Дар Конибодом ба истеҳсоли хишти пухта шурӯъ карданд

0



     Конибодом. 3-уми июли с.2008. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷамоати ба номи Ғафурҷон Ортиқови ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд корхонаи хурди истеҳсоли хишти пухта бо иқтидори пурра ба кор даромад.






     Дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» соҳибкор Абдуфаттоҳ Мӯминов изҳор дошт, ки акнун дар се баст 53 ҳазор дона хишт истеҳсол мегардад, ки ба ҳамаи меъёрҳои сохтмонӣ ҷавобгӯ аст.





     «Мавриди истифода қарор гирифтани корхона талаботи аҳолиро қонеъ месозад ва аз ҳама муҳимаш он аст, ки 50 нафар бекорон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд», – гуфт ӯ.





     Ба гуфтаи сарчашма, то охири сол дар корхона ният доранд, ки инчунин истеҳсоли гипсокартонро низ ба роҳ монанд ва 15 нафари дигарро бо кор таъмин кунанд.





     Дар ҳамин ҳол, муовини раиси шаҳр Аҳрорхон Саримсоқов зикр кард, ки то охири соли ҷорӣ дар ҷамоати ба номи Раҷаб Ҳамробоев боз як корхонаи истеҳсоли хишт бо иқтидори 13 ҳазор дона хишт дар як шабонарӯз сохта мешавад ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои бунёди он қитъаи замин ҷудо кардааст.



Дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе масоили омодагӣ ба мавсими зимистон баррасӣ мешавад

0



     Душанбе. 3-уми июли с.2008. ОИ «Азия-Плюс» – 17 июли соли равон дар толори маҷлисгоҳи қасри «Пойтахт»


иҷлосияи навбатии чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баргузор мегардад.






       Сухангӯи раиси шаҳри Душанбе ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки раиси шаҳр дар ин хусус қарор ба имзо расонидааст.





      Бино ба иттилои сарчашма, ба рӯзномаи иҷлосия масъалаҳои тасдиқи ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №57, ҳисоботи муовинони раиси шаҳр, раисони ноҳияҳо, роҳбарони мақомоти шаҳрдорӣ оид ба масоили омодагӣ ба фасли зимистон пешниҳод гаштаанд.





     «Илова ба ин, ҳисоботи муовини раиси шаҳри Душанбе Рустам Раҳматов дар бораи ҷамъбасти рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2008 шунида шуда, оид ба абадӣ гардонидани хотираи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Павел Ханжин қарор қабул карда мешавад», – идома дод Ш.Саидов.



Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи превентивӣ дар Осиёи Марказӣ ба Душанбе омад

0



Душанбе. 3-уми июли с.2008. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз соати 16-у 30 дақиқа дар маҷлисгоҳи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (СММ) бо иштироки намояндаи махсуси дабири кулли СММ ва роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи превентивӣ дар Осиёи Марказӣ


(


UNRCCA


)


Мирослав Енча нишасти матбуотӣ баргузор мешавад.






Машваратчӣ оид ба робитаҳои хориҷии Барномаи рушди СММ Сафарбек Солиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар нишасти матбуотӣ атрофи масоили мубориза алайҳи таҳдиду хатарҳои замони ҳозира, терроризм, экстремизм ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сӯҳбат барпо мегардад.





Ба иттилои сарчашма, ҳамин рӯз М.Енча ният дорад бо президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев ва дигар намояндагони расмӣ мулоқот кунад.





«Қаблан доктори илмҳои ҳуқуқ Мирослав Енча ба ҳайси вазири корҳои хориҷии Словакия, роҳбари Маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тошканд, намояндаи Словакия дар Кумита оид масоили сиёсӣ ва амнияти Иттиҳоди Аврупо, сафири Словакия дар Мексика, Венесуэла ва Колумбия ифои вазиф анамудааст», – изҳор дошт С.Солиев.





Ёдрас мекунем, ки Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи превентивӣ дар Осиёи Марказӣ моҳи декабри соли гузашта дар Ашқобод ифтитоҳ гардида буд.



