Home Blog Page 5385

Пиллапарварони Суғд ба фатҳи марра наздиканд

0


Хуҷанд. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс». – Пиллапарварони вилояти Суғд ба фатҳи марраи иҷрои нақшаи пешибинишуда наздик шуданд. Алишер Мирхолиқов, агрономи раёсати «Пилла» ба ОИ «Азия-Плюс хабар дод, ки то имрӯз пиллапарварон 1 ҳазору 14 тонна ашёи хоми нахи абрешим тайёр кардаанд, ки ин 78,1%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, пиллапарварони ноҳияҳои Ашт ва Конибодом аллакай нақшаро иҷро кардаанд ва пиллапарварони ноҳияҳои Спитамен, Ғончӣ ва Бобоҷон Ғафуров низ рӯзҳои наздик ба фатҳи марра мерасанд. «Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар вилоят яке аз истеҳсолкунандагони асосии пилла маҳсуб мегардад ва то имрӯз дар ин ҷо 304,4 тонна ашёи хом тайёр шудааст», – афзуд агроном. А.Мирхолиқов зикр кард, ки тамоми ашёи хом барои коркард ба корхонаи муштараки «Вт-Силк» дода мешавад. Имсол пиллапарварони вилояти Суғд ният доранд, 1 ҳазору 299 тонна ашёи хоми нахи абрешим тайёр кунанд. Соли гузашта тайёр кардани 1 ҳазору 599 тонна пилла ба нақша гирифта шуда буд, вале он танҳо ба 52% (841 тонна) иҷро гардид. «Қисми зиёди тухми кирмак аз касалиҳо ҳалок гаштанд ва бинобар он, пиллапарварон ба нокомӣ дучор шуданд», – гуфт манбаъ ва афзуд, ки қариб ҳамаи қуттиҳои кирмак аз Чин оварда шуда буданд. «Соли ҷорӣ нархҳои фурӯши пилла афзудааст: ба 1 килои ашёи хоми нахи абрешим бо назардошти ААИ 1 доллару 15 сент нарх муқаррар шудааст (соли 2007 95 сент)», – илова кард А.Мирхолиқов.

Кишварҳои Иттиҳоди иқтисодиии Аврупо ва Осиё чиҳати содироту воридоти сабзавоти зудвайроншаванда чораҳо меандешанд

0


Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс». – Кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Аврупо ва Осиё ният доранд, дар чаҳорчӯби семинари «Истифодаи механизмҳои биржавӣ барои гардиши бехатари сабзавоти зудвайроншаванда ва картошка дар бозорҳои кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Аврупо ва Осиё», ки рӯзҳои 10-12-уми июн дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, Проткол оид ба ташкил додани «роҳи сабз»-ро ба имзо расонанд. Аз дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар семинари байнулмилалӣ ширкати намояндагони Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Белорус дар назар аст. Ба гуфтаи манбаъ, семинар бо мақсади тақвият бахшидани муносибатҳои ҳамкорӣ дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишвоарзӣ доир мегардад.

Дар Душанбе масъалаҳои имконот ва дурнамои истифодаи ашёи хоми маҳалли дар корхонаҳои саноати сабуки ЧТ барраси мешаванд

0


Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар маҷмаии давлатии «Кохи ваҳдат»-и пойтахт намоишгоҳи навбатии 3-уми «ИнтерЛегПром-2008» ба кор шурӯъ кардааст, ки 4 рӯз давом хоҳад кард. Аз Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки намоишгоҳро Ҳукумати ҶТ, Палатаи савдо ва саноати ҶТ, Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ва Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи коргарони саноати сабук ва бофандагӣ созмон додаанд. Бино ба иттилои манбаъ, дар намоишгоҳ ҳудуди 30 ширкатҳои ватанӣ ва хориҷии соҳаи саноати сабук ва намояндагони корхонаҳои тиҷоратии ҷумҳурӣ ширкат меварзанд. «Корхонаҳои шаҳрҳои Санкт-Петербург, кишварҳои Эрон ва Туркия барои иштирок дар намоишгоҳ дархост фиристоданд, – идома дод манбаъ. – Дар доираи чорабиниҳои намоишгоҳ ҳамчунин мизи мудаввар дар мавзӯи «Имконот ва дурнамои истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ дар корхонаҳои саноати сабуки ҶТ» баргузор мешавад. Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳи нахустини байнулмилалии «ИнтерЛегпром» ба муносибати ҷашни иди касбии коргарони саноати сабук, 15-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҶТ, ҷашни 2700-умин солгарди шаҳри Кӯлоб дар шаҳри Душанбе, дар таърихи 8-11-уми июни соли 200б доир гардида буд. Дар он намунаҳои маҳсулоти беш аз 30 ширкатҳо ва корхонаҳои Тоҷикистон, Эрон ва Ҳиндустон ба намоиш гузошта шуда буданд. Намоишгоҳи дуввум 8-11-уми июни соли 2007 дир гашт.

