Дар Тоҷикистон хароҷоти буҷаи давлатӣ босуръат меафзояд

0




Душанбе. 26-уми июни с.2008. ОИ «Азия-Плюс»



– Дар Тоҷикистон афзоиши босуръати қисми хароҷоти буҷаи давлатӣ ба мушоҳида расидааст.






Аввали ҳафта он дар муаррифии «Хулосаҳои шарҳи барномавии хароҷоти давлатӣ дар соли 2008», ки намояндагии Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар ҶТ доир кардааст, баён гардид.





Мувофиқи маълумоти тадқиқоти намояндагии БҶ дар ҶТ, хароҷоти давлатӣ ва воситаҳои ғайрибуҷавӣ дар соли 2006 27% ва дар соли 2007 30% афзудаанд.





«Тибқи нақшаи тасдиқшудаи буҷаи давлатӣ дар соли 2008 ҳаҷми афзоиши муқаррарии хароҷоти давлатӣ 41%-ро ташкил медиҳад», – пешгӯӣ мекунанд коршиносони БҶ.





Дар ҳамин ҳол, музди меҳнат нобаробар ва бидуни гузаронидани ислоҳот дар соҳаҳои дахлдор афзоиш меёбад. Ҳамчунин хароҷотҳои асосӣ, ки барои қарздиҳӣ, сармоягузорӣ ва таъмини кафолатнокии лоиҳаҳои сармоягузорӣ истифода мешаванд, низ дар ҳоли афзоиш қарор доранд. Аз соли 2004 то соли 2007 афзоиши онҳо аз 8,1% ба 14,1% расидааст.





Хароҷоти ҷорӣ (пардохти музди меҳнат, хароҷотҳои таъмири бино, иншоот ва ғайра) ҳамагӣ аз 12,1% ба 13,4% боло рафтааст.





Тибқи пешгӯии БҶ, буҷаи давлатии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои дохилӣ афзоиш хоҳад ёфт. Андозаи маблағҳои зарурӣ ба 0,8%-и маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) баробар аст. Дар навбати худ, он ба афзоиши маҷмӯи хароҷот мусоидат намуда, зиёд шудани миқдори пул дар кишварро бозмедорад. Ёдрас мекунем, ки


соли гузашта ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 12 млрд. 768 миллион сомониро ташкил додааст ва он нисбат ба соли 2006 7,8% афзудааст. Дар соли равон маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ҳаҷми 16 млрд. 380 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки он нисбат ба соли гузашта 8% бештар аст.





Овозаҳои задухӯрди оммавии шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қазоқистон асоси воқеӣ надоранд, – Хадамоти муҳоҷирати ВКД ҶТ

0



Душанбе. 26-уми июни с.2008. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи маълумоти сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии (ВКД) ҶТ Девонаев С.А., иттилои хабаргузории агентии ИТАР-ТАСС бобати дар қисмати шимолу ғарбии шаҳри Маскав барпо шудани задухӯрди оммавӣ миёни шаҳрвандони Қазоқистон ва Тоҷикистон асоси воқеӣ надоранд.






Аз маркази матбуоти хадамоти муҳоҷирати ВКД ҶТ хабар доданд, ки дар асл чунин воқеа рух додааст: бегоҳии 24-уми июн дар назди хонаи рақами 26, дар шоҳроҳи Волоколамск ду шахсони ношинос ба шаҳрвандони Қазоқистон – хатмкунандагони донишкадаи авиатсионии шаҳри Маскав Когалбоев Г.М. ва Бекмуродов Р.К. бо корд таҳдид намуда, мехоҳанд, аз онҳо сумкаашонро бо дастгоҳи аксбардорӣ, телефони мобилӣ ва чизҳои дигар кашида гиранд, вале ба муқобилияти сахти ҷисмонӣ рӯ ба рӯ гардида, Когалбоевро аз ронаш бо корд захмӣ мекунанд. Онҳо аз ҷои ҳодиса ғайб заданӣ мешаванд, вале нозирони Бозрасии давлатии автомобилӣ онҳоро дастгир намуда, ба шӯъбаи милитсия меоранд.





Ба Когалбоев дар беморхонаи Склифосовский кӯмаки тиббӣ расонида, ӯро ҷавоб медиҳанд.





Боздоштшудагон Алиев М.А., ки макони зист надорад ва шаҳрванди шаҳри Моздоки Осетияи Шимолӣ-Алания Давидов Ш.М. мебошанд.





Дар шӯъбаи корҳои дохилии Шукино нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.



Раиси вилояти Суғд дар шаҳри Исфара ба кори ду корхонаи нави истеҳсоли семент ва коркарди мева оғоз бахшид

0




Хуҷанд. 26-уми июни с.2008. ОИ «Азия-Плюс»



– Чанде қабл дар шаҳри Исфара маросими ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент ва коркарди мева доир гардид.






Раиси шаҳри Исфара Муҳиба Ёқубова хабар дод, ки иқтидори корхона ба истеҳсоли 70 ҳазор тонна семент дар як сол баробар аст «Дар корхона 80 нафар бо ҷои кор таъмин гардида, мувофиқи маълумоти пешакӣ, музди меҳнати моҳонаи онҳо 700 сомониро ташкил медиҳад», – идома дод ӯ.





Корхонаи дуввум оид ба коркарди мева дар таркиби Чамъияти саҳомии «Нони Исфара» сохта шуда, дар он ду хат насб гардидааст. Як хат барои ҷудокунӣ ва бандубасти меваи хушк в хати дигар ҷиҳати коркарди мева ва истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла ширӣ пешбинӣ гардидааст. Ба гуфтаи раиси шаҳр, дар корхона 30 нафар машғули кори домӣ гардида, иқтидори он истеҳсоли 15 тонна маҳсулот дар як рӯзро ташкил хоҳад дод. Корхона бо сармоягузории кишвари Канада ва Тоҷикистон, ки ба 156 ҳазор доллари амрикоӣ баробар аст, бунёд ёфтааст. «Нисфи маблағро созмони байнулмилалии «


MEDA


» ва қисми дигарро ширкати «Таджфрукт» (Меваи Тоҷикистон) сармоягузорӣ карданд», – изҳор дошт М.Ёқубова.





Дар маросими ба истифода додани корхонаҳо раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Исфара қарор дорад, иштирок кард.



Сафири Ӯзбекистон дар ҶТ бо мақомоти роҳбарии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҶТ мулоқот орост

0




Душанбе. 26-уми июни 2008с. ОИ «Азия-Плюс»



– Дирӯз дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии нази Ҳукумати ҶТ вохӯрии мақомоти роҳбарии кумита бо сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон (ҶӮ) дар ҶТ Шоқосим Шоисломов барпо гашт.






Аз сафорати ҶӮ дар Тоҷикистон хабар доданд, ки зимни сӯҳбат сафир бобати бароҳандозии сиёсати ҷавонон дар кишвараш маълумот дод. «Соли ҷорӣ бо фармони сарвари давлат Ислом Каримов дар Ӯзбекистон «Соли ҷавонон» эълон шудааст ва ҳукумати кишвар барои ҳалли масоили маориф, истироҳат ва бо ҷои корӣ ва манзили зист таъмин намудани ҷавонон тамоми чораҳоро меандешад», – изҳор дошт зимни боздид сафир.





Ба гуфтаи сарчашма, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ Маликшо Неъматов барои сӯҳбати пурмӯҳтаво аз сафир изҳори миннатдорӣ карда, зикр кард, ки бояд муносибатҳои дӯстона миёни халқҳои ҳар ду кишвар, ки ба санҷишҳои чандинасраи таърих тоб овардаанд, аз нав бо вусъати тоза рушд ёбанд.





Дар анҷоми мулоқот Ш.Шоисломов ва М.Неъматов ба саволҳои ҳозирин ҷавоб дода, сипас филми ҳуҷҷатии филмбардорони ӯзбек бо номи «Соли 2008 – Соли ҷавонон дар Ӯзбекистон» намоиш дода шуд.



7 Ташкилоти ғайридавлатии Тоҷикистон дар озмуни Бонки ҷаҳонӣ оид ба татбиқи барномаи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ғолиб омаданд

0




Душанбе. 26-уми июни 2008с. «ОИ Азия-Плюс»



– 7 ташкилоти ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратии Тоҷикистон ғолиби озмуни Бонки ҷаҳонӣ оид ба татбиқи барномаи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ барои соли 2008 гардиданд, ки ҷиҳати амалисозии он 35 000 доллари амрикоӣ ҷудо гардида буд.






Аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар Тоҷикистон хабар доданд, ки соли ҷорӣ мавзӯи барнома ширкати ҷомеаро дар кори ҳифзи муҳити зист дар бар мегирифт. Бурсҳо ба маблағҳои аз 3400 то 7000 доллари амрикоӣ ихтисос дода шуда буданд.





