Анҷоми таҳқиқи парвандаи Далери Имомалӣ

Таҳқиқи парвандаи ҷиноятӣ нисбати Далери Имомалӣ, яке аз рӯзноманигорони боздоштшудаи тоҷик ба анҷом расида, он рӯзҳои наздик барои баррасӣ ба суд ирсол мешавад. Дар ин бора “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” хабар медиҳад. Манбаъ менависад, ки вакилони дифои ӯ, Абдураҳмон Шарифов ва Саъдулло Қаюмзода рӯзи 15-уми сентябр ба прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур даъват шуда, […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Таҳқиқи парвандаи ҷиноятӣ нисбати Далери Имомалӣ, яке аз рӯзноманигорони боздоштшудаи тоҷик ба анҷом расида, он рӯзҳои наздик барои баррасӣ ба суд ирсол мешавад. Дар ин бора “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки вакилони дифои ӯ, Абдураҳмон Шарифов ва Саъдулло Қаюмзода рӯзи 15-уми сентябр ба прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур даъват шуда, оид ба анҷом ёфтани парванда огоҳ карда шуданд.

Ба Далери Имомалӣ гуфтаанд, моддаи 259, қисми 1, ки дар асоси он барои фаъолияти ғайриқонунии соҳибкорӣ (блогнависӣ) гумонбар аст, ба моддаи 259, қисми 2 иваз карда шудааст.

“Ба мо хабар доданд, ки тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноии Далер Бобиев (Имомалӣ) ба анҷом расидааст ва нисбати ӯ айби ниҳоӣ эълон хоҳад шуд. Худи ҳамон рӯз, дар ҳузури вакилони дифоъ дар Боздоштгоҳи муваққатии №1 (СИЗО)-и шаҳри Душанбе ба Далер Бобиев (Имомалӣ) иттилоъ дода шуд, ки дар рафти гузаронидани корҳои иловагии тафтишотӣ, маблағи даромад аз фаъолияти ғайриқонунии соҳибкорӣ (блогнависӣ), ки ӯ ба даст овардааст, метавонад барои аз қисми якум ба қисми дуюми моддаи 259 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳбандӣ кардани кирдори Далер Бобиев асос шавад», – гуфтааст Абдураҳмон Шарифов

Гуфта мешавад, ки акнун бо анҷоми таҳқиқи парванда Далери Имомалӣ расман бо  моддаҳои 346 қисми 1 (Дидаю дониста расонидани  хабари бардурӯғ), 259 қисми 2 (Соҳибкории ғайриқонунӣ ) ва 307 прим 3 қисми 2 (иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динии мамнӯъ) гумонбар мешавад.

Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон хабар медиҳад, ки “ба далели он ки наздикони Далер Бобиев (Имомалӣ) барои ҳимояи ӯ, вакили дифои пулакӣ ихтисос доданд, ТҶ “Маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи инсон” ироаи кумакҳои ройгони ҳуқуқиро ба Далер ба анҷом расонид”.

Ба таъкиди ин ниҳод, Абдураҳмон Шарифов дар мурофиаҳои додгоҳии парвандаи Далер ширкат намекунад ва ӯро адвокате, ки аз ҷониби наздиконаш (Саъдулло Қаюмзода-муаллиф) ихтисос шудааст, ҳимоят хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки ҳудуди як моҳ пештар гуфта мешуд, ки таҳқиқи парвандаи Далери Имомалӣ ба анҷом расида, рӯзҳои наздик ба суд ирсол мешавад. Он замон Абдураҳмон Шарифов, акнун вакили дифои собиқи ӯ гуфта буд, ки таҳқиқи парванда идома дорад ва он ҳоло ба суд ирсол нашудааст.

Далери Имомалӣ, блогери шинохтаи тоҷик моҳи июни соли равон бо гумони соҳибкории ғайриқонунӣ ва дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ боздошт гардид. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.