Дар шимоли Точикистон истеҳсоли арақ кам шудааст

0


Хуҷанд. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар вилояти Суғд коршиносон раванди коҳиш ёфтани истеҳсоли спирт ва машруботро қайд кардаанд. Ба гуфтаи Матлуба Оқилова, сардори шӯъбаи саноати Кумитаи омори вилоят, дар 5 моҳи соли ҷорӣ ин ҷо 277 ҳазор литр навъҳои арақи гуногун истеҳсол шудааст. Ба қавли ӯ, дар ҳамин давраи соли гузашта корхонаҳои вилоят 431 ҳазор литр арақ истеҳсол карда буданд. «Истеҳсоли спирт қариб ду баробар коҳиш ёфтааст: 338 ҳазор литр дар панҷ моҳи соли гузашта ва 179 ҳазор литр дар соли равон», – идома дод М.Оқилова. Бино ба иттилои манбаъ, айни замон дар вилояти Суғд 19 корхона ба истеҳсоли арақ машғул мебошанд. «Соли ҷорӣ 3 корхона аз истеҳсоли арақ даст кашида, ба истеҳсоли нӯшокиҳои нисбатан сабуки машруботӣ ва лимонад гузаштанд», – изҳор дошт коршинос ва афзуд, ки дар вилоят асосан ба истеҳсоли арақ ва спирт корхонаҳои шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сарукор доранд.

Интиқоли барқи Точикистон ба Афғонистон шуруъ шуд

0


Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқро ба Афғонистон шурӯъ кард. Рашид Гулов, муовини сармуҳандиси ширкати «Барқи тоҷик» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ҳамарӯза ба Афғонистон аз кишвари мо ҳудуди 200 ҳазор кВт нерӯи барқ интиқол дода мешавад ва ҳамчунин ёдовар шуд, ки содироти нерӯи барқ ба ин кишвар асосан дар давраи тобистон (моҳҳои май-октябр) сурат мегирад. «Имсол интиқоли барқ миёнаҳои моҳи май оғоз гардид, – зикр кард манбаъ. – Дар давраи тобистон дар маҷмӯъ мо ба ин кишвар тақрибан 50 млн. кВт/соат нерӯи барқ содирот мекунем, аз ҷумла соли гузашта ин рақам ба 51 млн. кВт/соат расид». Дар ҳамин ҳол Р.Гулов изҳор дошт, ки айни замон нерӯи барқи кишвар ба Қирғизистон интиқол намегардад, зеро Тоҷикистонро зарур аст, қарзи зиёди нерӯи барқи Ӯзбекистонро баргардонад. Ёдовар мешавем, ки интиқоли нерӯи Барқи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ахири моҳи май шурӯъ шуд ва то имрӯз ба ин кишвар беш аз 60 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол гардидааст. Мувофиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон, кишвари мо дар давраи тирамоҳу зимистон аз Ӯзбекистон ба миқдори 600 млн. кВт/соат нерӯи барқ мегирад ва ба ивази он дар давраи баҳору тобистон ба Ӯзбекистон 900 млн. кВт/соат нерӯи барқ иниқол медиҳад. Дар ширкати «Барқи тоҷик» изҳори боварӣ намуданд, ки қарзи нерӯи барқи Ӯзбекистон то ахири моҳи августи соли ҷорӣ пурра баргардонида мешавад. Тибқи маълумоти ширкат, айни замон дар ҷумҳурӣ наздик ба 60 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мегардад, ки қисми зиёди онро нерӯи барқи истеҳсолкардаи НОБ-и «Норак» ташкил медиҳад.