Дар Тоҷикистон маъракаи дарави ғалла авҷ мегирад

0



Душанбе. 2-юми июли 2008 с. ОИ «Азия-Плюс»


– Имрӯзҳо кишоварзони мамлакат ҳосили зироатҳои ғалладонагиро ҷамъоварӣ карда истодаанд. Тибқи маълумотҳои фаврии вазорати кишоварзии мамлакат то аввали моҳи июль дар ҷумҳурӣ 110 ҳазору 526 тонна зироатҳои ғалладонагӣ ҷамъоварӣ карда шудааст, ки аз он 105 ҳазору 999 тоннаашро гандум ташкил медиҳад.






Мутахассисини вазорат ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки майдони умумии кишти зироатҳои ғалладонагӣ 291 ҳазору 447 гектарро ташкил медиҳад, ки то аввали ҳафта 72 ҳазору 837 гектараш ва ё ба миқдори 24,9% даравида шудааст. Миқдори умумии маҳсулоти ғалладонагии ҷамъоваришуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34 ҳазору 199 тонна зиёд мебошад, ҳосили гандуми имсола бошад, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 60 ҳазор тонна бештар аст.





Дар вазорат ҳамчунин хабар доданд, ки рӯзҳои наздик дарави ғалла тариқи комбайнҳо фаъол гардид, имрӯзҳо дар майдонҳои зироатии кишвар аз 370 то 400 комбайнҳои ғалладаравии хоҷагиҳо ва шахсони алоҳида дар мавсими дарав иштирок доранд.



Толибилми точик дар олимпиадаи байналмилаллӣ миёни 36 давлати дунё ғолиби мутлақ дониста шуд

0



Душанбе. 2-юми июли 2008 с. ОИ «Азия-Плюс» –



 

Хонандаи синфи 7-уми мактаби №15 шаҳри Душанбе Рустам Кенҷаев дар доираи таълимии синфҳои 9-11 дар олимпиадаи 12-уми байналмилалии аз фанни забони Руси, ки санаи 22-29 июни соли равон дар Донишгоҳи Давлатии забони русии ба номи А.С. Пушкини ш. Маскав баргузор гардид, ғолиби мутлақ дониста шуд. Тавре ба ОИ «АП» дар вазорати маориф иттилоъ доданд, аз Тоҷикистон дар олимпиадаи мазкур 10 нафар ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ ширкат варзида, 3 ҷои аввал, 2 ҷои дуввум ва 2 ҷои сеюмро касб карданд ва соҳиби медалу дипломҳо шуданд.







 

Рустам Кенҷаев бошад, дипломи олимпиадаро, ки ба ғолиби мутлақ дода мешавад, соҳиб гашт. Дар вазорат

 

хабар доданд, ки дируӯ ба хотири бозгашт ва ғалабаи хонандагон дар вазъияти тантанавӣ бо вазири маориф Абдучаббор Рахмонов сухбат ороста шуд. Дар навбати худ вазир А. Раҳмонов ғолибонро бо чунин дастовард ва баланд бардоштани шарафи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ миннатдорӣ изҳор карда, барои ояндаи онҳо муваффакқятҳо талабид. Зимни сӯҳбат қайд гардид, ки чунин ғалабаи сермаҳсулро дер боз интизор буданд ва ин боиси ифтихори ҳамаи мост. Дар охири сӯҳбат А. Раҳмонов волидони иштирокчиёни олимпиадаро низ табрик ва миннатдорӣ гуфта, ба ғолибон тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид.



Дар Бишкек сабабҳои таъсири омилҳои ҳуқуқӣ дар мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар муҳокима шуд

0


Душанбе. 2-уми июли с.2008. ОИ «Азия-Плюс» –


Имрӯз дар шаҳри Бишкек мизи мудаввари минтақавӣ дар мавзӯи «Адвокатсия чун омили коҳиши зарари марбут ба истеъмоли нашъаовар» ба кори худ шурӯъ кард.





 

Тавре ба хабаргузории «АП» дар вазорати тандурустии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, иқдоми гузаронидани ин чорабинӣ ба лоиҳаи назорати бемории СПИД дар Осиёи Марказӣ дар доираи рушд ва пешравии маркази омӯзишии минтақавӣ оид ба паст кардани сатҳи зарар ба маводи нашъамандӣ тааллуқ дорад.




