Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи «Дурнамои самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии ҶТ барои соли 2008»-ро маъқул донист

0


Душанбе. 26-уми июни с.2008. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии (МН МО) ҶТ лоиҳаи «Дурнамои самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии ҶТ барои соли 2008» якдилона тасдиқ гардид.


Ба гуфтаи раиси Бонки Миллии Тоҷикистон (БМТ) Шариф Раҳимзода, соли гузашта ҳаҷми маҷмӯи маҳслоти дохилӣ 12 млрд. 768 миллион сомониро ташкил додааст ва он нисбат ба соли 2006 7,8% афзудааст. Дар соли равон маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ҳаҷми 16 млрд. 380 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки он нисбат ба соли гузашта 8% бештар аст.


Сатҳи таваррум дар соли 2007 19,7%-ро ташкил додааст, соли 2008 он бояд ба 15% баробар шавад (дар панҷ моҳи соли ҷорӣ он ба 6,8% баробар аст).


«Афзоиши нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ ба нархҳои бозорҳои дохилии мо низ бетаъсир нахоҳад монд», – идома дод Ш.Раҳимзода ва афзуд, ки соли гузашта нархҳои маҳсулоти ғизоӣ 25%, маҳсулоти ғайриистеъмолӣ 7,5% ва хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ 17% боло рафтаанд.


Раиси БМТ изҳор дошт, ки қурби асъори миллӣ соли гузашта 1,1% поин фаромада, дар панҷ моҳи соли равон қурби расмии он 1% афзудааст.


Ш.Раҳимзода илова намуд, ки тамоми муомилоти савдо бояд бо пули миллӣ анҷом гирад. «Аз ин рӯ, дар ҳамдастӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин бобат чораҳо андешида мешаванд», – зикр кард ӯ.

Эмомали Раҳмон ба Бадахшон кумаки башардустона ирсол кард

0


Душанбе. 24-уми июни. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон ба ифтихори Р


ӯ


зи Ваҳдати миллии кишвар як амали пурарзиши башард


ӯ


стона ан


ҷ


ом дод. Cубҳи барвақт 50 адад мошинҳои вазнини боркаш бо маводи ғизоию сарулибос, аробачаҳои маъюбон ва компютеру принтерҳо ба Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон раҳсипор шуд. Эҳтиё


ҷ


оти мардуми деҳоти дурдасти к


ӯ


ҳистон, ба хусус К


ӯ


ҳистони Бадахшон пайваста зери назар ва мавриди ғамхорию дастгирии сарвари давлат қарор дорад. Дар арафаи иди Ваҳдати миллии То


ҷ


икистон расондани к


ӯ


маки башард


ӯ


стона ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат нишона аз татбиқи сиёсати мусоиди и


ҷ


тимоии Ҳукумати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон ва ғамхории бевоситаи Президенти мамлакат Эмомал


ӣ


Раҳмон аст. К


ӯ


маки башард


ӯ


стона ба 5 ҳазор оилаи камбизоати ВМКБ расонда мешавад. Ба ҳар яки ин оилаҳо 50 килограм


ӣ


орд, 20 килограм


ӣ


бирин


ҷ


, 20 килограм


ӣ


шакар ва

 

10 килограм


ӣ


равғану 10 килограм


ӣ


макарон дастрас мегардад. Вазни умумии маводи ғизо


ӣ


550 тоннаро ташкил медиҳад. К


ӯ


маки башард


ӯ


стона ҳамчунин аз 100 аробачаи маъюб


ӣ


ва 105 компютер иборат аст. Бо ин шумора тамоми маъюбони вилоят пурра бо аробачаҳои махсус ва ҳамаи мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ин г


ӯ


шаи дурдасти к


ӯ


ҳистони То


ҷ


икистон пурра бо компютер таъмин мегарданд. Ғайр аз ин ба тарбиятгирандагони ҳамаи 18 мактаб-интернатҳо ва дигар муассисаҳои ҳифзи и


ҷ


тимоии аҳолии

 

шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон, ки шумораи умумиашон 650 нафарро ташкил медиҳад,

 

сарулибос ва пойафзол фиристода шуд. К


ӯ


макҳои мазкур, ки маблағи умумии онҳо 2 миллиону 175 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, аз ҳисоби Фонди


ҷ


амъиятии хайрияи То


ҷ


икистон ва Фонди захиравии Президенти


Ҷ


Т


ҷ


удо гаштааст.

