Мардуми маҳаллӣ: Дирӯз бегоҳ чандин тайёра дар Бохтар фуруд омаданд

Сокинони гирду атрофи фурудгоҳи байналминалии Бохтар мегӯянд, дирӯз аз бегоҳ то шаб чанд тайёра дар фурудгоҳи Бохтар фуруд омад, ки шояд тайёраҳое аз Афғонистон бошанд. Аммо Фарҳод Абдурашидзода, сардори фурудгоҳи Бохтар дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба хабарнигори “Asia-Plus” ин овозаҳоро дурӯғ хонд. “Овозаҳое, ки гӯё мо чанд тайёраи Афғонистонро қабул карда бошем, асос надорад […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Сокинони гирду атрофи фурудгоҳи байналминалии Бохтар мегӯянд, дирӯз аз бегоҳ то шаб чанд тайёра дар фурудгоҳи Бохтар фуруд омад, ки шояд тайёраҳое аз Афғонистон бошанд.

Аммо Фарҳод Абдурашидзода, сардори фурудгоҳи Бохтар дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба хабарнигори “Asia-Plus” ин овозаҳоро дурӯғ хонд.

“Овозаҳое, ки гӯё мо чанд тайёраи Афғонистонро қабул карда бошем, асос надорад ва дурӯғ аст”, – гуфт Фарҳод Абдурашидзода.

Ин дар ҳолест, ки сокинони атрофи фурудгоҳ мегӯянд, рӯзи 14 август то шаб чанд тайёра дар ин фурудгоҳ поён омад. Ва рӯзҳои қаблӣ чунин вазъро дар ин фурудгоҳ мушоҳида накарда буданд.

Ба назари сокинони атрофи фурудгоҳ гуё тайёраҳо гурезаҳои афғонро баъди муташаниҷ шудани вазъи Кобул ба Бохтар интиқол дода бошанд.

Қобили зикр аст, ки дирӯз Саҷҷод Нуристонӣ, корманди идораи умури раёсатҷумҳурии ҳукумати Ашраф Ғанӣ ба "Азия-Плюс" хабар дода буд, ки президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ аз Кобул ба Тоҷикистон ва аз он ҷо ба кишвари сеюм рафтааст.

Дар ҳамин ҳол, дар ин робита имрӯз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳороти кӯтоҳ, хабари ба Тоҷикистон омадани Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури собиқи Афғонистонро рад кард.

Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон зикр шуд, ки  "ҳавопаймои ҳомили  ҷаноби Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба фазои ҳавоии Тоҷикистон ворид нашудааст ва дар ҳудуди кишвар фуруд наомадааст.  Ҳамчунин таъкид  шуд, ки ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Афғонистон чунин дархости дахлдор нагирифтааст".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.