Ду медали тиллои мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои наврасони Осиё

Ҳунарнамоии варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои III Осиё миёнаи наврасон, ки дар Баҳрайн ҷараён дорад, идома дорад. Чанд рӯзи гузаштаи мусобиқа мунтахаби Тоҷикистон ба дарёфти боз 9 медал даст ёфт, ки 2-тоаш тилло ва 7-тоаш биринҷӣ аст. Дар рақобатҳои рӯзи 25 октябр дар навъи варзиши ММА байни ҳаваскорон Фазлиддин Халилов ва дар вазни 55 кг ва […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Ҳунарнамоии варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои III Осиё миёнаи наврасон, ки дар Баҳрайн ҷараён дорад, идома дорад. Чанд рӯзи гузаштаи мусобиқа мунтахаби Тоҷикистон ба дарёфти боз 9 медал даст ёфт, ки 2-тоаш тилло ва 7-тоаш биринҷӣ аст.

Дар рақобатҳои рӯзи 25 октябр дар навъи варзиши ММА байни ҳаваскорон Фазлиддин Халилов ва дар вазни 55 кг ва Умарҷони Умед дар вазни 70 кг ба дарёфти медалҳои тилло ноил гардиданд.  

Ба дарёфти медалҳои биринҷии мусобиқа варзишгарони зерин даст ёфтанд: Меҳрона Қаландарбекова (55 кг), Марҳабо Бобоева (60 кг), Умар Шарифов (50 кг), Муҳаммад Саидзода (60 кг), Осими Бегмуродзода (60 кг), Абӯбакр Баҳромов (75 кг) ва Мӯсо Иброҳимзода (80 кг).

Ба ҷуз ММА, таэквондочӣ Абдуҷаъфари Баҳодур дар вазни 55 кг медали биринҷҷи мусобиқаро ба даст овард.

Ёдрас мекунем, ки қаблан Ҷонибек Неъматов дар мусобиқаи таэквондо дар вазни аз 73 кг боло медали нуқра ба даст оварда буд. Медали аввалро барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон Абӯбакр Тӯраев дар навъи кураш (биринҷӣ) гирифта буд.

Ба ин тариқ, шумори умумии ҷоизаҳои мунтахаби Тоҷикистон ба 12 адад расид – 2 медали тилло, 1 –  нуқра ва 9 – биринҷӣ.

Пас аз рӯзҳои навбатии бобарор мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби умумии медалҳо то зинаи 14-ум боло рафта, аз дастаҳои Урдун ва Баҳрайн пеш гузашт.

Мавқеи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби медалҳои Бозиҳои Осиё

Дар даҳгонаи аввали пешсафон аз рӯи ҳисоби умумидаставӣ тимҳои зерин қарор доранд: Чин – 69 медал (34 тилло, 24 нуқра, 11 биринҷӣ), Ӯзбекистон – 28 (14-5-9), Тайиланд – 30 (13-12-5), Эрон – 37 (9-9-19), Қазоқистон – 35 (9-8-18), Филиппин – 17 (6-5-6), АМА – 13 (5-4-4) Тайбэйи Чин – 21 (4-6-11), Ҳиндустон – 24 (3-10-11), Арабистони Саудӣ – 12 (3-4-5).

Дар ин Бозиҳои Осиё ҳудуди 4000 варзишгар аз 45 кишвар иштирок доранд. Варзишгарон дар 26 навъи варзиш, ҳам навҳои классикии олимпӣ ва ҳам мусоир, аз қабили муай-тай, текбол, киберспорт ва ҳунарҳои омехтаи размӣ (ММА) рақобат мекунанд.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон аз 65 нафар варзишгарон иборат аст, ки дар 12 навъи варзиш – аз боксу ҷудо то ҷиу-ҷитсу ва шиноварӣ ҳунарнамоӣ мекунанд.

Барои бисёре аз варзишгарони наврас Бозиҳо дар Баҳрайн як санҷише пеш аз Бозиҳои олимпӣ миёни наврасон-2026 дар Дакар маҳсуб меёбанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.