 

Ин амри башард


ӯ


стонаи сарвари давлат басо арзишманд ва саривақт


ӣ


арзёб


ӣ


мегардад. Хотиррасон бояд кард, ки имр


ӯ


з 321 мактаби таҳсилоти умумии Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон бо 1255 компютер таъмин мебошанд.

 

Бо 105 компютери имр


ӯ


з фиристодашуда минбаъд ба ҳар 16 нафар хонанда як компютер рост меояд, ки ин беҳтарин нишондиҳанда дар қаламрави


ҷ


умҳур


ӣ


хоҳад буд. Ҳамчунин месазад ёдовар шавем, ки эҳтиё


ҷ


оти Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон – ин г


ӯ


шаи дурдаст ва басо зебою хушбоду ҳавои То


ҷ


икистон пайваста зери ғамхор


ӣ


ва дастгирии сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва аксари кулли талаботи он бинобар шароити номусоиди


ҷ


уғроф


ӣ


ва и


ҷ


тимоию иқтисодиаш аз ҳисоби субвенсия ё худ маблағҳои мақсадноки


ҷ


умҳурияв


ӣ


қонеъ гардонда мешавад. Ҳаминро гуфтан кофист, ки дар давоми солҳои 1995 – 2007 – ум ва семоҳаи якуми соли 2008 – ум аз бу


ҷ


ети


ҷ


умҳурияв


ӣ


ба бу


ҷ


ети

 

ВМКБ 160 млн. сомон


ӣ


маблағ


ҷ


удо карда шудааст. Дар соли 2008-ум бошад, барои п


ӯ


шонидани харо


ҷ


оти бу


ҷ


ети вилоят 41 млн. сомон


ӣ


субвенсия пешбин


ӣ


гашта, дар семоҳаи якуми он 8,2 миллион сомон


ӣ




ҷ


удо карда шудааст. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд. То

ҷ


ик

ӣ


Дар бораи тоҷикон китоби нав ба табъ расид

0


Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Чанд рӯз қабл нашриёти «Ирфон» китоби тозаи профессор Мансур Бобохонов «Сухан дар бораи тоҷикон»-ро ба табъ расонид, ки дар он мақолаҳо, гузоришот ва баромадҳо перомуни масоили муҳими тоҷикони хориҷи кишвар ҷамъоварӣ шудаанд. Маводи мазкур бо забони русӣ ва тоҷикӣ дар матбуоти даврӣ ва гузоришоти конфронсҳои илмии минтақавӣ ва байнулмилалӣ аз солҳои 60—уми асри ХХ то соли 2007 ба чоп расидаанд. Китоб аз ду қисм иборат аст. Қисми аввал беш аз 20 мақола ва гузоришоти муаллиф, мусоҳибаи рӯзноманигорони варзида Шодӣ Шокирзода, Фотеҳи Абдулло, Иброҳим Шукуров ва Чумъахони Саидро бо забони тоҷикӣ перомуни фолклори тоҷикони Афғонистон, қайдҳои сафарӣ аз ин кишвар, аз ҷумла дидор бо роҳбари маркази фарҳангии Носири Хисрав, шоир ва пешвои сиёсӣ Саид Мансур Нодириро дар бар мегирад. Ҳамчунин дар ин қисм номаҳои расмии муаллиф оид ба мушкилоти тоҷикони бурунмарзӣ ба роҳбарони ҷудогонаи муассисоти Тоҷикистон ва сарвари давлат ҷой дода шудааст. Ба қисми дуввум беш аз 10 мақолаи қаблан чопшуда ва тақризҳои олим дар бораи мушкилоти тоҷикон бо забони русӣ таҳти унвони «Тоҷикон дар Русия», «Диаспораи тоҷикон ва ватани таърихӣ», «Масоили муҳими тоҷикони ҷаҳон», «Ба Сибир аз пайи тоҷикон», «Муҳоҷирони Тоҷикистон дар Сибир» ва ҳамчунин ду посухи Маркази пажӯҳишгоҳи тоҷикон ва мардуми форсизабони ҷаҳони назди ДДМТ ба хулосаи комиссияи коршиносон бобати лоиҳаи Марказ ва ғайра ворид гаштаанд.

