) то назди бинои Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии ҶТ тендер баргузор мешавад.






Сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, ки мутобиқи қарори раиси пойтахт корҳои таъмир дар асоси ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва харҷномавӣ бо хулосаҳои ташхиси Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҶТ иҷро мегарданд.





Бино ба иттилои манбаъ, мири шаҳр бобати ташкили комиссияи тендерӣ барои интихоби пудратчии асосии иҷрои корҳои сохтмонӣ ва ба зиммаи ин комиссия вогузор гардидани дар мӯҳлатҳои пешбинишуда омода сохтани санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва ҷамъбасти тендер супориш додааст.





«Сарраёсати ободонии пойтахт чун фармоишгар вазифадор карда шудааст, ки бо риояи талабот ҳуҷҷатҳои заруриро барои гузаронидани тендер омода ва ба комисссияи тендерӣ пешниҳод намояд», – афзуд Ш.Саидов.



Дар Хуҷанд маҳбуси гурехта боздошт гардид

0



Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шимоли Тоҷикистон маҳбусе, ки як ҳафта пеш аз зиндони тартиботи сахт гурехта буд, боздошт гардид. Аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки шоми рӯзи гузашта кормандони фаврӣ-ҷустуҷӯии зиндон дар яке аз манзилгоҳҳои микрорайони 8-ум гуреза Бахтиёр Баротовро дастгир намуданд. Айни замон нисбат ба амали ӯ тибқи моддаи 365 -и Кодекси ҷиноии ҶТ (гурехтан аз ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё аз ҳабси пешакӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.






Ёдовар мешавем, ки сокини шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Баротов барои содир намудани ҷинояти куштор ба мӯҳлати 20 сол аз озодӣ маҳкум гашта, моҳи июни соли 2005 ба ҳабс гирифта шуда буд. Шаби 1-уми июл ҳамроҳи ӯ боз як маҳбус – шаҳрванди Русия Расим Баширов, ки барои аъзогӣ дар созмони экстремистии «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» 19 сол зиндонӣ гашта буд, низ аз маҳбас нияти гурехтан дошт. Маҳбусонро он замон


посбон дида, барои огоҳӣ тир мекушояд, вале маҳбусон ба он аҳамият надоданд ва посбон маҷбур шуд, онҳоро ба нишон гирад. Дар натиҷа яке аз маҳбусон ҳалок шуда, дигарӣ аз ҷои ҳодиса ғайб зада буд.





Бонки исломии рушд ба Тоҷикистон ба маблағи $1,2 млн. бурс ҷудо карданист

0



Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки исломии рушд (БРО) ният дорад, ба Тоҷикистон ба маблағи $1,2 млн. бурс ихтисос диҳад.






Сухангӯи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ Ғафурҷон Расулов хабар дод, ки ҳайати БРО таҳти сарварии сариқтисодчии бонк Рабиҳ Маттар бо боздиди чаҳоррӯза ба Душанбе омадаанд.





Бино ба иттилои манбаъ, намояндагони бонк ҷиҳати мушаххас сохтани моддаҳои хароҷоте, ки аз ҳисоби бурси ҷудошуда молиягузорӣ карда мешаванд, бо вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Ғуломҷон Бобозода мулоқот карданд.





Ба қавли намояндаи вазорат, дар чаҳорчӯбаи азхудсозии бурс захираҳои зироатҳои ғалладона зиёд карда шуда, тухмиҳои босифат,

 

нуриҳои минералӣ ва таҷҳизоти зарурӣ харидорӣ мешаванд.





Зимни сафар ҳайати бонк ҳамчунин бо мақомоти роҳбарии вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ мулоқот хоҳад кард.





Интизор меравад, ки аз рӯи натиҷаҳои сафар дар шаҳри Душанбе ёддошти ҷудо кардани бурс ба имзо мерасад.





Дар ҳамин ҳол, Ғ.Расулов изҳор дошт, ки пас аз 2 моҳ ба шаҳри Душанбе ташрифи боз як ҳайати дигари Бонки исломии рушд дар назар аст. Интизор меравад, ки онҳо масъалаи ба Тоҷикистон ҷудо кардани қарзҳои миёнамӯҳлат ва дарозмуддатро баррасӣ мекунанд. Айни замон маблағи қарзҳо норавшан аст.