 

Ба гуфтаи сарчашма аз вазорати тандурустӣ, дар кори мизи мудаввар намояндагони вазоратҳои тандурустӣ, роҳбарони раёсатҳо, марказҳои тиббии вилоят ва минтақавиии чор кишвар, аз ҷумла Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд. Тибқи иттилои сарчашма, Тоҷикистонро дар чорабинии мазкур намояндагони маркази

 

назорат оид ба маводи нашъадори Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои пӯст ва венерикӣ, Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологии ба номи М. Ғуломов, Маркази профилактикӣ ва мубориза бо бемории СПИД-и вилояти Хатлон муаррифӣ менамоянд. «Дар кори машварат як қатор масъалаҳо, аз ҷумла аркология, профилактикаи бемории ВИЧ/СПИД ва дигар

 

бемориҳои сироятӣ

 

баррасӣ мегарданд», зикр кард манбаъ.



«Мақсад аз гузаронидани ин мизи мудаввар шиносоӣ намудани иштирокчиён бо усул ва таҷрибаи паст кардани зарари маводи нашъадор ва масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъдаи рушд ва омода намудани барномаи паст кардани сатҳи зарар дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад», – изхор дошт мутахассиси вазорати тандурустӣ

Дар Хоруғ Протоколи нияти пуштибонӣ аз тартибот дар ВМКБ ба имзо расид

0



Душанбе. 2-уми июли с.2008. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Хоруғ бо иштироки раиси вилояти ВМКБ , мақомоти шаҳрдорӣ , вазири корҳои дохилии ҶТ Маҳмадназар Солеҳов ва як қатор намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва сокинони вилоят Имомназар Имомназаров, Толиббек Айёмбеков, Ёдгоршо Маҳмадасламов ва Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров Протоколи нияти пуштибонӣ аз тартибот дар ВМКБ ба имзо расид.






Мувофиқи он бояд то 14-уми июли соли равон ҳамаи аслиҳа ва муҳимоти ҷангии дар ихтиёри аҳолӣ қарордошта ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супоорида шавад.





Дар санад аз аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даъват ба амал оварда мешавад. ки ҷиҳати татбиқи чораҳои ҳукумат ба хотири эътидоли вазъ дар минтақа дастгирӣ карда шавад.






 


Дар Пекин нақшаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ гардид

0


Душанбе. 2-юми июли 2008 с. ОИ «Азия-Плюс» –


– Муовини вазири


тандурустӣ Соҳибназар Раҳмонов Ҷумҳурии Тоҷикистонро


дар чаласаи шахсони


баландмақоми давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар шахри Пекин аз 25 то 27-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Чин баргузор гардид, муаррифӣ намуд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» дар вазорати тандурустии кишвар иттилоъ доданд, дар ҷаласа, ки таҳти роҳбарии намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, як катор масъалаҳо, аз чумла нақшаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ гардиданд. Дар чаласа инчунин масъалаҳои беҳдошту эпидемиологӣ, мубориза бар зидди муомилоти дорувории қалбакӣ, мубодилаи ахборот ва мониторинги паҳншавии бемориҳои сироятӣ, расонидани кӯмаки тиббӣ дар ҳолатҳои фавқулодда ва масъалаи гузаронидани Ҷаласаи якуми вазирони тандурустии давлатҳои аъзои

 

Созмони ҳамкории Шанхай ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор доштанд.




               

Тибқи иттилоъ, намояндаи вазорати тандурустӣ муовини вазир С. Раҳмонов дар доираи сафари хидматӣ бо менеҷери

 

генералии ширкати «МЕНЕСО» и Ҷумҳурии Халқии Чин хонум Ванг Ли ва сармушовири Маркази тиббии шаҳри Пекин «Uni-Con-International» Ҷавоҳирлал Музаффарӣ оид ба ҳамкориҳои судманди дутарафаи судманд гуфтушунид баргузор гардид.