 

Маҷмӯа барои олимон, коршиносон, аспирантҳо, донишҷӯён ва ҳамчунин ба ҳамаи он касоне, ки ба масъалаҳои тоҷикони ҷаҳон таваҷҷӯҳ доранд, пешбинӣ гардидааст.

Ба ноҳияи Ваҳдат кӯмаки башардӯстона расид

0


Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) кӯмаки башардӯстонаи Амрикоро ба маблағи $850 ҳазор тақсим кард. Мадина Сайфиддинова, корманди шӯъбаи иттилооти ҶҲАТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ба беморхонаи ҷумҳуриявии касалиҳои сили Мачитони ноҳияи Ваҳдат аз ҳисоби кӯмаки башардӯстона кӯрпаҳо ва лавозимоти шустушӯ дода шудааст. Бино ба иттилои манбаъ, беморхона барои 700 нафар пешбинӣ шуда, айни замон дар он 286 нафар беморон табобат мегиранд. «Ҳамчунин ба таваллудхонаи ноҳияи Ваҳдат (либосҳо барои навзодон), шӯъбаҳои табобатии беморхонаи марказӣ, ихтиёриёни ҶҲАТ, аъзои кумитаи рушди деҳот, хонандагони синфҳои ибтидоӣ низ кӯмак расонида шуд, – зикр кард М.Сайфиддинова. – Кӯмак бо мақсади ёрӣ расонидан ва дастгирии волидайни беморон расонида мешавад». «Қисме аз кӯмаки башардӯстона ба беморхонаи касалиҳои сили ноҳияи Восеъ ва беморхонаи кӯдаконаи аксалиҳои сили шахри Душанбе дода мешавад, – гуфт ӯ. – Кӯмаки мазкур аз Амрико тавассути Ҷамъияти Салиби Сурхи Амрико дастрас гардидааст».

Ба Фестивали байнулмилалии кино 4 филми тоҷикӣ пешниҳод мегардад

0


Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Ба Фестивали III-уми байнулмилалии кино, ки аз 5 то 10-уми июл дар Кобул баргузор мегардад, 4 филми истеҳсоли Тоҷикистон пешниҳод мегардад. Сафар Ҳақдодов, мудири ҶДММ «Киносервис» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар фестивал филми ҳуҷҷатии Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, драматург ва актер Шодӣ Солеҳ ба унвони «Нони Раштон» ва ҳамчунин филмҳои ҳунарии кӯтоҳмуддати коргардонҳои ҷавон Денис Бекетов «Равшанӣ», Зулфия Содиқова «Гул» ва Искандар Усмонов «Ҳаром ва ҳалол» намоиш дода мешаванд. «Тоҷикистонро дар фестивал танҳо Шодди Солеҳ намояндагӣ мекунад», – изҳор дошт С.Ҳақдодов. «Ёдовар мешавем, ки фестивали мазкур дар шаҳри Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон маротибаи саввум баргузор мешавад. Фестивали нахустин соли 2005 доир гашт ва ба он филмҳои коргардонҳои Афғонистон, Олмон ва Фаронса пешниҳод гардида буданд.