Дар нимсолаи аввал афзоиши ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ 5,8%-ро ташкил дод

0



Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти


Ҷ


Т Эмомал


ӣ


Раҳмон бо масъулини Ҳукумати


Ҷ


Т, Дастгоҳи и


ҷ


роияи сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳои


ҷ


умҳур


ӣ


ва дигар шахсони дахлдор машварати кор


ӣ


ан


ҷ


ом дод.






Дар машварат масоили омодаг


ӣ


ба


ҷ


аласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, та


ҷ


лили солгарди 17-уми истиқлоли давлатии То


ҷ


икистон, 1150-солагии Аб


ӯ


абдулло Р


ӯ


дак


ӣ


, Cоли забони то


ҷ


ик


ӣ


, рафти татбиқи нишондодҳои муро


ҷ


иатномаи Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон ба аъзои Ҳукумат ва мардуми кишвар оид ба таъмини амнияти оуқавор


ӣ


, тезондани


ҷ


амъоварии ҳосили ғалладона, вусъат додани кишти такрории заминҳои об


ӣ


,


ҷ


амъбасти нати


ҷ


аҳои нимсола ва масъалаҳои омодаг


ӣ


ба зимистони солҳои 2007-2008 баррас


ӣ


шуд.






               

Эмомал


ӣ


Раҳмон масоили мазкурро мавриди таҳлилу баррас


ӣ


қарор дода, ба масъулин баҳри риво


ҷ


додани корҳо ва бартараф намудани камбудиҳои


ҷ


ойдошта дастуру супоришҳои қатъ


ӣ


дод.





Оид ба


ҷ


амъоварии ҳосили ғалладона ва гузарондани кишти такрор


ӣ


гузориши Вазири кишоварз


ӣ


ва раисони ноҳияҳои атрофи пойтахт шунида шуд. Зикр гардид, ки то имр


ӯ


з дар 45 ҳазор гектар кишти такрор


ӣ


гузаронда шуда, дар заминҳои боқимондаи об


ӣ


ин кор муташаккилона идома дорад.





Сарвари давлат дастур дод, ки оид ба рафти кишти такрор


ӣ


ҳар ҳафта ба


ӯ


ахборот пешниҳод карда шавад.





Оид ба нати


ҷ


аҳои нимсолаи фаъолияти хо


ҷ


агии халқи кишвар зикр гардид, ки афзоиши ҳа


ҷ


ми ма


ҷ


м


ӯ


и маҳсулоти дохил


ӣ


дар ин давра 5,8%-ро ташкил дод. Бу


ҷ


ети давлат


ӣ


ба андозаи 117,2% и


ҷ


ро шуда, ҳа


ҷ


ми он ба 1 миллиарду 655 миллион сомон


ӣ


расид, ки ин нисбат ба нақша 243 миллион ва нисбат ба соли гузашта 573 миллион сомон


ӣ


зиёд аст.





Дар мавриди омодаг


ӣ


ба зимистон таъкид гардид, ки захиракуниии маводи с


ӯ


хту озуқавор


ӣ


ва кушодани нуқтаҳои фур


ӯ


ши ангишт ва гази моеъ муташаккилона ба роҳ монда шудааст. То охири сол дар ҳудуди


ҷ


умҳур


ӣ


25 нер


ӯ


гоҳи хурди обиву барқӣ сохта ба кор дароварда мешавад, ки барои таъмини аҳолии деҳот бо нер


ӯ


и барқ дар фасли зимистон хеле муҳим аст.





Дар назди роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар масъулин оид ба та


ҷ


лили иду


ҷ


ашнҳои номбурда, ки дар ҳаёти фарҳангии кишвар ва тарбияи ҳисси ватанд


ӯ


стию хештаншиносии мардум аҳамияти бағоят зиёд доранд, вазифаҳои мушаххас гузошта шуд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.



Кормандони Хадамоти гумрук интиқоли ғайриқонунии сигаретҳои «PINE»-ро аз Афғонистон манъ карданд

0



Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Нозирони посгоҳи гумрукии Панҷи Поён» чанде қабл аз интиқоли ғайриқонунии як миқдор сигаретҳои навъи


«


PINE


»


аз Афғонистон ба ҶТ ҷилавгирӣ карданд.






Аз дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи шаҳрванди ҶТ Музаффар Исҳоқов дар бордони он 500 блок сигаретҳои номбурда дарёфт шуд, ки дар декларатсияи гумрукӣ сабт нагардида буданд.





«Сигаретҳои пинҳоншуда мусодира гашта, нисбат ба вайронкунандаи қоидаҳои гумрукӣ чораҳои маъмурӣ татбиқ карда мешаванд», – изҳор дошт манбаъ.