Ташкилотҳои шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд ва ноҳияҳои Ҷиргатолу Роштқалъа миёни ғолибони озмун ҷой доранд.





«Лоиҳаҳои интихобшуда ба ҳалли масоили экологӣ, ҳифзи муҳити зист ва инчунин ҷалби кӯдакони дорои имкони маҳдуд ба ҳаёти шоиста дар ҷомеа равона гардидаанд», – гуфта мешавад дар иттилоия бонк.





«Ба озмун 89 лоиҳа пешниҳод шуд ва интихоби онҳо ҷиҳати молиягузорӣ тибқи қоидаҳои БҶ барпо гашта, бо ҷаласаи Кумитаи ҷудокунии бурсҳо ва ширкати созмонҳои мададрасон ва намояндагони мақомоти шаҳрдории Душанбе анҷом ёфт», – изҳор доштанд дар намояндагии бонк.





Барномаи бурсҳои хурд аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ соли 1983 таҳия шудааст. Соли равон он номи Барномаи рушди ҷомеаи шаҳрвандиро гирифт. Аз соли 1998 то имрӯз Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 220 ҳазор доллари амрикоӣ бурсҳои хурд ҷудо кардааст.



Раиси комиссияи танзими расму оинҳои Турсунзода барои гирифтани пора аз навхонадорон ба ҳабс гирифта шудааст

0




Душанбе. 26-уми июни с.2008. ОИ «Азия-Плюс»



– Кормандони Агентии назорати давлатии моливӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ раиси комиссияи танзими расму оинҳои шаҳри Турсунзода Аҳтам Қосимовро ба маҳбас кашиданд.






Аз дафтари матбуоти агентӣ хабар доданд, ки раис ба ҷурми якчанд ҳодисаҳои гирифтани пора гумонбар дониста мешавад. «Аз ҷумла, ӯ барои саривақт ба қайд нагирифтани никоҳ дар мақомоти давлатии қайди ҳолатҳои шаҳрвандӣ бо роҳи тамаъҷӯӣ аз навхонадорон 200 доллари амрикоӣ гирифтааст, аз навхонадорони дигар барои гузаронидани маъракаи тӯй 190 сомонӣ талаб кардааст ва барои гузаронидани ҷашни зодрӯз аз соҳиби он 200 сомонӣ тамаъ кардааст», – изҳор дошт манбаъ.





Нибат ба аъмоли А.Қосимов тибқи моддаи 319, банди 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Пора гирифтан) парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст ва мувофиқи он ба ӯ ҳафт соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ гардидааст.



Сокини Хуҷанд дар бастаи арахис ба Новосибирск ҳероин бурданӣ шуд

0




Хуҷанд. 26-уми июни с.2008. ОИ «Азия-Плюс»



– Кормандони хадамоти гумруки фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд аз сокини шаҳр беш аз 1 кило маводи сахттаъсири ҳероинро, ки ӯ бо мақсади фурӯш ба Новосибирск бурданӣ буд, мусодира карданд.






Аз Раёсати минтақавии хадамоти гумруки вилоят ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки шаби чоршанбе ҳангоми азназаргузаронии бағочи сокини шаҳри Хуҷанд Азиз Ғаниеви 46-сола халтаи полиэтиленӣ бо арахис ва маводи сафеда дарёфт гардид.





Бино ба иттилои манбаъ, таҳқиқоти лабораторӣ ошкор сохт, ки маводи сафеда ҳероин буда, он 1 килову


161 грамм

вазн дорад.





«Аз рӯи ин далел прокуратураи нақлиёти вилояти Суғд тибқи моддаҳои 200 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) ва 298-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Қочоқ, яъне аз сарҳади гумрукии ҶТ гузаронидани воситаҳои нашъадор) парвандаи ҷиноӣ оғоз кард ва тафтишот идома дорад», – афзуд сарчашма.



Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои таҷлили ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Қӯргонтеппа ширкат меварзад

0



Душанбе. 26-уми июни с.2008. ОИ «Азия-Плюс»



– Пагоҳ, 27-уми июн дар саросари ҷумҳурӣ Рӯзи ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад.




Аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки соли ҷорӣ чорабиниҳои асосии таҷлили ин ҷашн дар маркази вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор мегарданд ва дар онҳо президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон иштирок мекунад.