Дар Чолпон-ато вазирони фарҳанги кишварҳои узви ИДМ масоили ҳамкориҳои фарҳангиро муҳокима мекунанд

0


Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар машварати V-уми вазирони фарҳанги кишварҳои узви ИДМ, ки рӯзҳои 23-26-уми июн дар Қирғизистон баргузор мегардад, Нақшаи амалисозии Созишномаи байниҳукуматии кишварҳо дар соҳаи фарҳанг тасдиқ мегардад. Аз Вазорати фарҳанги ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар машварат ҳамчунин баррасии Нақшаи кори гурӯҳи коршиносон оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои фарҳангӣ дар чаҳорчӯби ИДМ барои солҳои 2008-2009 ва Муқаррароти тартиби баргузории Фестивали санъат пешбинӣ шудааст. Дар машварат ширкати вазири фарҳанг ва иттилооти Қирғизистон Султон Раев, вазири фарҳанги Чин У Тсай, вазири фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон Мухтор Қул-Муҳаммед, вазири фарҳанги Русия Александр Авдеев, вазир оид ба корҳои фарҳанг ва варзиши Ӯзбекистон Рустам Қурбонов ва вазири фарҳанги ҶТ Мирзошоҳрух Асрорӣ пешбинӣ шудааст. Дар ҳамин ҳол, дар чаҳорчӯби чорабиниҳои машварат дар толори намоишгоҳи мамнӯъгоҳи давлатии таърихӣ ва фарҳангии Иссиқкӯл дар шаҳри Чолпон-Ато намоишгоҳи маҳсулоти ҳунарҳои ороишӣ ва дастӣ баргузор мегардад.

Раиси Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани консерти гурӯҳи британии «Марун-Таун» супоришоти мушаххас дод

0


Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – 14-уми июни соли 2008 дар майдони «800-солагии Маскав» консерти гурӯҳи британии «Марун-Таун» баргузор мегардад. Шавкат Саидов, сухангӯи раиси шаҳри Душанбе, ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ахири ҳафтаи гузашта раиси шаҳр қарори махсусеро ба тасвиб расонид, ки мувофиқи он ба сохторҳои марбута ҷиҳати фароҳам овардани шароити дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор кардани консерт супоришоти мушаххас дода шудааст. «Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Раёсати кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ оид ба шаҳри Душанбе вазифадор карда шудаанд, ки барои таъмини амнияти шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ чораҳои зарурӣ андешанд», – афзуд Ш.Саидов.

Имрӯз шаби эҷодии оҳангсоз Толибхон Шаҳидӣ баргузор мегардад

0


Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Маркази фарҳангии «Бактрия» дар доираи чорабиниҳои фестивали мусиқии «Fete de la musique» шаби эҷодии ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ Толибхон Шаҳидӣ доир мегардад. Т.Шаҳидӣ соли 1946 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи оҳангсози машҳур Зиёдулло Шаҳидӣ таваллуд шудааст. Ӯ дар мактабҳои мусиқӣ аз устодони варзида Сергей Баласанян, Андрей Эшпай ва оҳангсози машҳур Арам Хачатурян сабақ омӯхтааст. Дар солҳои 70-уми асри гузашта манзумаи симфонии «Ҷашн» офарида шуда, балетҳои «Сиёвуш» ва «Марги судхӯр» рӯи саҳна омаданд. Соли 1980 коргардон Б.Кимёгаров филм-балети «Рубоиёти Хайём»-ро ба навор гирифт, ки дар он оҳанҳои Т.Шаҳидӣ истифода шудааст. Солҳои 80-ум манзумаи симфонии «Садо» офарида шуд. Дар солҳои истиқлолият Т.Шаҳидӣ оҳангҳои консерти №2 барои оркестри созӣ, каприччио барои саксофон ва оркестри созиро офаридааст. Дар ҳамин давра ӯ дар як қатор чорабиниҳои мусиқӣ дар Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Эрон, Олмон, Австрия, ИМА ва Латвия ширкат варзидааст. Толибхон Шаҳидӣ ташкилотчии хуби соҳаи фарҳанг мебошад. Ӯ солҳои 1987-1989 ба ҳайси директор ва роҳбари бадеии Театри давлатии опера ва балет ифои вазифа намуда, солҳои 1989-1992 дар вазифаи муовини аввали вазири фарҳанги ҶТ кор кардааст. Соли 2008 Т.Шаҳидӣ яке аз ташкилкунандагон ва иштирокчии фестивали мусиқии классикии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе буд.