Точикистон расман Русияро ба бунёди НОБ-и «Роғун даъват» мекунад

0


Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистон расман Русияро даъват кардааст, ки дар Консорсиюми байнулмилалии сохтмони нерӯгоҳи Роғун ширкат варзад. Охири моҳи май Оқил Оқилов, сарвазири ҶТ, ба унвонии Владимир Путин, раиси ҳукумати Русия, бо ин мазмун мактуб ирсол кардааст. Давлат Назрӣ, сардори Департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар баробари ин зикр кард, ки «дар мактуб ҷузъиёт ва шартҳои ширкати Русия дар консорсиюм нишон дода нашудааст». Аз рӯи лоиҳа, иқтидори НОБ-и «Роғун» 3,6 ҳазор МВт, истеҳсоли солонаи нерӯи барқ дар он беш аз 14 млрд. кВт/соат аст ва арзиши умумии он $3,4 млрд. мебошад. Айни замон дар ҳаҷми беш аз 40% корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидаанд, ки маблағи он 800 миллион долларро ташкил медиҳад. Тибқи лоиҳа, навбати аввали нерӯгоҳ бояд дар муддати 4-4,5 сол ба истифода дода шавад, ки васли ду агрегати он бо иқтидори 800 МВт имкон медиҳад дар як сол то 5 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол гардад. Бунёди нерӯгоҳи «Роғун» ҳанӯз соли 1976 оғоз гардида буд, вале ба иллати муташанниҷ гаштани вазъи сиёсӣ дар Тоҷикистон, соли 1990 сохтмони он қатъ шуд. Соли 2004 зимни сафари расмии Владимир Путин ба Тоҷикистон перомуни ширкати Русия дар бунёди нерӯгоҳ мувофиқа ҳосил гардида буд. Ширкати «Русский алюминий» бунёди навбати аввали нерӯгоҳро ба ӯҳда гирифт. Аммо «РУСАЛ» ва ҳукумати Тоҷикистон бобати масоили мушаххасоти техники нерӯгоҳ ба мувофиқае омада натавонистанд ва Тоҷикистон расман изҳор дошт, ки минбаъд аз ҳамкорӣ бо ширкати Русия даст мекашад. Моҳи августи соли 2007 ҳукумати ҶТ ба таври якҷониба қарордодро бо ширкати «Русский алюминий» бекор кард ва барои идомаи бунёди нерӯгоҳ Консорсиюми байнулмилалӣ таъсис дод. Моҳи марти соли 2008 Виктор Ющенко, президенти Украина, изҳор дошт, ки Украина низ манфиатдор аст, дар идомаи сохтмони нерӯгоҳ саҳм гузорад.

«Точиксодиротбонк»: Аз руи қарзҳои додашуда соҳаи соҳибкори дар чои аввал аст

0


Кӯлоб: 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар 5 моҳи соли ҷорӣ шӯъбаи «Тоҷиксодиротбонк» дар шаҳри Кӯлоб ба ҳамаи самтҳои фаъолияти қарздиҳӣ 7 млн. 277 ҳазору 758 сомонӣ маблағ ҷудо кардааст. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» Абдукарим Неъматов, сардори шӯъбаи бонк, иттилоъ медиҳад, нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб ду баробар зиёд аст. Ба қавли ӯ, афзоиши нишондиҳандиҳандаи ҳаҷми қарздиҳӣ ба механизми нави сармоягузорӣ дар соҳаи пахтакорӣ марбут аст. «Ба 22 хоҷагии деҳқонии ноҳияҳои Восеъ, Кӯлоб ва Ҳамадонӣ, ки дар 1 ҳазору


501 га

кишти пахта мегузаронанд, аз 3 млн. 916,5 ҳазор сомонии қарзи талабшуда аллакай 2 млн. 445 ҳазору 696 сомониаш ба хоҷагиҳо дода шудааст», – идома дод манбаъ ва афзуд, ки сарчашмаи воситаҳои мазкур асосан пасандозҳои аҳолӣ мебошанд». А.Неъматов ҳамчунин зикр кард, ки аз ҷиҳати ҳаҷми қарздиҳӣ соҳаи кишоварзӣ дар мақоми дуввум (36,5%) аст. «Мақоми аввалро қарздиҳӣ ба соҳаҳои соҳибкории хурду миёна ишғол мекунад, ки ба он аз оғози сол 3 млн. 688 ҳазору 290 сомонӣ (50,7%-и ҳамаи қарзҳои хурд) маблағ ҷудо гардидааст, – гуфт А.Неъматов. – Ба сохтмончиён, роҳсозон, коргарони соҳаи саноат ва муҳоҷирони меҳнатӣ 13%-и қарзҳо ихтисос дода шудааст».