Ёдрас мекунем, ки Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба ифтихори ба имзо расидани Созишномаи ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ ҷашн гирифта мешавад. Созишнома 27-уми июни соли 1997 дар Маскав аз ҷониби ҳукумати расмии ҶТ ва роҳбарони собиқ Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик ба имзо расида буд.

 



Дар Душанбе масоили глобалии инсоният ва тағйири иқлим баррасӣ мешавад

0




Душанбе. 26-уми июни с.2008. ОИ «Азия-Плюс» 



– Имрӯз дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯи «Мушкилоти глобалии инсоният ва тағйири иқлим: дурнамо ва воқеият» ба кор шурӯъ кард.






Аз маҳфили мубоҳисавии «Маркази матбуот» хабар доданд, ки иштирокчиён оид ба масоили гармшавӣ ва тағйири иқлими сайёра, афзоиши босуръати гази ангидриди карбон чун омили асосии нишондиҳандаи гармшавии иқлим ва таъсири омили инсонӣ ба меъёри гази номбурда дар атмосфера табодули назар мекунанд.





Мизи мудаввар аз ҷониби маҳфили мубоҳисавии «Маркази матбуот», иттиҳодияи ҷамъиятии «Иттилоот ва муошират» ва «Занони дорои маълумоти олии ҶТ» созмон дода шуда, дар ҳошияи омодагӣ ба Конфронси байнулмилалӣ бахшида ба офатҳои табиии марбут ба об гузаронида мешавад. Конфронси мазкур пагоҳ дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз мекунад.



Барои пешгирии шиканҷа дар Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии донишҳои ҳуқуқӣ зарур аст, – коршиносон

0




Қӯрғонтеппа. 26-уми июни с.2008. ОИ «Азия-Плюс» 



– Дар шаҳри Қӯргонтеппа бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар мавзӯи «Азобу шиканҷа дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ ва зимни баргузории тафтишоти пешакӣ» мизи мудаввар доир гашт.






Роҳбари Ташкилоти ғайридавлатии «Рушд» Юсуф Маҳмадов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ҳадаф аз баргузории мизи мудаввар мусоидат ба паст кардани истифодаи шиканҷа ва огоҳсозии аҳолӣ бо қонунҳо дар ин самт аст.





Ба назари иштирокчиёни мизи мудаввар, дар Тоҷикистон истифодаи шиканҷа, ҳодисаҳои боздошти ғайриқонунӣ ва муносибати дағалонаи кормандони макомоти ҳифзи ҳуқуқ ба мушоҳида расидаанд.





Зикр гардид, ки амали боздошти ғайриқонунӣ, оғози ғайриқонунии парвандаи ҷиноӣ ба қайд гирифта шуда, ҳангоме суд гумонбаршудагонро сафед мекунад, ҳеҷ кас бобати нақзи ҳуқуқҳои ин шаҳрвандон масъул нест.





Ҳимоятгар Акрам Осаққолов изҳор дошт, ки масъалаи ширкати қонунии ҳимоятгарон дар ҷараёни боздошт ва баргузории тафтишоти пешакӣ ба тағйирот ниёз дорад.





«Барои пешгирии истифодаи шиканҷа зарур аст, ба қонун чунин тағйироте ворид сохт, ки дар он ба ҳимоятгар ҳуқуқ дода шавад, аз оғози боздошти шаҳрванд ва дар муддати тамоми тафтишот ширкат варзида тавонад, – гуфт ӯ. – Дар ин сурат кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имкон надоранд, ба истифодаи қувва ва дигар шаклҳои шиканҷа даст зананд».





Ба гуфтаи ӯ, айни замон кормандони сохторҳои қудратӣ шаҳрвандро дастгир намуда, аввал аз ӯ баёноти заруриро барои худ мегиранд ва сипас ба ҳимоятгар иҷозати иштирокро медиҳанд. Дар мурофиаи судӣ маҳз ҳамин баёноти аввал ба назар гирифта мешавад.





Ҳамчунин ба ақидаи иштирокчиён, барои пешгирии шиканҷа дар Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии донишҳои ҳуқуқӣ зарур аст.





Дар чорабинӣ ҳимоятгарон, кормандони ташкилотҳои ғайридавлатӣ, омӯзгорон ва намояндагони васоити ахбори умум ширкат варзиданд. Ю.Маҳмадов таъкид сохт, ки ба чорабинӣ инчунин кормандони мақомоти прокуратура ва Раёсати корҳои дохилии вилоят низ даъват шуданд, вале онҳо аз иштирок худдорӣ карданд.