 

Пешгирии бӯҳрони энергетикӣ вазифаи аввалиндараҷаи Ҳукумати ҶТ аст, – мудири Маркази минтақавии СММ дар Братислава

0





 



Душанбе. 2-уми июли с.2008. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Душанбе зимни нишасти матбуотӣ мудири Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар Братислава Бен Слэй изҳор дошт, ки тамоми созмонҳои байнулмилалии муқими Тоҷикистон дар мавриди омодагии кишвар ба зимистон ва коҳиши бӯҳрони ғизоӣ чораҳо меандешанд.



Ба гуфтаи ӯ, назорати расидани кӯмаки башардӯстона ба эҳтиёҷмандон «масъалаи мубрам» аст ва шояд созмонҳои байнулмилалӣ низ дар ин кор ба саҳлангориҳо роҳ додаанд.



«Ҷомеаи ҷаҳонӣ албатта ба Тоҷикистон дасти ёрӣ дароз хоҳад кард, вале пешгирии бӯҳрони энергетикӣ ва таъмини амнияти ғизоӣ вазифаи аввалиндараҷаи Ҳукумати ҶТ аст», – гуфт Б.Слэй.



Ӯ зикр кард, ки роҳҳои пешгирии бӯҳрон дар Тоҷикистон мавҷуданд ва яке аз онҳо истифодаи энергия офтоб аст. Б.Слэй таъкид сохт, ки чунин тарзи истееҳсоли энергия камхарҷ аст ва ҳатто як соҳибкор метавонад аз ӯҳдаи сармоягузории он баромада, як қисмати аҳолиро бо энергия таъмин созад.



«Дар Қирғизистон намояндагии мо маҳз дар ҳамин самт барномаи густурдаеро муваффақона амалӣ месозад», – афзуд ӯ.


Намояндагони вазорати кишоварзии ҶТ дар намоишгоҳи маҳсулоти хоҷагии қишлоқи шаҳри Қундуз ширкат варзиданд

0


Душанбе. 2-юми июли 2008с. ОИ “Азия-Плюс” – Ҳайати 10-нафараи намояндагони вазорати кишоварзии Ҷумхурии Тоҷикистон бо даъвати Вазорати хоҷагии қишлоқ, обёрикунӣ ва чорводории Ҷумхурии Исломии Афғонистон ҳафтаи гузашта дар Намоишгоҳи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, ки дар вилояти Қундуз баргузор гардид, ширкат варзиданд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» дар вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ҳайати гурӯҳи тоҷикистониро мудири шӯъбаи тухмипарварӣ ва селексионии вазорат Султон Далватов роҳбарӣ мекард.



Дар вазорати кишоварзӣ иттилоъ доданд, ки ҳадаф аз гузаронидани ин намоишгоҳ ин дастрасӣ ба таҷҳизотҳои муосири кишоварзӣ, маводҳо ва дигар маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар бозорҳои Тоҷикистону Афғонистон мебошад. Дар намоишгоҳи мазкур корхона ва ширкатҳои давлатию хусусии Афғонистон ва Тоҷикистон маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, таҷҳизот, дорувор ва витаминхои байторӣ, таҷҳизоти боғдорӣ, нурихои минералӣ, кимиёвӣ ва биологии ҳифзи растаниҳо ва ғайраҳоро пешниҳод намуданд.




 

Тибқи иттилои вазорати кишоварзӣ, дар доираи Намоишгоҳ  намояндагони вазорат бо намояндаи Донишгоҳи кишоварзии вилояти Қундузи Афғонистон Аюби Ариёӣ гуфтушунид намуданд. Дар вохӯрӣ  масъалаҳои омода намудани мутахассисони афғон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, ташкил намудани курсҳои такмили ихтисоси кормандони соҳаи кишоварзӣ  ва устодони Донишгоҳи аграрии Афғонистон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, инчунин истифодаи коршиносони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон дар соҳаҳои кишоварзии Афғонистон дар асоси шартнома баррасӣ гардиданд.



Ба фикри мутахассисон Намоишгоҳи маҳсулоти хоҷагии қишлоқи зикршуда ба густариши тиҷорати  наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон мусоидат намуда, дар эҷоди корхонаҳои муштарак ва муносибатҳои мутақобилан судманд нақши арзанда хоҳад гузошт.