Петр Шегрт тарки вазифа кард. Ӯ дигар сармураббии тими миллии Тоҷикистон нест

Бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати шартнома Петр Шегрт вазифаи сармураббии тими миллии Тоҷикистон оид ба футболро тарк кард. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба “Asia-Plus” иттилоъ доданд. Як масъули ниҳод гуфт, ҳоло номи сармураббии нави тими миллии кишвар оид ба футбол маълум нашудааст. Гуфтан ба маврид аст, ки дар бораи эҳтимоли тарки […]

Asia-Plus

Бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати шартнома Петр Шегрт вазифаи сармураббии тими миллии Тоҷикистон оид ба футболро тарк кард.

Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба “Asia-Plus” иттилоъ доданд.

Як масъули ниҳод гуфт, ҳоло номи сармураббии нави тими миллии кишвар оид ба футбол маълум нашудааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар бораи эҳтимоли тарки сармураббигии тими миллии Тоҷикистон кардани Петр Шегрт чанде пеш расонаӣ шуд ва баъзе аз таҳлилгарони футбол навиштанд, ки ӯро яке аз дастаҳои футболи Эрон даъват кардааст.

Аз ҷумла, таҳлилгари футболи “Asia-Plus” Алексей Корчагин бо истинод ба суханони агенти футбол Кова Тилавпур навишт, ки Петр Шегртро ба Эрон даъват кардаанд.

“Дастаи “Фӯлод” мехоҳад, ки бо Петр Шегрт гуфтушунид кунад, то ки ӯ сармураббии ин тим шавад”, – зикр кард ӯ.

Ёдовар мешавем, ки тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол чанде пештар таҳти роҳбарии Петр Шегрт бори аввал дар Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар бомуваффақият баромад карда, ба марҳилаи чорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Дар умум, тими мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Петр Шегрт 24 бозӣ анҷом дода, дар 11 бозӣ пирӯз шуда, 7 бор мусовӣ кардааст ва 6 маротиба ба бохт дучор гардидааст.

Инчунин, таҳти роҳбарии Шегрт тими мунтахаби Тоҷикистон барандаи ду мусобиқаи байналмилалӣ гардид – соли 2022 дар мусобиқаи “King's Cup-2022” дар Таиланд ва соли 2023 дар “Ҷоми Мердека” дар Малайзия ғолиб омадааст.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Петр Сегрт барои кори дусолаи муштаракаш изҳори сипос намуда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъда комёбиҳо таманно кардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио