Шаби Ялдо ва латифаҳои Хоҷа Насриддин ба рӯйхати мероси фарҳангии UNESCO ворид шуданд

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Ялдо – ҷашни қадимии мардумони ориёӣ, ки дар Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон ҷашн гирифта мешавад, ба Рӯйхати репрезентативии мероси фарҳангии ғайримоддии UNESCO ворид карда шуд. Дар ин бора сомонаи расмии UNESCO хабар додааст.

Дар хабарномаи UNESCO ҷашни Ялдо бозгӯи ҳувияти фарҳангӣ, дӯстӣ, меҳмоннавозӣ, гуногунии маданӣ ва ҳамзистии осоишта зикр гардида, хусусиятҳо хоси он таъкид ёфтааст.

“Шаби Ялдо ҷашнест, ки шаби охири тирамоҳ таҷлил карда мешавад. Дар ин шаб аҳли оила атрофи хони ороста дар хонаи пирон ҷамъ мешаванд. Хони онҳо аз як силсила ашё ва ғизоҳои рамзӣ, аз ҷумла чароғ барои рамзи нур, об барои покизагӣ ва меваҳои сурх аз қабили анор, тарбуз, лаблабу, ҷуворимакка ва ангур рамзи гармӣ, ороиш дода мешавад”, – омадааст дар хабарномаи UNESCO.

Ташаббуси ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии UNESCO ворид кардани ҷашни Ялдо аз ҷониби давлати Эрон гирифта шудааст. Ин пешниҳод ҳанӯз 5 сол аз ҷони ин кишвар ироа шуда буд, ки ахиран ҷонибдорӣ шуд.

Шаби Ялдо дарозтарин шаби аввали моҳи Дай, ҷашни қадимии мардумони ориёист, ки ба муносибати зодрӯзи эзади Меҳр ё Митра баргузор мешуд. Мувофиқи тақвими эронӣ шаби 30-юми моҳи Озар (22 декабр) рӯзи таваллуди Меҳр мебошад, зеро аз ҳамин вақт сар карда, рӯзҳо дарозтар ва тобиши офтоб бештар мегардад.

Бояд гуфт, ки ҳарчанд Шаби Ялдо дар Тоҷикистон ба таври оммавӣ таҷлил намегардад, аммо аз ҷониби доираҳои мушаххаси фарҳангиён ҳамасола бо қироати шеъру қисса, бозӣ ва мусиқӣ ва додани тӯҳфаҳо ҷашн гирифта мешавад.

Ҳамчунин, дар арафаи ин ҷашн расонаҳои алоҳидаи кишвар оид ба Шаби Ялдо барномаҳои радиоиву телевизионӣ ва мақолаҳо таърихиву пажӯҳишӣ омода ва интишор мекунанд.

Шаҳноз Комилзода, рӯзноманигори тоҷик, яке аз нафаронест, ки чанд сол ин ҷониб Шаби Ялдоро дар доираи дӯстони фарҳангии худ таҷлил мекунад. Ӯ мегӯяд, ки шаби ҷашн дар хонаи яке аз дӯстон ҷамъ омада, бо риояи ойини ниёгон ва оростани дастархон Шаби Ялдоро истиқбол мекунанд.

“Вақте мо хурд будем, дар манотиқе, ки зиндагӣ доштем, ин ҷашн таҷлил карда мешуд. Он ҳам дар оилаҳое таҷлил карда мешуд, ки ба хориҷа, махсусан давлатҳои ҳамзабон сафар карда, баргашта буданд. Ман ҳам дар чунин нишастҳои идона иштирок мекардам ва аз суҳбатҳои калонсолон фаҳмидам, ки ин чӣ ҷашн аст ва чӣ хусусиятҳои қадимаи фарҳангӣ дорад”, – гуфт Шаҳноз Комилзода.

Комилзода мегӯяд, ки дар кишварҳои ҳамзабони мо Шаби Ялдо ҳамсони Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ин рӯзноманигори тоҷик умед дорад, ки дар Тоҷикистон ҳам дар чандсолаи баъдӣ таҷлили ҷашни Шаби Ялдо роиҷ мегардад ва на танҳо аҳли фарҳанги кишвар, балки оммаи мардум онро ҷашн мегиранд.

Ҳамин тавр, ду номинаи дигар – анъанаи кирмакпарварӣ ва абрешимбофӣ ва латифаҳои Хоҷа Насриддин Афандӣ низ аз ҷониби Тоҷикистон ва кишварҳои муштараки фарҳангӣ ба ин феҳрист пешниҳод гардида, дирӯз, 1-уми декабр, расман ба Рӯйхати репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии UNESCO ворид карда шуданд.

Дилшод Раҳимӣ, мудири Маркази мероси фарҳангии тоҷикони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар ин бора ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфт, ин дастоварди фарҳангӣ ба ҳамаи тоҷикистониён аст.

Бояд гуфт, дар ин ҷаласа беш аз 50 дархостномаи кишварҳои узв роҷеъ ба ворид кардани унсурҳои фарҳангӣ ба Рӯйихати репрезентативии UNESCO мавриди арзёбӣ қарор хоҳанд гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан ҷашни дигари қадимаи тоҷикон – Наврӯз низ ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии UNESCO ворид карда шуда буд. Наврӯз ба ин рӯйхат бо пешниҳоди чандин кишвари ҳавзаи Наврӯз ворид гардид ва чанд сол ин ҷониб дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил карда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...