Дар Душанбе барномаи CIDA оид ба дастгирии гузариш ба иқтисоди бозори муаарифи гардид

0


Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар дафтари Бунёди Аврупо ва Осиё дар Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе барномаи бурсии сафорати Канада дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон (CIDA), ки ба дастгирии давраи гузариш ба бозори иқтисодӣ равона гардидааст, муаррифӣ гардид. Набишер Ҷӯраев, корманди барномасози дафтари мазкур, зикр кард, ки чорабинӣ ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Ба қавли ӯ, дар барномаи CIDA дастгирии самтҳои коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, рушди босубот, таъмини баробарҳуқуқии занону мардон, ҳифзи муҳити зист, дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакон ва рушди иқтидори ташкилот пешбинӣ шудаанд.

 

«Дар чаҳорчӯбаи мулоқот бо ҳайати шахсии дафтари бунёд баррасии масъалаи имкони вусъат бахшидани фаъолияти Маркази дастгирии Ташкилотҳои ғайридавлатӣ (ТҒД) перомуни ҳалли мушкилоти ҳамарӯзаи онҳо дар назар аст, – гуфт Н.Ҷӯраев. – Бар замми ин, масоили пуштибонӣ аз манфиатҳои ТҒД дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва ҳамчунин муҳайё сохтани шароити мусоид баҳри ҳамкории судманди ҷонибҳои манфиатдор низ мавриди муҳокима қарор мегиранд». Ёдовар мешавем, ки намояндагии Бунёди Аврупо ва Осиё дар Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон 15-уми ноябри соли 2006 ифтитоҳ гардидааст. Бунёди мазкур вориси Бунёди Аврупо ва Осиё буда, фаъолияти худро дар Тоҷикистон соли 1997 оғоз кардааст. Бунёди мазкур ҷонибдори дастгирии ташаббусҳои шаҳрвандони маҳаллӣ, ҳамкорӣ бо ҳукумат, созмонҳои ғайритиҷоратӣ ва сохторҳои соҳибкорӣ аст, то ки бештар талаботи ҷомеаро омӯхта, барномаҳои зарурӣ ва муҳимро, ки ба рушди босуботи ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум нигаронида шудаанд, амалӣ созад. Намояндагиҳои Бунёд ҳамчунин дар шаҳрҳои Алма-Ато, Бишкек ва Ош ба қайд гирифта шудаанд.

Дар шаҳри Оши Қирғизистон намояндагии Агентии назорати маводи нашъаовари ЧТ ташкил мегардад

0


Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон фармонро «Дар бораи ташкил додани намояндагии Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар Ҷумҳурии Қирғизистон» ба имзо расонид. Аз дафтари матбуотии агентӣ ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки мувофиқи фармон, намояндагии агентӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон барҳам дода шуда, дар заминаи он намояндагии агентӣ дар шаҳри Оши Қирғизистон ташкил мегардад. «Такрорӣ будани фаъолияти намояндаи мухтори (афсари соҳаи алоқа) Тоҷикистон дар Маркази ҳамоҳангсозии минтақавии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, маводи психотропӣ ва прекурсорҳо дар шаҳри Алма-Ато ба барҳам додани намояндагии агентӣ дар Қазоқистон асос шудааст», – таъкид кард манбаъ. Бино ба иттилои сарчашма, намояндагии Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар Қазоқистон моҳи октябри соли 2004 ба фаъолият шурӯъ кардааст, ки он ба баргузории як қатор амалиёти муваффақона бобати барҳам додани хатҳои интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон тавассути Тоҷикистон ба Қазоқистон, Русия ва минбаъд ба кишварҳои Аврупо мусоидат кардааст. Ёдовар мешавем, ки афсарони соҳаи алоқаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ ҳамчунин дар 4 музофоти сарҳадии Афғонистон (Бадахшон, Қундуз, Балх ва Таҳор) низ фаъолият мекунанд.

Раис маводи сузишвории хочагии деҳқониро азхуд кардааст

0


Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди президенти ҶТ Бобоқул Абдуллоев, раиси хоҷагии деҳқонии «Истиқлолият»-и ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлонро тибқи моддаи 245-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) гунаҳкор кардаанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти агентӣ, бо истифода аз мансаби хидматӣ раиси хоҷагӣ 16 ҳазору


110 литр

маводи сӯзишвории (солярка) хоҷагиро ба маблағи 56,5 ҳазор сомонӣ азхуд кардааст. «Комиссияи махсус фаъолияти раисро тафтиш карда истодааст ва аз эҳтимол дур нест, ки қонуншиканиҳои дигари Б.Абдуллоев низ ошкор гарданд», – зикр кард манбаъ.