Олимони соҳаи тибби Эрон бо фаъолияти марказҳои тадқиқоти бемориҳои меъдаву рӯда, гурда ва саратони ҶТ шинос шуданд

0


Душанбе. 9-уми июн. «Азия-Плюс» – Муддати як ҳафта мутахассисони Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии профессори Донишгоҳи тибби ҶИЭ Акрами Пуршамс бо фаъолияти марказҳои тадқиқоти бемориҳои меъдаву рӯда, гурда ва саратони ҶТ шинос шуданд. Бино ба иттилои Фотима Яқубова, сухангӯи Вазорати тандурустии ҶТ, ба ҳайат 4 нафар доктори эронӣ – мутахассисони Маркази тадқиқоти муҳити зисти донишгоҳ шомил буданд. Ба қавли ӯ, дар дидор бо муовини вазири тандурустии ҶТ Соҳибназар Раҳмонов масоили ҳамкории тарафайн низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. «Ҳайати эронӣ аз Донишкадаи гастроэнтерологии Академияи улуми ҶТ, беморхонаи марказии ёрии таъҷилии пойтахт боздид карда, ҳамчунин бо ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Убайдулло Қурбонов мулоқот карданд, – идома дод Ф.Яқубова. – Зимни дидор ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки мулоқотии мазкур ба рушди ҳамаҷонибаи ҳамкориҳо ва баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи мутахассисони тоҷик дар Эрон заминаи боэътимод хоҳад гузошт».

Дар Тоҷикистон меъёрҳои байнулмилалии қайди таваллуд ва фавти кӯдаконро ҷорӣ месозанд

0


Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Бо мақсади дар таҷрибаи соҳаи тандурустӣ ҷорӣ сохтани бақайдгирии ҳодисаҳои таваллуд ва фавти кӯдакон мувофиқи меъёрҳои зиндазоӣ ва мурдазоӣ, аз 10 то 28-уми июн дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ перомуни мавзӯи меъёрҳои зиндазоӣ семинарҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати тандурустии ҶТ хабар доданд, чорабиниҳои мазкур дар чаҳорчӯбаи амалисозии фармони вазири тандурустии ҶТ «Дар бораи тадриҷан гузаштани муассисаҳои тиббии Вазоарти тандурустии ҶТ ба меъёрҳои байнулмилалии қайди зиндазоӣ, ки Созмони ҷаҳонии беҳдошт тавсия додааст» гузаронида мешаванд. Бино ба иттилои манбаъ, семинарҳо ҳамчунин бо мақсади таъмини мувофиқати маълумот дар бораи таваллуд ва фавти кӯдакон дар давраи перинаталӣ, муайян кардани дахолат ба коҳиш додани фавти кӯдакон баргузор мегарданд. Бо барномаи омӯзишӣ мутахассисони ноҳияҳои Файзобод, Нуробод, Тавилдара, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Данғара, Балҷувон ва Қумсангири вилояти Хатлон фаро гирифта мешаванд. «Гурӯҳҳои мақсаднокро момодояҳо ва духтурони бемориҳои занона, неонатологҳо, кормандони омори соҳа ва ҳамшираҳои шафқати бақайдгирандаи таваллуд ташкил хоҳанд дод», – афзуданд дар Вазорати тандурустӣ.